Дар чанд ҷумла
Ҳуқуқшиноси зиндонии тоҷик -- барандаи ҷоизаи бонуфузи байнулмилалӣ
Ҳуқуқшиноси зиндонии тоҷик Манучеҳр Холиқназаров ва Жоля Порсӣ, ҳомии ҳуқуқи занон дар Афғонистон, барандаи ҷоизаи бонуфузи Мартин Энналс шуданд. Бархе инро ҷоизаи Нобел дар бахши ҳуқуқи башар меноманд.
Ғолибони ин ҷоиза рӯзи 19-уми ноябр дар шаҳри Женева, пойтахти Швейтсария, эълон шуданд. Созмондиҳандагон гуфтанд, Холиқназаров ва Порсӣ ҳифзи ҳуқуқи башарро дар Тоҷикистон ва Афғонистон ба рисолати ҳаёти худ табдил доданд.
Ин ду нафар "бо вуҷуди кор дар муҳити саркӯбгарона, ҷасорати истисноӣ ва қатъият нишон доданд ва ҳифзи ҳуқуқи инсонро дар мадди аввал гузоштанд".
Жоля Порсӣ, як омӯзгор аз шаҳри Кобул аст, ки борҳо алайҳи маҳдудиятҳои ҷорикардаи "Толибон" болои занон эътироз кард. Ҳанӯз маълум нест, ки ҳукумати "Толибон" ба Порсӣ иҷозаи сафар ба Швейтсария медиҳад ё не.
Манучеҳр Холиқназаров, раиси Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир, дар моҳи майи соли 2022 ва дар пайи эътирози сокинон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастгир шуд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 9-уми декабри соли 2022 ӯро бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои ҷиноӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ паси дарҳои баста ба 16 сол зиндон маҳкум кард. Ҳомиёни ҳуқуқ ҳукмро беасос донистанд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
“Истиқлол” ва “Вахш” барои медалҳои тило талош доранд
Бозиҳои даври 21-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ рӯзҳои 1-2-юм ва 5-уми ноябр баргузор шуданд.
Дастаи “Вахш”-и Бохтар, пешсафи мусобиқот, дар бозии даври 21-ум дар варзишгоҳи “Кӯлоб-Арена”-и шаҳри Кӯлоб бозиро бо тими мизбон - “Равшан”- бо ҳисоби 0:0 анҷом дод.
Бозии КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе бо дастаи мизбон – “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд - низ бидуни гол ба поён расид.
Дар бозии “Эсхата”-и Хуҷанд бо дастаи меҳмон – “Барқчӣ”-и Ҳисор - ҳисоб 1:1 шуд. “Ҳосилот”-и Фархор тими меҳмон – Ҳулбук”-и Восеъро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар майдони худ аз тими “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.
Бозии даври 21-ум миёни дастаҳои “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан ва “Истиқлол”-и Душанбе ба далели иштироки қаҳрамони Тоҷикистон дар Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё мавқуф монд.
Ба ин тартиб, ҳоло дар ҷадвали мусобиқот “Вахш” бо 41 имтиёз аз 20 бозӣ дар ҷойи аввал аст. “Истиқлол” бо 37 имтиёз аз 17 бозӣ мақоми дуюмро касб кардааст. КМВА ва “Равшан” ҳар кадом дар 21 бозӣ 34-имтиёзӣ гирифтаанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо КМВА дар ҷойии сеюм ва “Равшан” дар ҷойи чорум қарор доранд.
Дар бозиҳои боқимонда мубориза барои медалҳои тило байни ду дастаи пешсаф – “Вахш” ва “Истиқлол” – авҷ мегирад. Шонси “Истиқлол” барои гирифтани унвони қаҳрамонӣ хубтар аст, зеро душанбегиҳо панҷ бозӣ, бохтариҳо бошанд, ду бозии дигар анҷом медиҳанд.
Барои медалҳои биринҷии мусобиқот КМВА ва “Равшан” талош меварзанд, ки ҳар кадом боз як бозӣ барпо мекунанд. Низомиён дар даври охирин - 9-уми ноябр - дар майдони худ бо “Регар-ТадАЗ” ва “Равшан” 10-уми ноябр дар Кӯлоб бо “Ҳулбук” вориди рақобат мешаванд.
Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2025
Лигаи олӣ. Даври 21-ум
1-уми ноябр (шанбе)
«Хуҷанд» – КМВА – 0:0
2-юми ноябр (якшанбе)
«Ҳосилот» – «Ҳулбук» - 1:0
Гол: Ҷозеф Акомади, 57 (1:0).
«Эсхата» – «Барқчӣ» - 1:1
Голҳо: Санҷар Рихсибоев, 69 (1:0), Диловар Ҷамшедзода, 90+5 (1:1).
«Равшан» – «Вахш» - 0:0
5-уми ноябр (чоршанбе)
«Регар-ТадАЗ» – «Панҷшер» - 1:2
Голҳо: Рӯзиев, 19 – аз пеналти (0:1), Қучқоров, 43 (0:2), Шервонӣ Мабатшоев, 77 – аз пеналти (1:2).
Корти сурх: Одинаев, 14 (“Панҷшер”).
Бозии “Истаравшан” – “Истиқлол” мавқуф гузошта шуд.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқоти лигаи олӣ:
1. “Вахш” - 20 бозӣ 41 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 30-17
2. “Истиқлол” - 17 бозӣ 37 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 33-13
3. КМВА - 21 бозӣ 34 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 37-23
4. “Равшан” - 21 бозӣ 34 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 25-19
5. “Эсхата” - 21 бозӣ 30 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 29-24
6. “Хуҷанд” - 21 бозӣ 28 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 23-25
7. “Регар-ТадАЗ” - 20 бозӣ 27 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 22-21
8. “Барқчӣ” - 21 бозӣ 27 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 22-19
9. “Ҳосилот” - 19 бозӣ 23 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 24-25
10. “Истаравшан” - 20 бозӣ 19 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 22-36
11. “Ҳулбук” - 20 бозӣ 12 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 13-33
12. “Панҷшер” - 21 бозӣ 11 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 15-40
Беҳтарин нишонзанҳо: Дмитрий Билоног (“Вахш”), Квадво Фримпонг (“Регар-ТадАЗ”), Шериддин Бобоев (“Равшан”), Аянвале Олаолува (“Равшан”), Пол Камолафе (“Хуҷанд”/”Истиқлол” – 7-голӣ.
Даври 22-юм
9-уми ноябр (якшанбе)
15:00 – «Вахш» - Истаравшан»
Бохтар. Варзишгоҳи «Вахш»
15:00 – КМВА – “Регар-ТадАЗ”
Душанбе. Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ
15:00 – “Барқчӣ” – “Хуҷанд”
Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
10-уми ноябр (душанбе)
15:00 – “Ҳулбук” – “Равшан”
Кӯлоб. Варзишгоҳи “Кӯлоб-Арена”
15:00 – “Истиқлол” – “Эсхата”
Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ
15:00 – “Панҷшер” – “Ҳосилот”
Бохтар. Варзишгоҳи «Вахш»
Хабарнигорон номи беш аз 145 000 низомии кушташудаи русро маълум карданд
Як таҳқиқоти журналистӣ исми 145 ҳазору 258 сарбози русро маълум кардааст, ки аз оғози ҷанг дар Украина кушта шудаанд.
Шахсияти низомиёни кушташударо хабарнигорони “Медиазона” ва бахши русии “Би-би-си” дар якҷоягӣ бо ихтиёриён маълум кардаанд.
Бино ба навиштаи хабарнигорони ин ду расона, дар давоми ду ҳафтаи охир шумораи кушташудагон қариб 5000 нафар афзудааст. Муаллифон мегӯянд, якбора мизони маргу мир миёни ноболиғон дар майдони ҷанг бештар шудааст. Ин ба қонунҳои нави Русия марбут будааст, ки маҳдудияти ҷалби шахсони 18 соларо ба ҷанг бекор кард.
Дар гузориш омадааст, эҳтимол онҳо пас аз як ё ду моҳи бастани қарордод дар майдони ҷанг кушта мешаванд.
Ба навиштаи хабарнигорон шумори воқеии талафоти Русия хеле бештар аз онест, ки тавассути манбаҳои боз ошкор мешавад.
Коршиносони низомӣ ҳадс мезананд, ки таҳқиқи қабристонҳои Русия, бойгонии низомиён ва хабару эълонҳо танҳо аз 45 то 65 дарсади қурбониёни воқеиро фаро мегирад. Дар бораи на ҳамаи сарбозони кушташуда ошкоро хабар дода мешавад.
Таҳрими се бонки Тоҷикистон бонкҳои дигарро эҳтиёткор кард
Баъди эълони таҳрими Иттиҳоди Аврупо нисбати се бонки тиҷоратии Тоҷикистон, “Спитамен бонк”, “Душанбе ситӣ бонк” ва “Коммерсбонк” чунин ба назар мерасад, ки бонкҳои дигар аз эҳтиёт кор гирифта, барои гурез аз таҳримҳо баъзе муомилаҳоро, ки метавонанд дардисарсоз бошанд, маҳдуд кардаанд.
Ҳафтаи гузашта, интиқоли маблағ тариқи ҳамёни ICB ё «Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон» ба корти бонкҳои Русия қатъ гардид. Намояндагони ин бонк чунин маҳдудиятро муваққатӣ ва сабабро техникӣ арзёбӣ карданд, вале аз шарҳи бештар худдорӣ намуданд.
Дар “Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон” таъсири таҳримҳоро ба чунин маҳдудият расман тасдиқ накарданд, вале як мақомдори ин бонк гуфт, мушкил ба таҳримҳои Аврупо бар зидди бонкҳои Русия рабт дорад ва дар пай чунин таҳримҳо масъалаи техникӣ низ пеш омадааст. Дар суҳбати бидуни микрафон гуфтанд, маҳдудият танҳо ба ирсоли маблағ аз Тоҷикистон ба Русия дахл дорад».
Баъзе аз муштариён бонк мехоҳанд мушкил зудтар ҳал шавад. “Ман муштарии ICB бонк ҳастам, ба ман паёмак омад, ки аз сеюми ноябр муваққатан равон кардани пул ба Русия тавассути кортҳо ва ҳамиёни мобилӣ манъ шудааст. Шояд, ки бонк дар вақтҳои наздик ҳалли ин мушкилро ёбад, чунки дар Федератсияи Русия бисёр муҳоҷирони тоҷик ҳастанд, ҳамватанон бисёр ҳастанд барои кору фаъолияту хондан рафтагиянд”- гуфт, Умеда Давлатова, сокини шаҳри Душанбе.
“Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон” дар ҳоле аз ин мушкил хабар дод, ки Иттиҳоди Аврупо дар доираи бастаи нави таҳримҳо алайҳи Русия “Спитаменбонк”, “Душанбе сити бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон”-ро ҳам ба руйхати таҳримҳо шомил намудааст. Дар ин се бонк аз шарҳи мавзӯъ худдорӣ карданд.
Баҳром Шарипов, коршиноси масоили бонкӣ гуфт, таҳримҳо ба вазъи бонкҳо метавонад таъсир гузорад, зеро бо қатъи амалиётҳои бонкии марбут ба кишварҳои аврупоӣ аз сӯи муштариён, даромади бонк ҳам кам хоҳад шуд. Вай афзуд: “Ин як намуди хавфҳои эътиборӣ аст нисбати низоми бонкӣ, нисбати иқтисодиёти миллӣ, ки эҳтиёт кунанд, пешгирӣ кунанд, дар доираи ҳамон талаботҳое, ки ба дигар давлатҳо пешбинӣ мешавад, инро ҳам эҳтиёт кунанд ва чанде аз амалиётҳои бонкӣ худдорӣ кунанд”.
Иқтисоддон Фозилҷон Фатҳуллоев назари дигар дорад. Ба андешаи вай аз таҳрим ҳарду ҷониб зарар хоҳад дид. “Тарафи таҳрим эълонкарда худ зарар мебинад. Яъне он бонкҳо ва он сармоягузориҳое, ки дар ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ кардаанд онҳо ба ҳар гуна мушкилу монеаҳо дар Тоҷикистону Аврупо акнун дучор мешаванд”- гуфт, вай.
Дар пай эълони чунин таҳримҳо Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, пайомадҳои таҳримоти Иттиҳоди Аврупо ба зидди се бонки тиҷоратии кишварро меомӯзад ва барои кам кардани оқибатҳои манфии он "бо шарикони байналмилалӣ машварат мекунад.”
Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам омадааст, ки ҳукумати Тоҷикистон вазъро мавриди омӯзиш ва пайгирӣ қарор дода, барои коҳиш додани паёмадҳои манфии ин таҳримҳо чораҳои зарурӣ меандешад.
Маълум нест мақомот дар ҳамкорӣ бо шарикони аврупоии худ то куҷо метавонанд ин мушкилро ҳал кунанд. Ҳарчанд намояндагони бонкҳо мегӯянд, ҳоло корашон мисли пештара идома дорад, бархе коршиносон бар инанд, ки дар сурати дароз идома ёфтани чунин таҳримҳо он метавонад ба низоми бонкии кишвар бештар таъсир гузорад.
Наҷоти 53 мусофири тоҷик дар як деҳаи Қазоқистон
Маъмурони наҷот дар Қазоқистон ба гурӯҳе аз мусофирони тоҷик, ки автобусашон дар вилояти Оқмола вайрон шудааст, кумак кардаанд. Онҳо аз Русия ба Тоҷикистон бармегаштанд.
Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон рӯзи 7-уми ноябр хабар дод, ки автобус бо 53 мусофир, аз ҷумла 8 кӯдак (ҳама шаҳрванди Тоҷикистон) дар ҳудуди деҳаи Жибек Жоли аз кор монд.
“Ҳарорати ҳаво зери сифр буд,” -- хабар дод Вазорати ҳолатҳои изтирории Қазоқистон.
Ҳамаи мусофиронро ба як бинои гарме дар ҳудуди деҳаи Аршали бурдаанд. Пизишкони маҳаллӣ баъд аз санҷиши вазъи мусофирон гуфтаанд, ба ҳеч яке аз онҳо ёрии тиббӣ зарур нест.
Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон ҳушдор додааст, ки ронандагон дар сармои шадид ва ҳангоми барфрезӣ дар роҳ эҳтиёт кунанд.
Қазоқистон ҳамсояи Русия аст ва муҳоҷирони тоҷик ҳангоми сафар ба Тоҷикистон ё Русия бо нақлиёти мусофирбар аз ҳудуди ин кишвар мегузаранд.
Тоҷикистон ва Қирғизистон расман чанд деҳаро иваз кардаанд
Азиз Ботиров, хабарнигори маҳаллӣ дар Қирғизистон, гузориш додааст, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи 6-уми ноябр чанд деҳаро иваз карданд.
Ба маълумоти саҳифаи Ботиров, Қирғизистон деҳаҳои Достук, Мозайт, Кок-Терек, Таш-Тумшуқро бо ҳудуди 141,9 гектар ба Тоҷикистон дод.
Манбаъ афзудааст, Тоҷикистон деҳаҳои Сомониён дар Исфара, маҳаллаҳои Даҳма, як қисмати деҳаи Хоҷаи Аъло, маҳаллаи Говсувор, маҳаллаи Мин-Булак бо боғҳояш ва як қисмати деҳаи Лакконро ба Қирғизистон вогузор кард. Ҳудуди ин заминҳое, ки Тоҷикистон ба Қирғизистон дод 142,7 гектар гуфта шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон дар бораи ҷузъиёти созишномаи марзӣ ягон шарҳе намедиҳанд ва барои ҳамин то ҳол пурра маълум набуд, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон кадом деҳаҳоро иваз карданд.
Саҳифаи Азиз Ботиров ҳамчунин навиштааст, дар доираи созиш бар сари Маркази тақсими оби “Головной” Тоҷикистон ба Қирғизистон 750 гектар замин вогузор кард.
Ин маркази тақсим об аксаран сабаби баҳсу муноқиша миёни сокинони ду кишвар мешуд, миёни ҷонибҳо тақсим шуд.
Қаблан Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфта буд, дар доираи тақсими маркази “Головной”, Тоҷикистон чун ҷуброн ба Қирғизистон 750 гектар замин дод.
Ин қитъаҳои замин, ба гуфтаи Тошиев, дар қитъаи Унжу-Булоқ, Катта-Туз баромади шаҳри Сулюкту ҷойгир шудаанд.
Шарҳи мақомоти Тоҷикистон дар ин бора дастрас нест.
Дар охири моҳи сентябри имсол раҳбарони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон масъалаи масъалаи кӯчонидани сокинони деҳоти наздимарзиро баррасӣ кардаанд. Раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон моҳи март дар шаҳри Бишкек Созишнома дар бораи аломатгузории марзи ду кишварро имзо карданд.
Трамп ва Орбан дар Кохи Сафед мулоқот мекунанд
Интизор меравад, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, рӯзи 7-уми ноябр дар Кохи Сафед бо Виктор Орбан, нахуствазири Маҷористон (Венгрия) дидору гуфтугӯ кунад.
Ба гузориши маркази хабарии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, қарор аст, дар ҷараёни мулоқот фазои гарм ҳоким бошад.
Аммо дар баробари робитаҳои шахсии наздики ин ду раҳбар, феҳристи тӯлоние аз мавзуъҳои мавриди ихтилоф низ рӯи мизи гуфтугӯҳо қарор дорад.
Ҳарчанд Трамп ва Орбан аз лиҳози фикрӣ муттаҳид шумурда мешаванд, дар пайванд ба воридоти нафти Русия дар ду ҷиҳати муқобил қарор доранд.
Яке аз хостҳои аслии Орбан аз Вашингтон ба даст овардани мувофиқати Амрико барои тиҷорати нафти Русия аст.
Идомаи гуфтугӯҳои Покистон ва ҳукумати Толибон дар Истанбул
Имрӯз дар шаҳри Истанбул даври севуми гуфтугӯҳо миёни Покистон ва ҳукумати Толибон идома мекунад. Ин даври гуфтугӯҳо рӯзи панҷшанбе бо миёнҷигарии Туркия ва Қатар оғоз шуд.
Рӯзи 6 ноябр ва дар нахустин рӯзи гуфтугӯҳо, Толибони афғон Покистонро муттаҳам карданд, ки ба ноҳияи Спин Булдаки вилояти Қандаҳор мушак партоб кардааст.
Вазорати иттилооти Покистон ин иттиҳомро рад карда ва гуфтааст, Толибон нахуст бар нерӯҳои Покистон ҳамла карданд ва онҳо ҳам посух доданд.
Аммо Ҳамдуллоҳ Фитрат, муовини сухангӯи ҳукумати Толибон ба хабаргузории "Франс пресс" гуфтааст, музокирот дар Туркия идома дошт, ки Покистон мушак партоб кард. Ӯ афзуд, ки сабаби ин ҳамлаи Покистонро намедонанд.
Айни замон бархе манбаъҳо гуфтаанд, ки дар ҷараёни гуфтугӯҳои рӯзи панҷшанбе дар Истанбул, тарафи покистонӣ тарҳе ба Толибон ироа кардааст. Ҷузъиёт ин тарҳ ҳанӯз расонаӣ нашудааст.
Дувумин даври гуфтугӯҳои ҳайатҳои Покистон ва ҳукумати Толибон аз 25 то 30 октябр дар Истанбул баргузор шуда буд, ки дар он тавофуқ шуд оташбас идома ёбад ва даври баъдии музокирот дар 6 ноябр оғоз шавад.
Даври якуми ин гуфтугӯҳо дар Қатар доир шуда буд.
Артиши Покистон шаби 9 ба 10 октябр ба шаҳри Кобул ва вилояти Пактико ҳамла кард ва сипас нерӯҳои Толибон дар марзи ду кишвар ба нерӯҳои покистонӣ ҳамла карданд. Дар ҷараёни ин даргириҳо даҳҳо нафар аз ҳар ду тараф кушта шуданд.
Исломобод ҳукумати Толибон дар Афғонистонро ба паноҳ додан ба ҷангҷӯёни Таҳрики Толибони Покистон муттаҳам мекунад. Аммо Толибони афғон инро рад мекунанд.
Пазироӣ аз вазирони умури хориҷии ОМ дар Департаменти давлатӣ
Раҳбари Кумитаи равобити хориҷии Сенат гуфт, ҳафтаи равон санадеро барои тасвиб ба Маҷлиси Болоии Конгресси Амрико фиристоданд, ки роҳро барои рушди ҳамкориҳои Вашингтону кишварҳои Осиёи Марказӣ боз мекунад.
Ҷим Риш ин суханонро дар мулоқоти намояндагони Амрико бо дипломатҳои баландпояи Осиёи Марказӣ баён дошт. Вай гуфт, "инҷо ман ҳамроҳи сенатор Дин ва ҳамкорони дигар ҳастем. Мо ҳафтаи равон пешнависи ҳуҷҷатеро барои қабул ба сенаторон фиристодем, ки монеаҳо дар тиҷорат бо кишварҳои Осиёи Марказиро аз байн хоҳад бурд. Ин аз эътибор соқит шудани "маҳдудияти Ҷексмон Веник мебошад."
Ин мулоқот рӯзи панҷуми ноябр дар Департаменти давлатии Амрико гузашт. Муовини котиби давлатӣ Кристофер Ландау дар оғози ҷаласа гуфт, "имконоти бузург дорем. Имконоти хуби рушди ҳамкориҳо вуҷуд дорад. Ба фикрам, ин як давраи ҳаяҷоновари рушди ҳамкориҳои Иёлоти Муттаҳида бо кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Мо хеле хушҳолем, ки раҳбарони ин панҷ кишвар дар Вашингтон ҳузур доранд ва рушди ҳамкориҳоро баррасӣ мекунанд. Мо ҳамчунон ифтихор дорем, ки вазирони корҳои хориҷии ин панҷ кишвар имрӯз бо моянд."
Ландау ёдовар шуд, ки ӯ ҳафтаи гузашта ҳамроҳ бо фиристодаи хоси президенти Амрико дар умури Осиёи Марказӣ Сенхио Гор ба Узбекистон ва Қазоқистон сафар дошт. Гор дар навбати худ гуфт, Иёлоти Мутатҳида ва кишварҳои Осиёи Марказӣ саҳифаи наверо дар равобити байниҳамдигарӣ боз хоҳанд кард.
Ӯ дар муроҷиаташ ба вазирони хориҷии Осиёи Марказӣ гуфт: "Ҳузури Шумо дар ин толор шаҳодати он аст, ки мо ояндаи кишварҳои Осиёи Марказиро ҳамчун кишварҳои соҳибистиқлолу шукуфон мебинем. Ҳамчунон шоҳиди онем, ки раҳбарони Амрико дар пайи рушди равобити иқтисодӣ ва стратегӣ бо Осиёи Марказӣ мебошанд. Ин амал манфиати коргарону ширкатҳои амрикоиро пеш бурда, инъикоси арзишҳои мо хоҳад буд."
Дар поёни мулоқот бо вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ, котиби давлатии Амрико Марко Рубио изҳори умед кард, ки нишасти C5+1 дар Вашингтон бо натиҷаҳои назаррас ба анҷом мерасад.
"Ман нақша дорам, ки соли оянда аз панҷ кишвари Осиёи Маразӣ дидан кунам. Шояд ин сафар як ҳафта давом ёбад. Мо бояд ҳамроҳи Шуморо барои амалӣ шудани он кор кунем," – гуфт Рубио.
Нишасти тиҷоратии Амрико ва Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Рӯзи 6-уми ноябр дар шаҳри Вашингтон, пойтахти Амрико, нишасти тиҷоратии Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.
Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар хабарномае навишт, ин чорабиниро якҷоя бо Маркази Кеннедӣ баргузор мекунад.
Ҳадаф аз баргузории конфронс тақвияти робитаҳои тиҷоратии Амрико ва кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфта шудааст.
Вазири корҳои хориҷии Туркманистон, фиристодаи вижаи раисҷумҳури Амрико барои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ дар ин нишаст ширкат хоҳанд кард. Феълан маълум нест, ки Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ кӣ намояндагӣ мекунад.
Қарор аст, рӯзи 6-уми ноябр роҳбарони Осиёи Марказӣ бо раисҷумҳури Амрико дидору суҳбат кунанд.
Вазири дифои Русия хостори гузарондани озмоиши силоҳи ҳастаӣ шуд
Вазири дифои Русия пешниҳод кардааст, ки Маскав омодагиҳоро барои озмоиши силоҳи ҳастаӣ фавран оғоз кунад.
Андрей Белоусов 5-уми ноябр дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Русия гуфт, ин озмоиш посух ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аст.
Ба гуфтаи Белоусов, Амрико аз тавофуқҳо барои коҳиши таслиҳот берун шуда, барои сохтани мушакҳои нави қорапаймо бо кулоҳаки ҳастаӣ кор мекунад.
Владимир Путин ба вазоратҳои корҳои хориҷӣ, дифоъ ва мақомоти амниятӣ дастур дод, ки пешниҳодҳои худро барои омодагӣ ба озмоиши силоҳи ҳастаӣ ироа кунанд.
Доналд Трамп охири моҳи октябр ба Вазорати ҷанги Амрико дастури азсаргирии фаврии озмоиши силоҳи ҳастаиро дода буд. Ин тасмим бо вокунишҳое дар сатҳи ҷаҳонӣ рӯбарӯ шуд.
Трамп сабаби чунин тасмимро "барномаҳои озмоишии дигар кишварҳо" донист ва анҷоми ин озмоишҳоро "зарурӣ" гуфт, то Амрико аз рақибони ҳастаиаш ақиб намонад.
Иёлоти Муттаҳида аз соли 1992, Русия аз соли 1990 ва Чин аз соли 1996 озмоиши силоҳи ҳастаӣ анҷом надодаанд.
Футболбозони навраси тоҷик аз дастаи Чехия шикаст хӯрданд
Дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Марко Раҷини, мутахассиси итолиёӣ, дар аввалин бозиаш дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2025 аз тими Чехия бо ҳисоби бузурги 1:6 мағлуб шуд.
Ин бозии даври аввал дар гурӯҳи “I” 5-уми ноябр дар майдони № 8-и «Aspire Zone» воқеъ дар пойтахти Қатар - шаҳри Давҳа – доир гардид.
Нимаи аввали дидор бо ҳисоби 4:0 ба суди футболбозони навраси Чехия ба поён расид. Се голро ҳамлагар Вит Шкркон дар дақиқаҳои 12-ум, 16-ум ва 19-ум зада, хет-трик кард. Голи чорумро Петр Потмесил дар замони ҷуброншудаи қисми аввали бозӣ ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон ворид намуд.
Дар нимаи дуюми бозӣ се гол зада шуд. Як голи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро ҳамлагар Муҳаммад Назриев дар дақиқаи 65-ум зад. Ду голи дигари чехҳоро Заҷак Доминик (дақиқаи 90-ум) ва Петр Потмесил (90+6) ба самар расонданд.
Дар бозии дигари даври аввал дар гурӯҳи “I” мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Амрико бар тими Буркина-Фасо бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаро дар нимаи дуюми дидор, дар дақиқаи 79-ум Каван Сулливан зад.
Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии бозиҳои даври аввал дар гурӯҳи “I” дастаҳои мунтахаби наврасони Чехия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сеимтиёзӣ гирифтанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо дар ҷадвали ин гурӯҳ Чехия ҷойи аввал ва ИМА ҷойи дуюмро касб кардаанд. Тимҳои Буркина-Фасо ва Тоҷикистон бидуни имтиёз мутаносибан дар зинаҳои сеюму чорум ҷойгир шудаанд.
Дар даври дуюми қаҳрамонии ҷаҳон-2025 дар гурӯҳи «I» 8-уми ноябр дастаи Тоҷикистон бо мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Буркина-Фасо бо Чехия вориди рақобат мешаванд.
"Дар се рӯз 72 метр поён фаромад". Нигаронӣ аз ҳаракати пирях дар Тоҷикобод
Мутахассисони идораи обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯянд, пиряхи Деҳдал, ки чанд рӯз пеш як пораи бузургаш канда шуда буд, то ҳол дар ҳаракат аст.
Оҷонси обуҳавошиносӣ 5-уми ноябр бар асоси тасвирҳои моҳвораӣ хабар дод, ки аз 1 то 3-юми ноябр "пирях то ба ҳол дар ҳолати номувозинатӣ қарор дошта, ба ҳисоби миёна давоми се рӯзи охир ба андозаи 72 метр ба поён ҳаракат намудааст".
Ба гуфтаи мутахассисон, бо назардошти вазъи обу ҳаво ва заминларзаи рӯзи 3-юми ноябр "ҳолати пирях айни ҳол пешгӯинашаванда" арзёбӣ мешавад.
Мақомот гуфтанд, идома ёфтани ҳаракати пирях эҳтимоли сар задани офатҳои табиӣ дар минтақаҳои поёнобро зиёд кардааст.
Рӯзи 25-уми октябр як пораи азиме аз пиряхи Деҳдал дар қаторкӯҳҳои Исмоили Сомонӣ канда шуд. Дарозии пиряхи ҷудошуда 1,5 километр буда, баландиаш 50 метр буд.
Намояндагони Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон гуфтаанд, сабаби асосии канда шудани пирях "баландшавии ҳарорати ҳаво ва набудани боришот дар давраи тӯлонӣ мебошад". Ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ва хисорот дар пай надошт, аммо ба гуфтаи мутахассисон такрори ин ҳодиса метавонад ба бархе деҳаҳои ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Об хатар дошта бошад.
Шаш коргари афғонистонӣ дар ноҳияи Айнӣ ҳалок шудаанд
Баъзе расонаҳои Эрон гузориш доданд, ки баъди таркиш дар як кони ангишт воқеъ дар ноҳияи Айнии Тоҷикистон шаш коргари афғонистонӣ ҳалок шудаанд.
Ба гузориши хабаргузории "Тасним", наздик ба Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ, ҳодиса 3-юми ноябр рух додааст.
Ба қавли ин манбаъ, дар вақти рух додани таркиш шаш коргар дар дохили нақб ё тунел буданд ва ҳамаашон ҷон бохтанд. Ҷасади қурбониён аз зери хароба берун оварда нашудааст ва ба гузориши Тасним амалиёти наҷот идома дорад.
Панҷ нафар аз қурбониён сокинони вилояти Дойкунӣ ва яки дигарашон аз Ғур будааст. Мақомоти Тоҷикистон дар бораи ин ҳодиса хабар надодаанд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи расмӣ ба дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ва намояндагии ин ниҳод дар ноҳияи Айнӣ муроҷиат кард. Аммо дар ин ниҳод аз ин ҳодиса бехабарӣ карданд.
Ин бори аввал нест, ки коргарони афғонистонӣ дар Тоҷикистон ҳалок мешаванд. Моҳи майи имсол 8 коргари афғонистонӣ дар як кони ангишт дар ноҳияи Айнӣ ҷон бохтанд. Он вақт сабаби ҳодиса таркиш гази даруни кон гуфта шуд. Мақомоти Тоҷикистон он вақт низ аз ин ҳодиса бехабарӣ карда буданд.
Икром Зоирзода додситони нави Хатлон таъйин шудааст
Генерал Икром Зоирзода додситони нави вилояти Хатлон таъйин шудааст.
Номи ӯ рӯзи 5-уми ноябр дар мулоқоти Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон, бо роҳбарони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ дар минтақа садо дод.
Зоирзода аз моҳи январи соли 2024 то ин дам додситони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд. Аз он пеш дар мақоми муовини додситони кул ва сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон кор кардааст.
Додситони пешини Хатлон Аваз Назарзода рӯзи 3-юми ноябр бо иттиҳоми "кирдоре, ки шаъну шарафи корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро паст мезанад", аз мансаб озод ва аз мақомоти Прокуратура (Додситонӣ) ронда шуд.
Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи 3-юми ноябр "риоя накардани санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ"-ро аз далелҳои дигари тасмим донист.
Маълум нест, ки Назарзода бо чӣ кор ё рафторе шаъну эътибори мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар Тоҷикистон паст задааст. Дар гузашта баъди ингуна тасмимҳо чанд додрас барои ришвахорӣ ҷазо гирифтаанд.
Аваз Назарзода дар моҳи январи соли 2024 додситони вилояти Хатлон таъйин шуда буд. Аз он пеш дар мақоми додситони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор кардааст. Пеш аз он додситони шаҳрҳои Панҷакент ва Хуҷанд буд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба нишасти "С5+1" ба Вашингтон рафт
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 5-уми ноябр ба Вашингтон, маркази Иёлоти Муттаҳида рафтааст.
Ӯ ва ҳамтоёнаш аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ рӯзи шашуми ноябр дар нишасти "С5+1" ширкат хоҳанд кард. Ин қолаб панҷ кишвари минтақа ва Амрикоро дар бар мегирад ва аз соли 2015 фаъол аст.
Дар оғоз танҳо вазирони корҳои хориҷии ИМА бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дидору мулоқот мекарданд. Ҷо Байден, президенти пешини Амрико, бори аввал моҳи сентябри соли 2023 бо сарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар қолаби "С5+1" дар Ню-Йорк мулоқот кард.
Қарор аст, ин навбат дидору суҳбати раҳбарони Осиёи Марказӣ бо Доналд Трамп, президенти Амрико, сурат гирад.
Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) рӯзи 3-юми ноябр аз ширкатдорони нишасти президентҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико даъват кард, ки дар баробари ҳамкориҳои иқтисодию амниятӣ, ба беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишварҳо низ тамаркуз кунанд.
Иёлоти Муттаҳида ҳар сол дар бахшҳои гуногун садҳо миллион долар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ кумак мекунад. Бо ин вуҷуд, Вашингтон дар гузоришҳои солонааш кишварҳои Осиёи Марказиро барои поймоли ҳуқуқи башар, маҳдудияти озодии сухану озодии дин танқид мекунад.
Гуфтугӯ