Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи кашмакаш бар сари қонуни "агенти хориҷӣ" дар Гурҷистон


Тбилиси (Тифлис), 28-уми майи 2024
Тбилиси (Тифлис), 28-уми майи 2024

Намояндагони порлумони Гурҷистон рӯзи 28-уми май "вето"-и раисҷумҳури ин кишвар Саломе Зурабишвилиро дар мавриди "агентҳои хориҷӣ" бекор карданд. Интизор меравад, тарҳи ҷанҷолӣ бори дигар ба мизи президент бозгардад. Сарнавишти қонуни нав ва масири Гурҷистон чӣ хоҳад шуд?

Саломе Зурабишвили, президенти Гурҷистон, бар сари "агентҳои хориҷӣ" бо ҳизби "Орзуи гурҷӣ" ихтилофи назар дорад. Ӯ дар ин қазия тарафи эътирозгарони ҷонибдори Ғарбро гирифт ва акнун панҷ рӯз фурсат дорад, то тарҳро имзо ва ба қонун табдил кунад.

Ӯ ҳеч аломате аз нияти худ барои ин кор нишон надодааст, аммо агар худдорӣ кунад, раиси порлумони Гурҷистон, ки узви ҳизби "Орзуи гурҷӣ" аст, метавонад ин қонунро бипазирад.

Аҳамияти ин қонун чист?

Ҷомеаи шаҳрвандии Гурҷистон солҳо боз талош мекунад, то ин кишварро аз зери сояи Русия берун биоварад. Русия то ҳанӯз дар Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон ҳазорон сарбоз дорад. Ду минтақае, ки пас аз ҷанги кӯтоҳ дар соли 2008 аз Гурҷистон ҷудо шуданд ва Маскав онҳоро ҳамчун кишварҳои мустақил ба расмият шинохт.

Аммо ин қонуни нав, ки "агентҳои хориҷӣ" ном дорад, дар сурати қабул, ба ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳое, ки беш аз 20 дарсад буҷаи худро аз манбаъҳои берунӣ дарёфт мекунанд, тамға ё барчаспи "намояндаи манофеи хориҷиҳо"-ро мезанад.

Ин қонун бинобар монандӣ ба қонуне, ки дар Русия барои фишори бештар ба мухолифон ва алайҳи озодии баён қабул шудааст, ба "Қонуни Русия" низ маъруф аст.

Мақомҳои баландпояи ҳизби ҳокими Гурҷистон, ки дар моҳҳои охир мавзеи сахти зидди Ғарб гирифтаанд, исрор доранд, ки ҳадафи қонун пешгирӣ аз "нуфузи зараровари хориҷӣ" аст. Аммо мухолифони ин қонун, ки дар ҳафтаҳои охир эътирозҳои бисёр калонеро алайҳи он баргузор кардаанд, мегӯянд, қабули он баҳси пайвастани кишварашонро ба Иттиҳоди Аврупо ба хатар меандозад.

Дар паси барномаи қабули ин қонун кист?

Гурҷистон дар соли 1991, пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, ба истиқлол расид. Ин кишвар муддатҳост, ки дар ҳоли ҷустуҷӯ барои ёфтани як роҳи миёна барои тарафдорони аврупоии шаҳрвандони худ ва ҳадафи геополитикии ҳамсояи қудратманди худ, яъне Русия аст.

"Орзуи гурҷӣ", ҳизби ҳокими Гурҷистон, вақтҳои охир роҳеро пеш гирифтааст, ки ба тарафи Маскав меравад. Саргаҳи пешниҳоди тарҳи "агенти хориҷӣ" аз сӯи ҳукумат низ ҳамин ҳизб аст.

Монандии вазъ бо Украина?

Пажӯҳишгоҳи Шӯрои аврупоӣ ва робитаи хориҷӣ низ ба ин бовар аст, ки ҳизби "Орзуи гурҷӣ" дар ҳоли бурдани Гурҷистон ба тарафи ҳавзаи нуфузи Русия аст. Ба навиштаи шабакаи хабарии CNN, таҳлилгарони ин пажӯҳишгоҳ ба монандиҳое байни вазъияти Гурҷистон ва Украинаи чанд сол пеш ишора кардаанд. Ду ҷумҳурии Шӯравии пешин, ки худро байни Шарқ ва Ғарб гирифтор кардаанд.

Ин пажӯҳишгоҳ дар мутолеоти худ муқоисаҳоеро байни вазъияти ҳозира дар Гурҷистон ва ҳамлаи Русия ба Украина дар солҳои 2014 ва 2022 анҷом додааст.

Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури пешини Русия, дар соли 2011 гуфта буд, ки агар Русия дар соли 2008 ба Гурҷистон ҳамла намекард, НАТО дар Гурҷистон густариш меёфт.

Даргирии соли 2008 бар сари Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон, ду минтақаи ҷудоиталаб дар Гурҷистон буд. Онҳо расман ҷузъе аз Гурҷистон ҳастанд, аммо ҳукуматҳои алоҳида доранд, ки аз сӯи бештари кишварҳо ба расмият шинохта нашудааст. Ҳам Абхозистон ва ҳам Осетияи Ҷанубӣ аз сӯи Русия пуштибонӣ мешаванд. Аз моҳи марти соли 2022 Гурҷистон дархости узвият дар Иттиҳоди Аврупоро додааст ва ин раванд ба табъи Русия хуш наомадааст.

Худоҳофизӣ бо Аврупо ва Амрико?

Ҳизби "Орзуи гурҷӣ" исрор дорад, ки ҳамчунон ба пайвастани Гурҷистон ба ниҳодҳои ғарбӣ "пойбанд" аст ва ин қонун танҳо ба ҳадафи афзоиши шаффофият дар бораи таъмини молии созмонҳои ғайридавлатист.

Мақомоти ғарбӣ чунин иддаоро напазируфта, сухангӯёни Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфтаанд, иқдомоти ин ҳизб ва суханбозиҳои зиддиғарбӣ масири демократии Гурҷистонро таҳдид мекунад.

Шарл Мишел, раиси Шӯрои Аврупо, рӯзи 28-уми май ҳушдор дод, ки бекор кардани "вето"-и Саломе Зурабишвили "қадаме ба ақиб барои орзуҳои аврупоии Гурҷистон аст".

XS
SM
MD
LG