Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтарони ҳиҷобпӯши деҳаи Фирдавсиро ба мактаб роҳ надоданд. ВИДЕО


Дар Қазоқистон ба духтарони як деҳаи тоҷикнишин иҷоза надоданд, ки бо ҳиҷоб ба мактаб бираванд. Даҳҳо хонандаи мактаби ба номи Фирдавсӣ дар деҳаи тоҷикнишини Фирдавсии вилояти Туркистони Қазоқистон ба хотири доштани ҳиҷоб аз таҳсил маҳрум шудаанд. Тақрибан бист нафар аз волидон рӯзи 5-уми сентябр дар назди мактаб гирд омада, тақозо карданд, ки ба духтаронашон иҷозаи вуруд ба синфхонаҳо дода шавад.

  • Ин мактабро нирӯҳои пулис посбонӣ мекунанд. Дар онҷо намояндагони ҳукумати маҳаллӣ низ ҳастанд. То ба ҳол барои "тазоҳуроти ғайриқонунӣ" дар назди мактаб ҳашт падару модар ба идораи пулис даъват шудаанд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Духтарони ҳиҷобпӯши деҳаи тоҷикнишинро ба мактаб роҳ надоданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:06 0:00

Мо ду дафъа ба волидон огоҳӣ додем. Як дафъа тариқи почта нома фиристода шуд.

Фармони соли 2016

Маъмурияти мактаб мегӯяд, духтарони ҳиҷобдор бар асоси як фармони Вазорати маориф ва илми Қазоқистон ба синфхонаҳо роҳ дода нашудаанд. Ин фармон соли 2016 содир шуда, аз хонандаҳо тақозо мекунад, бо либоси мактабӣ ба дарс биоянд. Бар асоси фармон, ҳузури хонандаҳо бо либоси мазҳабӣ, аз ҷумла ҳиҷоб манъ шудааст.

Маъмурияти мактаб мегӯяд, дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ, аз 200 хонандаи синфҳои болоӣ 73 нафарашон ҳиҷобро аз сар гирифтаанд.

"Чаро рӯймоламро бигирам?"

Духтари Ҷанар Сафарова қаблан бо ҳиҷоб ба мактаб меомад. Аммо аз аввали соли хониш ӯро барои иштирок дар дарсҳо иҷоза надоданд.

"Куртаи дарози беостин дорад ва рӯймол мебандад. Ҳоло мегӯянд, ки рӯймолашро бигирад. Духтарам мегӯяд, "чаро рӯймолро бигирам?" Ман ба ӯ фаҳмондам, ки агар мехоҳад, бигирад. Аммо ӯ ба ин кор розӣ нест", - гуфт Сафарова.

Деҳаи Фирдавсӣ 300 километр дуртар аз шаҳри Шимкент воқеъ аст. Дар ин деҳа асосан тоҷикҳо зиндагӣ мекунанд ва фарзандонашон низ дар мактаби тоҷикӣ таҳсил доранд.

Ҷанар Сафарова (дар байн)
Ҷанар Сафарова (дар байн)

Мудир: Мо ду дафъа огоҳ кардем

Аз ин пеш, рӯзи 4-уми сентябр низ волидони духтарони ҳиҷобдор дар назди мактаби ба номи Фирдавсӣ ҷамъ омада буданд. Онҳо тарафдори онанд, ки бигзор духтарони синфҳои поёнӣ бе ҳиҷоб ба мактаб раванд, аммо муқобили он ҳастанд, ки рӯймоли духтарони синфҳои болоӣ кашида шавад.

Мудири мактаб Ҷанар Маъмурова ба "пешвози" волидони норозӣ набаромад. Аммо дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз моҳи июни соли 2017 ба падару модарон тақрибан 20 "маъракаи фаҳмондадиҳӣ" гузаронда, сиёсати раҳбарияти мактабро фаҳмондааст.

"Дар ин деҳа маъмулан ҳиҷоб мепӯшанд ва барои ҳамин якбора аз сари духтарон гирифтани он осон набуд. Мо ду дафъа ба волидон огоҳӣ додем. Як дафъа тариқи почта нома фиристода шуд. Бори дувум моҳи август волидонро огоҳ кардем, ки бо либоси мазҳабӣ ба дарс роҳ дода намешаванд. Онҳо ин гапҳоро шуниданд. Ҳозир бо ҳиҷоб ба мактаб даромадан намемонем. Агар корҳои фаҳмондадиҳӣ сурат гирад, аз сари духтарон гирифтани ҳиҷоб имконпазир аст", - афзуд мудири мактаб.

Ҷанар Маъмурова
Ҷанар Маъмурова

Кумисюни махсус ташкил шуд

Ба қавли муовини раиси ҳукумати ноҳияи Мақтаарал Олтин Эшонқулова дар назди ҳукумат як ситоди махсус ташкил шудааст, ки бо волидони духтарони ҳиҷобдор кор мекунад. Дар Вазорати маориф ва илми Қазоқистон гуфтанд, ки қарор аст, як кумисюни махсус барои ҳалли мусбати масъала ба мактаби ба номи Фирдавсӣ фиристода шавад.

"Мо намедонем, ки соли гузашта хонандаҳои ҳиҷобдорро ба мактаб роҳ доданд, ё не. Кумисюни махсус ба ин масъала машғул хоҳад шуд. Бино ба фармони вазорат, хонандаҳои ҳиҷобдор ба мактаб роҳ дода намешаванд", - гуфт Ерлан Сагадиев, вазири маориф ва илми Қазоқистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Ҳуқуқдон чӣ мегӯяд? Идораи мусалмонҳо чӣ?

Ҳомии ҳуқуқ Евгений Тсай ба ин назар аст, ки пеш аз онки қонун ё қоидае мавриди иҷро қарор гирад, бояд ҳукумат бо аҳли ҷомеа онро баррасӣ карда, назари ақаллиятҳоро ҳам биомӯзад.

Бархе аз намояндагони ҳукумати Қазоқистон аз он нигаронанд, ки ҳиҷоби хонандагон ба зуҳури "равияҳои бегонаи динӣ" рабт дорад. Аммо тоҷикони муқими деҳаи Фирдавсӣ мегӯянд, ки аз ягон равияи динии тозапайдо пайравӣ намекунанд.

Идораи мусалмонҳои Қазоқистон аз волидону мақомот хостааст, ба як хулосаи мусбат биоянд. Ин идора соли 2016 дар як изҳороташ гуфта буд, ки шариати ислом духтарони ноболиғро барои пӯшидани сатр маҷбур намекунад ва волидон набояд фарзандонро аз гирифтани маълумот маҳрум кунанд.

XS
SM
MD
LG