Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзадии поягузори каратэ дар интихоботи маҷлиси Турсунзода


Муҳаммад Бодаков
Муҳаммад Бодаков

Муҳаммад Бодаков, варзишгари маъруфи тоҷик, барои дарёфти курсии вакилӣ дар Маҷлиси вакилони халқии шаҳри Турсунзода мубориза мебарад.

Муҳаммад Бодаков, варзишгари маъруфи тоҷик, қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи каратэ-до ва раиси Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон, ки ҳоло мудири корхонаи воҳиди давлатии “Бозори варзмол”-и шаҳри Турсунзода мебошад, барои дарёфти курсии вакилӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ин шаҳр талош дорад. Интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ ҳамзамон бо интихоботи парлумонии Тоҷикистон рӯзи 1 март баргузор мешавад.

“Бозори варзмол”-и шаҳри Турсунзода бозори марбут ба ҳамсари Муҳиддини Кабирӣ, раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст, ки дар соли 2014 бо ҳукми додгоҳ давлатӣ карда шуд. Ба дунбол эълон шуд, ки умури ин бозорро ба Муҳаммад Бодаков супурдаанд.

Сӯҳбати Нарзуллоҳи Латиф бо Муҳаммад Бодаков
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:23 0:00
Линки мустақим

Муҳаммад Бодаков рӯзи 19 феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, номзадияш аз тарафи ҳизби ҳокими халқии демократӣ пешниҳод шуда, расман дар ҳавзаи интихоботии рақами 7 сабти ном гардидааст.

Ӯ афзуд, "рақибони ман дар ин минтақа ду нафар, яке аз ҳизби наҳзати исломӣ ва дигаре номзади худпешбаришуда мебошанд. Дар барномаи пешазинтихоботии худ ҳамчун намояндаи соҳаи варзиш бештар ба масъалаҳои мусоидат ва саҳмгузорӣ дар рушду нумӯи варзиш ва ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим таваҷҷуҳ кардаам.”

Муҳаммад Бодаков яке аз поягузорони каратэ-до дар Тоҷикистон аст. Ин намуди варзиш, ки миёни наврасону ҷавонони тоҷик маъруфият дорад, пас аз таъсиси Федератсияи миллии каратэ-до дар соли 1992 ривоҷ ёфт. Аз ҳамон сол Федератсиони каратэ-дои Тоҷикистон узви Федератсиони ҷаҳонии каратэ (WKF) ва узви Федератсияи каратэи Осиё (AKF) мебошад. Дар айни ҳол, дар Тоҷикистон беш аз 3000 наврасу ҷавонон ба ин намуди варзиш мунтазам машғуланд.

Дар ин мавзӯъ сӯҳбате доштем бо Муҳаммад Бодаков, раиси Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон.

“Озодӣ”: Нахуст дар бораи вазъи имрӯзаи каратэ-до дар кишвар каме иттилоъ бидиҳед.

​Бодаков: Вазъи каратэ-до дар Тоҷикистон дар айни ҳод дар сатҳи хуб қарор дорад. Теъдоди наврасону ҷавононе, ки ба ин намуди варзиш таваҷҷуҳ мекунанд, сол то сол афзун мешавад. Ин намуд ба ҷуз шаҳри Душанбе, дар манотиқи мухталифи кишвар – вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру навоҳии тобеи марказ ва водии Рашт - ба роҳ монда шудааст. Мо дар ин ҷойҳо намояндагии худро дорем ва бар асоси нақша варзишгарони ин минтақаҳо дар мусобиқоти ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат мекунанд.

“Озодӣ”: Лутфан мегуфтед, ки варзишгарони тоҷик дар ин риштаи варзиш дар арсаи байналмилалӣ ба чӣ гуна дастовардҳо мушарраф шудаанд?

Бодаков: Варзишгарони тоҷик дар ин ришта дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ ба натиҷаҳои баланд ноил шудаанд. Чунончи, 7 нафар дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар равияи “шотокан” ва 4 нафар дар равияи “шиторю” ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтаанд. Дарвоқеъ, дар ришати каратэ-до аввалин медалро дар мусобиқоти бузургтарини қитъавӣ – Бозиҳои осиёӣ дар Ҷопон - 20 сол муқаддам Исроил Исмоилов ба даст оварда буд. Вай дар рақобатҳо дар вазни беш аз 75 килограмм бо нишони биринҷӣ сарфароз гашта, дар таърихи варзиши тоҷик саҳифаи наве боз кардааст. Вай, инчунин, ин натиҷаи худро баъдан дар Бозиҳои осиёӣ дар Қатар такрор намуда, боз бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Варзишгарони мо, инчунин, дар чемпионатҳои ҷаҳон, Осиё ва мусобиқоти байналмилалӣ ба натиҷаҳои баланд ноил гаштаанд.

“Озодӣ”: Барои омодагии каратэчиёни тоҷик ба мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ ҳоло чӣ гуна шароит фароҳам аст?

Бодаков: Мо дар шаҳри Турсунзода як маркази замонавии варзишӣ бо номи “Қасри Самандар – XXI” дорем, ки дар он тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам аст. Варзишгарони мо дар ин ҷо ҳам тамрин мекунанд, ҳам ғизо мехӯранд ва ҳам хоб мекунанд. Ягона мушкилоте, ки дорем, ин камбуди маблағ аст. Бинобар ин мо дар бисёр мусобиқоти байналмилалӣ иштирок карда наметавонем.​

Шарҳи ҳол:

Муҳаммад Бодаков 8-уми октябри соли 1970 дар ноҳияи Ёвони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (соли 1994) ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2008)-ро хатм кардааст. Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ, Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон, Мураббии дараҷаи олӣ. Қаҳрамони ҷаҳон дар ҳисоби дастаӣ ва барандаи медали биринҷӣ дар рақобатҳои инфиродӣ дар Маскав (2003), қаҳрамони ҷаҳон дар навъи шотокан байни устодон дар Туркия (2010), барандаи нишони нуқраи Бозиҳои Осиёи Ғарбӣ дар Эрон (1998), қаҳрамони бисёркаратаи Осиё ва Тоҷикистон. Аз соли 2010 раиси Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон. Оиладор, соҳиби ду фарзанд аст.

XS
SM
MD
LG