Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори Колчугино. Саҳнасозӣ ё ҷанги зидди терроризм? ВИДЕО


Акс аз гузориши видеоии Кумитаи зидди терроризми Русия

Фаъолони ҳуқуқи инсон аз Осиёи Марказӣ амалиёти Хадамоти федеролии амнияти Русия дар вилояти Владимири Русияро, ки дар он ду шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуд, саҳнасозишуда унвон мекунанд. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Русия мегӯянд, аз амали террористӣ пешгирӣ кардаанд.

Фаъолони ҳуқуқи инсон бар инанд, ки бо шеваи шубҳанок кушта шудани шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Миёна дар Русия ба як тамоюл табдил ёфтааст. Хадамоти федеролии амнияти Русия эълон кард, ки шаби 21-уми май дар амалиёте “ду террористи зодаи Осиёи Марказиро, ки ба онҳо муқовимати мусаллаҳона карданд, безарар гардонидаанд”. Чунин ҳолат қаблан ҳам рух додааст.

Дар амалиёти ахир ду писарамак, зодагони ноҳияи Ёвони Тоҷикистон, кушта шуданд. Моҳи апрели соли 2017 низ дар айни чунин амалиёт дар ҳамин шаҳр ду бародар аз ноҳияи Мӯъминобод ҳалок шуданд. Наворҳое, ки аз ин ду амалиёт, ки яке 2017 ва дигаре 2019 аз ҷониби ФСБ-Хадамоти Федеролии Амният нашр шудаанд, шабеҳи ҳамдигаранд.

Силоҳҳои афтода рӯи фарш, манзили зист ва ҷасадҳои афтода дар ҳарду навор ба як шакл ҳастанд. Танҳо дар навори соли 2019 ба ҷойи автомат назди ҷасад таппонча афтодааст. Ҳеҷ осори тир дар ҳар ду навор дар деворҳо дида намешавад. Ин ниҳоди амниятӣ, ки иддао мекунад, “террористон муқобилият нишон доданд”, ҳеҷ навореро аз чунин амали онҳо намоиш намедиҳад.

Марги ду тоҷик дар амалиёти ниҳодҳои амниятии Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:10 0:00

Баҳром Ҳамроев, корманди созмони “Мемориал” ва ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони Осиёи Миёна мегӯяд, рӯзи 26-уми май бо фаъолони тоҷику узбеку туркман машварат кард, то ҳайате созмон дода шуда, барои таҳқиқи ҳодиса ба шаҳри Колчугинои вилояти Владимир сафар кунад. Онҳо мехоҳанд, ҷойи ҳодисаро бубинанд, бо сокинон, мақомот ва муҳоҷирон сӯҳбат кунанд ва назари худро бигӯянд.

Ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон мутмаин аст, ки ин амалиёт саҳнасозишуда аст. Ба гуфтаи ӯ, то чанд соли пеш саҳнаҳои боздошти шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо итттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир намоиш дода мешуд, вале ҳоло иттиҳом ба терроризм тағйир кардааст.

“Инҳо барои нишон додани он, ки бо терроризм мубориза мекунанд, чунин саҳнаҳоро месозанд. Ҳадафашон ҳисобот додан ба мақомоти болоии худ ва тарс додани чашми муҳоҷирон аст, ки мабодо ба чунин амал даст зананд. Аз ҳама қишри заъфиро интихоб мекунанд,” - гуфт ӯ.

Навбатдори Хадамоти Амнияти Федеролии Русия дар вилояти Владимир дар сӯҳбат ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ин гуфтаро рад кард ва гуфт, “ҳар иттилое, ки дар сомонаи онҳо дар ин бора ҷой дода шудааст, дуруст аст”.

Дар сомонаи ин ниҳод хабар дода мешавад, ки мақомот аз ҳузури ду узви гурӯҳи террористӣ дар хонае дар шаҳри Колчугинои вилояти Владимир хабар ёфтанд. Қабл аз ҳамла онҳо сокинони биноҳои атрофро ба дигар ҷой кӯчониданд ва амалиёти махсус анҷом доданд.

Каримҷон Ёров, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия мегӯяд, дар вилояти Владимир дар се соли ахир панҷумин шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки бо айни чунин иттиҳом кушта мешаванд.

Ӯ гуфт, пас аз кушта шудани ду бародар Ибодулло ва Шарифхон Валиевҳо аз ноҳияи Мӯъминобод ба ин шаҳр рафтанд. Дар биное, ки гуё амалиёти махсус сурат гирифта, тирпарронӣ шудааст, ҳеҷ осори тир дида намешуд.

Дастак барои мақомоти амниятии Русия?

Соли гузашта низ як ҷавони тоҷикро дар ин вилоят "барои сохтани бомба ва омодагӣ ба ҳамлаи интиҳорӣ" куштанд. Ба гуфтаи Ёров, “шаҳрвандони Тоҷикистон ва узбекони Қирғизистон беҳимояанд. Аз сӯйи давлатҳояшон ҳимоя намешаванд. Баъдан, мақомот руйхати афроди осебпазир ба терроризмро ба Русия медиҳад, ки ин ҳам як дастак барои онҳо мешавад.”

Ҳарчанд ин ҳуқуқшинос эътироф мекунад, ки мушкили ифротгароӣ миёни муҳоҷирон вуҷуд дорад, аммо, мегӯяд, на ба ин шевае, ки мақомоти рус намоиш медиҳанд.

Вале Сергей Гончаров, раиси созмони ҷамъиятии “Алфа” ва як низомии собиқадор аз мавқеи мақомоти рус пуштибонӣ мекунад ва мегӯяд, воқеан Русия бо терроризм дастбагиребон аст.

“Ба ин амалиётҳо вақте шубҳа мешавад, ки ФСБ ҳама ҷузъиётро ошкор намекунад ва ҳақ ҳам дорад. Ин ки гуё мақомот махсусан, шаҳрвандони Тоҷикистонро ҳадаф қарор додаанд, розӣ шуда наметавонам. Воқеият ин аст. ки ин шаҳрвандон муқовимат кардаанд, кушта шудаанд. Аз он ҷо лавозимоти ҷангӣ пайдо шудааст. Мушкил дар ин аст, ки ифротгароӣ дар миёни муҳоҷирон зиёд шудааст ва нигаронии мақомоти амниятии Русияро бояд дарк кард,”- гуфт ӯ.

Ин афсари собиқи амниятии Русия мегӯяд, мақомоти тоҷик метавонанд дурустии амлиётеро, ки шаҳрвандонашон кушта шудааст, ҳамроҳ бо ҳамкорони руси худ таҳқиқ кунанд. Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин хабарро таҳқиқ доранд.

Ҳар сол ҳазорҳо шаҳрванди қобили кори Тоҷикистон барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба Русия мераванд. Агар дар гузашта бархе аз муҳоҷирони тоҷик мавриди ҳамлаи миллатгароҳо қарор мегирифтанд, тайи як соли охир бештар ба узвият дар гурӯҳҳои тундрав ва ҳамкорӣ бо созмонҳои террористӣ айбдор шуда, боздошт ва ё кушта мегарданд.

Мақомоти тоҷик мегӯяд, ки наздики ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар панҷ соли ахир ба гурӯҳҳои тундрав дар кишварҳои Ховари миёна пайвастанд ва бештар аз 60 дар сади онҳо дар Русия мағзшӯи шудаанд.

Шарҳҳоро бинед (7)

Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG