Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вадим Коженов: “Борҳо пешниҳод кардем, ки муҳоҷирон афв шаванд” ВИДЕО


Вадим Коженов
Вадим Коженов

Вадим Коженов, раиси Федератсияи муҳоҷирон дар Русия, як созмони рӯ ба ҳукумат гуфт, борҳо пешниҳод кардаанд, ки муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар ин кишвар афв шаванд. Ӯ рӯзи 12-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бино ба пешниҳоди онҳо мақомоти ҳар муҳоҷири ғайриқонуниро, ки ҷинояте содир накардааст, бояд бубахшанд. Ин суҳбат бо суоле дар бораи вазъи муҳоҷирон, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия оғоз шуд.

Муҳоҷир меояду мегӯяд, ки ғайриқонунӣ ҳастам ва ӯро тафтиш мекунанд. Агар ҷинояте накарда бошад, ба истиснои риоят накардани муқаррароти иқомат, бояд авф шавад.

Радиои Озодӣ: Назари Шумо дар бораи вазъи муҳоҷирон дар Русия чӣ ҳаст? Авзоъ дар солҳои ахир чӣ гуна тағйир кардааст?

Вадим Коженов: “Яке аз муҳимтарин тағйирот дар соли 2014 буд, чун дар он сол барои тамоми муҳоҷирон патент ҷорӣ карданд. Қаблан патент фақат барои афроди алоҳида буд, агар Шумо мехостед, дар корхона ё муассисае кор кунед, бояд иҷозаи махсус мегирифтед ва ин як масъалаи мушкилсоз буд. Чунин низомро Хадамоти Федеролии Муҳоҷират, ки барҳам дода шуд, ба роҳ андохта буд. Низом чунин буд, ки дар Русия барои муҳоҷирон 2 миллион квота барои кор ҷудо шуда буд, аммо теъдоди муҳоҷирон ба 9 миллион нафар мерасид. Ҳафт миллион агар мехостанд, қонунӣ кор кунанд, ҳам наметавонистанд. Онҳо хориҷ аз қонун кор мекарданд. Коррупсия, ҷинояткорӣ ҳам паёмадҳои ҳамин кори ғайриқонунӣ буд. Соли 2014 бо пешниҳоди раиси ҷумҳур қарори оқилона қабул шуд ва бо патент дар ҳамаҷо иҷозаи кор медоданд. Мехоҳед барои афроди алоҳида кор кунед, ё барои ширкат, иҷоза шуд.”

Навори видеоӣ дар инҷост:

Коженов: “Пешниҳод кардем, муҳоҷирон афв шаванд”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:01 0:00

Радиои Озодӣ: Вале бо вуҷуди ин ба гуфтаи матбуоти Русия, миллионҳо муҳоҷири ғайриқонунӣ мондаанд. Барои чӣ вазъ чунин мондааст ва роҳи ҳалли мушкил чӣ аст?

Вадим Коженов: “Чанд сабаб вуҷуд дорад. Онгуна, ки гуфтам, соли 2014 вазъ осонтар шуд, вале айни замон мушкилӣ ба вуҷуд овард. Масалан, афроде, ки солҳои зиёд иҷозаи кор надоштанд ва имкони ба осонӣ гирифтани иҷозаи корро ба даст оварданд, дар вазъи номусоид монданд, чун вақти берун рафтан аз Русия бо назардошти иқомати ғайриқонунии муҳоҷир, ӯро ҳамон қадар аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум мекунанд. Дигар инки муҳоҷирони ғайриқонуниро ҳисоб кардан бисёр мушкил аст. Масалан, соли 2015 муовини раиси Хадамоти муҳоҷират Егорова ба Шӯрои Федератсия омад ва гуфт, ки дар Русия 3,5 миллион муҳоҷири ғайриқонунӣ иқомат доранд, дигарон аз гуфтани чунин омор парҳез мекунанд. Аммо баъди поин омадани қурби рубл нисбат ба доллар муҳоҷирони зиёде аз Русия рафтанд, вале мумкин аст, онҳоро ҳам дар қатори муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҳисоб мекунанд. Аммо, дар воқеъ, онҳо дар хонаҳояшон ҳастанд. Ба фикри ман теъдоди муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба 1 миллион нафар мерасад ва онҳо дар инҷо зиндагиашонро дуруст кардаанд. Мо борҳо пешниҳод кардем, муҳоҷирони ғайриқонунӣ афв шаванд. Яъне муҳоҷир меояд, мегӯяд, ки ғайриқонунӣ ҳастам ва ӯро тафтиш мекунанд. Агар ҷинояте накарда бошад, ба истиснои риоят накардани муқаррароти иқомат, бояд авф шавад. Ба ӯ корти муҳоҷират дода шавад, ки ӯ ҳамин рӯз ба Русия ворид шудааст.”

Радиои Озодӣ: Бисту панҷ сол аст, ки муҳоҷират аз кишварҳои муштаракулманофеъ вуҷуд дорад ва бахусус ба Русия. Дар солҳои аввал дар солҳои 1990-91 гурӯҳҳои ҷиноӣ ва скинхедҳо нисбат ба муҳоҷирон бедодгарӣ мекарданд. Ҳоло нестанд ва ё бисёр кам ҳастанд. Аммо гуфта мешавад, ки ҷойи онҳоро мақомот ва сохторҳои интизомӣ гирифтаанд. Барои чӣ онҳо бо муҳоҷирон дағалона рафтор мекунанд, мисли як ҷинояткор на инсоне, ки барои ба даст овардани рӯзӣ омадааст...

Вадим Коженов: “Пайваста гурӯҳҳое бо аслиҳа, маводи тарканда ва адабиёти мазҳабӣ дастгир мешаванд. Масалан худи қирғизҳо, тоҷикон ё узбакҳо ба Хадамоти Федеролии Амният занг намезананд ва бигӯянд, ки мо дар инҷо бачаҳои шубҳанокро мебинем, чун онҳоро одамони худӣ меҳисобанд. Аммо амалиёти террористӣ мешавад ва мушкилот пайдо мешавад. Мо чанде пеш мақоми нозир дар тамоми сохтмонҳои Русияро ба даст овардем, ҳатто моро ба майдони Динамо, иҷоза доданд. Мо имоми худамон Хайриддинро гирифтем, даромадем дидем бо якуним ҳазор нафар сӯҳбат кардем. Дар ҳамонҷо мушкилот пайдо шуд, дар онҷо як нафар бо риши дароз эътироз кард, ки гапҳои шумо дуруст нест. Аммо дар онҷо якуним ҳазор одам аст, баъди хиштчинӣ дар рӯзи дароз мехоҳанд, дам бигиранд ва чунин одамеро гӯш мекунанд, ки мушкилӣ меофарад. Ба назари ман, муносибат бо муҳоҷирон муносиб аст. Ин ақида, ки онҳоро бисёр танг мекунанд, мисли солҳои 90-ум, дуруст нест.”

Радиои Озодӣ: Шумо Федератсияи муҳоҷирони Русияро намояндагӣ мекунед, ки ҳадафу вазифаҳои бисёр хуберо пеши худ гузоштааст, аз ҷумла ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон, беҳтар кардани сатҳи донишу фарҳанги онҳо. Шумо дар ин самт чӣ корҳоеро анҷом додаед?

Вадим Коженов
Вадим Коженов

Вадим Коженов: “Мо моҳномаеро нашр мекунем, ки дар вебсайтамон низ ҳаст. Гурӯҳеро таъсис додем ва бо мо Абдумаҷид Сурхаков кор мекунад. Ӯ қаблан намояндаи расмии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия буд. Барои тадриси дарси русӣ ва гирифтани имтиҳон аз забони русӣ иҷоза гирифтем. Хайриддин, ҳамчунин,дар таълими динӣ ва нашри мақолаҳо дар моҳнома кумак мекунад. Муҳимтар аз ҳама, ҳафтаи гузашта ба қабули аъзо шурӯъ кардем.”

XS
SM
MD
LG