Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдору нигаронӣ аз фаъол шудани ДОИШ дар наздикиҳои марзи Тоҷикистон


Ин аъзои ДОИШ ба сарбозони афғон дар Нангарҳор таслим шудаанд.

Мақомоти вазорати дифои Афғонистон аз дубора фаъол шудани пойгоҳҳои гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” дар шимоли кишвар изҳори нигаронӣ мекунанд.

Генерал Алимуҳаммад Аҳмадзай, фармондеҳи воҳиди низомии 209-уми вазорати дифо гуфт, ДОИШ талош дорад, марказҳои худро барои ҳаросафканӣ дар шимол ва шимолу шарқи Афғонистон дубора эҳё кунад. Баъзе аз вилоятҳои шимолии Афғонистон бо Тоҷикистон ҳаммарз ҳастанд.

Ӯ рӯзи ҷумъа 22-уми декабр ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт: “Дар бораи ДОИШ ман қаблан ҳам гуфтаам ва боз ҳам мегӯям, ки ин гуруҳ дар вилояти Бадахшон, Форёб ва Ҷузҷон дар ҳоли ҷамъ шудан аст.“

Генерал Аҳмадзай афзуд, неруҳои Афғонистон дар чанд моҳи ахир ҳамроҳ бо неруҳои байналмилалӣ борҳо ба мавзеъҳои гуногуни ҷангҷӯёни ДОИШ ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминӣ анҷом доданд, аммо ин гуруҳ дар шимол маҳв нашудааст ва ба фаъолиятҳои террористиаш идома медиҳад.

Ба қавли генерали афғон, “Ҷангҷӯёни ДОИШ аз мушовирони хориҷиашон тамрину омӯзиш мегиранд ва дар садади густариши доманаи фаъолият ҳастанд”.

Генерал Алимуҳаммад Аҳмадзай, яке аз фармондеҳон дар шимоли Афғонистон дар идомаи суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Дар баъзе аз минтақаҳои вилоятҳои Бадахшон, Тахор, Ҷузҷон ва Форёб, гуруҳи ДОИШ бо аъзои хориҷӣ ва мураббиёни хориҷӣ фаъолият мекунад ва ин иттилоотро мо аз идораҳои амниятӣ гирифтаем.”

Пештар аз ин баёнияи генерали афғон, вазорати умури дохилӣ гуфт, ки неруҳои амниятӣ аъзои ДОИШ-ро дар бисёре аз манотиқи Афғонистон маҳв кардаанд ва амалиётҳо барои решакан кардани ин гуруҳ ҳамчунон шиддат мегиранд. Нусрат Раҳимӣ, яке аз сухангӯёни вазорат ҳафтаи гузашта ба Радиои Озодӣ гуфт, “гуруҳи ДОИШ дар Афғонистон дар ҳоли нобудӣ аст.”

Баъзе аз коршиносони афғон заиф шудани ДОИШ дар Афғонистонро таъйид мекунанд, вале мегӯянд, ҷангҷӯёни гуруҳ шеваи фаъолияташонро тағйир дода, аз ҷанги ошкоро ба пинҳонкорӣ гузаштаанд.

Адиб Ғиёсӣ, яке аз ин коршиносон аз шаҳри Балх ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ҳамалоти гуруҳӣ надоранд, ҳамалоти ҳадафмандона анҷом медиҳанд ва ба мавзеъҳои мушаххас.”

Ба қавли мақомоти Афғонистон дар байни аъзои гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла тоҷикон ҳастанд.

Ҳушдори Путин аз густариши фаъолияти ДОИШ дар Афғонистон

Мақомоти Тоҷикистон ҳам аз зуҳури ДОИШ дар шимоли Афғонистон ва наздик ба марзи кишвар изҳори нигаронӣ кардаанд ва бим доранд, ки ноамнӣ аз онҷо ба Тоҷикистон сироят мекунад. Теъдоди аъзои ДОИШ дар Афғонистон маълум нест, вале гуфта мешавад, эҳтимолан аз 1000 нафар бештар бошанд.

Се рӯз пеш дар рӯзи 20-уми декабр, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия аз хатари густариши фаъолияти ДОИШ ҳушдор дод ва гуфт, “Хатари он вуҷуд дорад, ки ДОИШ ва гуруҳҳои мисли он аз Сурия ба кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла, Афғонистон паҳн шаванд.

Ӯ ДОИШ-ро як хатари азиме барои ҳама номид ва гуфт, то замоне, ки авзоъ дар Афғонистон ноамт мемонад, “мо маҷбур мешавем, пойгоҳи низомии худро дар Тоҷикистон тақвият бахшем”.

Ҳадаф аз ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон ба гуфтаи мақомоти ҳарду кишвар таъмини субот ва муқобила бо ҳар хатари амниятӣ, бахусус аз Афғонистони ҳамсоя аст. Тоҷикистон бо Афғонистон 1300 километр марзи муштарак дорад.

Шарҳҳоро бинед (16)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG