Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрвандон бепарвоянд ё ҳақталош? Ду нигоҳ ба виҷдони мардум


Раҳбарияти "Тоҷикстандарт" афзоиши шикояти сокинон аз вуҷуди маҳсулоти пастсифат ба ин ниҳодро, натиҷаи босамари ҳамкории худ бо ҷомеа медонанд.

Аммо бархе коршиносон мегӯянд, бо таваҷҷӯҳ ба он, ки ҷомеаи Тоҷикистон то ҳадде фаъол нест, бо дидани камбудӣ, ба идорае шикоят баранд, зиёд шудани шикоятҳо метавонад бозгӯи афзоиши маҳсулоти пастсифат дар худи бозорҳо бошад.

Ба иттилои "Тоҷикстандарт" дар нимсолаи аввали соли равон беш аз 700 нафар ба ин ниҳод муроҷиат карда, аз вуҷуди молу маҳсулоти пастсифат дар бозорҳо шикоят намудаанд.

Қудрат Давлатзода, раиси "Тоҷикстандарт" рӯзи 22-юми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, муроҷиати сокинон аз маҳсулоти пастсифат дар муқоиса ба як соли пеш ба маротиб афзоиш ёфтааст. "Аз вақте, ки корро шурӯъ кардам, такяи ман ба шаҳрвандон асту дастгирии ҷомеа. Аз рӯи муроҷиатҳои "вайберӣ" ва арзу шикояти шаҳрвандон метавон гуфт, ки ҷомеаи мо имрӯз фаъолтар шуда истодааст. Муроҷиати сокинон то ҳадде афзоиш ёфтааст, ки маълумоти солҳои 2017-2018-ро таҳлил карда баромадам, гуфтам, мумкин он вақт мардум хоб будааст чӣ?"

Оқои Давлатзода далели афзоиши арзу шикоятҳо аз маҳсулоти пастсифатро натиҷаи ҳамкории ниҳоди зери раҳбарияш бо ҷомеа унвон кард. Ӯ дар ошкорсозии маҳсулоти пастсифат ва ё ғайристандартӣ таҷрибаи ҳамкорӣ бо ҷомеаро босамар арзёбӣ намуда, аз сокинон хост, ҳар куҷое маҳсулоти ғайристандартиро мушоҳида карданд, фавран ба онҳо хабар диҳанд.

Масъулини "Тоҷикстандарт" таъкид намуданд, ки дар баробари қабули муроҷиатҳои хаттиву шифоҳӣ, барои ҳамкории бештар бо ҷомеа шумораи "Вайбер" ва "Инстограм"-и ин ниҳодро боз намуда, дар нуқтаҳои фурӯш бо навиштаҷоти "Тоҷикстандарт огоҳ мекунад", насб кардаанд. "Вайбери мо бо шумораи 988 50 22 22 ҳамеша фаъол аст, сокинон метавонанд маҳсулотро акс гирифта, бо суроғаи дақиқи макони фурӯш ба мо ирсол намоянд ва бо дастрас намудани паём фавран амал хоҳем кард",-афзуд вай.

Масъулони ин ниҳод мегӯянд, пас аз эълони моратория, ки санҷишҳоро маҳдуд кард, муроҷиат аз тариқи "Вайбер"-у "Инстаграм" имкон медиҳад, бар асоси шикояти сокинон санҷиш гузаронанд.

Қудрат Давлатзода афзуд, бо фаъолияти чанд нозири савдои "Тоҷикстандарт" мушкилиҳо пурра ҳалли худро намеёбад, бино бар ин мехоҳад робита бо ҷомеаро тақвият бахшад ва сокинон дар ошкорсозии камбудиҳо ба онҳо кӯмак намоянд. Ба қавли ӯ, "Тоҷикстандарт" ҳамагӣ 116 нафар нозири савдо дорад, ки аз ин 29 нафараш ба шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеъ рост меояд.

Тибқи иттилои "Тоҷикстандарт" дар ин нимсола 1472,8 тонна маҳсулоти ғизоиро бо далели ғайристандартӣ будан аз бозорҳои кишвар мусодира намудаанд, ки ин омор дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта, ҳудуди як тонна зиёд мебошад.

Бархе огоҳони умур мегӯянд, ҳар андоза, ки молу маҳсулоти пастсифат ба бозорҳо зиёд ворид шуд, шикояту нигарониҳо афзоиш меёбад. Ҷомеашинос Бобоҷони Шафеъ мегӯяд, вуруди маҳсулоти пастсифат ба бозорҳои кишвар аз он гувоҳӣ медиҳад, ки назорат вуҷуд надорад: "Маҳсулоти пастсифат танҳо замоне ворид мешавад, ки назорат набошад, ришва медиҳанд ва ворид мекунанд",-афзуд Бобоҷони Шафеъ.

Ӯ дар мавриди афзоиши шикояти сокинон ба "Тоҷикстандарт" гуфт, "мо ҷомеаи фаъол надорем ва шахсан ман намедонам чӣ тавлиди дохилӣ дорем, ки шиква кунем? Аслан молҳои мо пастсифатанд ва ба бозорҳои хориҷ камтар роҳ доранд".

Талошҳои “Тоҷикстандарт” барои ҷалби ҷомеа дар робита ба ошкорсозии камбудиҳо дар бозори истеъмолӣ дар ҳолест, ки баъзе аз сокинон мегӯянд, бовар надоранд, бо шикоят бурдан ба идорае, мушкилашон ба зудӣ ҳалли худро пайдо кунад. Аммо бархе аз онҳое, ки шикоят бурданро ба "Тоҷикстандарт" таҷриба кардаанд, мегӯянд, талошҳояшон натиҷа додааст.

Назрулло Раҳимов, сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд як моҳ қабл аз фурӯши маҳсулоти пасти мағозае тариқи "Вайбер"-и "Тоҷикстандарт" шикоят бурда, баъди санҷиш маълум гардид, ки воқеан ҳам шикояти ӯ асос доштааст.

"Бо 72 сомонӣ ҳасиб харидам, хона рафтам кушода хубтар диққат медиҳам рангаш каме зард аст, баргардонидам, савдогар қабул накард, дидам намешавад, шикоят кардам, баъди зиёдтар аз як ҳафта даъватам карданду 72 сомониямро бо иловаи маблағе, ки роҳкиро карда назди тоҷир рафтам, баргардонида доданд",-афзуд Нарзулло Раҳимов.

Ба боварии бархе сокинони кишвар истеъмоли маҳсулоти босифат аз худи ҷомеа низ вобастагии зиёд дорад, чун агар дар ҳар маконе маҳсулоти мӯҳлаташ гузаштаро дида, аз харидорӣ худдорӣ намоянду то охир шикоят баранд, натиҷаи хоҳад дод. Масъулони "Тоҷикстандарт" мегӯянд, аксари шикояти сокинон аз маҳсулоти пастсифат баъди санҷишҳои онҳо асоси худро меёбад ва ин ниҳод ҳавасманд аст, ки шикоятҳо бештар шавад.

Масъалаи ба фурӯш гузоштани маҳсулоти пастсифат дар бозорҳои Тоҷикистон борҳо нигаронии сокинонро ба миён овардааст. Дар пайи як интиқоди президент Эмомалӣ Раҳмон аз вуруди гӯшти пастсифати мурғ ба Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2017, дар кишвар Кумитаи бехатарии озуқавории назди ҳукумати Тоҷикистон ҳам таъсис шуд.

Бо вуҷуди фаъолияти ин ниҳод ва дигар идораҳое, ки ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии маҳсулоти пастсифат кор мебаранд, интиқодҳо аз вуҷуди маҳсулоти ғайристандартӣ дар бозорҳои кишвар, пайваста садо медиҳанд.

Вобаста

XS
SM
MD
LG