Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нӯъмонҷон Шарифов гуфт, ки "бо ихтиёри худ баргашт ва озод аст" САДО


Нӯъмонҷон Шарифов, сокини Исфара ва узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ
Нӯъмонҷон Шарифов, сокини Исфара ва узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ

Нӯъмонҷон Шарифов, як фаъоли ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ки рӯзи 19-уми феврал хабари истирдодаш аз Истанбул ба Душанбе расонаӣ шуд, аз худ дарак дод. Ӯ рӯзи 20-уми феврал бо Радиои Озодӣ дар тамос шуд ва дар робита ба бозгашташ ба Тоҷикистон сӯҳбат кард.

Нӯъмонҷон Шарифов се сол қабл, вақте ки фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон мамнуъ шуд, ба Истанбул рафт

Нӯъмонҷон Шарифов дар тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, бо хоҳиши худ аз Туркия ба Тоҷикистон баргашт ва ҳоло дар озодист. "Ҳоло дар Душанбе қарор дорам ва машғули таҳияи санадҳои зарурӣ ҳастам. Фардо ба Исфара рафта, баъди як ҳафта ба Истанбул бармегардам", - афзуд ӯ.

Аммо Нуъмонҷон Шарифов маҳалли дақиқи худро дар Душанбе нагуфт ва таъйиди дурустии ҳарфҳои ӯ аз тариқи манобеи мустақил дар ҳоли ҳозир ғайриимкон аст.

Изҳороти Ҳюман Райтс Вотч ва Кумитаи Ҳелсинкӣ

Стив Свердлов, пажӯҳишгари созмони Ҳюман Райтс Вотч дар умури Осиёи Марказӣ рӯзи 21-уми феврал шубҳа кард, ки Нуъмонҷон Шарифов дар озодист. Ӯ гуфт, ки Нуъмонҷон Шарифов барои ақидаҳои сиёсиаш дар Тоҷикистон бо бадрафторӣ ва маҳрумият аз озодӣ рӯ ба рӯ аст.

Стив Свердлов
Стив Свердлов

Дар ҳамин рӯз, созмони Human Rights Watch ва Кумитаи Ҳелсинкӣ низ бо пахши баёнияе аз эҳтимоли шиканҷа шудани Нуъмонҷон Шарифов дар Тоҷикистон хабар доданд. Ин ду созмон гуфтанд, Шарифов бидуни қарори додгоҳе аз Туркия ба Тоҷикистон бурда шудааст. Созмони Ҳюман Райтс Вотч мегӯяд, Шарифов рӯзи 5-уми феврал аз тарафи нирӯҳои Туркия боздошт ва баъди 11 рӯзаш тавассути мақомоти тоҷик ба Душанбе бурда шуд. Ин созмон ба нақл аз наздикони Нуъмонҷон Шарифов гуфтааст, феълан ӯ дар Душанбе дар боздошт қарор дорад.

Ҳарду созмон гуфтанд, "Душанбе аз соли 2015 боз талош дорад, ки ба зӯр фаъолони сиёсии осоиштаашро аз Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон, Молдова, Русия, Туркия ва кишварҳои дигар баргардонад. Аз ҷумла, Мақсуд Иброҳимов, раҳбари гуруҳи “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” дар Русия корд зада шуд ва баъди он нопадид гашт. Сипас дар Тоҷикистон пайдо шуд ва ба 17 соли зиндон маҳкум гардид. Ҳукумати Тоҷикистон, инчунин, аз низоми огоҳкунии Интерпол - пулиси байналмилалӣ - суиистифода карда, чанде аз фаъолони сиёсиро дар хориҷ боздошт намудааст."

Созмони Ҳюман Райтс Вотч ва Кумитаи Ҳелсинкӣ Тоҷикистонро барои боздошту шиканҷа ва зиндонӣ кардани фаъолони сиёсӣ, аъзои ҲНИТ ва вакилони дифоъ дар се соли ахир танқид кардаанд. Ин созмонҳо аз шарикони Тоҷикистон хостаанд, то аз Душанбе талаб кунанд, ки ба шиканҷа ва муҳокимаи фаъолони сиёсӣ хотима бахшад.

"Зери фишор нестам"

Аммо як рӯз пеш нафаре ки дар тамоси телефонӣ худро Нуъмонҷон Шарифов муаррифӣ кард, дар робита ба хабарҳои нашршуда роҷеъ ба истирдодаш аз Туркия ба Тоҷикистон гуфт, "ончӣ расонаҳо навиштаанд, намегӯям, ки 200 дарсад дурӯғ аст, лекин мумкин 90 фоиз дурӯғ бошад. Ман омадам, тинҷам, саломатам ва ягон хел шиканҷа нашудаам, Зери фишор ҳам нестам, ман озодам, ягон проблема надорам."

Нуъмонҷон Шарифов: Дубора ба Истанбул бармегардам
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:14 0:00
Линки мустақим

Дар бораи шеваи баргашти худ ба Тоҷикистон Нӯъмонҷон Шарифов гуфт, "вақте дар фурудгоҳ (манзур фурудгоҳи Истанбул -- РО) аз “паспортный контрол” мегузаштем, воқеан, паспортамро гирифтанд ва маро бурданд. Баъдан худашон оварда, дар ҳавопаймои Тоҷикистон савор карданд ва ман ба Тоҷикистон омадам. Ҳоло дар Тоҷикистон гаштам. Инҷо озодам. Ба корҳои худам машғулам."

Шарифов ҳамзамон хабарҳо дар бораи боз шудани парванда аз сӯи мақомоти Тоҷикистонро рад кард. Ин дар ҳолест, ки созмони Human Rights Vision Foundation аз қавли вакили дифои ӯ гуфта буд, Тоҷикистон нисбат ба Нӯъмонҷон Шарифов бо моддаҳои 187, қисми 2 (таъсиси ташкилоти ҷиноӣ) ва моддаи 307 (даъвати оммавӣ барои тайғири кардани сохти конститутсионӣ), парванда боз кардаанд.

Соҳибкоре, ки се сол пеш аз Тоҷикистон рафт

Нӯъмонҷон Шарифов сокини деҳаи Ворухи Исфара мебошад.
Нӯъмонҷон Шарифов сокини деҳаи Ворухи Исфара мебошад.

Мақомоти тоҷик пас аз нашри хабарҳо дар робита ба истирдоди Нӯъмонҷон Шарифов аз Туркия ба Тоҷикистон, аз он изҳори бехабарӣ карда буданд. Як масъули Боздоштгоҳи муваққатии раёсати корҳои дохилӣ, воқеъ дар ноҳияи Фирдавсӣ, рӯзи 20-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар феҳристи афроди боздоштшуда шахсе бо номи Нӯъмонҷон Шарифов вуҷуд надорад.

Аз сӯи дигар, Дилшодҷон Мараупов, раиси ҷамоати Ворухи Исфара аз истирдоди Нӯъмонҷон Шарифов аз Туркия ба Тоҷикистон бехабарӣ кард ва гуфт, наздиконаш низ дар ин бора иттилое надоранд. Нӯъмонҷон Шарифов -- сокини деҳаи Ворухи ҳамин ҷамоат қаблан ба соҳибкорӣ машғул буд ва се сол пеш аз зодгоҳаш берун рафт.

Раиси ҷамоати Ворух афзуд, "Нӯъмонҷон як соҳибкор буд ва корҳояш ҳам хуб пеш мерафтанд, вале чӣ гуна ва бо роҳнамоии, ки ба ҲНИТ пайваст, ҳеҷ кас намедонад. Баъд аз ҳамин сарсону оворагиҳояш сар шуданд".

"Худаш дар Истанбул буд, зану фарзандонаш дар Исфара"

Нӯъмонҷон Шарифов аз Истанбул ба Душанбе истирдод шуд.
Нӯъмонҷон Шарифов аз Истанбул ба Душанбе истирдод шуд.

Созмони байналмилалии Human Rights Vision Foundation рӯзи 19-уми феврал навишт, ки "узви ҲНИТ Нуъмонҷон Шарифов, ки қаблан дар Истанбул боздошт шуда буд, ба Тоҷикистон ихроҷ шудааст". Ин созмон аз қавли вакили мудофеи Нӯъмонҷон Шарифов гуфт, ин фаъоли ҲНИТ рӯзи 16-уми феврал бо роҳнамоии кормандони конусулгарии Тоҷикистон дар Истанбул аз боздоштгоҳи муваққатӣ берун оварда, баъдан бо ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр" ба Душанбе фиристода шуд.

Нуъмонҷон Шарифов дар аввали моҳи феврали имсол бо дархости мақомоти Тоҷикистон аз тарафи кормандони умури дохилии Туркия дар шаҳри Истамбул боздошт шуда буд. Ӯ се сол қабл, вақте ки фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон қатъ шуд, ба Истанбул рафт ва ба қавли наздиконаш, ба соҳибкорӣ машғул буд.

Масъулони ҷамоати Ворухи Исфара мегӯянд, баъди ба Истанбул рафтан, ӯ бо ҳамсараш зиндагии муштарак надошт. Ба гуфтаи мақомот, се фарзанди Нӯъмонҷон Шарифов ҳоло дар деҳаи Ворухи ҷамоати Ворух ҳастанд.

XS
SM
MD
LG