Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ДИИШ аз миёни эрониҳо "сарбозгирӣ мекунад"


Навиштаи Гулноз Исфандиёрӣ

Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ҳарчӣ бештар тарҳҳои "форсӣ"-ро барои ба дом андохтани эрониҳои норозӣ, бахусус, дар миёни ақаллияти суннӣ ва ҷалби онҳо ба доираи худ роҳандозӣ мекунад. Дар охири моҳи марти имсол, гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар як навори видеоӣ аз сунниҳои Эрон даъват намуд, алайҳи ҳукумати марказии Эрон, ки дар дасти аксарияти шиа ҳаст, қиём кунанд. Ин навор аз сӯи расонаҳои расмии Эрон “ғайримасъулона” ва талоше барои рӯйпӯш кардани шикастҳои ин гурӯҳ дар Ироқ маънидод шуда буд.

Гузориши Винтер, ки барои Маркази байналмилалии мубориза бо терроризм дар Гаага таҳия шудааст, иддао мекунад, ки шуморе аз эрониҳо аз моҳи декабри соли 2015 то ноябри соли 2016 дар Ироқ ва Сурия чандин ҳамлаҳои интиҳорӣ анҷом додаанд.

Аз он замон то кунун, гурӯҳи “Давлати исломӣ” чаҳор шумораи маҷаллаи онлайнии худ бо номи “Румия” ба нашр расондааст. Маънии "Румия" дар форсӣ Рум ё Рим аст ва ишора ба гуфтаи паёмбар мебошад, ки мусалмонон Ғарбро фатҳ хоҳанд. Ин нашрия аллакай ба чандин забон, аз ҷумла англисӣ, русӣ, фаронсавӣ ва индонезӣ, ба нашр расидааст.

Эрон дар тӯли шаш соли гузашта чандин мушовир ва ҳазорон “довталаб”-ро барои ҳимоят аз шарики минтақавии худ Башор Асад барои ҷанг бо мухолифони ӯ, аз ҷумла гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва гурӯҳҳои дигар, ки мавриди ҳимояти Амрико ва Туркия ҳастанд, ба он кишвар эъзом кардааст.

Гурӯҳи “Давлати исломӣ” тарафдори андешаҳои суннии исломист ва шиаҳоро “бидъаткор” медонанд. Ин гурӯҳ дар ҳоли ҳозир бахшҳое аз Ироқ ва Сурияро дар ихтиёр дорад ва онро “хилофат” меномад. Эрон ҳам дар муқобила бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Ироқ фаъол мебошад. Бар пояи гузоришҳо, Сипоҳи Посдорони инқилоби исломӣ ба нерӯҳои ироқӣ машварат медиҳад ва дар басиҷи ниманизомиёни шиа, кумак мерасонад.

ДИИШ ва Эрон

Мақомоти эронӣ, аз ҷумла раҳбари олии он кишвар Оятуллоҳ Хоманаӣ борҳо гуфтаанд, ки талоши онҳо барои манъи пешравии гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба сӯи қаламрави Эрон мебошад. Мақомот дар Теҳрон ҳушдор медиҳанд, ки агар гурӯҳи “Давлати исломӣ” то 40-километрии марзи Эрон наздик шавад, қотеъона амал хоҳанд кард,

Гурӯҳҳое мисли “Давлати исломӣ” аз нофармонбардорӣ истифода мекунанд. Шояд дар миёни ҷомеаи сунниҳои Эрон нохушҳолӣ вуҷуд дошта бошад, аммо ин ба ҳадди саркашӣ нест.
Алӣ Воиз

Чарли Винтер, пажӯҳишгари Маркази байналмилалии омӯзишҳои тундгароӣ ва хушунати сиёсӣ, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “гурӯҳи ДИИШ гулчини тарҷумаи чандин мақола ва баёнияҳоро ба забони форсӣ нашр карда буд. Аммо ҳоло ба назар мерасад, ки барои бори аввал тарҷумаи “Румия”-ро нашр мекунад."

Аммо вай ишора кард, ки ин гурӯҳ аз соли 2015 ба ин тараф ба забони форсӣ мақолаҳо нашр мекунад ва бо зернавиштҳои форсӣ наворҳои видеоӣ паҳн мекунад. Винтер гуфт, наворҳои видеоӣ ва нусхаи форсии ин маҷалла “ба назар мерасад як пешрафти мантиқӣ дар он чӣ, ки акнун иттифоқ меафтад”, мебошад.

Нахустин шумораи “Румия” шомили мақолае мебошад, ки дар он идеологияи хушунат дар бораи куштори ғайримусалмонон “ҳалол” ва навъе ибодат гуфта мешавад. Дар муқоваи шумораи дувум як корди олуда ба хун дида мешавад ва чигуна “бомуваффақият куштани кофирон бо корд”-ро нишон медиҳад. Мӯҳтавои маҷалла ба назар мерасад, тарҷумаи мустақим аз нусхаҳои пешини “Румия” аст.

Дар пайи пайдо кардани мухотаб

Таблиғоти онлайнии гурӯҳи “Давлати исломӣ” аз стратегияи ин гурӯҳ барои ҷалби аъзо ва тарафдорон ва, инчунин, интишори паёмҳои он дар саросари ҷаҳон мебошад. Ин гурӯҳ ҳазорон нафар аз тарафдорони худро аз саросари ҷаҳон тавассути интернет истихдом кард, то ба Сурия ва Ироқ сафар кунанд, фаъолиятҳои хушунатомезро дар ҳарҷои дигар паҳн намоянд ва хусусан издиҳомҳои калонро ҳадаф қарор диҳанд.

Алӣ Воиз
Алӣ Воиз

Аммо мизони муваффақияти таблиғот дар миёни сунниҳои Эрон то ҳадде мушкил аст. Таҳлилгарон ба ин назаранд, ки идеологияи ин гурӯҳ дар миёни сунниҳои Эрон камтар истиқбол мешавад. Сунниҳо тақрибан аз 10 то 15 дарсади ҷамъияти 80-миллионнафарии Эронро ташкил медиҳанд ва ба таври маъмул табъиз ва озору азият мешаванд.

“Салафигарӣ ва фарҳанги форсӣ мисли обу равған ҳастанд, онҳо бо ҳам омехта намешаванд”,-гуфт Алӣ Воиз, коршиноси эронӣ дар Гурӯҳи байналмилалии бӯҳрон. “Тундгароии хушунатомезе ғолибан бархоста аз бесуботӣ мебошад. Ин шароит барои Эрон мутобиқат намекунад. Чун Эрон аз субот бархӯрдор мебошад ва ниҳодҳои қавии давлатӣ дорад", - афзуд ӯ.

Воиз гуфт, “гурӯҳҳое мисли “Давлати исломӣ” аз нофармонбардорӣ истифода мекунанд. Шояд дар миёни ҷомеаи сунниҳои Эрон нохушҳолӣ вуҷуд дошта бошад, аммо ин ба ҳадди саркашӣ нест.”

Ба таври нисбӣ иштироки чашмраси минтақаҳои суннинишини Эрон дар интихоботи президентӣ ва маҳаллии 19-уми майи соли ҷорӣ, ҳамон тавр, ки мақомот мегӯяд, то андозае баёнгари он аст, ки андешаҳои тундгароёна шикаст хӯрдаааст.

Гурӯҳи “Давлати исломӣ” барои Эрон як таҳдиди ҷиддӣ мебошад, аммо пойгоҳи мардумӣ надорад ва идеологияи он дар миёни ақаллияти суннии ин кишвар ба таври маҳдуд пуштибонӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол баъзе аз гузоришҳо мегӯянд, мақомоти эронӣ ҳушдор медиҳанд, ки гурӯҳҳои тундрав аз миёни эрониҳо афроди худро истихдом мекунанд. Дар моҳи июни соли 2016 сайтҳои хабарии Эрон аз қавли “манбаъҳои огоҳ”, гуфтанд, ки мақомот 18 нафарро, ки тариқи шабакаи "Телеграм" мехостанд афроди навро истихдом кунанд, боздошт карданд.

“Ҳаждаҳ мудири баландпояи гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар канали Телеграм дар дохили кишвар шиносоӣ ва боздошт шуданд. Бархе аз ин афрод гурӯҳҳое бо садҳо узвро раҳбарӣ мекарданд”,-гуфтаанд манобеъ, ки нахостанд аз онҳо ном бурда шавад. Замон дақиқ ва макони боздоштҳо маълум нест.

Талоши ДИИШ барои истихдоми эрониҳо

Дар августи соли 2016 фармондеҳи нерӯҳои заминии Эрон гуфт, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" талош дорад аз вилояти ғарбии Кирмоншоҳ афроди нав истихдом кунад. “Вайҳо чанд нафарро аз Нафт Шаҳр ва Қасри Ширин ва минтақаҳои ғарбӣ истихдом карданд”, гуфта буд генерал-полковник Аҳмад Ризо Пурдастон ва афзуд, ки ду тан аз аъзои гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар даргирӣ бо нерӯҳои амниятӣ кушта шуданд: «Онҳо тамрин дида буданд ва камарбанди интиҳорӣ доштанд."

Маҳмуди Алавӣ
Маҳмуди Алавӣ

Худи ҳамон моҳ вазири амнияти Эрон Маҳмуд Алавӣ гуфта буд, ки мақомот аз пайвастани 1500 ҷавони эронӣ ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" ҷилавгирӣ кардаанд. Мақомоти эронӣ ҳамчунин иддао карданд, ки чанд ҳамлаҳои барномарезишудаи террористӣ дар ҷойҳои пуриздиҳоми Теҳрон ва дигар шаҳрҳоро “хунсо” кардаанд.

ДИИШ-иҳои эронӣ дар Афғонистон

Ҳафтаи гузашта мақомот дар вилояти Нангарҳор воқеъ дар шарқи Афғонистон – ҷое, ки гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар онҷо фаъолияти густурда дорад, навори видеоиро нашр карданд. Дар он як мард иддао дошт, аз устони Озарбойҷони ғарбӣ мебошад ва ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" тариқи Телеграм, ки гуфта мешавад дар Эрон миллион истифодабаранда дорад, шомил шудааст.

"Савганд ба номи Худо, ман Ёсир аз Эрон, аз Озарбойҷони ғарбӣ ҳастам. Ман ба ДИИШ тариқи Телеграм шомил шудам", - гуфт ин ҷавон дар навор. Вай дар ин навор мегӯяд, шумораи номуайяни эрониҳо дар Нангарҳор ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” пайвастаанд.

Ҳазрат Алӣ
Ҳазрат Алӣ

Ба дунбол, Ҳазрат Алӣ, намояндаи Нангарҳор дар порлумони Афғонистон ва аз фармондеҳони пешини муҳоҳиддин дар ин минтақа, гуфт, ки даҳҳо тан аз ҷангҷӯёни ДИИШ дар ин минтақа фаъол мебошанд. «Тибқи маълумоте, ки ман дорам, аз 10 то 12 нафар аз эрониҳо дар минтақаҳои қабиланишин Шинвор, чун вулусволии Ачин, ҳузур доранд”, - гуфт Ҳазрат Алӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ва афзуд, “дар гузашта аъзои эронии ДИИШ аз 100 нафар бештар буд. Аммо яқин намедонам, ки онҳо куҷо рафтанд ва ба онҳо чи рух дод.”

Таҳдиди ҷиддии ДИИШ ба Эрон

Радиои Озодӣ наметавонад мустақилона ин иддаоро таъйид кунад. Чарли Винтер, пажӯҳишгари Маркази байналмилалии омӯзишҳои тундгароӣ ва хушунати сиёсӣ мегӯяд, ки эрониҳо дар ҳайати раҳбарии гурӯҳи "Давлати исломӣ" ғолибан фаромӯш шудаанд ва чунин ба назар мерасад, онҳо нисбатан ин гурӯҳро дар амалиёти интиҳорӣ ва ҳуҷумӣ, намояндагӣ мекунанд.

Ин гузориши Винтер, ки барои Маркази байналмилалии мубориза бо терроризм дар Гаага таҳия шудааст, иддао мекунад, ки шуморе аз эрониҳо аз моҳи декабри соли 2015 то ноябри соли 2016 дар Ироқ ва Сурия чандин ҳамлаҳои интиҳорӣ анҷом додаанд.

Алӣ Воиз мегӯяд, ки "гурӯҳи “Давлати исломӣ” барои Эрон як таҳдиди ҷиддӣ мебошад, аммо пойгоҳи мардумӣ надорад ва идеологияи он дар миёни ақаллияти суннии ин кишвар ба таври маҳдуд пуштибонӣ мешавад."

XS
SM
MD
LG