Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иди Ғалаба, “Полки абадӣ” ва дигар чорабиниҳо


"Полки абадӣ" дар Душанбе рӯзи 9 маи соли 2024
"Полки абадӣ" дар Душанбе рӯзи 9 маи соли 2024

Қарор аст рӯзҳои 8 ва 9 май дар Тоҷикистон ҷашнҳои бахшида ба 80-солагии ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон барпо шаванд.

Рӯзи панҷшанбе нахуст дар назди “Оташи абадӣ”-и Боғи ғалабаи шаҳри Душанбе бо иштироки президент Эмомалӣ Раҳмон маросими гулгузорӣ барпо мешавад.

Ҳамон рӯз паради ҳарбӣ бо иштироки 4500 низомии вазорати дифои Тоҷикистон дар назар гирифта шудааст.

Рӯзи баъдаш, 9 май бо даъвати Кремлин қарор аст президенти Тоҷикистон дар Маскав дар паради идона иштирок кунад, вале ҳанӯз мақомоти тоҷик дар ин бора хабаре нашр накардаанд. Тасдиқи иштироки раҳбари Тоҷикистонро рӯзи 7 май Юрий Ушаков, ёвари Путин ба матбуоти расмӣ хабар дод.

Дар Душанбе субҳи ҷумъа қарор аст маъракаи ба ном “Полки абадӣ” барпо шавад. Гашти ширкатдорони ин маросим бо акси бобову бибиҳои ширкатдори ҷангашон аз назди Театри операву балети ба номи С.Айнӣ то Боғи ғалаба дар назар гирифта шудааст.

Матбуоти Тоҷикистон бо такя ба мақомоти кишвар хабар доданд, ки ба муносибати Иди Ғалаба ба 17 собиқадори барҳаёти Ҷанги дуюми ҷаҳон дар кишвар аз ҳисоби фонди захиравии президент тахминан 50 ҳазор сомонӣ маблағ тақдим мешавад. Ғайр аз ин, собиқадорони сокини шаҳри Душанбе аз буҷаи шаҳрдорӣ 25 ҳазор сомонии дигар хоҳанд гирифт.

Солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон аз Тоҷикистон тахминан 300 ҳазор нафар ба ҷанг сафарбар шуданд ва сеяки онҳо барнагаштанд. 65 зодаи Тоҷикистон унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравиро гирифтаанд.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар кӯчаҳои Душанбе аз мардум савол карданд, ки оё онҳо дар бораи Иди Ғалаба чӣ медонанд.

Пурсишро дар ин ҷо бубинед:

Тоҷикон ҳам дар ғалаба бар фашизм саҳми зиёде доранд - ПУРСИШ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:41 0:00


Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG