Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бино дуошёна бошад, пойдевор на кам аз ним метр." Ҷазоро барои худсарона сохтани хона сахттар карданд


Маҳаллае дар ноҳияи Рӯдакӣ
Маҳаллае дар ноҳияи Рӯдакӣ

Дар Тоҷикистон ҷазоро барои худсарона сохтани бино, аз ҷумла хона, сахттар карданд. Барои ин кор сокинон аз 6 то 12 ҳазор сомонӣ ва мансабдорон аз 12 то 24 ҳазор сомонӣ ҷарима хоҳанд шуд.

Сокинон мегӯянд, солҳо барои гирифтани як порча замин мунтазир мемонанд ва риояи талаботи сохтмони биноҳо, ки рӯз аз рӯз сахттар мешавад, барояшон миёншикан хоҳад шуд. Мақомот аз афзоиши хонаҳои бесанад ва бетарҳ нигаронанд.

ИСЛОҲИ ҚОНУН

Ҷазо барои худсарона сохтани манзили зист мувофиқи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкуни маъмурӣ аз соли нав ба иҷро медарояд. Бино бар тағйироти ахир ба 13 моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҷаримаву ҷазо барои сохтмони бесифат, истифодаи масолеҳи бинокорӣ, ки ба зилзила тобовар нест, риоя накардани меъёрҳои давлатии устувории биноҳо ба маротиб бештар мешавад.

Меъмор мегӯяд, хона дуошёна бошад ва пойдевор на кам аз ним метру чанд талаботи дигар. Тарҳи маро қабул накарданд ва гуфтанд, аз рӯи нақшаи тасдиқшуда бояд созам.

Ташдиди ҷазову ҷарима дар сохтмони биноҳо дар ҳолест, ки аз як сӯ дар шаҳрҳои Тоҷикистон бунёди биноҳои баландошиёна авҷ гирифта, аз тарафи дигар нигаронии сокинон аз сохтмонҳои бесифату бебақо зиёд шудааст.

Ин дар ҳолест, ки мақомот аз афзоиши ҳолатҳои ғасби замин ва худсарона бунёд кардани манзил дар ташвишанд.

Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, бинобар вайрон кардани қонунгузории замину сохтмон дар соли 2020 беш аз 3ҳазору 240 нафар ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ кашида шуданд. Поймол кардани қонуни замин ва сохтмон боиси боз шудани 513 парвандаи ҷиноӣ шуда, бо талаби додситонӣ 6286 гектар заминро ба ҳолати аввал баргардондаанд.

Исроил Мараимов, сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, 10 сол боз дар як хонаи иҷора ба сар мебарад ва акнун дар канори шарқии пойтахт барои сохтани як порча замин гирифт.

"Барои гирифтани ҳамин порчаи замин 5 сол даводав кардем, пул харҷ шуд... Агар интизори иҷозати сохтмон ва лоиҳаи меъморон шавем, ба фикрам, умрамон ба охир мерасад. Мувофиқи фаҳму тавони худ пойдевори як хонаи якошёнаиро бо ду хонаву айвон ва ошхона рехтем", -- нақл кард ӯ.

"ТАВОНИ СОХТАНИ ХОНАИ ДУОШЁНАИРО НАДОРАМ"

Мараимов афзуд, тарҳи хонаашро дар як варақ мувофиқи фаҳми худ тасвир карда, ба назди меъмор бурд ва хост, аз рӯи он санад тартиб додаву иҷозати сохтмон диҳанд. "Меъмор мегӯяд, хона дуошёна бошад ва пойдевор на кам аз ним метру чанд талаботи дигар. Тарҳи маро қабул накарданд ва гуфтанд, аз рӯи нақшаи тасдиқшуда бояд созам. Тавони сохтани хонаи дуошёнаӣ надорам ва таваккал карда, ба бунёди хона сар кардам", -- иброз дошт ӯ.

Ба мисли Мараимов қисме аз сокинони деҳаҳо дар Тоҷикистон, бино бар кампулӣ, наметавонанд мувофиқи тарҳи тасдиқкардаи давлат хона созанд. Барои мисол, ҳоло бино ба дастури меъморон бинои хона набояд аз лой ва ё хишти хом сохта шавад, аммо сокинон мегӯянд, тавони харидани хишти пухта ва ё сементиро надоранд.

Дар Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон рӯзи 28-уми декабр дар бо Радиои Озодӣ гуфтанд, чанд лоиҳаи соддаву камхарҷи биноҳоро тартиб дода, ба сармеъморони ноҳияҳо фиристоданд.

"Сокинон аз ҳамин каталоги лоиҳаҳои тасдиқшуда ё ягона (типовой) метавонанд якеро интихоб кунанд ва дар сурати риояи ҳама қоидаҳо меъмор барои оғози сохтмон иҷоза медиҳад", -- гуфтанд дар кумита.

"ДИГАР ҶОЙИ БАҲС НЕСТ"?

Масъулон мегӯянд, бе иҷозаи расмӣ ва тарҳи тасдиқшудаи бино оғоз кардани сохтмон ғайриқонунӣ аст ва ҷавобгарии маъмурӣ дорад. Бар илова, ба гуфтаи мақомот, худсарона сохтани бинову манзили зист метавонад ҳарҷу марҷро ба миён орад ва биноҳое сохта шаванд, ки дар баробари зилзилаву сел ва офатҳои дигари табиӣ устувор нестанд.

Ҷамшед Қуддусов, муҳандис ва раиси созмони "Сотсервис" дар Тоҷикистон, мегӯяд, вақте тағйирот ба қонун ворид шуд, иҷрои он барои ҳама ҳатмӣ аст. Вай афзуд, "ин гуна рафторе, ки "ман шароит надорам, пулам намерасад" нодуруст аст. Вақте қонун муайян кардааст, ки худсарона ишғол кардани замин ва сохтани бино манъ аст, дигар ҷойи баҳс нест. Бояд риоя кард."

Қуддусов гуфт, сахттар шудани ҷазо барои ғасби замин ва худсарона бино кардани иншоот беҳуда нест ва дар заминаи зиёд шудани чунин худсариҳо рӯи даст гирифта шудааст.

Дар давоми 20 соли охир мувофиқи омор 134 ҳазор гектар замин дар Тоҷикистон аз гардиши кишоварзӣ берун карда шуда, барои бунёди манзили зист ба сокинон дода шудааст. Масоҳати 10 ҳазор гектари дигар барои бунёди иншооти маишии умумӣ ва мактабу беморхона ҷудо шудааст.

Тоҷикистон, ки масоҳаташ 143,1 ҳазор километри мураббаъ аст, ҳамагӣ 7 дар сади қаламравашро водиҳо ташкил мекунанд. Боқимонда 93 дарсади ҳудуди он аз кӯҳсор иборат аст. Бино ба ҳисоби мақомот, бо назардошти шумораи кунунии аҳолӣ (9 миллиону 400 ҳазор) ба ҳар сари як тоҷик дар ҷумҳурӣ 6 сотих замин мерасад.

XS
SM
MD
LG