Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти Тоҷикистон аз Ироқ дар сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё


Мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон дар сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 аз тими Ироқ бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд.

Дар сабқати интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2016 байни ҷавонони синашон зери 19-сола дар гурӯҳи «F», ки рӯзи 2 октябр дар Душанбе шурӯъ шуд, футболбозони ҷавони тоҷик дар нахустин бозиашон аз тими Ироқ бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрданд. Ин бозӣ бо ҳузури 2500 тамошобин дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ барпо гардид.

Ҳисобро дар дақиқаи сеюми бозӣ Алаа Аббос кушод. Вай тӯби аз кунҷи майдон ҳавододаи ҳамдастаашро бо сараш вориди дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон кард. Голи дувумро Ҷасим Муҳаммад дар дақиқаи 81-ум ба ҳадаф расонд.

Ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар бозӣ муқобили тими Ироқ чунин буд: Беҳрӯз Хайриев, Абубакр Азимов, Табрези Давлатмир, Алишер Сафаров (капитан), Наврӯз Абдул, Кароматулло Саидов (Отабек Каримов, 84), Муҳаммадҷони Ҳасан, Худойдод Узоқов, Муҳаммадҷон Шарифов (Амирҷон Сафаров, 46), Ҳиматулло Малодӯстов (Қувватбек Равшанбеков, 81), Эҳсони Панҷшанбе.

Cалоҳиддин Ғафуров
Cалоҳиддин Ғафуров

Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии дастаи мнтахаби ҷавонони Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ, ки баъди анҷоми ин бозӣ доир шуд, ба хабарнигорон гуфт, "мо ба ин бозӣ тайёрӣ дида будем, вале дар бораи рақибамон иттилои кам доштем. Футболбозони Ироқ қадбаланд буданд ва аз ин ҷиҳат бартарӣ доштанд. Голи аввалро бо сар ба дарвозаи дастаи мо ворид карданд. Аз ин гол, ки дар оғози бозӣ, дар дақиқаи сеюм, зада шуд, бачаҳои мо ба ҳаяҷон афтоданд. Тахминан 10-15 дақиқа дар қисми дуюм бачаҳои мо хуб бозӣ карданд. Вале вақте ки ироқиҳо голи дуюмро заданд, бозигарони мо рӯҳафтода шуданд ва бозӣ ба фоидаи мунтахаби Ироқ поён ёфт. Мо ҳоло шонси ба қисми ниҳоии мусобиқа баромаданро аз даст надодаем. Бинобар ин дар ду бозии боқимонда бо дастаҳои Баҳрайну Молдив мекӯшем, ки муваффақ шавем”.

Аббос Атия Звайер, сармураббии мунтахаби Ироқ ба хабарнигорон иброз дошт, “ин бозии душвор буд. Мо муташаккилона бозӣ кардем, хати дифои мо мустаҳкам буд. Мо аз ҷойҳои сусти рақиб истифода кардем ва пирӯз шудем. Дар бозии навбатӣ низ баҳри пирӯзӣ ба майдон меоем”.

Сармураббии мунтахаби Ироқ.
Сармураббии мунтахаби Ироқ.

Ёдовар мешавем, дар бозии аввалин, ки дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ байни дастаҳои мунтахаби Баҳрайн ва Молдив сурат гирифт, футболбозони ҷавони Баҳрайн бо ҳисоби бузурги 4:0 ғолиб омаданд. Ду голро дар нимаи аввали бозӣ Муҳаммад Ҷасим (дақиқаи 25-ум) ва Талал Алӣ (дақиқаи 26-ум) заданд. Ду голи дигарро Муҳаммад Ҷасим дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 81-ум ва Сайид Аҳмад Муҳаммад дар дақиқаи 89-ум ба самар расонданд.

Бояд гуфт, ки дар дақиқаи 50-ум сардовари ин бозӣ Нивон Робеш Гаминӣ аз Шри-Ланка барои дар ҷаримагоҳ зада аз по афтондани рақибаш бозигари дастаи Молдив Солеҳ Маҷданро аз бозӣ хориҷ кард ва пеналтӣ таъин намуд. Вале Абдулазиз Халид, бозигари мунтахаби Баҳрайн, аз ҷаримаи 11-метра истифода карда натавонист. Тӯби задаи ӯро дарвозабони мунтахаби Молдив Маиш Муҳаммад баргардонд. Инчунин дар дақиқаи 90+3 бозигари мунтахаби Баҳрайн Талал Алӣ барои муноқиша бо рақибаш корти сурх гирифт.

Бозиҳои даври дувуми мусобиқа рӯзи якшанбеи 4-уми октябр миёни дастаҳои мунтахаби Молдив – Ироқ (соати 15:00) ва Тоҷикистон – Баҳрайн (соати 18:00) баргузор мешаванд. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мухлисон ҳамаи бозиҳои сабқати интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2016 байни ҷавонони синашон зери 19-соларо дар гурӯҳи «F» дар Душанбе ройгон тамошо мекунанд.

Бозиҳои ин мусобиқаро, ки дар Душанбе то 6 октябр идома меёбад, чаҳор довари ФИФА – Пратап Сингх (Ҳиндустон), Алӣ Шаъбон (Кувайт), Нивон Робеш Гаминӣ ва Ашантха Приядхаршана Диас Понхен Хадига (ҳарду – Шри-Ланка), инчунин панҷ ёвари довари ФИФА – Санҷива Премалал Веллабада, Иран Удаякантха Локу Кастходаҷе, Параккрама Хематхунга Дени Гедара Палитха (ҳама – Шри-Ланка), Алӣ Беҳзод (Кувайт) ва Абдулло Ал-Шаммахӣ (Умон) ҳакамӣ мекунанд.

Нозири доварон Исмоил Иброҳим Сафирӣ аз Эрон, комиссарони бозиҳо Муҳаммад Сайфуддин Бин Абу Бакар (Малайзия) ва Солеҳ Абдулло Муҳаммад Ал-Форсӣ (Умон) мебошанд.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 дар гурӯҳи “F” дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо дастаҳои Баҳрайн (4 октябр) ва Молдив (6 октябр) рақобат мекунад. Бозиҳо бо ширкати мунтахаби Тоҷикистон соати 18:00 шурӯъ мешаванд.

Қисми ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни бозигарони синашон зери 19-сола соли 2016 дар Баҳрайн барпо мегардад. Ба даври ниҳоӣ ғолибони 10 гурӯҳи интихобӣ ва 5 мунтахаб аз рӯи беҳтарин нишондодҳо байни тимҳои ҷойҳои дувумро ишғолкарда роҳ меёбанд.

Агар мунтахаби ҷавонони Баҳрайн дар гурӯҳи “F” мақоми аввалро касб кунад ва ё дар байни панҷ дастаи беҳтарини ҷойҳои дувумро ишғолкарда ҷойгир шавад, он гоҳ дастаи беҳтарини шашум аз ҳисоби тимҳои ҷойҳои дувумро ишғолкарда шонздаҳумин ширкаткунандаи чемпионати Осиё-2016 мешавад.

Тақвими бозиҳои гурӯҳи «F»:

Даври 1-ум

2 октябр (ҷумъа)

Баҳрайн – Молдив – 4:0

Ироқ – Тоҷикистон – 2:0

Даври 2-юм

4 октябр (якшанбе)

15:00 – Молдив – Ироқ

18:00 – Тоҷикистон – Баҳрайн

Даври 3-юм

6 октябр (сешанбе)

15:00 – Ироқ – Баҳрайн

18:00 – Молдив Тоҷикистон

XS
SM
MD
LG