Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Говсандуқу компютери "Агроинвестбонк" ба ивази пасандози мардум


Мақомоти “Агроинвестбонк” ба ҷойи пул ва амонати муштариён ба онҳо ҳар гуна таҷҳизот, аз ҷумла компютеру дастгоҳи чопӣ, говсандуқ (сейф) ва мошин медиҳанд. Ба далели бӯҳрони ду соли ахир дар бонкҳои Тоҷикистон баъзе аз сокинон натавонистанд амонату пасандози гузоштаи худро аз бонкҳо бигиранд. Яке аз чунин бонкҳои дучори буҳрон “Агроинвестбонк” аст.

Ба 42 ҳазор cомониаш мошини тамғаи “Нива” гирифтем. Компютер гирифтем. Нархи таҷҳизот чандон гарон нест.

Лоиқ Қудратов, раиси дафтари намояндагии “Агроинвестбонк” дар шаҳри Қӯрғонтеппа, рӯзи 22-юми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҳамаи ин дастгоҳу компютери кормандони ихтисоршуда аст, ки ба ивази пасандозҳо медиҳем”. Ин мақоми “Агроинвестбонк” гуфт, дар пайи мушкили бонкҳо даҳҳо нафар аз кор озод шуда, техника ва таҷҳизоти кории онҳо бекор мондааст.

Коргарон рафтанд, компютерҳо монданд

Муҳиддин Шоимардонов, як масъули “Агроинвестбонк” дар ноҳияи Хуросон, пас аз ихтисори 19 кормандаш ба идораи бонк дар Қӯрғонтеппа кӯчид ва техникаҳоро низ бо худ овард. Ӯ гуфт, “дар намояндагии бонк дигар касе кор намекунад. Танҳо чанд посбон мондаанду бас. Коргаронро ҷавоб доданд ва техникаҳоро идораи бонк дар Қӯрғонтеппа гирифт.”

Раҳмоналӣ Давлатов, корманди як созмони ҷамъиятӣ дар вилояти Хатлон, мегӯяд, дар ивази пули бандмондаи созмонаш дар “Агроинвестбонк” ба утоқи корияш як компютери навъи HP ва техникаи дигар гирифтааст.

“Тақрибан дусад ҳазор сомонӣ амонат доштем. Ба 42 ҳазораш мошини тамғаи “Нива” гирифтем. Компютер гирифтем. Нархи таҷҳизот чандон гарон нест. Ба ивази пули мондаамон мизу курсӣ низ мегирем. Албатта, ҳамаи ин кор бо созиши ду тараф сурат мегирад”, - афзуд ӯ.

Шанси охирин ба раҳбарони бонкҳои дучори буҳрон

Буҳрони бонкӣ дар Тоҷикистон беш аз ду сол боз идома дорад. Дар ин муддат садҳо нафар амонату пасандози худро аз бонкҳо гирифта натавонистанд. Пешниҳоди техникаву мошини ба истилоҳ дасти дувум дар ивази амонати мардум бисёриҳо хушҳол кардааст, чун мегӯянд, як мошин ё компютер аз ҳеч чиз беҳтар аст.

Аммо дар ин қатор онҳое низ ҳастанд, ки мехоҳанд пули нақди худро бигиранд ва ба зиндагиву иҷрои нақшаҳои худ харҷ кунанд. Фирӯза, омӯзгори 35-сола аз ноҳияи Дӯстӣ, ҳар моҳ 900 сомонӣ маош мегирад. Ӯ гуфт, бар илова бародарони муҳоҷираш низ ҳар моҳ кумакпулӣ мефиристоданд, то як бахши зиндагиашро бипӯшонад.

“Аммо ман он пулҳоро дар “Тоҷиксодиротбонк” гузошта будам, то ҷамъ шаванду сарпаноҳе бигирем. Дар маҷмӯъ бист ҳазор сомонӣ ҷамъ кардам, аммо се сол боз наметавонам ин пулро бигирам”, - гуфт ӯ.

Ахиран мақомоти бонк ба ӯ пешниҳод кардаанд, ки дар ивази амонаташ аз ҳисоби бонк аз фурӯшгоҳе таҷҳизоти барои хона зарурӣ, аз ҷумла телевизору мошинаи ҷомашӯӣ бигирад. Фирӯза мегӯяд, ҳоло ин таҷҳизот дар дасташ аст, вале бояд онҳоро фурӯхта, пулашро барои ҳалли мушкили дигараш сарф кунад.

Масъулон пардохти пасандози сокинонро сирри бонкӣ медонанд, вале тибқи гузоришҳои расмӣ қарзи «Агроинвестбонк» аз муштариён 700 миллион сомонӣ ва «Тоҷиксодиротбонк» 904 миллион сомонӣ шумурда шудааст.

Пешниҳоди мошину техника, компютеру таҷҳизоти дигари "Агроинвестбонк" дар ивази пасандоз ва маоши корхонаҳо дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумат рӯзи 18-уми январ ба роҳбарони бонкҳо зоҳиран шонси дигар дод, ки мушкилоти пардохтпазирии худро ҳаллу фасл кунанд.

Дастури президент бештар ба ду бонк – “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” рабт дошт. Баҳои ҳалли мушкили ин ду бонк ба 1 милларду 600 милион сомонӣ ва ё наздик ба 200 миллион доллар гиреҳ мехӯрад.

XS
SM
MD
LG