Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар пасманзари хатари коронавирус Эрон 70 ҳазор зиндониро озод кард


Як марди гирифтори коронавирус дар беморхонаи Машҳад мавриди муолиҷаи тиббӣ қарор дорад

Мақомот дар Эрон тахминан 70 ҳазор нафарро бо сабаби дар ин кишвар хуруҷ кардани коронавирус аз зиндонҳо озод карданд. Иброҳим Раисӣ, раҳбари дастгоҳи адлияи ин кишвар гузориш дод, ки ин тасмим баъди он гирифта шуд, ки дар 24 соати ахир 43 нафари дигар бар асари ин вирус ҷон доданд.

Оҷонсии хабарии “Мизон”, ки ба низоми адлияи Эрон марбут аст, рӯзи 9 март дар нақли қавл аз Раисӣ гуфт, “озод кардани зиндониҳо, ба ҳадде, ки боиси ноамнӣ нашавад, идома хоҳад ёфт”. Маълум нест, ки оё зиндониҳои озодшуда дубора ба зиндон бархоҳанд гашт ё на ва агар баргаштани онҳо зарур буд, дар чӣ муддат дубора зиндонӣ мешавад?

Киёнуш Ҷаҳонпур, сухангӯи вазорати беҳдошти Эрон гуфт, ки дар саросари кишвар 595 ҳодисаи нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шуда, шумори умумии гирифторон ба 7161 нафар баробар шуд. Мақомот шумори кушташудаҳо бар асари вируси навро 237 нафар гуфтанд.

Мақомоти эронӣ мактабу донишгоҳҳоро баста, маъракаҳои аслии фарҳангиву варзиширо муваққатан боздоштанд ва соатҳои корӣ дар идораҳоро ба хотири коҳиши суръати олудашавӣ кам карданд.
Мутахассисон ҳарос доранд, ки мақомоти эронӣ иттилои воқеӣ дар бораи вазъи паҳншавии ин бемориро пинҳон мекунанд.

Ҷаҳонпур гуфт, Теҳрон, пойтахти Эрон, ки дар он 1945 ҳодисаи гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст, дар кишвар азимтарин макони дорои гирифторони ин беморӣ ба шумор меравад. Дуюм минтақаи шадидан осебдида вилояти Қум мебошад, ки ин ҷо шумори гирифторон 712 нафар ҳисоб шудааст.

Дар саросари ҷаҳон феълан шумори гирифторон ба коронавирус 110 ҳазор нафар буда, беш аз 3800 нафар бар асари ин вирус ҷон додаанд.

Руминия иртиботи ҳавоӣ бо Итолиёро қатъ кард

Руминия гуфт, ки тамоми парвозҳо ба самти Итолиё ва аз он кишварро ба мӯҳлати дасти кам ду ҳафта қатъ кардааст, то ки суръати олудашавӣ ба вирус коҳиш ёбад.

Вазири умури дохилии ин кишвар Марсел Вела шоми 8 март гуфт, ки тадбирҳои нав аз нимашаби 8 ба 9 март шурӯъ шуда то 23 март идома мекунад ва эҳтимоли тамдиди ин чораҳо ҳам вуҷуд дорад. Вела гуфт, ҳеҷ тадбире дар робита бо нуқтаҳои марзии заминӣ гирифта нашудааст ва сафари мардуми мухталиф аз Итолиё, Чин, Кореяи Ҷанубӣ ва Эрон идома дорад ва аз рӯи зарурат ин мусофирон ба каратин фиристода мешаванд.

дастгоҳи ташхиси коронавирус
дастгоҳи ташхиси коронавирус


Аз ин пеш Федератсияи футболи Руминия эълон кард, ки ба хотири хуруҷи коронавирус ҳамаи мусобиқаҳои қаҳрамонии дохили Руминия бидуни ҳузури тамошобинон баргузор хоҳанд шуд.

Руминия тасдиқ кард, ки 15 нафари олудашуда ба вирус дорад ва ҳамаи онҳо дар Итолиё ба ин вирус олуда шуда баргаштаанд. Дар Итолиё 1,3 миллион шаҳрванди Руминия кор мекунанд. Дар худи Итолиё шумори гирифторони коронавирус то ба 7375 нафар расид ва марги 366 нафар тасдиқ шуд. Баъди Чин, ки нахустин макони пайдошавии вирус мебошад, Итолиё дуюмин маконе бо шумори зиёди марги инсонҳо бар асари коронавирус маҳсуб меёбад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG