Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастҳо – пеши бар! Президент меояд!


Дастҳо пеши бар бархостани мардум ба пешвози президенти Тоҷикистон ба як ҷузъи ҳатмии истиқболҳои протоколӣ аз Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру навоҳӣ табдил меёбад.

Дар ҷараёни силсиласафарҳои ахири раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии Тоҷикистон маълум мешуд, ки дар шеваи истиқбол аз оқои Раҳмон як шеваи хосе шакл гирифтааст. Сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон ба манотиқ дар гузашта бештар ба далели хароҷоти беш аз ҳадду беҳуда барои ташкили истиқболи ӯ дар як «сатҳи баланд», бастани роҳҳо дар лаҳазоти гузаштани корвони мошинҳои президент, қад-қади роҳҳо гузоштани нирӯҳои зиёди амниятӣ ва ҳазоронтолибилмону байрақу шиорҳо дар даст, ҷамъоварии мардуми зиёд ба мулоқоти оқои Раҳмон ва сели мадҳияҳои зоҳиран ташкилшуда мавриди интиқод қарор мегирифт.

Як бовари роиҷ дар байни соҳибназарон ин аст, ки мақомоти давлатӣ бо чунин роҳи ташкили сафари президент дар сатҳи олӣ мехоҳанд дар зеҳни ӯ чӣ қадар комёб будани сиёсатҳояш ва ҳам чӣ қадар қобилу «ташкилотчӣ» будани раҳбари ин ё он ноҳияро талқин кунанд.

Аммо акнун тавре ба назар мерасад,ин ҳунари «ташкилотчигӣ»-и ҳокимони маҳаллӣ ба ҳадди иғроқ расидаву дар ҳар куҷо кӯшиш мекунанд, як протоколи нонавиштаи истиқбол аз шахси президентро ба роҳ монанд. Аз сели аксҳое ки сомонаи расмии президент аз сафарҳои як моҳи ахири ӯ ба вилоятҳои Суғду Хатлону Бадахшон ва навоҳии водии Рашт нашр кардааст, бармеояд, ки як нуқтаи муҳими ин истиқбол ҳоло ҳатман даст ба пеши бар гирифтани онҳое шудааст, ки тибқи барномаи сафар, ба ҳаққи мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон «сарфароз» мешаванд.

Мардумшиносон мегӯянд, ба истиқболи меҳмон даст пеши бар гирифтан аз анъанаҳои хеле маъмулу қадимии мардуми тоҷик аст, ки бо меҳмоннавозиаш шӯҳрат дорад. Мардумшинос Рӯҳуллоҳ Ҷӯрабоев мегӯяд, «меҳмондорӣ дар хуну гени мардуми тоҷик ҷой шудааст ва мардуми мо аз ҳазору як шеваи иззатдорӣ аз шахси меҳмон истифода мекунад, ки яке аз маъмултаринҳояш ҳамин дар пеши меҳмон даст пеши бар гирифтан аст. Нуқтаи авҷи анъанаи даст пеши бар гирифтанро метавон дар маросиме, чун келинбинон, арӯсталбон ва амсоли ин мушоҳида кард.»

Ба бовари ин мардумшинос, дар аксари маворид ҳангоми истиқболи президент даст пеши бар гирифтани мардум амале самимона аст, чунки аксарият дар симои ӯ як навъ доҳӣ ва раҳнамои миллатро мебинанд ва чунин навъи арҷгузорӣ ба шахси ӯро ба ҳайси ҳам раҳбар ва ҳам меҳмони минтақаи худ амре табиӣ мешуморанд. Оқои Ҷӯрабоев дар бархе маворид ба иғроқ бурдани пешвозгирӣ ва истиқбол аз Эмомалӣ Раҳмон дар музофот аз ҷониби мақомоти маҳаллиро низ зикр кард, вале гуфт, "ба фарқ аз мақомот, мардуми оддӣ маъмулан хеле самимона аз президент истиқбол мекунанд."

Ба гуфтаи мардумшиносон, баъзан як сӯҳбати ғайрипротоколӣ ва дастфишории самимии низ хориҷ аз протокол бо як ҳамсӯҳбати оддӣ барои боло бурдани имиҷи президент бештар коргар аст, то даҳҳо дидорҳои сохта ва он ҳам дар чорчӯбҳои хеле хушки протоколӣ. Мисли ин дидори зоҳиран «тасодуфӣ», вале амалан хориҷ аз протокол ва гарми Эмомалӣ Раҳмон бо боғбоне дар Нуробод.

Аммо корманди як ҷамоат дар водии Рашт ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳоро ҳанӯз қабл аз сафари президент дастури хеле муфассал дода буданд, ки ҳар ҷамоат бояд чанд нафарро ба пешвози ӯ сафарбар кунад, кӣ чӣ бигӯяд дар дидор бо оқои Раҳмон ва чӣ нагӯяд? Ба гуфтаи ӯ, як амри дигар ин буд, ки мардум бо оқои Раҳмон аз мушкилоти рӯзмарраи худ аслан сӯҳбат накунанд, ки табъи раисиҷумҳур хира хоҳанд кард. Ҳадди аксар онҳо метавонанд аз президент сохтани роҳ ё купрук ё корхонаеро хоҳиш кунанд ва он ҳам ҳатман баъди ситоиши зиёди ин ки «таҳти сиёсати хирмандона»-и президент кишвар чӣ қадар пешрафт кардаву зиндагиии онҳо чӣ қадар хуб шудааст. Амри дигар, ки ба гуфтаи мусоҳиби мо, як фиристодаи дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ ба мақомоти маҳаллӣ мефаҳмонд, ба издиҳоми пешвозгир омӯзондани ҳамин усули «дастҳо пеши бар» дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон будааст.

Яке аз мавридҳои иғроқ дар истифодаи «дастҳо пеши бар», ки зоҳиран дигар дар Тоҷикистон ба як ҷузъи ивазнопазири протоколи расмии истиқбол аз президент табдил меёбад, дар поёни моҳи сентябр ҳангоми дидори ӯ аз як ҳавзи шиноварӣ дар вилояти Суғд иттифоқ уфтод. Тавре аз ин акс мебинед, кӯдаконе ки зоҳиран ҳанӯз мактаб намераванд, дар тан либоси оббозӣ ва то миён дар об дар дохили ҳавз истодаанд, вале ба истиқболи оқои Раҳмон «дастҳо пеши бар» карданд. Ҷолиб ин аст, ки омӯзгори онҳо низ бо ин вуҷуд ки либоси оббозӣ надорад, дар канори шогирдони худ дохили ҳавз шудаву низ дастҳояшро пеши бар гирифтааст.

Мунтақидон мегӯянд, ба сурати умум, ин ҳама саҳифаи наве дар ҳамон сиёсати қадими шахспарастии Эмомалӣ Раҳмон аст, ки бо вуҷуди мухолифатҳои начандон қотеъонаи худи ӯ, солтосол вусъату доманаи бештар пайдо мекунад. Дар натиҷа, мегӯянд мухолифон, дар ҷараёни ин сафарҳо мақомоти маҳаллӣ тавонистаанд дар зеҳни оқои Раҳмон Тоҷикистонро ба сурати «қишлоқи тилоӣ»-е тасвир кунанд, ки гӯё дар натиҷаи сиёсати «хирадмандона»-и ӯ ба чунин мартаба расидааст. Онки ин «қишлоқи тилоӣ» дар асри 21 барқу газ надорад, мушкилоти ҷузъиест, ки мақомоти маҳаллӣ аслан намехоҳанд, ки мардум зимни сафарҳои президент ин масъалаҳоро доман зада табъи ӯро хира кунанд.

XS
SM
MD
LG