Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон қаҳрамони CAFA, Тоҷикистон дувум ва Узбекистон севум шуданд


Дастаи мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон, ки бозии охиринашро дар мусобиқоти қаҳрамонии Анҷумани футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) бо тими Эрон бо ҳисоби 1:1 анҷом дод, барандаи медалҳои нуқра гардид. Мунтахаби Эрон бо медалҳои тилло ва дастаи Узбекистон бо медалҳои биринҷӣ мукфотонида шуданд.

Тақдири медалҳои тилло дар бозии охирин миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон ва Эрон, ки шаби панҷшанбеи 15-уми август дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гардид, ҳал шуд.

Барои ғолибият дар ин мусобиқот мунтахаби Тоҷикистонро танҳо пирӯзӣ қаноатманд мекард ва аммо ба тими Эрон натиҷаи мусовӣ кофӣ буд, ки соҳиби Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло гардад.

Рустам Соиров, ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон, дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 39-ум, ҳисобро боз кард. Голи ҷавобиро Маҳдӣ Ҳошимнажод Раҳимободӣ дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 80-ум ба самар расонид.

Бояд гуфт, ки дар нимаи дувуми дидор ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон як нафар камтар буд. Сартим ё капитани даста Манучеҳр Сафаров, ки дар охири нимаи аввали дидор (дақиқаи 45+2) корти дувуми зард гирифт, аз майдон хориҷ шуд.

Дар бозии дигари даври панҷум мунтахаби ҷавонони Узбекистон бар дастаи Туркманистон бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Голҳоро Одилбек Абдумаҷидов дар дақиқаи 45+2 ва Иброҳим Иброҳимов дар дақиқаи 83-юм заданд.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии ҳамаи панҷ даври мусобиқот мунтахаби ҷавонони Эрон, ки 10 имтиёз гирифт, дар ҷадвал мақоми аввалро касб намуд. Мунтахаби Тоҷикистон бо ҳашт имтиёз зинаи дувумро ишғол кард. Дастаи Узбекистон бо панҷ имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шуд. Мунтахаби Афғонистон бо ду имтиёз ҷойи чаҳорумро соҳиб гашт. Мунтахаби Туркманистон бо як имтиёз дар зинаи охирин – панҷум - қарор гирифт.

Дар маросими пӯшидашавии мусобиқоти қаҳрамонии Анҷумани футболи Осёи Марказӣ (CAFA) дастаи ғолиб – Эрон – бо Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло мукофотонида шуд. Ҳамчунин ба мунтахаби Эрон ҷоизаи «Fair play» (“Бозии шаффоф”) супурда шуд.

Ҷоизаи “Беҳтарин нишонзан” насиби ҳамлагари мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Шаҳром Самиев, ки 4 гол задааст, гардид Ҷоизаи “Бозигари аз ҳама судманд” ба дарвозабони мунтахаби ҷавонони Эрон Амир Ҳусейн Некпур, ки дар ин мусобиқот танҳо яг гол сар додааст, тақдим шуд.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2019 дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи панҷ кишвар - Афғонистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон – ширкат доштанд.

Бояд гуфт, ки мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-сола яке аз марҳилаҳои омодагии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 мебошад, ки аз 2-юм то 6-уми октябри имсол дар Душанбе барпо мегардад. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар гурӯҳи «С» бо тимҳои Сурия, Лубнон ва Молдив рақобат мекунад.

Мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонон (U-19)

Даври 1-ум

Афғонистон – Туркманистон – 2:2

Голҳо: Фаршед Воҷдӣ, 10 (1:0). Руслан Приев, 17 (1:1). Тариқ Муҳаммадӣ, 27 (2:1). Бегенчмурат Муродов, 89 (2:2).

9 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 100 тамошобин.

Узбекистон – Эрон – 0:2

Голҳо: Муҳаммад Ҳусейн Заварӣ, 50 (0:1). Маҳдӣ Ҳошимнажод Раҳимободӣ, 75 (0:2).

9 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 120 тамошобин.

Даври 2-юм

Афғонистон – Узбекистон – 2:2

Голҳо: Беҳзод Шамсиев, 11 (0:1). Тоҳир Рафаэлов, 45 (0:2). Фаршед Воҷдӣ, 59 (1:2). Тариқ Муҳаммадӣ, 86 (2:2).

10 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 200 тамошобин.

Туркманистон – Тоҷикистон – 1:5

Голҳо: Раҳмон Муратбердиев, 16 (1:0). Ҳамадонӣ Камолов, 34 (1:1). Шаҳром Самиев, 75 (1:2). Рустам Соиров, 88 (1:3). Рустам Соиров, 90+2 (1:4). Шаҳром Самиев, 90+5 (1:5).

10 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 550 тамошобин.

Даври 3-юм

Эрон – Туркманистон – 4:0

Голҳо: Барзгар, 7 (1:0), Заварӣ, 13 (2:0), Бижанӣ, 82 (3:0), Мусавиён, 90 (4:0).

12 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 300 тамошобин.

Тоҷикистон – Афғонистон – 3:1

Голҳо: Ислом Зоиров, 8 (1:0), Шаҳром Самиев, 36 (2:0), Абдулмуъмин Забиров, 68 - аз пеналтӣ (3:0), Рашид Азизӣ, 90+4 (3:1).

12 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 1200 тамошобин.

Даври 4-ум

Эрон – Афғонистон - 2:0

Голҳо: Ориё Барзгар, 34 (1:0). Ориё Барзгар, 71 (2:0).

13 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 300 тамошобин.

Узбекистон – Тоҷикистон – 2:2

Голҳо: Ҳамадонӣ Камолов, 5 (0:1). Одилбек Абдумаҷидов, 30 (1:1). Иброҳимхалил Юлдошев, 62 (2:1). Рустам Соиров, 77 (2:2).

13 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 4000 тамошобин.

Даври 5-ум

Туркманистон – Узбекистон – 0:2

Голҳо: Одилбек Абдумаҷидов, 45+1 (0:1). Иброҳим Иброҳимов, 83 (0:2).

Огоҳӣ: Руслан Приев (Туркманистон).

Аз майдон хориҷ шуд: Бегенчмурат Муродов (Туркманистон), 56 – корти 2-юми зард.

Сардовар: Сайёд Воҳид Казимӣ (Эрон).

Нозири доварон: Муҳсин Туркӣ (Эрон).

Комиссари бозӣ: Умед Ҷамолӣ (Эрон).

15 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 500 тамошобин.

Тоҷикистон – Эрон – 1:1

Голҳо: Рустам Соиров, 39 (1:0). Маҳдӣ Ҳошимнажод Раҳимободӣ, 80 (1:1).

Тоҷикистон: Шоҳрух Қирғизбоев, Исроил Холов, Ҷонибек Шарипов, Манучеҳр Сафаров, Маҳмуд Пиров, Абдулмуъмин Забиров, Шарифбек Раҳматов (Нидоёр Забиров, 63), Озодбек Панҷиев (Шоҳрух Сангов, 57), Ислом Зоиров, Рустам Соиров, Шаҳром Самиев (Алиҷон Кароматуллозода, 85).

Огоҳӣ: Муҳаммадризо Асғарӣ, Ҳусейн Шаҳвардӣ, Алиризо Асад Абадӣ (Эрон).

Аз майдон хориҷ шуд: Манучеҳр Сафаров (Тоҷикистон), 45+2 – корти 2-юми зард.

Сардовар: Аҳрол Рисқуллоев (Узбекистон).

Нозири доварон: Аллаберген Сапаев (Туркманистон).

Комиссари бозӣ: Михаил Толкачёв (Қирғзистон).

15 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 10 000 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвли мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Эрон

4

3

1

0

9-1

10

2

Тоҷикистон

4

2

2

0

11-5

8

3

Узбекистон

4

1

2

1

6-6

5

4

Афғонистон

4

0

2

2

5-9

2

5

Туркманистон

4

0

1

3

3-13

1

XS
SM
MD
LG