Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамшед Ёров ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд


Ҷамшед Ёров – вакили дифои Маҳмадалии Ҳаит, муовини зиндонии раҳбари ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва бародари Бузургмеҳр Ёров – барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Дар ин муддат иттиҳоми алайҳи ин вакили дифоъ таҳқиқ хоҳад шуд.​

Дар ин бора рӯзи 29-уми август хонаводаи Ҷамшед Ёров ба Радиои Озодӣ хабар доданд. Хосият Ёрова, хоҳари ин вакили дифоъ, гуфт, ки қарори ҳабси бародараш дар нимаи дувуми рӯзи 26-уми август дар боздоштгоҳи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ хонда шудааст.

"Қарори ҳабси бародарам бо ҳузури додраси Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ва муфаттиши парванда бар асоси моддаи 111-и Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, яъне "ба ҳабс гирифтан" содир шудааст," - гуфт ӯ ва афзуд, "интизор меравад, имрӯз бародарамро аз боздоштгоҳи муваққатии Вазорати корҳои дохилӣ ба боздоштгоҳи муваққатии Вазорати адлия, воқеъ дар назди маҳбаси рақами 1-и Душанбе, интиқол диҳанд."

Ин моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон се сол маҳрум кардан аз озодӣ ва маҳрум шудан аз ишғоли мансабҳои муайян то се солро пешбинӣ мекунад.

То кунун мақомоти интизомии Тоҷикистон хабари боздошт ва иттиҳоми алайҳи Ҷамшед Ёровро эълон накардаанд. Чизе, ки то ҳоло дастраси расонаҳо шудааст, хабари хонаводаи ӯст, ки мегӯянд, Ҷамшед Ёров ҳафтаи гузашта нопадид шуд ва баъдан телефонӣ ба онҳо расонд, ки гӯё барои ифшои ҷузъиёти ҳукми аъзои ҲНИТ боздошт шудааст.

Хосият Ёрова ҳам гуфт, алайҳи бародараш бар асоси моддаи 311, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (ифшои маълумоти дорои сирри давлатӣ аз ҷониби шахсе, ки ин маълумот ба ў бовар карда шудааст ё вобаста ба хизмат ё кор ба ў маълум гардидааст, агар ин маълумот дастраси дигар шахсон шуда, дар ин кирдори ў нишонаҳои хиёнат ба давлат мавҷуд набошад) айб эълон шудааст.

Ин моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон се сол маҳрум кардан аз озодӣ ва маҳрум шудан аз ишғоли мансабҳои муайян то се солро пешбинӣ мекунад. Бар пояи қонун, агар ин амал боиси сар задани оқибатҳои вазнин шавад, шахси муттаҳам аз панҷ то даҳ сол ҳукми зиндон мегирад ва то панҷ сол аз фаъолият дар мақомҳои муайян маҳрум мешавад.

Вале хонаводаи Ҷамшед Ёров мегӯянд, ӯ танҳо аз ҳаққии Маҳмадалии Ҳаит дифоъ мекард ва ба ҳукми Додгоҳи олӣ нисбат ба 14 узви раёсати олӣ ва шӯрои сиёсии ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дастрасӣ надошт.

Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим)
Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим)

Додситонии кулл ва Додгоҳи олии Тоҷикистон аз ин пеш гуфтанд, аз рӯи қазияи ошӯби мусаллаҳонаи 4 сентябри соли гузашта, ки масъулияти ташкили онро ба дӯши муовини вақти вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзода ва маблағгузориашро ба дӯши ҲНИТ вогузор кардаанд, 170 нафар боздошт ва зиндонӣ шудаанд. Ин мурофиаҳо махфӣ ва пӯшида сурат гирифта, вакилони дифоъ, хешовандон ва дигар шоҳидону ширкатдорони додгоҳҳо баёнот навиштаанд, ки ҷузъиёти ин қазия ошкор намешавад.

Вале рӯзи 4 август дар сайти марбут ба ҲНИТ нусхаи 90-саҳифаии ҳукми додгоҳии аъзои баландпояи ҲНИТ суолҳоеро дар заминаи тарзи берун рафтани ин мавод эҷод кард.

Боздошти Ҷамшед Ёров дар ҳолест, ки моҳи майи соли ҷорӣ созмони Дидбони ҳуқуқи башар ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия расман аз мақомоти Тоҷикистон талаб карда буданд, тамоми вакилони дифои боздоштшударо раҳо кунад. Ҳомиёни ҳуқуқ гуфтанд, боздошти вакилони мудофеи тоҷик дар соли 2014 аз Шӯҳрат Қудратов ва Фахриддин Зокиров – ду вакиле, ки аз намояндаи аршади мухолифин Зайд Саидов дифоъ мекарданд, оғоз ёфт.

Зайд Саидов, вазири собиқи саноат, дар пайи эълони азмаш барои сохтани ҳизби сиёсӣ ва ду вакили ӯ ҳарду бо иттиҳоми қаллобӣ дастгир шуданд. Ба дунбол, ду писари Исҳоқ Табаров, вакили сеюми Зайд Саидов низ пушти панҷара рафтанд. Дар соли 2015 Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов боздошт шуданд, ки ҳимояти аъзои боздоштшудаи ҳизби наҳзати исломиро ба дӯш гирифтанд.

XS
SM
MD
LG