Як маъмури собиқи муассисаи ислоҳии ноболиғони душвортарбия дар Душанбе иддао дорад, ки баъзе аз кормандон ба ҷойи тарбияи муносиб бо наврасон бадрафторӣ мекунанд. Ба қавли ӯ ин бадрафториҳо мумкин аст, ки наврасонро то ба худкушӣ расонад.
“Гуфтам, бачаҳо, ин коратон хуб нест”
Рустам Қувватов, корманди пешини маҳбаси ноболиғон ё муассисаи тарбиявии рақами 3, иддао дорад, ки дар ин ҷо борҳо шоҳиди дашному дағалгуфтории кормандон нисбат ба ноболиғон шудааст. Ин сокини шаҳри Турсунзода мегӯяд, дар ин бора ба раҳбари муассиса муроҷиат кард, вале натиҷа надод.
"Баъзе кормандонро медидам, ки бо ноболиғон муносибатҳои нохуб мекарданд, дашномҳои қабеҳ медоданд. Барои ягон либос ё хӯрок. Чанд маротиба муқобил баромадам, ки бачаҳо, ҳамин коратон хуб нест, ин ҷо муассисаи тарбиявӣ аст. Баъзе кормандоне буданд, ки наздикони онҳоро дашномҳои қабеҳ мекарданд. Маҳкумшудаҳое буданд, ки аз фикр, аз номус ягон ҷойи дасташро мебуриданд,” – нақл кард ӯ.
Як маҳбуси пешини маҳбаси ноболиғон, ки бо далели мушкил пеш наомадан нахост исмаш гуфта ва чеҳрааш нишон дода шавад, ҳарфҳои Рустам Қувватовро тасдиқ намуд.
Вай афзуд, аз болои баъзе кормандон ба маъмурияти муассиса шикоят карданд, вале вазъ дигар нашуд: “Шароиташ хуб, лекин баъзе аз кормандонаш намешаванд. Шикоят ҳам кардем, вале боз ҳамон корашонро мекунанд.”
Вазир: "Шароит ҳаст"
Дар маҳбаси ноболиғон дар Душанбе аз шарҳи мавзуъ худдорӣ карда, номаи расмӣ талаб намуданд. Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон, рӯзи 12-уми феврал дар нишасти хабарӣ аз шароити маҳбаси ноболиғон ситоиш намуд.
Ӯ гуфт: “Дар он ҷо шароит ҳаст. Баъзе адабиёт намерасад, мо дар ин бора суҳбат карда будем. Шарикони рушд ҳам кумак мерасонанд. Ба масъалаи дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбия бештар таваҷҷӯҳ мекунем.”
Ин дар ҳолест, ки ба қавли ҳамсуҳбати мо, Рустам Қувватов, ноболиғон на ҳамеша ба китобхонаи маҳбас дастрасӣ доранд: “Чанд маҳкумшуда шавқи китобхонӣ доранд, вале китобдор ба сабаби он ки дар ду вазифа мебошад, бисёр вақт китобхонаро боз намемонад.”
Ба иттилои расмӣ, дар маҳбаси ноболиғон беш аз 140 нафар нигаҳдорӣ мешаванд.
Дар Тоҷикистон 19 боздоштгоҳ ва зиндон ҳаст. Мақомоти Тоҷикистон дар суҳбатҳои худ аз беҳтар шудани шароити боздоштгоҳу зиндонҳо суҳбат мекунанд. Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар соли 2024 "аз ҳад зиёд будани зиндониҳоро дар маҳбасҳои Тоҷикистон" мушкили ҷиддӣ номид.