Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми масъулони “Инвест лото” ниҳоӣ мешавад. Гумонбарон мегӯянд: "бозӣ шаффоф буд"


Кормандони "Инвест лото" дар додгоҳ. Акс аз видеои ТВ Тоҷикистон гирифта шудааст
Кормандони "Инвест лото" дар додгоҳ. Акс аз видеои ТВ Тоҷикистон гирифта шудааст

Айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳи Душанбе барои Муҳиддин Назаров, раиси ширкати “Инвест лото” ва чанде аз ҳамроҳонаш, ки ба ташкили қиморхона, қаллобӣ ва муомилоти ғайриқонунии асъор муттаҳаманд, аз 6 то 23 сол зиндонро талаб кардааст.

Дар ин бора яке аз адвокатҳои боздоштудаҳо, ки нахост номаш бурда шавад, рӯзи 19-уми феврал ба Радиои Озодӣ хабар дода, афзуд, ки “талаби айбдоркунандаи давлатӣ ноодилона буда, ба он розӣ нестанд”.

Аммо айбдоркунандаи давлатӣ мегӯяд, дастгиршудаҳо тариқи саққоҳои чипдори бозии “Бинго 37” мизоҷонро ба доми фиреб андохта, ба онҳо зарари молӣ расонидаанд.

Масъулини “Инвест лото”, ки ду сол қабл дар Душанбе бозии бурдноки лотореяи маъруф ба “Бинго 37”-ро ташкил намуда буданд, ҳоло ба чанд моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз қабили ташкили қиморхона, қаллобӣ, муомилоти ғайриқонунии асъор муттаҳам мешаванд.

Парванда нисбати дастгиршудаҳо моҳи сентябри соли гузашта аз сӯи додситонии Душанбе боз шуда, ба додгоҳ ирсол гардид.

Се моҳ мешавад мурофиаи додгоҳии боздоштшудаҳо дар додгоҳи Душанбе идома дорад.

Саққоҳои лото. Акс аз видеои ТВ Тоҷикистон гирифта шудааст
Саққоҳои лото. Акс аз видеои ТВ Тоҷикистон гирифта шудааст


Миёни афроди муттаҳам ду шаҳрванди хориҷӣ - Максим Попович – шаҳрванди Черногория (ё Монтенегро) ва Милош Алексич аз Сербия низ ҳастанд. Милош Алексич ҳамроҳ бо ду корманди “Инвест лото” дар кофтукоби ҷиноӣ қарор доранд.

Баъзе манбаҳои огоҳ аз ҷараёни тафтишот ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳангоми амалиёти дастгиркунии кормандони “Инвест лото” Милош Алексичро бо ду ҳамкораш пайдо накардаанд ва қарори ҷустуҷӯи онҳо содир шудааст. Рӯзи 19-уми феврал дар додситонии Душанбе ҳозир нашуданд қазияи кофтукоби Милош Алексичро бо ду ҳамкораш шарҳ диҳанд.

Чанд тан аз ҳамсӯҳбатонамон, ки дар мурофиаҳои додгоҳӣ ширкат доштанд, рӯзи 19-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар курсии айбдорӣ ҳудуди 11 нафар менишинанд.

Ба иттилои манбаъ, айборкунандаи давлатӣ нисбати кормандони ширкат Фаромарз Наҷотов 23 сол, Максим Попович 22 сол, Каюмарс Киромов- 20 сол, Муҳиддин Назаров 20 сол, Комбиз Наҷотов - 19, Нурулло Аҳроров - 12, Саидшоҳ Камаров - 11, Машҳур Алиев - 7, Алиқул Сафарзода, Комбиз Истадову Лоиқшоҳ Сайфуддинов – 6-солӣ ҳукми зиндон талаб намудааст:

“Як ҳафта зиёдтар шуд, ки прокурор аз суд чунин талабро кард ва наздикони дастгиршудаҳо онро ноодилона гуфтанд”.

Қаблан Хуршед Сатторзода, масъули додситонии Душанбе дар як гузориши телевизиони Тоҷикистон гуфта буд, ки кормандони “Инвест лото” самти ҳаракати саққоҳои бурднокро ба “пулт”-и идоракунӣ тағйир дода, бозиро ба бохти мизоҷ анҷом медодаанд.

Аммо баъзе аз адвокатҳои муттаҳамон мегӯянд, зерҳимояҳои онҳо ба чунин кор даст назадаанд ва бозии “Бинго” шаффоф буда, дар баробари бохтҳо, ба фоидаи мизоҷон ҳам бурдҳо доштааст.

Ба иттилои мақомоти додситонӣ боздошти кормандони “Инвест лото” дар паи шикояти гурӯҳе аз мизоҷони он сурат гирифтааст.

Акс аз видеои ТВ Тоҷикистон гирифта шудааст
Акс аз видеои ТВ Тоҷикистон гирифта шудааст


Хабарнигори Радиои Озодӣ, ки рӯзи 24-уми декабр дар яке аз мурофиаҳои додгоҳии “Инвест лото” ширкат дошт, дар он бархе аз ҷабрдидаҳо гуфтанд, дар бозии “Бинго” “маблағи зиёдеро аз даст додаанд”.

Он замон Маҳмуд, яке аз ҷабрдидаҳо афзуд, ки бозпасгардонии маблағҳояшро мехоҳад, на ҳабси айбдоршавандаҳоро.

Ба иттилои мақомоти додситонии кишвар, боздошти кормандони “Инвест лото” дар паи шикояти гурӯҳе аз мизоҷони он, ки худро фиребхӯрда ва ҷабрдида меҳисобанд, сурат гирифтааст.

Ҳоло дафтарҳои ин ширкат дар гӯшаҳои Душанбе баста шуда, амволаш дар ҳабс қарор дорад. Дар назар аст, ба зудӣ ҳукми додгоҳ дар бораи кормандони “Инвест лото” содир шавад.

Бар асоси моддаи 240-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ташкил ё нигоҳдории қиморхона (казино) дар кишвар манъ аст, аммо дар гузашта мақомоти интизомӣ борҳо аз боздошти афроде хабар додаанд, ки ба ташкили қиморхона гумонбар мешуданд.

Дар кӯчаҳои Душанбе ва минтақаҳои дигари кишвар толорҳои зиёди бозии лото ба назар мерасад, ки шумори бузурге аз сокинон "мӯътод"-и бозиҳои онҳо шудаанд. Мақомот онҳоро “қимор” намешуморанд. Бозиҳои бурдноки лотерея ё дастгоҳҳои электронии саргармкунанда гоҳе ба ҷайби мизоҷонашон зарбаи бузурги молӣ низ мерасонад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG