Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" имсол ҳам Ҷомро ба касе надод


Имрӯз, 15-уми март, “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон бар “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби бузурги 5-1 пирӯз шуд.

Дар бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон), ки шоми имрӯз, 15-уми март, дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар ба поён расид, дастаи «Истиқлол»-и Душанбе тими «Хайр»-и шаҳри Ваҳдатро бо ҳисоби бузурги 5-1 шикаст дод.

Нимҳимоятгар Умедҷон Шарифов дар дақиқаҳои 38-ум, 85-ум ва 90-ум се гол зада, хет-трик кард. Ду голи дигари “Истиқлол”-ро Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаи 48-ум ва Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 79-ум ба дарвозаи “Хайр” ворид намуданд. Як голи “Хайр”-ро Фазлиддин Сафаров дар замони изофӣ (90+2) ба ҳадаф расонд.

Ба ин тартиб, “Истиқлол” барои бори дувум паиҳам Ҷоми ФФТ-ро ба даст овард. Дарвоқеъ, ин дувумин ҷоизаест, ки қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон дар мавсими имсола соҳиб шудааст. Ёдовар мешавем,ки “Истиқлол” моҳи феврали соли равон дар мусобиқа оид ба футбол барои Ҷоми осоишгоҳи «Баҳористон» дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд ғолиб шуда буд.

Пеш аз бозии ниҳоӣ имрӯз дар Варзишгоҳи марказӣ ССКА “Помир”-и Душанбе барои ҷойи сеум бар «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 1-0 пирӯз шуд. Тӯбро Беҳзод Шарифов ба ҳадаф расонд.

Маблағи ҷавоизи мусобиқаи имсола 45 ҳазор сомониро ташкил медод. Дастаи ғолиб – «Истиқлол» - бо Ҷоми ФФТ, медалҳои тилло ва ҷоизапулӣ ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ сарфароз гардид. Ба дастаи “Хайр”, ки ҷойи дувумро гирифт, медалҳои нуқра ва ҷоизапулӣ ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ ва ба дастаи ССКА “Помир”, ки ҷойи севумро соҳиб гашт, медалҳои биринҷӣ, инчунин 10 ҳазор сомонӣ супурда шуд.

Ҳайатҳои дастаҳо дар бозии ниҳоӣ чунин буд :

"Хайр" (Ваҳдат): Мустафо Холназаров, Далер Шарифов, Баҳодур Шарифов, Парвиз Ҳомидов, Мӯҳсин Парпиев, Меҳроҷиддин Музаффаров, Одил Рамазонӣ, Саидакбар Азимзода, Шараф Солеҳов (Ҷаҳонгир Хайров, 86), Азимҷони Юнусзода (Воҳид Соҳибназаров, 42), Фарҳод Сафармадов (Фазлиддин Сафаров, 71).

"Истиқлол" (Душанбе): Никола Стошич, Соҳиб Саванкулов, Сиёвуш Асроров, Хосе Баллестер, Эраҷ Раҷабов (Парвиз Умарбоев, 46), Аҳтам Назаров (Ҷаҳонгир Ҷалилов, 58), Умед Шарифов, Хуршед Маҳмудов (Меҳдӣ Чоҳҷӯӣ, 46), Фатҳулло Фатҳуллоев (Ромиш Ҷалилов, 66), Бледа Родригес (Дилшод Восиев, 46), Манучеҳр Ҷалилов.

Сардовари бозӣ: довари ФИФА Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

XS
SM
MD
LG