Дар чанд ҷумла
"Ҳуҷҷатҳоро бурданд." Вокуниши як зан аз Конибодом ба ҳабси абади писараш
Модари Марат Сатторов, марде, ки дар пайванд ба куштори шаш узви ду оила дар Конибодом ҳабси абад гирифт, баъд аз тақрибан як моҳи эълони ҳукм назарашро баён кард. Қатлҳо шаби 28 ба 29-уми майи соли 2024 дар деҳаи Санҷидзор рух додаанд.
Лутфӣ Сатторова рӯзи 23-юми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз замони боздошт писарашро надидааст, вале ба бегуноҳии ӯ бовар дорад. "Писарам дар шаби ҳодиса ба ҳеч куҷо нарафтааст, ҳамроҳи ман дар хона буд," -- гуфт ӯ.
Коллегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон дар охири моҳи ноябри соли 2024 Марат Сатторови 43-соларо бо гуноҳи куштори аъзои ду оила ба ҳабси абад маҳкум кард. Радиои Озодӣ дар ин бора 12-уми декабр хабар дода, он замон мавқеи вакили мудофеъ ва наздикони ӯро дастрас накарда буд.
"Вай айбдор нест. Як соли охир дар мактаби деҳа посбон буд. Камтар замин дорем, бо корҳои саҳро машғул мешуд. Ба он ҳодиса рафтагӣ не, дидагӣ не, аз хона баромадагӣ ҳам нест," – афзуд Лутфӣ Саттороваи 75-сола.
Марат Сатторов соҳиби ду фарзанд аст. Падараш дувоздаҳ сол пеш фавтидааст. Хоҳару бародаронаш дар Қирғизистон ҳастанд ва шаҳрвандии он кишварро доранд.
Модараш, Лутфӣ Сатторова, гуфт: "Дар хона бо як саг танҳо мондам. Ҳама ҷоро тит карда рафтанд. Ҳуҷҷатҳо ва кортҳои бонкиро бо худ бурданд. Ақаллан кортамро диҳанд, панҷмоҳа нафақаамро нагирифтаам. Кӣ нигоҳ мекунад маро? Шароити ҳама вазнин."
Моҳи майи соли 2024 дар деҳаи Санҷидзори Конибодом аз ду оила (яке тоҷик ва дигаре қирғизтабор) шаш кас кушта шуд.
Маҳбуба Аҳмедоваи 38-сола, Нозанин Аҳмедоваи 17-сола ва Дамир Аҳмедови 14-сола аз хонаводаи тоҷик ва Зулхо Иброҳимоваи 54-сола, додараш Абдуфаттоҳ Иброҳимови 47-сола ва Қурбонгул Иброҳимоваи 46-сола аъзои кушташудаи оилаи қирғизтабор буданд.
На тафтишот ва на додгоҳ ангезаҳои қатлҳоро номбар намекунанд.
Аз моҳи марти соли 2024 то кунун дар деҳаҳои Конибодом беш аз бист кас ба таври мармуз ба қатл расидааст. Танҳо дар моҳи декабр дар ин минтақаи вилояти Суғд даҳ узви се оила, аз ҷумла чор ноболиғ, дар шароити номаълум кушта шуданд.
Мақомот ба ҷуз хабарномаи пароканда ва эълони таҳқиқи ҳодиса дар бораи кушторҳо ва ангезаи он маълумот намедиҳанд. Аз аввали қатлҳои пайиҳам ду кас зиндонӣ шуда, чаҳор нафар дар боздошт ҳастанд, вале наздикони бархеи онҳо бо хулосаи муфаттишону додрасҳо розӣ нестанд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
"Намегузорам, дарвозаро кананд." Даъво барои тахриби ҳафт хона дар Ваҳдат
Бо вуҷуди эътирози соҳибони ҳафт манзил (ҳавлӣ) дар кӯчаи Наврӯзи шаҳри Ваҳдат, тавре дар аксу видеоҳо дида мешавад, намояндагони мақомот рӯзи 21-уми ноябр бо трактору булдозер ба тахриби хонаи онҳо шуруъ кардаанд.
Қарор аст, дар ҷойи ҳавлиҳо бинои баландошёна сохта шавад. Мавқеи ширкати бинокор маълум нест. Сокинон мегӯянд, ин кор бе ризояти онҳо ва бе пардохтани ҷуброни кофӣ сурат мегирад.
Дар наворҳои видеоие, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, дида мешавад, намояндагони пулис ва идораҳои дигари интизомӣ дарвозаи манзили онҳоро бо зӯр боз намуда, талаб мекунанд, ки ҷойро барои ширкати бинокории "Муҳиддин Суруш" холӣ кунанд. Онҳо худро "намояндагони қонун" муаррифӣ мекунанд.
"Ман панҷ кӯдак дорам. Хонасозро бигӯед, ба назди мо биояд. Ман бо кӯдакҳоям ба куҷо равам? Ман соҳиби хона ҳастам. Намегузорам, ки дарвозаамро кананд. Нигоҳ кунед, кӯдакҳои маро тарсонданд. Ба ман хона дода, бурда шинонанд, баъд чаппа кунанд," – гуфтааст як зан дар видео.
Соҳибони ҳавлиҳо мегӯянд, аз соли 2022 ба ин тараф ширкати "Муҳиддин Суруш" берозигии онҳо қарори ҳукумати шаҳри Ваҳдатро барои сохтмон дарёфт карда, бо такя ба он талош дорад онҳоро аз хонаашон берун кунад.
Суруш Одинаев, раиси ширкати "Муҳиддин Суруш", ба зангҳои мо ҷавоб надод. Дертар соҳибони манзилҳои баҳсӣ ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки гуё ӯ ваъда додааст, то замони омода шудани хонаҳои нав онҳоро дар манзили иҷора ҷой карда, пули кирояро худаш хоҳад дод.
Дар бораи ширкати "Муҳиддин Суруш" маълумоти кофӣ дар даст нест.
Дар пойтахти Тоҷикистон ва шаҳрҳои дигар баҳсҳои вобаста аз манзили наву кӯҳна кам нест. Ҳар чанд вақт сокинон шикоят мекунанд, ки ширкатҳои бинокор манзилашонро тахриб карда ҷуброни ночиз пешниҳод мекунанд. Меъморон мегӯянд ягона роҳ ин аст, ки ширкати сохтмонӣ ва соҳибони манзил бар асоси нархи бозор ба тавофуқ расанд.
Масъалаи таъмини сокинон бо манзил аз мушкили рақами аввал дар Тоҷикистон дониста мешавад. Нархи як метри мураббаи хона дар бисёртабақаҳои шаҳри Душанбе аз 400 то 1800 долларро ташкил медиҳад. Коршиносон мегӯянд, агар онро ба даромади аҳолӣ муқоиса кунем, "фарқ байни замину осмон хоҳад буд" ва зоҳиран баҳсҳо барои хона ҳам беасос нест.
Дар Чеченистон тарзи либоспӯшии занонро маҳдуд кардаанд
Дар Чеченистон, ҷумҳурии Қафқози Шимолии Русия, ки солҳо боз зери итоати Рамазон Қодиров қарор дорад, тарзи либоспӯшии занонро маҳдуд кардаанд.
Вазорати фарҳанги Чеченистон дастур додааст, ки занону духтарони маҳаллӣ дар кӯча ва ҷойҳои дигари ҷамъиятӣ бе рӯсарӣ ё рӯймол нагарданд.
Дар дастури дигар пӯшидани либосҳое ба занон манъ шудааст, ки унсурҳои либоси мардона доранд. Масалан, дар ҷомаҳои мардонаи мардуми Қафқоз, ки бо номи черкеска маъруф аст, як раҳ барои тирмонӣ дӯхта мешавад, чун аз он дар давраи ҷанг истифода мекарданд.
Вазорати фарҳанги Чеченистон рӯзи 15-уми ноябр ба тарроҳони либоси миллӣ дар Чеченистон ҳушдор додааст, ки дар таҳияи либосҳои замонавии занона аз ингуна унсурҳо истифода накунанд.
Созмони иҷтимоии “Марем”, ки аз ҳуқуқи занон дар Қафқози Шимолӣ ҳимоят мекунад, гуфт, беҳтар буд кормандони давлатӣ барои даст кашидан аз куштору хушунат мубориза мебурданд.
Дар Чеченистон баъзе қонунҳои исломӣ амал мекунад.
Тарҳи нави Русия барои ҷалби хориҷиён ба артиш ва ҷанг дар Украина
Ҳукумати Русия чанд тарҳи қонунро ба Думаи давлатӣ ё порлумони ин кишвар фиристодааст, ки эҳтимол ҳадафаш ҷалби бештари хориҷиён ба артиш ва сафарбарии онҳо ба ҷанг дар Украина аст.
Муҳтавои ин тарҳҳо рӯзи 20-уми ноябр расонаӣ шуд.
Бар асоси яке аз санадҳо, онҳоеро, ки бар асоси қарордод дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Русия хидмат кардаанд, дар сурати қонуншиканӣ дигар аз кишвар ихроҷ намекунанд, балки ҷарима мебанданд. Ҳаҷми ҷарима аз ҳазор то панҷоҳ ҳазор рубл аст ва ё то дусад соат кори маҷбурӣ.
Дар тарҳи дигар гуфта шудааст, касонеро, ки ба таври қарордодӣ дар артиши Русия хидмат ва ё дар амалиёти ҷангии ин кишвар иштирок кардаанд, ба давлати хориҷӣ таслим накунанд.
Русия дар ҷанги зидди Украина, ки аз моҳи феврали соли 2022 идома дорад, бо зорӣ, зӯрӣ ё зар аз нерӯи хориҷиён, аз ҷумла тоҷикистониҳо, ба таври фаровон истифода кардааст. Наздикони баъзе аз ин афрод ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки онҳо бо ваъдаи озодӣ ва тақдими шиноснома аз зиндон ё боздоштгоҳ ба майдони даргирӣ бурда шудаанд.
Бино ба омори тарҳи “Зистан мехоҳам” дар Украина, ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон аз тарафи Русия дар ҷанг иштирок карда, то кунун марги беш аз панҷсад нафари онҳо тасдиқ шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон ҳарчанд иштироки шаҳрвандонро дар “ҷанги бегона” ҷиноят медонанд, дар се соли гузашта касеро барои ширкат дар ҷанги Украина дастгиру муҳокима накардаанд.
Покистон аз кушта шудани 23 ҷангҷӯ дар марзи Афғонистон хабар дод
Артиши Покистон рӯзи 20-уми ноябр эълон кард, ки нерӯҳои ин кишвар дастикам 23 ҷангҷӯро дар наздикии марзи Афғонистон куштаанд.
Дар баёнияи артиши Покистон омадааст, ки ин ҷангҷӯён дар ду амалиёт дар минтақаи Хуррам дар вилояти Хайбар-Пахтунхоҳ кушта шуданд.
Ин амалиёт пас аз он сурат мегирад, ки як ҳафта қабл дар як ҳамлаи интиҳорӣ ё маргталабона дар Исломобод 12 нафар кушта шуданд.
Артиши Покистон гуфтааст, ки ҷангҷӯёни кушташуда ба Толибони покистонӣ ё гурӯҳҳои ҳампаймони он вобаста буданд.
Дар баёния Ҳиндустон, рақиби деринаи Покистон, ба ҳимоят аз ҷангҷӯён муттаҳам шудааст.
Артиши Покистон барои исботи ин гуфтаҳояш санаде ироа накардааст.
Ҳинд то ҳанӯз дар ин маврид ибрози назар накардааст.
Ҳушдори ҳавошиносон аз чангу ғубор дар Тоҷикистон
Оҷонси ҳавошиносии Тоҷикистон хабар додааст, ки аз 21 то 24-уми ноябр ҳаво ғуборолуд хоҳад шуд. Ба иттилои ин ниҳод, дар шаҳру ноҳияҳои ҷанубӣ, марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд ҳаво пур аз чангу ғубор хоҳад шуд.
Ҳавошиносон сабаби хокборишу олудашавии ҳаворо дигаргуншавии иқлим ва "паст будани намнокӣ дар биёбонҳо ва нимбиёбонҳои давлатҳои ҳамсоя" гуфтааст, ки "боиси ба вуҷуд омадани хокбориш мегардад".
Оҷонси ҳавошиносӣ тавсия додааст, ки кӯдакон, наврасон, пиронсолон, занони ҳомила, одамони гирифтори бемориҳои роҳҳои нафас ва шахсони масунияташон паст бе зарурат аз хона набароянд. Ба сокинони дигар машварат додаанд, ки дар рӯзҳои хокбориш аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода баранд.
Солҳои охир ҳавои гарм ва хокбориши пайдарҳам дар Тоҷикистон сабаби афзоиши бемориҳои роҳҳои нафас шудааст. Мардум аз хокбориши пайваста ва ҳавои пур олуда шикоят мекунанд.
Бори охир моҳи сентябри имсол дар кишвар хокбориш сабт шуда буд. Тоҷикистон дар қатори чаҳор кишвари ҳавояшон бисёр олуда ё нопок дар ҷаҳон қарор гирифтааст.
Нақшаи даъват ба артиш 98 дарсад иҷро шудааст
Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон 98 дарсад иҷро шудааст. Дар ин бора Вазорати мудофиа рӯзи 20-уми ноябр хабар дод.
Ба иттилои ин ниҳод, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе нақшаро пурра иҷро кардаанд. Дар вилояти Суғд нақшаи даъват 96 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳур 97 дарсад амалӣ гардидааст.
Даъвати тирамоҳии ҷавонон 1-уми октябр оғоз гардида, то 30-юми ноябр идома мекунад. Рӯшан нест, ки давоми даҳ рӯзи боқимонда вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳур метавонанд нақшаи даъватро пурра амалӣ кунанд.
Вазорати дифоъ аз зиёд шудани сафи ҷавононе, ки ихтиёран ба артиш мераванд, тавсиф кардааст. Аммо сокинони баъзе аз минтақаҳои кишвар аз сарбозшикор ё "облава" ва фишори мақомот шикоят доранд.
Аз ҷумла, дар моҳи октябри имсол наворе ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, ки ба гуфтаи муаллифаш лаҳзаи "облава"-и як ҷавон дар шаҳри Кӯлоб аст.
Вазорати дифои Тоҷикистон дар вокуниш ба ин гузориши Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳодиса ба "облава" ё сарбозшикор рабт надорад", балки лаҳзаи боздошти як гумонбар дар фурӯши маводи мухаддири "Лирика" аст.
Аммо наздикони Суннатулло Мирзоев, ҷавоне, ки лаҳзаи боздошташ дар навор сабт шудааст, ҳарфҳои мақомотро рад карда гуфтанд, ӯ ба фурӯши маводи мухаддир ягон рабт надорад ва ҳатто носу сигор намекашад.
Хидмат дар артиш барои ҷавонони аз 18 то 27-сола ҳатмӣ буда, сарпечӣ аз он ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ мекунад.
Дидбони ҳуқуқи башар ихроҷи ҳазорон фаластиниро "ҷинояти ҷангӣ" хонд
Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) берун кардани даҳҳо ҳазор фаластинӣ аз се урдугоҳи паноҳандагонро аз сӯи артиши Исроил "ҷинояти ҷангӣ" ва "ҷиноят алайҳи башарият" эълом кард. Ба гуфтаи ин созмон, ин гуруҳи фаластиниҳо аввали соли 2025 аз се урдугоҳ дар Каронаи Бохтарӣ берун карда шуданд.
Дидбони ҳуқуқи башар 20-уми ноябр дар баёнияе гуфт, 32 ҳазор фаластинӣ моҳи январ дар ҷараёни амалиёти "девори оҳанин" тавассути неруҳои Исроил овора шуданд. Оворагон аз бозгашт ба маҳалли зиндагии худ манъ шуда ва садҳо хона вайрон шудааст.
Ин созмони ҳомии ҳуқуқи башар хостори иқдомоти фаврии байнулмилалӣ барои посухгӯ кардани мақомҳои исроилӣ ва "таваққуфи нақзи бештари ҳуқуқи фаластиниҳо" шуд.
Артиши Исроил ба хабаргузории "Ройтерс" гуфтааст, зерсохтҳои ғайринизомиро аз рӯи "ночорӣ" тахриб кардаанд, то шибҳинизомиён аз онҳо "сӯистифода" накунанд. Бо ин ҳол артиши Исроил аниқ накардааст, ки сокинони ин урдугоҳҳо кай метавонанд ба маҳалли иқомати худ баргарданд.
Душанбе мизбони Ҷоми ҷудои Осиё байни наврасону ҷавонон мешавад
Аз 20 то 23-юми ноябр дар шаҳри Душанбе Ҷоми Осиё дар риштаи ҷудо байни наврасону ҷавонон доир мегардад.
Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо, мусобиқа байни наврасон рӯзҳои 20-21-уми ноябр бо иштироки беш аз 330 варзишгар аз чаҳор кишвари Осиё – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон - баргузор мешавад.
Тоҷикистонро дар мусобиқаи наврасон 190 гуштигир (179 писар ва 11 духтар) намояндагӣ мекунад.
Дар мусобиқа байни ҷавонон беш аз 270 варзишгар аз панҷ кишвари қора – Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон, инчунин дастаи Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) - ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Тоҷикистонро дар мусобиқаи ҷавонон 186 варзишгар (176 писар ва 10 духтар) муаррифӣ менамояд.
Бояд зикр намуд, шаҳри Душанбе солҳои охир мизбони чандин мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Grand Slam (“Тоскулоҳи бузург”)-и ҷудо гардидааст, ки ба тақвими расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо дохил аст.
Ёдовар мешавем, ки варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷудои Осиё-2025 миёни наврасон ва ҷавонон (Tashkent Cadet and Junior Asian Cup 2025) дар шаҳри Тошканд 6 медал (2 тило, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст оварданд.
Дар мусобиқаи наврасон Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кило миёни духтарон барандаи медали тило гардид. Вай, инчунин дар мусобиқа байни ҷавонон медали нуқра гирифт.
Виктория Киселёва дар байни ҷавонон дар вазни +78 кило бо медали тило сарфароз гашт.
Бобоҷон Шаропов дар мусобиқаи наврасон дар вазни то 73 кило бо медали нуқра мукофотонида шуд.
Бинёмин Назиров дар мусобиқа миёни ҷавонон дар вазни то 73 кило ва Абубакр Худоиев дар байни наврасон дар вазни то 55 кило нишонҳои биринҷӣ гирифтанд.
Шарҳи Вазорати энергетика дар бораи камчин шудани гази моеъ
Вазорати энергетикаи Тоҷикистон камчин шудани гази моеъ ва болои рафтани нархи ин сӯзишвориро ба коҳиши содироти аз Қазоқистон рабт додааст.
Як намояндаи ин вазорат 19-уми ноябр ба хабаргузории Азия-Плюс гуфтааст, "коҳиши воридоти гази моеъ дар навбати аввал ба маҳдудиятҳои содироти он аз Қазоқистон вобаста аст".
Намояндагони Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба ин расона гуфтаанд, сабаби гарон шудани гази моеъ кам будани ин сӯзишворӣ дар бозор аст.
Аз оғози моҳи ноябр нархи гази моеъ дар Тоҷикистон якбора боло рафт. Агар аввали ин моҳ як литр гази моеъ чор сомону бист дирам буд буд, пас 19-уми ноябр нархи он ба панҷ-панҷуним сомонӣ расидааст. Дар ин миён ронандагон аз камчин шудани гази моеъ шикоят доранд.
Мақомоти Қазоқистон аз рӯзи 14-уми ноябр содироти гази моеъро ба муддати ҳадди ақал шаш моҳ манъ карданд.
Тоҷикистон бахши асосии гази мавриди ниёзашро аз Қазоқистон мехарад. Бо сабаби нисбатан арзон будани ин навъ сӯзишворӣ соҳибони бештари мошинҳо дар Тоҷикистон аз гази моеъ истифода мебаранд.
Толибон аз Тоҷикистон хостаанд, ки сафорати Афғонистонро ба ин гурӯҳ бидиҳад
Намояндагони ҳукумати "Толибон" аз Тоҷикистон хостаанд, назорати сафорати Афғонистон дар Душанберо ба ин гурӯҳ супорад.
Ба гузориши телевизиони "Ому", ин дархост дар мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони Кобул дар шаҳри Кобул садо додааст.
Ин расона навиштааст, ҳукумати "Толибон" аз намояндагонии Тоҷикистон хостаанд, ин гурӯҳро ҳамчун ҳокимони нави Афғонистон ба расмият шиносанд.
Мақомоти Тоҷикистон дар бораи сафари ҳайати кишвар ба Афғонистон ва дидору гуфтугӯашон бо намояндагони "Толибон" расман чизе нагуфтанд. Ин ҳайати 14-нафара, ки ба иттилои расонаҳои Афғонистон шомили намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон мебошад, рӯзи 15 ноябр ба Кобул сафар кард.
Аммо телевизиони "Ому" гузориш додааст, ки ҳайати Тоҷикистон ба дархостҳои “Толибон” дар бораи ба расмият шинохтани ҳукумати ин гурӯҳ ва супоридани сафорати Душанбе ба намояндаи онҳо, посухи аниқ надодааст.
Сафорати Афғонистон дар Душанбе то ҳол аз сӯи Заҳир Ағбар, сафири таъйинкардаи ҳукумати пешини Афғонистон идора мешавад.
Тоҷикистон яке аз камтарин кишварҳо дар минтақа аст, ки бо гузашти чор сол аз бозгашти "Толибон" ба қудрат, Сафорати Афғонистонро ба онҳо таслим накардааст.
Пештар расонаҳои Афғонистон гузориш доданд, ки як ҳайати баландпояи Тоҷикистон ба шаҳри Кобул рафта, бо чанд вазири ҳукумати "Толибон", аз ҷумла, вазири корҳои хориҷӣ ва вазири сарҳадот, ақвом ва қабоили ин гурӯҳ, гуфтугӯ кардаанд.
Расонаҳои Афғонистон аз қавли манобеашон навиштанд, ҷонибҳо дар бораи амният, густариши робитаҳо, мушкилоти марз ва тақвияти марзи муштарак сӯҳбат намуданд.
Ҷониби Тоҷикистон дар ин бора расман иттилоъ намедиҳад.
Cадама дар Рашт тӯйхонаро ба мотамхона табдил дод
Дар ноҳияи Рашт дар вақти тӯй мошине ба сутуни бетонӣ бархӯрда, сабаби марги 3 ҷавон шудааст. Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ ҳодиса 16-уми ноябр рух додааст.
Як манбаи огоҳ аз ҳодиса гуфт, як оила аз деҳаи Навобод вақте ба барои овардани арӯс ба деҳаи Бедак мерафтанд, ногоҳ яке аз мошинҳо ба сутуни канори роҳ бархӯрдааст.
Дар ин ҳодиса се ҷавон ба ҳалокат расидаанд, ки якеашон хонандаи синфи 11 ва дуи дигар 21 ва 28 сол доштанд. Дар ин ҳодиса ҳамчунин ду нафари дигар, аз ҷумла ронандаи мошини "Опел" сахт ҷароҳат бардошта, зери назорати пизишкон қарор доранд.
Сокинони деҳаи Навобод гуфтанд, яке аз қурбониён бародари домод буд ва дар як лаҳза тӯйхона ба мотамхона табдил ёфт. Як намояндаи ҷамоати Навобод ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомот ҳодисаро таҳқиқ доранд.
Солона дар садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон садҳо кас кушта ва маъюби якумрӣ мешаванд. Мошинҳои куҳнаву роҳҳои ноҳамвор, ҳаракат бо суръати баланд ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат, аз сабабҳои маргумири зиёд дар роҳҳо номбар мегардад.
Ҳамлаҳои Русия ба гӯшаҳои Украина; омодагии Лаҳистон ва Руминия
Дар ҳамлаи нерӯҳои Русия ба шаҳри Тернопили Украина 10 нафар кушта ва тақрибан 40 каси дигар захмӣ шудаанд.
Ҳамла рӯзи 19-уми ноябр сурат гирифта, ба қавли мақомот, мумкин аст, зери харобаҳои хонаи истиқоматие, ки нимавайрон шуд, ҳанӯз одамони дигаре монда бошанд. Ба гуфтаи вазири умури дохилии Украина дар байни захмиён 12 кӯдак низ ҳаст.
Ҳамлаҳо бо мушаку дронҳо субҳи 19-уми ноябр дар минтақаҳои дигари Украина ҳам сурат гирифта, садои таркишҳои зиёде ба гӯш расидааст.
Мақомоти Украина гуфтанд, ки шабакаҳои барқӣ осеб диданд. Аз ҷумла, аз вилоятҳои Хмелнитский, Ивано Франковск, Лвов ва Днепропетровск ва дигар вилоятҳои шарқӣ ва ғарбии Украина дар бораи ҳамлаҳо гузориш расид.
Дар вилояти Харков дар ҳамлаҳои шаби 19-уми ноябр, 10 бинои истиқоматӣ осеб дида, камаш 36 нафар маҷруҳ шудаанд. Ба гуфтаи мақомот, дар ин шаҳр аз ҷумла иншооти ғайринизомӣ ба мисли як мактабу мағоза ва бунгоҳи тиббӣ осеб диданд.
Бо ҳамлаи Русия ба вилоятҳои ғарбии Украина, ҳамсояи он Лаҳистон (Полша) падофанди ҳавоӣ ё системаи дифои ҳавоии худро ба кор андохт ва ҳавопаймоҳои ҷангии он низ ба парвоз даромаданд.
Ба қавли мақомоти Лаҳистон, фурудгоҳи шаҳрҳои Ресзов ва Лубинро барои муддате бастанд, то ҳавопаймоҳои ҷангӣ озодона парвоз карда тавонанд.
Дар Руминия ҳам системаи дифои ҳавоии ин кишварро барои муддати кӯтоҳе ба кор андохтаанд, зеро ба қавли мақомот як паҳпод ва ё дрон то 8 километр ба қаламрави ин кишвар ворид шудааст.
“Трамп омода аст, қонунро дар бораи таҳримҳои нав алайҳи Русия имзо кунад”
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, омода аст, қонунро дар бораи таҳримҳои нав алайҳи Русия имзо кунад, агар тасмимигирии ниҳоӣ дар бораи ҳама гуна маҳдудиятҳои оянда бо ӯ бошад.
Дар ин бора хабаргузории “Ройтерс” бо такя ба мақомоти баландпояи Кохи Сафед хабар дод.
Ба гуфтаи манбаъҳо, агар ин шарти Трамп қабул шавад, президент масъалаи қабули таҳримҳои навро баррасӣ мекунад.
Намояндаи Кохи Сафед ҳамчунин гуфтааст, Иёлоти Муттаҳида музокиротро бо Маскав бар сари поёни ҷанг дар Украина идома медиҳад.
Қонуне, ки аз сӯи намояндагони ду ҳизби асосии Амрико баҳори соли 2025 пешниҳод шуд, маҳдудият алайҳи шарикони Русияро дар бар мегирад.
Бар асоси ин санад, кишварҳое, ки ба харидани нафт ва уран аз Русия идома медиҳанд, бар молу колояшон то 500 дар сад боҷ баста мешавад.
Аз 100 сенатор 80 нафар аз ин тарҳ пуштибонӣ кардаанд. Амрико дар охири моҳи октябр ду ширкати калони нафти Русия – “Роснефт” ва “Лукойл”-ро ба рӯйхати сиёҳ ворид кард.
Ин аввалин маҳдудияти Амрико алайҳи Русия баъди бозгашти Доналд Трамп ба қудрат буд.
Имзои қарордоди нави интиқоли барқ миёни Узбекистон ва Афғонистон
Вазорати энержии Узбекистон рӯзи 18 ноябр эълон кард, ки ин кишвар як қарордоди нав барои интиқоли барқ ба Афғонистон имзо кардааст.
Ба гузориши хабаргузории "Интерфакс", ин қарордод барои соли 2026 пас аз гуфтугӯи вазири энержии Узбекистон Ҷӯрабек Мирзомаҳмудов бо Абдулборӣ Умар, раиси ширкати афғонистонии "Брешно", имзо шудааст.
Ҳанӯз рӯшан нест, ки Узбекистон дар соли оянда чӣ миқдор барқ ба Афғонистон медиҳад. Аммо дар қарордоди соли 2019 Узбекистон ваъда дода буд, ки то даҳ сол, ҳар сол 6 миллиард киловатт барқ ба Афғонистон содир мекунад.
Афғонистон бештари барқи мавриди ниёзашро аз кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла, Тоҷикистон ворид мекунад ва фақат миқдори каме аз барқ дар дохили он кишвар тавлид мешавад.
Боздошти як нозир барои пинҳон доштани талафоти барқ
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як нозири барқ дар шаҳри Кӯлоб хабар дод.
Мақомот ин мардро муттаҳам кардаанд, ки барои пинҳон доштани талафоти барқ ба барномаи "СМАРТ-БИЛИНГ" маълумоти дурӯғ ворид карда, қариб 30 ҳазор сомониро ба суратҳисоби 12 муштарӣ гузарондааст.
Назари ин нозири 34-сола ба иттиҳом маълум нест.
Алайҳи ин мард бар асоси моддаи 299-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз кардаанд. Ин банди қонун то 37 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё то ду сол корҳои ислоҳиро пешбинӣ мекунад.
Мақомоти Тоҷикистон сар аз моҳи марти имсол мубориза бо дуздии барқро сахттар карданд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 15-уми апрел иловаҳоро ба Кодекси ҷиноӣ имзо кард, ки барои дуздӣ ё истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ аз 27 ҳазор сомонӣ ҷарима то 10 сол зиндонро пешбинӣ кардааст.
Ду рӯз пас аз имзои ин фармон, барои назорати бахши энергетика дар Тоҷикистон ниҳоди нав таъсис дода шуд.