Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ойниҳол Бобоназарова: “Ман кайҳо аз доираи тарс гузаштаам”


Ойниҳол Бобоназарова дар ҳоли гирифтани Ҷоизаи зани шуҷоъ. Амрико, марти соли 2014
Ойниҳол Бобоназарова дар ҳоли гирифтани Ҷоизаи зани шуҷоъ. Амрико, марти соли 2014

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони шинохта ва ягона зани довталаб ба мақоми президентӣ дар Тоҷикистон, рӯзи 10-уми июн ҳафтодсола шуд. Ӯ дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷашни милодашро дар ҳалқаи фарзандону набераҳо ва баъзе аз дӯстон таҷлил мекунад.

Аз рӯи таҷруба метавонам ба ҳукумату ниҳодҳо ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон баҳо диҳам. Ҳукумат тарс доштааст ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ хеле заиф шудааст.

Ойниҳол Бобоназарова: "Роҳи ҳафтодсолае, ки тай кардам, албатта, мушкилҳои зиёд дошт. Аммо натиҷааш ин шуд, ки бисёр масъалаҳои печидаи зиндагиро фаҳмидам. Якеаш доираи тарс аст. Одаме, ки аз ҳамин доира гузашт, аз ҳеч чизи дигар намеҳаросад. Зиндагии орому ҳамвор одамро "холабеғам" мекунад. Аммо бисёр мехоҳам зиндагии ҷавонҳо, ояндаҳои мо ҳамвор бошад. Одамон барои хушбахтӣ зиндагӣ мекунанд ва хеле мехостам, дигарон роҳи гузаштаи маро напаймоянд."

Радиои Озодӣ: Яъне пушаймон ҳастед, ки ин қадар пасту баландиҳоро гузаштед?

Ойниҳол Бобоназарова: "Не, ман аз роҳе, ки гузаштаму то ба инҷо расидам, ҳаргиз пушаймон нестам. Фақат мехоҳам, дигарон азияти кашидаи моро набинанд. Барояшон зиндагии хубу ором орзу дорам."

Радиои Озодӣ: Аз доираи тарс гуфтед. Оё худатон ин доираро гузаштед ё нагузаштед?

Бобоназарова довталаб ба мақоми раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар интихоботи соли 2013 буд
Бобоназарова довталаб ба мақоми раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар интихоботи соли 2013 буд

Ойниҳол Бобоназарова: "Ман ин доираро кайҳо гузаштаам. Барои ман тарс вуҷуд надорад. Ман аллакай тарсро эҳсос намекунам."

Радиои Озодӣ: Вале мегӯянд, солҳои охир кампайдо ҳастед, садоятон кам шунида мешавад. Чаро?

Ойниҳол Бобоназарова: "Барои онки як сол боз бемор ҳастам ва ҳар рӯз бояд муолиҷа гирам. Дувум, одам мехоҳад бисёр кор кунад, аммо афсӯс, ки на ҳама чиз аз дастатон меояд. Ҳама чиз аз шумо вобаста нест. Сабабҳои объективӣ ва субъетивӣ ҳаст, ки пеши иҷрои ҳадафҳоятонро мегирад. Новобаста аз ин, вақте масъалаҳои муҳиму ҷиддӣ пеш меояд, ҳатман назарамро мегӯям. Ҳаракат мекунам, ки дар доираи ахлоқу қонун суҳбат кунам. Чизе ҳаст, ҳамонро гӯям ва роҳи ҳаллашро пешниҳод намоям. Як вақтҳое мумкин хеле фаъол будам, чун ба мурофиаҳои додгоҳӣ мерафтам. Як дафъа бо азобе ба мурофиаи Бузургмеҳр Ёров низ даромада будам. Вақтҳои охир ба мурофиаи шаҳрвандӣ ҳам даромадан намемонанд. Пештар барои боздид аз зиндонҳо иҷозат медоданд. Акнун намедиҳанд. На ҳама чиз аз ман вобастааст. Монеаҳо зиёдтар шудааст."

Радиои Озодӣ: Зиндагии шуморо ба панҷ давра ё марҳила тақсим кардам: кор дар донишгоҳ, фаъолият дар Ҳизби демократ, маҳбас, фаъолият дар Сандуқи Сорос ва интихоботи президентии соли 2013. Кадоме аз ин марҳилаҳо баёдмонданӣ буд?

Ойниҳол Бобоназарова
Ойниҳол Бобоназарова

Ойниҳол Бобоназарова: "Ман пеш аз ин марҳилаҳои шумурдаи шумо пионер, комсомол ва коммунист ҳам будам. Он вақт намедонистем, дигар хел зиндагӣ кардан мумкин аст. Пардаи оҳанӣ намегузошт, ки ҳаёт дар берунро бифаҳмем. Дар давраҳои донишҷӯии мо барномаҳои радиоҳои хориҷӣ баста буд. Солҳои 60-ум ман ба ноҳия рафта, ба куҳ мебаромадам ва “Мавҷи Олмон”-ро гӯш мекардам. Суҳбатҳои Сахаров ва дигаронро. Ҳамон вақт ақидаам дигар шуд. Дигар тақсимбандии зиндагии ман аз тарафи шумо дуруст аст. Ва ҳар кадоме он барои ман азизу хотирмон аст. Ҳатто ҳамон маҳбас низ. Чун дар давра барои худ бисёр чизҳоро кашф кардам, фаҳмидам. Мушкил буд, аммо вақте мушкилиро паси сар мекунед, кайфият дорад."

Радиои Озодӣ: Фикр мекунам, давраи панҷум – интихоботи президентии соли 2013 – бароятон мушкилтар буд. Чун муборизаи бузург буд. Воқеан, аз ин давра барои худ чӣ гирифтед?

Ҳукумат ба ҷуз худ дар бораи ояндаи ҷомеа ҳам фикр кунад.

Ойниҳол Бобоназарова: "Фақат ҳамин ки таҷриба гирифтам. Вақте муборизаҳои сиёсиро дар китоб мехонед, як чиз аст. Вақте дар пушти худ эҳсос мекунед, тамоман чизи дигар. Аз рӯи ҳамин таҷруба метавонам ба ҳукумату ниҳодҳо ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон баҳо диҳам. Ҳукумат тарс доштааст ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ хеле заиф шудааст. Онҳо якҷо метавонанд корҳои хуб кунанд, на ин ки маҳдудият эҷод намоянд. Ба ҳар ҳол, оптимист ҳастам ва ба ояндаи беҳтар умед дорам."

Радиои Озодӣ: Шумо дар оғози суҳбат барои ҷавонҳо орзуи зиндагии ҳамвор кардед. Аммо бисёриҳо ҷавонҳои имрӯзро танқид мекунанд, ба хотири сатҳи савод ва ахлоқашон. Шумо чиро мебинед?

Ойниҳол Бобоназарова: "Афсӯс, ки дар ҷомеаи мо сатҳи дониш ва ахлоқ костааст. Агар ҷавонҳои мо ба чунин ҳол расиданд, айби мост. Насли мо шахсан натавонист, ҷавононро ба дониши хуб ва ахлоқ фаро гирад. Аз нахуствазири Ҷопон пурсиданд, ки пешрафти кишвараш аз чист? Гуфт, се чиз. Дониш, ахлоқ ва татбиқи орзуҳо. Агар дониши хуб ҳасту ахлоқ надошта бошед, кор пеш намеравад. Албатта, барои ҷавонҳо роҳ ҳамвор нест. Меғалтанд, меафтанд, дигар чора нест. Ба хотири набераҳо бояд кор кунем. Фақат дар хона гап назанем. Дар кӯча ҳам гап занем. Вақте дар сари роҳ мебинед, як нафар дашном медиҳад, бояд рафта бо ӯ суҳбат кард."

Радиои Озодӣ: Иллати чунин вазъ чист? Мақомот ба дӯши волидон бор мекунанд ва падару модар ба дӯши мактабу маориф.

Ойниҳол Бобоназарова: "Пеш аз ҳама фарҳанги оиладорӣ тақрибан аз байн рафтааст. Қисми зиёди падарон дар муҳоҷиратанд ва модарон – танҳо. Баъзе писарон ба гапи модар гӯш намедиҳанд. Бисёр вақт дар кӯчаанд. Мактаббачаҳо байни якдигар меҷанганд. Агар дигаргунии куллӣ ба вуҷуд наояд, ислоҳот нашавад, мушкил аз ин бештар хоҳад шуд. Боз баъзеҳо мехоҳанд, Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ворид шавад. Як бозораке дорем, ки чиниҳо пур мекунанд. Баъд мардуми зиёд маҷбур мешаванд, ба ҳар куҷо баромада раванд, барои кор, зиндагӣ ва дарёфти рӯзӣ. Проблемаҳо беҳад зиёд аст. Инҷо ҳукумат ба ҷуз худ дар бораи ояндаи ҷомеа ҳам фикр кунад. Ин вазъият ба онҳо низ таъсир расонданаш мумкин аст. Ҳукумат бояд авлавиятҳоро мушаххас кунад."

Радиои Озодӣ: Дар инҷо ба даъватҳои ворид шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳам ишора кардед. Муҳоҷирони тоҷик шабу рӯз мунтазири он рӯз ҳастанд. Вале шумо чандон тарафдораш нестед...

Ойниҳол Бобоназарова: “Чунки ин созмон ба Тоҷикистон чизе намедиҳад. Ин ба давлатҳое фоида дорад, ки истеҳсолот доранд ва ба хориҷа молу маҳсулот содир мекунанд. Буҷети мо тақрибан панҷоҳ-шаст дарсадаш аз ҳисоби боҷи молу маҳсулотест, ки аз хориҷа ба Тоҷикистон медарояд. Ҳамин пул аз даст равад, чӣ кор хоҳем кард? Дувум, Қирғизистону Қазоқистон ва Беларусу Русия сари чанд вақт байни ҳам ҷанҷол мекунанд. Воридоти маҳсулоти якдигарро маҳдуд менамоянд. Пас, маълум мешавад, ки созмон иқтисодӣ нест. Агар иқтисодӣ мебуд, розӣ мешудам, чун ба муҳоҷирон ёрӣ мекунад ва сабукӣ меорад. Аммо дар зери ин коса нимкосаи сиёсӣ хобидааст. Баъдан, ҳар кишваре, ки дар онҷо коррупсия рушд кардааст, ба ҳар созмоне ҳам ки шомил шавад, на вазъи аҳолии худ ва на бегонаҳоро беҳбуд бахшида наметавонад.”

  • Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшинос ва сарвари созмони “Перспектива Плюс”, соли 1948 дар ноҳияи Ёвон ба дунё омада, соли 1971 риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатиро хатм кардааст. То соли 1976 дар аспирантураи Академияи улум кору таҳсил карда, баъди дифоъ аз рисолаи номзадиаш ба ҳайси устод дар риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатӣ ба кор пардохт ва то мақоми декани ин факулта расид. Соли 1990, дар пайи таъсиси Ҳизби демократи Шодмон Юсуф ба ин ҳизб пайваст.
  • Соли 1994 тақрибан барои як моҳ боздошт шуд. Аз соли 1996 то 2004 ба сифати мушовири намояндагии САҲА дар масоили ҳуқуқи башар кор кардааст. Аз ҳамон сол то соли 2007 раҳбарии раёсати намояндагии Сандуқи Сорос дар Тоҷикистонро бар уҳда дошт. Аз соли 2007 раҳбари созмони ғайридавлатии “Перспектива Плюс” аст.
  • Баъди имзои созишномаи сулҳи соли 1997 тибқи саҳмияи сифоизаи мухолифин, ба мақоми муовини додситони кулл пешбарӣ шуд, вале ин мақомро напазируфт.
  • Ойниҳол Бобоназарова дар интихоботи президентии моҳи ноябри соли 2013 ба унвони номзади ягонаи мухолифин пешбарӣ шуд, вале номзадиаш ба далели ҷамъ наовардани имзои зарурӣ сабт нашуд. Бо вуҷуди ин, ӯ дар маъракаи пешазинтихоботӣ аз ҳаққи мухолифони сиёсӣ ва занон ҳимоят кард.
XS
SM
MD
LG