Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" ба плей-оффи Лигаи дуи қаҳрамонҳои AFC роҳ наёфт


Tajikistan, Dushanbe city, Tajik FC "Istiqlol" vis Iraq FC Al Zavraa in Asia Champions Leaque.
Tajikistan, Dushanbe city, Tajik FC "Istiqlol" vis Iraq FC Al Zavraa in Asia Champions Leaque.

Дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар даври шашуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуи AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2025/26 бар тими “Гоа”-и Ҳиндустон бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд, аммо аз роҳхат ба плей-офф бенасиб монд.

Бозии гурӯҳи “D” миёни тимҳои “Гоа” ва “Истиқлол” шаби чоршанбеи 24-уми декабр дар варзишгоҳи “Ҷавоҳирлол Неҳрӯ” доир гардид.

Деҷан Дразич, бозигари мизбонон, дар дақиқаи 8-ум ҳисобро боз кард. Пол Комолафе, легионери африқоии “Истиқлол” аз Нигерия, дар дақиқаи 53-юм ҳисобро баробар намуд. Голи дуюми “Истиқлол”-ро Амирбек Ҷурабоев дар дақиқаи 56-ум аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ ба нишон расонд.

Дар бозии дигари даври шашум бошгоҳи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ дар майдони худ бар дастаи “Ал-Завра”-и Ироқ бо ҳисоби 5:1 пирӯз шуд. Дарвоқеъ, дар ин дидор сарвони даста Криштиану Роналду дар нимаи аввал ҳунарнамоӣ кард. Ин аввалин бозии вай дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуи AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2025/26 буд.

Ба ин тартиб, бошгоҳи “Ал-Наср”, ки бо 18 имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи “D” ҷойи аввалро соҳиб шуд, ба плей-офф баромад.

Тақдири роҳхати дуюм аз рӯи натиҷаҳои бозиҳои даври охирини мусобиқа дар гурӯҳи “D” ҳал шуд. Дастаҳои «Ал-Завра» ва «Истиқлол» 9-имтиёзӣ гирифтанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо бағдодиҳо ҷойи дуюмро азони худ карда, соҳиби роҳхат ба даври ҳаштякниҳоӣ шуданд. “Истиқлол” ҷойи сеюмро ишғол кард ва аз ҳаққи иштирок дар даври баъдӣ маҳрум гашт.

Мусобиқот дар Лигаи қаҳрамонҳои дуи AFC бо ширкати 32 даста сурат гирифт. Дастаҳо ба ду минтақа – Шарқ ва Ғарб - тақсим шуданд. Ҳар як минтақа аз 16 даста иборат аст.

“Истиқлол” ба минтақаи Ғарб дохил буд. Дастаи ғолиби минтақаҳо ҳуқуқ пайдо мекунад, ки соли оянда дар Лигаи элита ё бартари бошгоҳҳои футболи Осиё иштирок намояд.

Аз минтақаи Ғарб дастаҳои “Ал-Васл” (Имороти Муттаҳидаи Арабӣ), “Истиқлол” (Эрон) - аз гурӯҳи “А”, “Ал-Аҳлӣ” (Қатар), “Аркадаг” (Туркманистон) – аз гурӯҳи “В”), “Ал-Ҳусейн” (Урдун), “Фулод Муборакеш Сипоҳон” (Эрон) – аз гурӯҳи “С”, “Ал-Наср” (Арабистони Саудӣ), “Ал-Завра” (Ироқ) – аз гурӯҳи “D”, “Макартур” (Австралия), “Гонг Ан Ҳа Ҳои” (Ветнам) – аз гурӯҳи “Е”, “Гамба Осака” (Ҷопон), “Ратчабури” (Тайланд) – аз гурӯҳи “F”, “Персиб Бандунг” (Ҳиндустон), “Бангкок Юнайтед” (Тайланд) – аз гурӯҳи “G”, “Тампинес Роверс” (Сингапур), “Поҳанг Стилерс” (Кореяи Ҷанубӣ) – аз гурӯҳи “Н” ба плей-офф роҳ ёфтанд.

Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуи AFC-2025/26

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи “D”

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)

«Ал-Завра» (Ироқ)

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Гоа» (Ҳиндустон)

Даври 1-ум

«Гоа» (Ҳиндустон) - «Ал-Завра» (Ироқ) – 0:2

Голҳо: Розиқ Банӣ Ҳанӣ, 44 (0:1), Низор Ал-Рашдан, 90+5 (0:2)

17-уми сентябр. Гоа. Варзишгоҳи Ҷавоҳирлол Неҳру

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) - «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 5:0

Голҳо: Абдулраҳмон Ғариб, 14 (1:0). Ангело, 17 (2:0). Уэсли Тейшера, 59 (3:0. Кинсли Коман, 89 (4:0). Садио Мане, 90+3 (5:0).

17-уми сентябр. Риёз. Варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳ Сауд

Даври 2-юм

«Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Гоа» (Ҳиндустон) – 2:0

Голҳо: Рустам Соиров, 46 (1:0), Ризо Деҳқонӣ, 74 (2:0)

1-уми октябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ

«Ал-Завра» (Ироқ) - «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – 0:2

Голҳо: Абдуллоҳ Ал-Хайбарӣ, 52 (0:1), Жоао Феликс, 81 (0:2)

1-уми октябр. Бағдод. Варзишгоҳи Ал-Завра

Даври 3-юм

«Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Ал-Завра» (Ироқ) -– 2:1

Голҳо: Иброҳим Гбадамоси, 4 (0:1), Амирбек Ҷӯрабоев, 20 (1:1), Шон Пол Комолафе, 84 (2:1)

22-юми октябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ

«Гоа» (Ҳиндустон) - «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – 1:2

Голҳо: Ангело,10 (0:1), Ҳорун Камара, 27 (0:2), Брисон Фернандес, 41 (1:2).

22-юми октябр. Гоа. Варзишгоҳи Ҷавоҳирлол Неҳрӯ

Даври 4-ум

«Ал-Завра» (Ироқ) - «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 2:1

Голҳо: Ҳасан Абдулкарим, 7 (1:0), Иброҳим Гбадамоси, 53 – аз пеналти (2:0), Амирбек Ҷурабоев, 64 – аз пеналти (2:1).

5-уми ноябр. Бағдод. Варзишгоҳи “Ал-Завра”. 11700 тамошобин.

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) - «Гоа» (Ҳиндустон) – 4:0

Голҳо: Абдулраҳмон Ғариб, 35 (1:0), Абдулраҳмон Ғариб, 53 (2:0), Муҳаммад Маран, 65 (3:0), Жоао Феликс, 84 (4:0).

Даври 5-ум

“Истиқлол” (Тоҷикистон) – “Ал-Наср” (Арабистони Саудӣ) – 0:4

Голҳо: Жоао Феликс, 12 – аз пеналти (0:1), Муҳаммад Симакан, 40 (0:2), Садио Мане, 84 (0:3), Айман Яҳё, 90+2 (0:4).

26-уми ноябр. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ,15150 тамошобин.

“Ал-Завра” (Ироқ) – “Гоа” (Ҳиндустон) – 2:1

Голҳо: Кадҳим Раад, 38 (1:0), Дҳургҳам Исмоил, 51 – ба дарвозаи худ (1:1), Ҳасан Абдулкарим, 65 (2:1)

Аз пеналти гол зада натавонист: Иброҳим Гбадамоси, 36 (“Ал-Завра”)

26-уми ноябр. Бағдод. Варзишгоҳи “Ал-Завра”

Даври 6-ум

“Гоа” (Ҳиндустон) – “Истиқлол” (Тоҷикистон) -1:2

Голҳо: Деҷан Дразич, 8 (1:0), Шон Пол Комолафе, 53 (1:1), Амирбек Ҷурабоев, 56 – аз пеналти (1:2)

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Марлен Чобанов, Рудолф Туркай (Аҳтам Назаров, 46), Содиқҷон Қурбонов, Манучеҳр Сафаров, Амирбек Ҷурабоев, Эҳсон Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов, Сиёваш Ҳақназарӣ (Шаҳром Сулаймонов, 86), Рустам Соиров (Кирилл Суслов, 77), Пол Комолафе.

Беҳтарин бозигари дидор: Шон Пол Комолафе («Истиқлол»).

Корти зард: Борис Синкх («Гоа»), Эҳсон Панҷшанбе («Истиқлол»).

Корти сурх: Содиқҷон Қурбонов («Истиқлол»), 75.

Сардовар: Умар Иброҳим Ҳасан (Баҳрайн).

24-уми декабр. Гоа (Ҳиндустон). Варзишгоҳи “Ҷавоҳирлол Неҳрӯ”, 1083 тамошобин.

“Ал-Наср” (Арабистони Саудӣ) – “Ал-Завра” (Ироқ) – 5:1

Голҳо: Кинглей Коман, 12 (1:0), Веслей, 19 (2:0), Абдуллоҳ Ал-Амрӣ, 29 (3:0), Жоао Феликс, 44 (4:0), Иброҳим Гбадамоси, 50 (4:1), Кинглей Коман, 56 (5:1).

24-уми декабр. Риёз. Варзишгоҳи “Донишгоҳи Шоҳ Сауд”

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “D”:

ҶДастаҳоБҒМБТИ
1“Ал-Наср”6600 22-218
2“Ал-Завра”63038-119
3 “Истиқлол”63037-139
4“Гоа”60063-140

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG