Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкилтарин соли иқтисод дар 20 соли охир


Сандуқи байналмилалии пул мегӯяд, рушди иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ба сатҳи барои 20 соли охир пасттарин расидааст ва ин тамоюли манфӣ ҳанӯз идома дорад.

Департаменти кишварҳои Ховари Миёна ва Осиёи Марказии Сандуқи байналмилалии пул дар шумораи нави моҳномаи “Дурнамои рушди иқтисоди минтақа”, ки рӯзи 27 апрел нашр шуд, вазъи кунунии иқтисоди кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказиро “пасрафти башиддат” хонда, менависад, рушди иқтисодии ин кишварҳо ба далели пойин рафтани нархи маҳсулоти содиротиашон дар бозорҳои ҷаҳонӣ, таъсири мушкилоти иқтисодии Русия ва кунд шудани рушди иқтисоди Чин ба сатҳи барои 20 соли охир пасттарин расидааст.

Бино ба ин гузориш, “аз октябри соли 2015 бадтар шудани вазъи иқтисоди беруна нисбат ба вазъе, ки бе ин ҳам мураккаб буд, мушоҳида мешавад. Иқтисоди Русия имсол 1,75 дарсад коҳиш ӣоҳад ёфт, ки боиси кам шудани ҳаҷми савдо хоҳад шуд. Кунд шудани суръати рушд дар Чин, бино ба интизорот, талабот ва нархҳо ба молҳои бозорро боз ҳам заифтар мекунад.”

Ба ин далел, сатҳи миёнаи рушди иқтисоди кишварҳои Қафқозу Осиёи Марказӣ дар соли 2016 ҳамагӣ 1,2 дарсадро ташкил хоҳад дод, ки аз соли 1996 ба ин тараф собиқа надоштааст. Пешбинии коршиносони Сандуқи пул дар мавриди рушди иқтисоди ин минтақа барои солҳои 2017-2021 низ мӯҳтотона ва дар ҳадди 3,7 дарсад будааст. Ин дар ҳолест ки суръати миёнаи рушди иқтисоди кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ аз соли 2000 то 2014, яъне тайи 15 сол 8,3 дарсад буд.

Пасрафти иқтисод бахусус дар кишварҳои содиркунандаи нафт шадидтар ба назар мерасад. Сандуқи пул мегӯяд, рушди ин кишварҳо дар соли равон то сатҳи 1,1 дарсад пойин хоҳад омад, ки аз 3,2 дарсад рушди иқтисодии онҳо дар соли 2015 қариб 3 маротиба камтар аст.

Аҳволи кишварҳои воридкунандаи нафт, ба мисли Тоҷикистон, беҳтар арзёбӣ мешавад ва ба ҳисоби коршиносони Сандуқи байналмилалии пул, ин кишварҳо дар соли 2016 ба 2,6 дарсад сатҳи рушд даст хоҳанд ёфт. Ин назар ба 3 дарсади як соли қабл як каме, вале назар ба 8-10 дарсад рушди солонаи иқтисоди онҳо дар 15 соли аввали асри 21 хеле камтар аст.

Иқтисоди Тоҷикистон, бино ба омори расмӣ, дар соли гузашта 6 дарсад рушд дошт. Ин дар ҳолест, ки аз соли 2000 то 2014 оморҳои расмӣ сатҳи рушди иқтисоди ин кишварро ҳамеша дар ҳадди 7-9 дарсад нишон медоданд. Ба ақидаи мақомот, суст шудани иқтисоди Русия ва пойин рафтани нархи ҷаҳонии пахтаву алюминий – аз омилҳои асосиест, ки иқтисоди Тоҷикистонро ҳам гирифтор кардааст. Иқтисоддонҳои мустақил ҳамзамон таъсири коҳиши даромади муҳоҷирон ва кӯтоҳӣ дар идораи умури иқтисодии кишварро низ дар кунд шудани суръати рушди иқтисодӣ муқассир мешуморанд.

Сандуқи байналмилалии пул танҳо ниҳоди молие нест, ки аз идомаи кунд шудани суръати рушди иқтисоди кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон бонги изтироб баланд мекунад. Бонки осиёии рушд моҳи март гуфт, бино ба пешбинии ин ниҳоди молӣ, рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2016 боз ҳам кундтар шуда, ҳамагӣ 3,8 дарсадро ташкил хоҳад дод. Бонки ҷаҳонӣ дар моҳи январ рушди имсолаи иқтисоди Тоҷикистонро дар ҳадди 4,8 дарсад рақам зада буд.

Муаллифони гузориш мегӯянд, “таъсири мусбати арзон шудани нархи наф ба фаъолиятҳои иқтисодӣ дар ин кишварҳо маҳдуд боқӣ монд, чунки нархи маводи сӯхт ба далели рақобати кам вазаиф шудани қурби пулҳои миллии ин кишварҳо зиёд пойин нарафт (тақрибан 20 дарсад дар муқоиса бо соли 2014).”

Омили дигаре, ки таъсири мусбати нархи арзони нафтро барои кишварҳои орӣ аз манобеи нафту газ беасар кард, ба ақидаи коршиносони Сандуқи байналмилалии пул, коҳиш ёфтани интиқоли пул аз Русия буд, ки як манбаи асосии даромад барои Арманистону Қирғизистон ва Тоҷикистон ба шумор мерафт ва аз 9 то 32 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии ин кишварҳоро ташкил медод. Муаллифон меафзоянд, “коҳиш ёфтани содирот ба Русия ва заиф шудани маҷрои сармоягузориҳои мустақим аз Русия, ҳамчунин кам шудани талабот (асосан аз сӯи Чин) ва нархи маҳсулоти дар баробари нафт асосии содиротӣ (мис, алюминий, пахта) низ дурнамои иқтисодии минтақаро тиратар нишон медиҳанд.”

Сандуқи байналмилалии пул мегӯяд, азбаски нархи нафт имсол низ ғолибан дар сатҳи пойин боқӣ мемонад ва пешбинӣ мешавад, ки бори қарзҳои давлатҳо, бахусус қарзи Қирғизистон ва Тоҷикистон биафзояд, ин кишварҳоро лозим аст, то буҷаҳои худро танзим кунанд.

Қарзи Тоҷикистон, бино ба оморҳо, дар ҳоли ҳозир, беш аз 2 миллиард шудааст, ки баробари тақрибан 25 дарсад ё чоряки маҷмӯи маҳсулоти дохилии ин кишвар аст. Бино ба ин гузориш, кишварҳои содиркунандаи ин қаламрав бояд аз такяи иқтисодашон ба фурӯши нафту газу маъданҳо ва кишварҳои вобастаи пули муҳоҷирон вобастагиашон аз пулҳои интиқолиро ҷиддан коҳиш бидиҳанд. Муаллифон менависанд, дар 12 соли охир кишварҳои Қафқозу Осиёи Марказӣ тавонистанд сатҳи зиндагии мардумони худро ду маротиба боло баранд. Вале акнун, бо уфтодани нархи бозорҳо ва коҳиши пули муҳоҷирон 25 соли дигар лозим аст, ки сатҳи зиндагӣ дар ин кишварҳо боз ду маротибаи дигар боло биравад.

Гузориш мегӯяд, агар дар минтақа ислоҳоти сохторӣ ва босуръат анҷом нашаванд, Қафқозу Осиёи Марказӣ аз дигар кишварҳои дар ҳоли ташаккули иқтисоди бозорӣ ақиб хоҳанд монд.

Сахттарин соли иқтисоди Тоҷикистон дар асри 21
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:34 0:00

XS
SM
MD
LG