Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаршибоев: Вазъи озодии матбуот буҳронист, аммо ноумедкунанда нест


Нуриддин Қаршибоев

Фишор, монеагузории мақомот ҳангоми гирифтани иттилоъ ва мушкили молӣ аз ҷумлаи масъалаҳое будааст, ки гурӯҳи хабарнигорони тоҷик бо Ҳарлем Дезир - намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот - дар миён гузоштаанд.

Ҳарлем Дезир рӯзи 11-уми апрел бо гурӯҳи панҷнафарӣ, иборат аз намояндагони созмонҳои ҳомии ҳуқуқи рӯзноманигорон ва расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар Вена сӯҳбат кард. Ин гурӯҳ барои иштирок дар нишасти "Ҳамла ба журналистон хатар ба озодии матбуот" дар Австрия қарор дорад.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) рӯзи 12-уми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз Вена гуфт, ҳадафи мулоқот бо Ҳарлем Дезир баррасии вазъи расонаҳо дар Тоҷикистон буд. "Имсол ин намояндаи САҲА бояд ба Тоҷикистон равад. Мехоҳанд, мушкилотеро, ки дар фазои иттилоотии Тоҷикистон вуҷуд дорад, бо мақомот матраҳ кунанд ва роҳҳои кумак ба журналистону расонаҳоро маслиҳат намоянд. Гирифтори бӯҳрони иқтисодӣ шудани расонаҳо, дастрасии мушкил ба иттилоъ, баста будани вебсайтҳо, роҳҳои кумаки ҳуқуқӣ ба рӯзноманигорони тоҷик дар ин сӯҳбат матраҳ шуд. Албатта, намояндагони САҲА аз мушкилот огоҳанд ва мехостанд, бори дигар суханро ба истилоҳ “аз забони Луқмон” шунаванд", - афзуд ӯ.

Радиои Озодӣ: То куҷо Созмони амният ва ҳамкории Аврупо имкони таъсиргузорӣ дар беҳбудии вазъи озодии матбуот дар Тоҷикистонро дорад?

Нуриддин Қаршибоев: "Тоҷикистон узви ҷомеаи байналмилалист ва бояд меъёрҳои байналмилалие, ки дар самти озодии баён вуҷуд дорад, эътироф ва риоя кунад. Ҳарчанд мақоми САҲА дар Тоҷикистон ба сатҳи дафтари барномаҳо поин рафтааст, онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар рушди расонаҳо дар кишвари мо саҳми худро гузоранд."

Радиои Озодӣ: Пештар созмони САҲА-ро баъзе аз фаъолону рӯзноманигорон барои он ки ҳарфаш аз ҷониби Тоҷикистон ҷиддӣ гирифта намешавад, танқид карданд. То куҷо воқеан ин созмон таъсиргузор буда метавонад?

Нуриддин Қаршибоев: "На, ин ҳарфро онҳое мегӯянд, ки аз сиёсат ва дипломатия дуранд. Фикр мекунам, ки тавсияҳои ин созмон таъсир доранд ва онҳое, ки дар атрофи номи САҲА ҳар гуна гапу овозаро паҳн мекунанд, манфиатҳои худро доранд. Давлатдорӣ қоидаи худро дорад ва давлате, ки ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ фаъолият мекунад, имкон надорад, ки тавсияҳои як созмонеро, ки узваш ҳаст, иҷро накунад. Дар сурати сарфи назар кардан аз санаду меъёрҳои байналмилалӣ имиҷи кишвар зарар мебинад ва ҳам роҳҳои дигар ҳаст, ки созмонҳо аз пешбурди барномаҳое барои рушди кишвар муосидат нахоҳанд кард."

Радиои Озодӣ: Созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла созмони “Гузоришгарони бидуни марз” Тоҷикистонро барои маҳдудият дар кори хабарнигорон ва расонаҳо интиқод кард. Дар пасманзари танқидҳои зиёд аз маҳдудияти озодии баён дар Тоҷикистон ҳоло беҳбуде дар кори расонаҳо ва рӯзноманигорон дида мешавад?

Нуриддин Қаршибоев: "Мутаассифона, имрӯз мо наметавонем, ки ба шароити кору фаъолияти рӯзноманигорон дар Тоҷикистон баҳои мусбат диҳем. Бӯҳроне, ки аз соли 2015 сар шуд, то ҳол идома дорад. Охири соли гузашта нашрияи “Озодагон” аз чоп монд. Ҳарчанд муҳаррир сабабашро камбуди маблағ гуфт, вале дар ду-се соли охир онҳо таҳти фишор буданд. Имрӯз як чизи дигар ҳам ҳаст, ки бояд ба он диққати ҷиддӣ диҳем. Ин расонидани кумакҳои ҳуқуқӣ ва равонӣ ба рӯзноманигорони тоҷик аст. Шароите, ки дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад, шароитест, ки ба журналистон таъсири манфии равонӣ мерасонад. Рӯзноманигоре, ки мехоҳад рисолати худро иҷро кунад, аз як ҷониб барояш маҳдудиятҳои ҳуқуқӣ эҷод мекунанд, аз ҷониби дигар таъқиб мешавад, аз тарафи дигар дар ҳолати стресс қарор доранд. Аз ин рӯ, онҳо ба кумакҳои ҳуқуқӣ ва равонӣ ниёз доранд. Ин масъаларо низ бо намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот пешниҳод кардем."

Радиои Озодӣ: Фишор болои рӯзноманигорон аз ҷониби кадом мақомот бештар аст ва ҳадаф аз фишор чист?

Нуриддин Қаршибоев: "Ҳадафи асосӣ таҳти назорат даровардани ҳамаи расонаҳо аст. Мутаассифона, дар Тоҷикистон на фақат мақомоти босалоҳият дар самти ВАО, яъне Вазорати фарҳанг, балки дигар мақомот, мисли мақомоти амниятӣ низ мехоҳанд, ба кори рӯзноманигорон дахолат кунанд. Бо баҳонаи мубориза бо терроризм бештар дастрасӣ ба иттилоот маҳдуд карда мешавад. Мушкили мо дар самти масдуд кардани сомонаҳои интернетӣ ҳамеша ғайриқонунӣ сурат мегирад. Сарфи назар аз он ки созмонҳои байналмилалӣ ва созмонҳои рӯзноманигорӣ садо баланд мекунанд, садои онҳо то гӯши ҳукумат намерасад ва ин мушкилот сол аз сол сахттар мешавад. Ҳанӯз ҳам рӯзноманигорон зери фишор ҳастанд ва мавридҳои даъватҳои ғайриқонунӣ ба мақомот ҷой дорад."

Радиои Озодӣ: Дар як изҳорот гуфта будед, ки дар соли 2018 беш аз сад рӯзноманигор барои гирифтани кумаки ҳуқуқӣ ва равонӣ ба шумо муроҷиат кардааст. Метавонед, мисол биоред, ки ба он журналистон чӣ гуна фишор оварда буданд?

Нуриддин Қаршибоев: "Як мисол аз ҷануби Тоҷикистон. Журналисти ҷавонро маҳз ба хотири онки ӯ машғули инъикоси мавзӯи терроризму экстремизм буд, даъват карданд ва қариб 7 соат дар шӯъбаи амнияти шаҳр бозпурсӣ намуданд. Ин корашон ғайриқонунӣ буд. Компютери ӯро мусодира карданд, ба маводе, ки дар компютераш вуҷуд дошт, шинос шуданд Талаб карданд, ки манбаи иттилооташро ошкор кунад. Мақсади онҳо ба ин журналисти ҷавон ғайриқонунӣ таҳмил кардани он буд, ки бо мақомоти махсус ҳамкорӣ кунад. Ҳамкорӣ бо мақомоти махсус ихтиёрӣ аст. Касеро мавқеаш ба ҳамин кор мувофиқат кунад, ҳамкорӣ кунад, вале касеро маҷбур кардан фишор аст. Ҳамин гуна фишор на танҳо паёмади ҳуқуқӣ, балки паёмади равонӣ низ дорад. Журналист, хонуми ҷавони дигарро ба хотир моил кардан ба ҳамкорӣ фишору таҳдид карданд ва ҳатто гуфтанд, ки дар бораи фарзандон ва зиндагии шахсиатон фикр кунед. Бо ин усулҳо, ба назар мерасад, ки ба хотири пеш бурдани фаъолиятҳои худашон мехоҳанд ғайриқонунӣ нисбат ба журналистон чораҳо андешанд ва водор кунанд, корҳоеро кунанд, ки хилофи меъёрҳои рузноманигорӣ аст."

Радиои Озодӣ: “Ҳамкорӣ”-е, ки онҳо мехоҳанд чӣ ҳаст ва умуман аз рӯзноманигорон чӣ мехоҳанд?

Нуриддин Қаршибоев: "Ошкор кардани сарчашмаи иттилоот, фаҳмидани назари коршиносон дар ин ё он масъала, хабар расонидан дар бораи ин ё он ҳамкорашон. Яъне мехоҳанд журналистон дастёри мақомот ва дар хидмати онҳо бошанд. Пештар ҳам гуфта будам, ки яке аз дастовардҳои мақомоти махсуси Тоҷикистон пас аз соли 2015 тухми нобоварӣ коштан миёни журналистон буд. Маҳз бо ҳамин сабаб ҳамрайъии касбиро мо таъмин карда наметавонем. Ҳар кас бояд кори худашро кунад. Корманди мақомоти амният кори худро барои таъмини амният дар чорчӯби қонун анҷом диҳанд, журналист рисолати худро дар самти расонидани иттилоъ бояд анҷом диҳад. Ҳамкории дуҷониба ба хотири пешгирӣ кардани терроризму ошкор кардани ҷиноятҳо лозим аст, вале ҳамкорӣ бояд шаффоф, ба фоидаи тарафҳо ва дар доираи қонун бошад. Мо ба журналистон фаҳмонидем, ки ҳеҷ кас ҳақ надорад, шуморо ба ҳамкорӣ маҷбур кунад. Мо ба онҳо маслиҳатҳои ҳуқуқӣ ва равонӣ медиҳем ва инҳо натиҷа ҳам доранд. Журналистон дар иҷрои кор ба худашон бештар эътимод пайдо мекунанд."

Радиои Озодӣ: Оё боре бо мақомот барои ҷилавгирӣ аз ин амалҳои, ба гуфтаи шумо, ғайриқонунӣ сӯҳбат кардед?

Нуриддин Қаршибоев: "Қаблан сӯҳбатҳо доштем. Ба хусус дар ҳолатҳои муташанниҷ шудани вазъият ва ин сӯҳбатҳо натиҷа ҳам дода буданд. Ба ашхоси масъул сӯҳбат доштем ва гуфтем, ки ин кор дар доираи қонун нест. Албатта, ҳамон замон чанд қазия ҳалли худро пайдо кард. Ба баъзе аз рӯзноманигорон тавонистем кумак расонем, ки ба маҳбас кашида нашаванд. Вақте як раҳбар иваз мешавад ва одамони нав меоянд, боз ҳамон кор идома мекунад. Онҳо шояд усули муосири кориро намедонанд."

Радиои Озодӣ: Ҳарфҳое низ дар гузашта садо дода буд, ки маҳз муттаҳид набудани созмонҳои рӯзноманигорӣ ва рӯзноманигорон боис шуд, ки расонаҳое мисли хабаргузории “Озодагон”, ҳафтаномаи “Нигоҳ” ва оҷонсии “Тоҷнюз” баста шаванд...

Нуриддин Қаршибоев: "Ин иддао аз манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ бармеояд. Мо ҳадди имкон дар қазияи хабаргузориҳои “Озодагон”, ҳафтаномаи “Нигоҳ” ва “Тоҷнюз” ширкат доштем, ҳамкорӣ доштем ва коре, ки аз дастамон меомад, пешниҳод мекардем. Бояд як чизро зикр кард, ки ҳам “Озодагон”, ҳам “Нигоҳ”-у “Тоҷнюз” бо қарори муассисон барҳам дода шуданд. Ин ҷо дигаронро айбдор кардан хеле кори осон аст, вале вақте ки барои ҳимояи манфиату ҳуқуқи худашон соҳибрасонаҳо иқдом намекунанд, аз дасти мо коре намеояд. Мушкил дар ҳамин буд, ки вақте расонаро мебанданду мераванд ва аз берун ба дигарон ақл нишон медиҳанд, ин роҳи халосӣ ва ё кумак ба рушди воситаҳои ахбори омма нест."

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available
Идома

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG