Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қиёмиддин Чақалзода: "Ман дурӯғ гуфта наметавонам"


Қиёмиддин Чақалзода
Қиёмиддин Чақалзода

Радиои Озодӣ дар Рӯзи хандаи пойи сӯҳбати ҳунарпешаи маъруфи ширинзабон Қиёмиддин Чақалзода нишаст.

Рӯзи 1 апрел дар як қатор кишварҳои ҷаҳон ба унвони Рӯзи ханда шинохта шудааст. Иддае талош мекунанд, ки дар ин рӯз биханданд, бархе ҳам якдигарро мефиребанд ва барои нафаре, ки фирефта шудааст, ин рӯзро далел меоранд. Мо низ дар Рӯзи ханда суроғи нафаре рафтем, ки аз ҳазлҳояш ҳатто дар чеҳраи ҷиддитарин одам табассум пайдо мешавад.

Қиёмиддин Чақалзода, ҳунарманди маъруфи тоҷик, 71 сол дорад ва хатмкардаи Донишкадаи санъати Тоҷикистон аст. То кунун дар даҳҳо намоишномаи театрӣ нақш офарида ва, инчунин, дар беш аз 20 филми ҳунарӣ иштирок кардааст. Мунаққидони театр ва синамо аз ӯ ба унвони ҳунарманди хушсалиқаи театр ва синамо ном мебаранд.

Қиёмиддин Чақалзода дар арафаи Рӯзи ханда меҳмони Озодӣ буд: "Рӯзи якуми апрел дар шаҳри Габровои Булғористон пайдо шудааст. Дар ин рӯз тамоми мардуми ин шаҳр ба рӯи худ ниқоб кашида, ба кӯча мебаромаданд ва бо якдигар ҳазлу шӯхӣ мекарданд ва касе аз ҳамдигар намеранҷид. Ин рӯз ҳатто миёни ҷуфтҳо маъруф буд. Дар ин рӯз мардон бештар бо ҳамсарони худ шӯхӣ мекарданд. Ба ҷои сафедаҳое, ки занон ба рӯи худ мемоланд, мардон ба ҷои он, орд ё оҳак гӯзошта якдигарро фиреб медоданд. Ҳоло ин як рӯзи офтобиву баҳории 1 апрелро дар Тоҷикистон ҳам ба унвони "Рӯзи ханда" пазируфтанд. Аммо бояд ин рӯз як навгонӣ дошта бошад, чун рӯзи ханда ҳам як жанри санъат ва санъат бидуни навгонӣ буда наметавонад."

Қиёмиддин Чақалзода: Ман дурӯғ гуфта наметавонам
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:42 0:00

Радиои Озодӣ: Навгонӣ гӯфтед, яъне бояд ин рӯз чигуна таҷлил бишавад?

Қиёмиддин Чақалзода: "Ман пешниҳод кардам, ки дар “Рӯзи ханда” як навигарӣ бошад. Аслан бигирем, ҳаҷв ин тарбия аст, он чизе ки дар ҷомеа барои пешравӣ халал мерасонад, бояд тавассути ҳаҷву танз

T
T

ислоҳ кард. Солҳои пеш чунин буд. Ҳаҷвнигорон дар телевизону радиоҳо барномаҳои махсуси ҳаҷвӣ доштанд, ки мушкили ҷомеаро ошкоро дар онҷо баён мекарданд ва ин боис ба ислоҳи он мешуд. Пешниҳоди ман ин аст, дар ин рӯз рӯйи нафароне ки худро пушти ниқоб пинҳон карда, оромии ҷомеаи моро ба ҳам мезананд, вале касе онҳоро намебинад, бояд намоиш дода шавад. Бо ин васила, рӯи онҳоро боз кунем ва афродеро, ки бо ниқоб зиндагӣ мекунанду дурӯғ мегӯянд, ба мрадум нишон бидиҳем."

Радиои Озодӣ: Имрӯз ҳам ин ҳарфҳо шунида мешавад, ки бо рушди фанновариҳо, аз ҷумла телефонҳои ҳамроҳ, як рӯзи хос барои дурӯғ гуфтан намондааст. Шумо чӣ мегӯед?

Қиёмиддин Чақалзода: "Бале, дуруст аст. То замоне ки телефони мобил набуд, инсонҳо кам дурӯғ мегӯфтанд. Чизи аз ҳама оддӣ, дар роҳ рафта истодаам, ки аз ман пештар як одами дигар, ки ҳатто синнаш ба ҷое расидааст, бо телефони мобил беибо дурӯғ мегӯяд. Ҳатто сурх намешавад. Дар пойтахт аст, вале ба ҳамсӯҳбаташ мегӯяд, ки ҳоло дар кадом як ноҳияи дигар қарор дорад ва баъд аз се рӯз меояд. Ана ҳамин телефони мобилӣ, ки тавассути ӯ метавон дар як лаҳза кори чандрӯзаро ҳал кард, вале боз инсонҳоро ҳам дурӯғгӯй кардааст."

Радиои Озодӣ: Худи Шумо боре дурӯғ гуфтаед?

Қиёмиддин Чақалзода: "Ман дурӯғ гуфта наметавонам, чун барои дурӯғ гуфтан бояд виҷдони инсон пок набошад. Он вақт метавон дурӯғ гуфт. Вале ҳар нафаре, ки дурӯғ мегӯяд, ҳис мекунам, ки ҳарфаш ё суханаш дурӯғ аст. Ман сарамро дар саҳна сафед кардаам ва вақте дар саҳна мебинам, ки ҳампешаи ман нақшро сохта иҷро мекунад, азоб мекашам. Инсон набояд дурӯғгӯ бошад."

Радиои Озодӣ: Қиссаву латифаҳои худро аз куҷо пайдо мекунед?

Қиёмиддин Чақалзода: "Ҳамин субҳ як ҳодиса шуд, ки худаш латифа аст. Субҳ либосҳоямро пӯшидаму назди оина нарафта, кӯлоҳамро ба сар гӯзоштам. Дар ҳамин вақт ҳамсарам омад ва гуфт, ки кӯлоҳатон чаппа аст. Ман ҳам оромона хандидаму ҷавоб додам: Занак ту намедонӣ, ки ман имрӯз кадом тараф меравам, рост ё чап. Хулоса, ман ҳамеша

латифа намегӯям. Агар дар ҳалқаи дӯстон бошам ё бо нафаре вохӯраму гап дар бораи воқеаҳои ҳаёт равад, баъд латифа ба хотирам меояду мегӯям. Баъзан шабҳо бедорхобӣ мекашам ва фикр мекунам ягон ҳазл ёдам меояд бо ягон латифаи дигар пайваст мекунам, баъд мешавад - латифа."

Радиои Озодӣ: Миёни фарзандон, нафаре касби шуморо интихоб кардааст?

Қиёмиддин Чақалзода: "Не, аз даҳ фарзанд касе касби маро интихоб накард, вале ҳамагӣ хушзавқу шӯхтабиат ҳастанд. Гоҳе мебинанд, ки ором нишастам, гап мепартоянд, то ман ягон латифа гӯяму таъбашон болида шавад. Агар дӯстонашон меҳмон шаванд, маро даъват мекунанд, ки барои онҳо ягон ҳаҷв гӯям. Дар вуҷуди фарзандонам шавқи ҳазлгӯиро эҳсос мекунам, чун ин касб ирсӣ шудааст. Падару модарии раҳматии ман ҳам ҳазлгӯ буданд."

Радиои Озодӣ: Ҳунармандон ҳодисаҳои ҷолиби хотирмон доранд, ки барои бинанда пушти парда мемонад. Аз замони кӯдакӣ чӣ хотираҳо доред?

Қиёмиддин Чақалзода: "Хотираҳо зиёданд, чун инсон ҳар қадар, ки пир шавад, хотираҳояш бештар мешаванд. Як ҳодисае, ки ҳамин ҳоло ёдам омад, дар замони мактабхониям руй дода буд. Вақте дар мактаби миёна мехондем, он вақт танҳо бо перо ва рангдон навиштан иҷозат буд, аммо як дӯстам барои ман "ручка" тӯҳфа кард. Вақте бо "ручка" навиштам, муаллима маро сарзаниш кард ва ин "ручка"-ро шикаста ба бухории синф партофт. Ин рафтори муаллима маро сахт ғамгин кард ва рӯзи дигар ду ғилофи холии тири милтиқро борут (патрон) пур кардаму оварда ба печкаи синф партофтам ва худам таги миз пинҳон шудам, яке таркиш шуду ҳама аз тарс ба берун гурехтанд. Баъдан муаллима фаҳмид ва маро сарзаниш кард ва пурсид, ки чаро ин корро кардам?"

Радиои Озодӣ: Ташаккур барои сӯҳбат.

Қиёмиддин Чақалзода: Саломат бошед. Бигзор дар хонадони Шумо ва ҳам бинандаву шунавандаи Озодӣ садои ханда баланд бошад.

XS
SM
MD
LG