Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки 30 корхонаи Узбакистон дар намоишгоҳи Хуҷанд. ВИДЕО


Намояндагони беш аз 30 ширкату корхонаи Узбакистон дар намоишгоҳи байналмилалии Хуҷанд иштирок карда ва хостори ҳамкории бештар бо ҳамтоёни тоҷики худ шуданд. Ин намоишгоҳ рӯзи 16-уми июн дар маркази вилояти Суғд ифтитоҳ гардид ва дар ҳамин рӯз намояндагии Утоқи савдо ва саноати Узбакистон дар Хуҷанд ба кор шурӯъ кард.

Дар намоишгоҳи чаҳоруми байналмилалии тиҷоратии Суғд, намояндагони ҳудуди 10 кишвар, аз ҷумла Русия, Қазоқистон, Беларус, Қирғизистон иштирок доранд.

Файзулло Маманов, як масъули Утоқи савдо ва саноати Узбакистон, рӯзи ҷумъа ба Радиои Озодӣ гуфт, ба намоишгоҳи Хуҷанд асосан намояндагони бахши саноати сабуки кишвараш омадаанд. ​Барои мисол, ширкати “Узполитехҳолдинг”-и Тошканд дар ин намоишгоҳ халтаҳои коғазии худро барои маҳсулоти сохтмонӣ муаррифӣ кард.

“Соҳибкорони мо дар як рӯзи намоиш чанд шартномаи ҳамкорӣ имзо карданд”, - гуфт Маманов ва афзуд, “вилояти Тошканду Суғд марзи муштарак доранд ва миёни онҳо имконияти хуби тиҷоратӣ вуҷуд дорад. Фақат мушкили хароҷоти нақлиёт аст, ки умед дорам, ин масъала низ ҳаллу фасл хоҳад шуд.”

Гузориши ивдеоӣ дар инҷост:

Иштироки 30 корхонаи Узбакистон дар намоишгоҳи Хуҷанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00

Нодирхон Муродов, мудири ширкати “Узполитехҳолдинг”, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳарчанд бо вилояти Суғд ҳамсоя ҳастанд, аммо бори аввал дар чунин намоишгоҳ дар кишвари ҳамсоя иштирок мекунанд. Ӯ изҳори умед кард, ки марзҳо боз ва равобити тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Узбакистон тавсеа хоҳад ёфт.

Дар намоишгоҳи чаҳоруми байналмилалии Хуҷанд намояндагони Русияву Қазоқистон, Беларус ва Қирғизистон ҳам ширкат карданд.

Корхона ва ноҳияҳои Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ сабзавот, меваи тару хушк ва шарбату нӯшобаҳоро пешниҳод намуданд, ки ба қавли тоҷирони тоҷик харидори хориҷиро бештар ҷалб мекунад. Виктор Полянин, мушовири сафири Беларус дар Тоҷикистон гуфт, ки кишвараш хостори содироти меваю сабзавоти Тоҷикистон аст, вале набуди роҳи мустақим ин орзуро дар нимароҳ гузоштааст.

“Ҳамин сол кишварҳои мо санаде ба имзо расонданд, ки боз кардани хатсайри мустақим ё бо роҳи Тошканд аз Тоҷикистон ба Беларусро дарбар мегирад. Боз кардани хатсайри боркашонии байни Тоҷикистону Беларус ё тавассути Тошканд, ба густариши равобит ва тиҷорат миёни кишварҳои мо ва содироту воридот, мусоидат хоҳад кард”, - афзуд Виктор Полянин.

Мақомоти Идораи кишоварзии Суғд гуфтанд, ки соли гузашта ба Русия аз шимоли Тоҷикистон 84 ҳазор тонна сабзавот ва тақрибан панҷоҳ ҳазор тонна мева содирот карда шуд. Хайрулло Бобозода, сардори Идораи кишоварзии Суғд, гуфт, “соҳибкорони мо ҳамарӯза ба Русияву Қазоқистон ҳудуди 50 вагон сабзавоту мева, умдатан зардолуи пешпазак интиқол медиҳанд. Имсол ҳосили сабзавот, пиёз ва картошка фаровон аст ва умедворам содироти мо зиёд хоҳад шуд.”

Ноҳияи Исфара аз манотиқи аслии содиркунандаи меваю сабзавот аз Тоҷикистон ба хориҷ аз кишвар аст. Дар Исфара даҳҳо корхона ба тозаву бандубасти меваҳои хушк машғуланд. Ба гуфтаи Собитҷон Умаров, мудири шуъбаи иқтисод ва савдои ҳукумати Исфара, дар як сол аз ин минтақа 35 ҳазор тонна меваи хушк содир мешавад, аммо танҳо ҳудуди 10 дар сади он коркард мешаваду бас.

Намоишгоҳи байналмилалии тиҷоратии “Суғд-2017” дар шаҳри Хуҷанд рӯзҳои 16 ва 17-уми июн идома мекунад ва дар назар аст дар анҷоми он, байни соҳибкорону ширкатҳои Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, шартнома ба имзо расад.

XS
SM
MD
LG