Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Игор Черевченко: Муқобили "Ал-Завра" танҳо барои пирӯзӣ бозӣ мекунем


Игор Черевченко, сармураббии "Истиқлол".
Игор Черевченко, сармураббии "Истиқлол".

Дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуи AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2025/26 бо тими “Ал-Завра”-и Ироқ рақобат мекунад.

Ин бозии гурӯҳи “D”, ки шоми чоршанбеи 22-юми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир мегардад, соати 18:45 оғоз меёбад.

Дар арафаи бозӣ муқобили “Ал-Завра” Игор Черевченко, сармураббии “Истиқлол”, дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигрон гуфт, “умедворем, ки бозӣ хуб ва пуршиддат мегузарад, аммо вазнин мешавад. Имтиёзҳо ҳам барои мо ҳам барои рақибамон зарур аст. Дар ҳайати “Ал-Завра” бозигарони моҳир ҳастанд, ки бархе аз онҳо дар тими миллии Ироқ бозӣ мекунанд. Мо бозиҳои рақибро тамошо ва таҳлил кардем. Муқобили “Ал-Завра” танҳо барои пирӯзӣ бозӣ мекунем. Пеш аз ин бозӣ сармураббии “Ал-Завра” иваз шуд, ки ин ба нафъи мо нест, зеро ҳар як мураббӣ услуби хоси кори худро дорад ва онро ба шогирдонаш талқин мекунад.”

«Ал-Завра» намояндаи чоруми Ироқ маҳсуб меёбад, ки бо «Истиқлол» рӯбарӯ мешавад. Қаҳрамони Тоҷикистон мавсимҳои 2015-2016 ва 2017 бо бошгоҳҳои «Эрбил», «Нафт Ал-Васат» ва «Ал-Қувва Ал-Ҷавия» («Эйр Форс») дар мусобиқоти Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) рақобат кардааст.

Нархи билет барои тамошои бозии “Истиқлол” ва “Ал-Завра” дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор барои минбари ғарбӣ 50 сомонӣ ва барои се минбари дигар (шимолу шарқ ва ҷануб) 20 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ёдовар мешавем, дастаи “Истиқлол” дар даври даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуи AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2025/26 дар гурӯҳи “D” дар меҳмонӣ 17-уми сентябр аз тими “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрда, дар даври дуюм 1-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бар тими “Гоа”-и Ҳиндустон бо ҳисоби 2:0 ғалаба карда буд.

Пас аз пирӯзӣ бар “Гоа” барои “Истиқлол” шонси хуби аз ҷойи дуюм аз гурӯҳ баромадан пайдо шуд. Ҷойи аввалро, бешубҳа, “Ал-Наср” соҳиб мешавад, ки дар ҳамин ҳол бо 6 имтиёз пешсаф аст. Тимҳои “Ал-Завра” ва “Истиқлол” бо сеимтиёзӣ мутаносбин дар ҷойҳои дуюму сеюм қарор доранд. “Гоа” бидуни имтиёз дар зинаи охирин мебошад.

Ба назари коршиносон, барои ба мақсади худ расидан қаҳрамони Тоҷикистонро мебояд дар майдони худ бар “Ал-Завра” бо ҳисоби дилхоҳ пирӯз шуда, ду бозии дигари сафариро ақалан мусовӣ анҷом диҳад.

Дар бозии дигари даври сеюм дар гурӯҳи “D” рӯзи 22-юми октябр тими “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ дар меҳмонӣ бо дастаи “Гоа”-и Ҳиндустон рақобат мекунад.

Мусобиқот дар Лигаи қаҳрамонҳои дуи AFC бо ширкати 32 даста сурат гирифтааст. Дастаҳо ба ду минтақа – Шарқ ва Ғарб тақсим шудаанд. Ҳар як минтақа аз 16 даста иборат мебошад.

“Истиқлол” ба минтақаи Ғарб дохил аст. Дастаи ғолиби минтақаҳо ҳуқуқ пайдо мекунад, ки соли оянда дар Лигаи элита ё бартари бошгоҳҳои футболи Осиё иштирок намояд.

Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуи AFC-2025/26

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи “D”

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)

«Ал-Завра» (Ироқ)

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Гоа» (Ҳиндустон)

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “D”:

ҶДастаҳоБҒМБТИ
1“Ал-Наср”2200 7-06
2“Ал-Завра”21012-23
3 “Истиқлол”21012-53
4“Гоа”20020-40

Даври 3-юм

22-юми октябр (чоршанбе)

18:45 (бо вақти Душанбе) - «Гоа» (Ҳиндустон) - «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)

Гоа. Варзишгоҳи Ҷавоҳирлол Неҳрӯ

18:45 - «Ал-Завра» (Ироқ) - «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG