Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бекорӣ, бебарқӣ ва чандин "бе"-и дигари Тоҷикистон


Оё ҳимояти мардум аз истиқлоли Тоҷикистон то куҷо амре бебозгашт шудааст? Таҳлилгарон мегӯянд, дар пасманзари тасарруфи Қрим аз сӯи Русия ба ин суол бояд аз ҷумла аз бебарқӣ, бегазӣ, бекорӣ, беадолатӣ ва чандин "бе"-и дигар, ки аз гиребони Тоҷикистон гирифтаанд, ҷавоб ҷуст.

Сафи довталабон дар назди сафоратҳои Русия барои дарёфти шаҳрвандӣ ва дар наздики дафтари намояндагии хадамоти муҳоҷирати он кишвар барои роҳ ёфтан ба барномаи ба истилоҳ «переселение» ё кӯчбандӣ ҳаргиз кӯтоҳ нашуда, балки осон намудани дарётфи шаҳрвандӣ аз суи Русия метавонад ин сафҳоро тӯлонитар кунад.

Ҳаводиси Украина нишон дод, ки ҳамчунон ҷойгоҳи Русия дар зеҳнҳои мардуми ҳавзаи суннатии нуфузаш барҷост ва Маскав ҳамчунон афкори умумии минтақаи Осиёи Миёнаро дар мадори худ нигоҳ доштааст. Таҳти шароити хос бо вуҷуди гузашти бештар аз 20 сол аз касби истиқлол ҳамчунон афроди зиёде рӯ ба Маскав ва бо орзуи гузашта боқӣ мондаанд.

Акнун як шарти ба соддагӣ шаҳрванди Русия шудани касоне, ки худ ва ё гузаштагонашон дар Шӯравӣ зистаанд, даст кашидан аз тобеъияти кишвари худашон мебошад. Ҷое барои шигифтзадагӣ нахоҳад буд, агар шоҳид бошем, ки афроде ҳозир шаванд ин шароитро бипазиранд. Агарчанд бархе муҳаққиқон мегӯянд, дар Тоҷикистон шумори касоне, ки бо рӯъёи гузашта ба сар мебаранд, камтар шудааст.

Музаффар Олимов, мудири маркази таҳқиқотии «Шарқ», ки ҳудуди 10 соли пеш дар заминаи назари шаҳрвандон ба гузаштаи Шӯравӣ назархоҳие доир карда буд, мегӯяд, сол аз сол шумори касоне, ки бо хумори Шӯравӣ ва бо хаёли бозгашт ба он замонҳо ҳастанд, камтар мешавад. Агар қарор бошад, ки назарпурсие роҷеъ ба ин масъала, яъне навъе ҳамгироӣ ба Русия сурат бигирад, посух ба ин пурсиш чӣ гуна хоҳад буд? Оқои Олимов мегӯяд, ки ба ҳар ҳол як қишре, ки орзуи зистан дар солҳои пешинро доранд, бар асоси таҳқиқоти анҷомшуда, дар Осиёи Миёна ҳастанд ва аз ҷумла шуморе аз афроде, ки дар замони Шӯравӣ ба сар бурдаанд, таҳти ҳамон зеҳнияти гузашта ҳастанд, аммо на бо фикри бозгашт ба он низоми пешин.
Музаффар Олимов
Музаффар Олимов
Ӯ мегӯяд, «қисме аз мардуме ки дар ҳамон давра зиндагӣ карда буданд ва дар назарсанҷиҳои даҳ соли пеш ширкат доштанд, хубии ҳамон давраро ёдрас мекарданд. Аммо дар минтақаи мо, Осиёи Миёна ва дар Тоҷикистон рушди аҳолӣ зиёд аст ва насле, ки ҳоло 24 сола бошад, акнун тасаввур кунед, ки ин насл чӣ будани Шӯравиро танҳо аз хотироти падару бародарашон шунидаанд. Аз ин нуқтаи назар ин зумра мардум, ки дар носталжии гузашта буд, сол аз сол кам шуда истодааст. Бар асоси ҳамон назарсанҷиҳое, ки буд, камтар аз сеяки аҳолии кишварҳои Осиёи Миёна орзуи гузаштаро доштанд ва ин шумора ҳоло камтар мешавад. Аммо ин ба маънои ҷонибдорӣ аз барқарор кардани низоми пешин нест. Он масъалаи дигар аст.»

Аммо сабаби аслии бо хотираи гузашта зистани қишре аз ҷомеа ва дар фикри ҳамгироии бештар бо Русия буданашон дар чист? Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки таваҷҷӯҳи мардуми минтақа ба сиёсати Русия назар ба Ғарб бештар аст. Ва ба рағми чанд соли пеш ҳоло авомили айние боис шуда, то дар интихоби миёни Русияву Ғарб майли бештаре ҷониби Русия дошта бошанд. Як далели ин ҳолат, ба бовари таҳлилгарон, ин аст, ки ҳудуди 70 то 80 дарсади манбаи иттилоотии мардум расонаҳои русӣ мебошанд ва Русия ба гунаи фаъол дар ин самт амал мекунад.

Ҳоло шумори зиёде талош мекунанд шаҳрвандӣ ба даст биоранд ва далеаш ҳам барои ёфтани кори хубтар ва гаштугузори роҳаттаре дар қаламрави Русия мебошад. Муҳоҷирони аз беҳуқуқӣ ва азияти пулиси рус хасташуда таҳти ҳар шароите омодаанд, ки шаҳрвандии он кишварро дарёфт кунанд. Ва теъдоди муҳоҷирони тоҷикистонӣ дар Русия камобеш як миллон нафар унвон мешавад, ки ба ҳисобҳои расмӣ, дар соли гузашта бештар аз 4 миллиард доллар ба Тоҷикистон интиқол додаанд. Ва онҳое, ки манбаи таъминоти молияшон аз ҳисоби муҳоҷирон аст, ки мехоҳанд наздикони муҳоҷирашон имтиёзи бештаре дошта бошанд.
Зафар Абдуллоев
Зафар Абдуллоев
Зафар Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик ба ин бовар аст, ки дар аксари мардуми Тоҷикистон ба сурати умумӣ ҷонибдори ба навъе ҳамгироӣ ва ҳамкории бештари Тоҷикистон бо Русия мебошанд. Ва танҳо қишри камеанд, ки қатъан ба ин мухолифанд ва бештар майли ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ бо кишварҳои ҳамзабону ҳамтабори Эрон ва Афғонистонро доранд, - мегӯяд ин таҳлилгар. Ва ҷамъе аз зиёиён ҳам ҳастанд, ки аз бештар шудани нуфузи Русия ва дар ҳамгироии бештар нигаронанд, ки Тоҷикистон як субъекти баробарҳуқуқ нахоҳад буд ва истиқлоли худро бештар аз даст хоҳад дод.

Аммо мегӯяд Зафар Абдуллоев, «Русия дар замони худ ба тоҷикон кӯмак намуд, ки давлат дошта бошанд, давлати худро дубора бисозанд. Ва кӯмак кард, ки тоҷикон аз равандҳои номатлубе, ки онҳоро иҳота намуда буданд, аз ҷумла аз тамоюли пантуркизм раҳо шаванд. Аммо ман ба унвони шаҳрванди Тоҷикистон ҷонибдори истиқлол ва мухолифи тобеъ будани Тоҷикистон ба ҳар кишвари дигаре мебошам.»

Аммо на ҳама ва ҳамеша ба ин қаноат расидаанд, ки зиндагии мушкилро бар тобеъият тарҷеҳ бидиҳанд. Мардуми одӣ ба вазъият аз нуқтаи назари вазъи моддӣ ва маишии худ таваҷҷӯҳ мекунанд. Ва ба сиёсат камтар меандешанд. Барномаҳои нокоми ислоҳоти иқтисодӣ, ноадолатиҳои додгоҳӣ ва ислоҳоти нофарҷоми низоми додгоҳӣ, нобаробариҳои иҷтимоӣ ва мушкилоти фаровони иҷтимоӣ, хоса фасоди густарда ва рушди таборсолориро ба ҷои шоистасолорӣ таҳлилгарон аз авомиле медонанд, ки боис мешавад афроди камтар ба истиқлоли сиёсӣ, балки бештар масоили иҷтимоӣ ва иқтисодӣ биандешанд ва тобеиятро бар андешаи сиёсӣ тарҷеҳ бидиҳанд.
Ҳоҷимуҳаммад Умаров
Ҳоҷимуҳаммад Умаров
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони саршиноси тоҷик ба ҳамин бовар аст, ки иллати аслии ҳамчунон рӯ ба Маскав боқӣ мондани қишрҳое аз ҷомеа, бештар на дар ҳавзаи иттилоотии Русия боқӣ мондани мардум аст, балки пеш аз ҳама бароварда нашудани хостаҳо ва таваққуъоти онҳост. Ӯ мегӯяд: «Барои мардуми одӣ пеш аз ҳама муҳим ин аст, ки сатҳи зиндагияш хуб бошад ва барои рушди фарзандонаш шароитҳои зарурӣ муҳайё бошад ва албатта, озод бошад. Ҳамин чизҳо даркор аст барои мардум. Аз ин рӯ мардуми мо фикраш ин аст, ки фарзандаш меравад Русия.»

Ба бовари аксари таҳлилгарон, аммо ҳар гуна таваққӯъ аз наздикӣ ва ҳамгироии бештар бо Русия касби имтиёзи бештари иқтисодӣ мебошад, ва ангезаву заминаи сиёсӣ ва ё ақидатӣ надорад. Ва шарти аслии коҳиши таваҷҷӯҳи сокинони кишварҳои аз Шӯравӣ истиқлолёфта ба Маскав, ҳалли мушкилоти дохилӣ ва муваффақ шудани ҳукуматҳои миллӣ дар иҷрои тааҳудоташон назди мардуми худ мебошад. Ба бовари таҳлилгарон, танҳо ба вуҷуд овардани фурсатҳои корӣ, маоиши муносиб, таъмини адолати иҷтимоӣ, таъмиини зиндагии шоиста ва дар паҳлӯи он ҳифзи амнияти фазои иттилоотӣ имкон дорад, аз рӯ ба Маскав ва ҳамчунон бо рӯъёи гузашта зистан кам кунад.
XS
SM
MD
LG