Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матбуоти Тоҷикистон мазҳабӣ мешавад?


Ба эътиқоди гурӯҳе аз донишмандони тоҷик, матбуот ба мазҳабитар шудани ҷомеа мусоидат мекунад. Вале нашрияҳо ин иддаоро ғайримантиқӣ медонанд ва дар айни ҳол мегӯянд, ки чун ҷомеаи Тоҷикистон мусалмонист, дар мавзӯҳои мазҳабӣ бояд навишт.

«Тоҷикӣ ё мусулмон”, “таҳсил, ҳиҷоб ё марг”, “қозикалон”, “салафсиёсат, унвони чанде аз гузоришу мақолаҳои матбуоти Тоҷикистон аст ва агар ин гуна унвон дар ҳафтаномаҳои Тоҷикистон наёбед, ҳатман сурати зани ҳиҷобпӯш ва ё марди ришдореро пайдо мекунед, ки дар бораи масоили диние сӯҳбат кардааст.

Мазҳабӣ шудани ҷомеа дар Тоҷикистон ва афзудани иштиёқи мардум ба мавзӯъҳои динӣ, матолиби диниро серхаридор кардааст ва матбуот ҳам нохудогоҳ инъикоси масоили диниро афзудааст, ки ба эътиқоди гурӯҳе аз донишмандони тоҷик ба мазҳабитар шудани ҷомеа мусоидат кардаанд.

Пажӯҳишгарони Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон дар таҳлиле дар бораи мӯҳтавои расонаҳо гуфтаанд, солҳои охир матбуоти даврӣ дар “ташаккули ҷаҳонбинии динӣ ва мазҳабии мардум” саҳм мегузорад ва обрӯи гурӯҳҳову аҳзоби диниро боло мебарад, ки ин метавонад, сабаби ихтилофоту баҳсу кашмакашҳои динӣ шавад.

Фирдавс Ниёзӣ, яке аз муаллифони ин пажӯҳиш ба Радиои Озодӣ гуфт: “Камбудӣ дар он аст, ки инҳо аз мазҳаб сиёсат месозанд, мазҳабро сиёсӣ мекунанд ва мехоҳанд, бо истифода аз номи Худову аз номи пайғамбару дигар афроди муқаддас сиёсати худро ҷорӣ кунанд.”

Ҳафтаномаи “Озодагон”, “Нигоҳ”, рӯзномаи “Имрӯз”, шабакаи телевизионии СМТ ва ҳафтаномаи “Наҷот”, минбари расмии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз назари донишмандони тоҷик аз зумраи расонаҳое ҳастанд, ки дар мазҳабӣ шудани фазои ҷамъиятӣ ва сиёсишавии ислом дар Тоҷикистон саҳм мегузоранд.

Фаридуни Раҳнавард
Фаридуни Раҳнавард

Ба қавли муаллифони таҳқиқ, расонаҳо ба масоили муҳиме, ки метавонанд ба рушди ҷомеа, ҳалли нуқсу камбудиҳои он кӯмак кунанд кам аҳамият медиҳанд. Хабарнигорони баъзе аз рӯзномаҳо ҳам эътироф мекунанд, ки дар воқеъ инъикоси масоили динӣ дар матбуот зиёд аст.

Фаридуни Раҳнавард аз хабаргузории “Тоҷнюс мегӯяд”: “Як баҳси бемаънӣ ба матбуот ҳам роҳ ёфт, ин масъалаи бемаънии ин ки “мо тоҷик ҳастем ва ё мусулмон”. Матбуот ба мавзӯъҳое диққат мекунад, ки дар ҷомеа мавриди баҳс аст, хонанда дорад. Ман фикр мекунам, ки як сабаби бисёртар роҳ ёфтани масоили мазҳабиву баҳсӣ ба матбуот ҳамин чиз аст. Яъне ин мавзӯъҳо хонанда доранд.”

Аммо ба гуфтаи Абдулазизи Восеъ аз ҳафтаномаи “Озодагон”, танқиди расонаҳои Тоҷикистон барои инъикоси масоили мазҳабӣ ғайримантиқист, чун ҷомеа мусулмон аст бояд дар бораи он гуфт: “Вақте мегӯянд, ки ҳудуди 99 дар сади ҷомеаи Тоҷикистон мусулмон аст, табиист, ки бештари мавзӯъҳо ва ё ҳадди аққал чанд мавзӯъ дар ин робита мешавад ва ин бояд ягон ҷойи баҳс надошта бошад.”

Айни замон ба гуфтаи Абдулазизи Восеъ, аксарияти ҳафтаномаҳои хусусӣ ва мустақил дар инъикоси мавзӯъҳо эътидолро риоят мекунанд ва дар бораи ҳама мавзӯъҳои мубрами ҷомеа менависанд. Созмонҳои нозири матбуот дар Тоҷикистон ҳам ба андешаи муҳаққиқони Фарҳангистони улум розӣ нестанд, ҳарчанд мегӯянд, ки муддате дар воқеъ, расонаҳо фақат дар бораи муллоҳову ришу Ҳизби наҳзати исломӣ менавиштанд.

Нуриддин Қаршибоев, мудири Анҷумани расонаҳои мустақили электронии Тоҷикистон: “Аниқтараш ин чиз марбут ба муборизаҳои интихоботӣ аст, ҳатто қабл аз оғози маъракаи пешазинтихоботӣ маводи бештар ба фаъолияти гӯё аъзои Ҳизби наҳзати ислом ва муллоҳое, ки ба корҳои ношоям, даст заданду ба фаҳшу фуҷур машғул

Нуриддин Қаршибоев
Нуриддин Қаршибоев

буданд, ин гуна мавод пайдо шуд ва дар робита ба ин албатта чизҳои дигар пахш гардид, ки инро гуфтан, ки расонаҳои Тоҷикистон рӯ ба мавзӯъҳои мазҳабӣ гардондааст, ман гумон мекунам, ки чандон дуруст нест. “

Пажӯҳишгарони Фарҳангистони улум матбуоти давлатиро ҳам зери тозиёнаи танқид гирифтаанд, зеро ба гуфтаи онҳо, телевизиону нашрияҳои давлатӣ ба мушкилоти мардум чашм мепӯшанд, ба сиёсӣ шудани ислому мазҳабӣ шудани фазои ҷамъиятӣ мусоидат мекунанд.

Муаллифон гуфтаанд, рӯзномаву ҳафтанома ва вебсайтҳои давлатӣ дар бораи коррупсия, бесаводӣ, бекорӣ, сатҳи пасти хидматрасонии иҷтимоӣ наменависанд, ба дардҳои мардум чашм мепӯшанд ва ҳақиқати ҳолро намегӯянд ва аз ҳамин сабаб мардум барои гирифтани хабар ба манобеи алтернативии марбут ба гурӯҳу аҳзоби динӣ рӯ меоранд.

Фирдавс Ниёзӣ ба матбуоти Тоҷикистон чунин тавсия медиҳад: “Пеш аз ҳама бояд дастовардҳое, ки имрӯз илми ҷаҳонӣ ба он ноил шудааст, ҳаминҳоро тарғиб кард, на сиёсати мазҳабии ин ё он ҳизберо, ки дар ҷомеа имрӯз фаъолият мекунанд.”

Бино бар омори расмӣ дар Тоҷикистон 400 рӯзнома, ҳафтанома ва телевизиону радио ва дигар расонаҳои ахбори ом фаъоланд.

XS
SM
MD
LG