Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Яҳудиёни Тоҷикистон: дар талоши ҳифзи фарҳанг. ВИДЕО


Канисаи яҳудиён
Канисаи яҳудиён

Ягона каниса ё ибодатгоҳи яҳудиён дар Тоҷикистон ҳамеша омодаи қабули намозгузорон аст, вале 6 сол боз дар онҷо маросими доимии динӣ баргузор намешавад.

Дар саросари Тоҷикистон каме беш аз 50 узви ҷомеаи яҳудиён боқӣ мондаанд ва аксари онҳо калонсол ҳастанд. Дар рӯзи истироҳати шамбот, ки шанбеҳо мебошад, дар каниса тахминан даҳ нафар ҷамъ мешавад.

Хохоми охирини каниса соли 2012 ба Исроил муҳоҷират кард. Онҳое, ки боқӣ мондаанд, ба хотири дуруст надонистани забони ибрӣ дар хондани намоз мушкилӣ мекашанд.

Каниса ва ё синагогаи яҳудиён пас аз тахриб шудан дар канори бозори собиқи “Баракат”-и шаҳри Душанбе соли 2009 маконашро дигар кард. Моҳи марти ҳамон сол соҳибкор ва раиси “Ориёнбонк” Ҳасан Асадуллозода як хонаи мӯҳташами худро ба ҷамоаи яҳудиёни Душанбе туҳфа кард, то онро ба ибодатгоҳ ва ё каниса табдил диҳанд.

Намозҳои ҷамъӣ дар ин каниса гоҳе ҳангоми ташрифи меҳмонҳо аз Исроил барпо мешаванд. Яҳудиҳое, ки дар Тоҷикистон бузург шудаанд, гоҳо ба дидани зодгоҳ ва ё зиёрати қабри гузаштагон меоянд.

Яҳудиҳои Тоҷикистон: дар талоши ҳифзи фарҳанг
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:45 0:00

Ёқуб Матаев, як корманди каниса, мегӯяд, «дар навбати аввал меҳмонҳо ба ин ҷо омада, баъдан ба қабристон мераванд. Рафта қабри дигарҳоро ҳам зиёрат мекунанд.»

Ёқуб Матаев мегӯяд, вазифаи худро на танҳо дар ҳифзи моликият ва нигоҳубини каниса мебинад, балки инчунин масъули тақсими кумаки хайрия ба яҳудиҳои боқимонда дар Тоҷикистон аст.

Бунёди яҳудиҳои Бухоро, ки дар Амрико амал мекунад, дар ҳаққи ҳамқавмонаш дар Тоҷикистон ғамхорӣ мекунанд. Ёқуб ба тамизкор ва корманди қабристон маош медиҳад.

Барно - яке аз занони ангуштшумори яҳудӣ да Тоҷикистон

Барно Мавашева, яке аз охирин занони яҳудии бухороӣ дар Тоҷикистон аст. Ӯ ба каниса барои гирифтани кумаки хайрияи ҳармоҳа меравад. Ин ёрӣ чизе беш аз 10 доллар аст.

Барно Мавашева ёд дорад, ки то солҳои 90-ум дар Тоҷикистон беш аз даҳ ҳазор яҳудӣ зиндагӣ мекард ва хонаводаҳо онҳо, ки ҳамчун яҳудиҳои бухороӣ маъруфанд, аз замони аморати Бухоро сокини қаламравҳои имрӯзаи Тоҷикистону Узбекистон будаанд.

Бисёр мехостам, ки идҳои муштарак барпо кунем, вале намешавад. Синни ҳама ба ҷое расидааст, бисёриҳо маризанд. Хулоса, ҳар кас як баҳонаи худро дорад

Ин зан хуб ёд дорад, ки ҳар ид дар назди канисаи яҳудиҳо даҳҳо нафар ҷамъ мешуд. Дастгириву кумаки ҳамдигар як бахши муҳими ин ҷамъомадҳо буд. Имрӯз яҳудиҳо зиёд ҷамъ намешаванд ва барои таҷлили ид на ҳама омада метавонад. Барно Мавашева мегӯяд, ки ӯву дигар яҳудиҳо гоҳе аз назари камбуди муошират танҳоӣ мекашад.

«Дастгирӣ аз он ҷиҳат нест, ки мо бо ҳам муошират намекунем. Рости гап, ҷашни муштарак ҳам барпо намешавад. Бисёр мехостам, ки идҳои муштарак барпо кунем, вале намешавад. Синни ҳама ба ҷое расидааст, бисёриҳо маризанд. Хулоса, ҳар кас як баҳонаи худро дорад», - мегӯяд ӯ.

Бо ин вуҷуд, ки дар Тоҷикистон шумори яҳудиён хеле кам аст, қабристони яҳудӣ дар Душанбе ҳамеша тозаву озода аст. Барои покизагӣ ва нигоҳубини қабрҳо чанд нафар вазифадор карда шудаанд. Онҳо ҳар субҳ ба қабристон рафта, баргу алафҳоро ҷамъ мекунанд, санги сари қабрҳоро покиза мекунанд.

Оромгоҳи покизаву ороста

Юсуф, як корманди қабристони яҳудӣ мегӯяд, «дар ин оромгоҳ 1500 нафар дафн шудаанд. Ба гуфтаи Юсуф, меҳмонҳои яҳудӣ ҳатман барои зиёрати қабри гузаштагонашон меоянд.

Яҳудиҳо аз қадим сокини ин қаламрав буданд ва дар замони Тоҷикистони Шӯравӣ барои рушди илму тиб, фарҳанг, синамову театр саҳми зиёд гузоштаанд.

Борис Кимёгаров
Борис Кимёгаров

Филмҳои сохтаи Борис Кимёгаров на танҳо ифтихори «Тоҷикфилм», балки Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад ва имрӯз ҳам бахше аз фонди тиллоии синамои ҷаҳон ба шумор меравад. Овозхони маъруф Шоиста Муллоҷонова садои нотакрор дошт, Малика Қаландарова бо рақсҳои зебояш маъруф шуд.

Бисёре аз сокинони Тоҷикистон ҳамсояҳои яҳудии худро имрӯз ҳам ёд мекунанд ва мегӯянд, ки яҳудиҳои ҳамсояашон мардуми боҳунар буданд.

Ҳукумати шӯравӣ солҳои 1970 ба яҳудиҳо иҷозаи расмии муҳоҷират ба ватани таърихии худро дод. Вале яҳудиҳои Тоҷикистон бештар дар остонаи ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои 1990 рафтаанд.

Бозгашт бо фарзанд аз Исроил

Мая Дзутсева, духтари журналисти маъруфи Шӯравӣ Галина Дзутсева, ҳам дар оғози солҳои ҷанг аз Тоҷикистон берун рафт, вале баъди 16 сол дубора ба назди модараш баргашт. Ӯ ҳоло омӯзгори мусиқӣ аст.

«Ман дар ҳамин ҷо таваллуд шудам, таҳсил кардам. Саргузаштҳои зиёде пушти сар шуд, вале билохира ба ин ҷо баргаштам. Ман як душанбегии асил ҳастам. Мутаассифона, ҳанӯз забони тоҷикиро ба дараҷаи хуб намедонам, вале ман шаҳрамонро бисёр дӯст медорам ва ин кишварро ҳам”, - гуфт Дзутсева.

Мая ҳамроҳ бо писараш Валентин ба Душанбе омадааст. Ин писари ҷавон дар оғоз мушкилӣ мекашид, на русӣ ва на тоҷикиро медонист. Ҳоло ҳам чандон кори доимӣ надорад: гоҳе аз ҳисоби таъмири компютер, васоили техникӣ ваё таъмири шабакаҳо пул ба даст меорад.

Валентин ба Исроил баргаштанӣ нест, Тоҷикистонро дӯст медорад. Ҳанӯз дар ин ҷо рафиқи зиёд надорад ва аз ин хотир, бештари вақташ дар интернет мегузарад ваё бо ибодат.

Вале худи Мая Дзутсева серкор аст. Ӯ аз мусиқӣ дарс медиҳаду дар баробари ин корҳо ҷамъиятӣ мекунад. Мая раҳбарии ҷомеаи хурди яҳудиҳоро ба дӯш дорад. Ин созмон пули зиёд надорад ва маъракаҳои калон барпо карда наметавонад.

Шогирдони Мая Дзутсева ва дигар аъзои фаъоли созмон таронаҳоро ба забонҳои хориҷӣ азхуд ва дар консертҳо ҳам ҳунарнамоӣ мекунанд. Таронаҳои яҳудӣ ҳам дар эҷодиёти онҳо зиёд аст.

Мая Дзутсева
Мая Дзутсева

Ӯ мегӯяд, «талош мекунам, ки ба донишомӯзони оилаҳои камбизоат кумак кунам. Онҳо бисёр боистеъдод ҳастанд. Бархе садои хуб дорад, дигарон асбоби мусиқиро хуб менавозанд. Агар медидед, ки бачаҳои мо таронаи маъруфи «Хава нагила»-ро чӣ хел иҷро мекунанд! Меҳмонҳо ба иҷрои бачаҳо чунон каф заданд, ки ҳайрон мешавед. Қарсак мезаданду пойкӯбӣ мекарданд. Таронаро бори дигар иҷро кардем».

Дар миёни дӯстони исроилии Мая тоҷикистониҳои собиқ зиёданд. Ӯ мегӯяд, бисёре аз онҳо аллакай бознишаста ҳастанд ва иқрор мешаванд, ки Тоҷикистонро ёд мекунанд. Бисёриҳо дар хонаҳояшон дар Исроил наққошиву осори дигари ҳунарии тоҷикиро нигоҳ медоранд.

Тарабхонаи тоҷикии Мордеҳай дар Исроил

Мордеҳай Кимёгаров 30 сол аст, ки дар Исроил ба сар мебарад ва ҳоло ҳам бидуни мушкил ва лакнат ба тоҷикӣ суҳбат мекунад. Дар ин кишвар як тарабхонае бо ғизоҳои тоҷикӣ боз кардааст. Кимёгаров дар Исроил таърихчаи яҳудиҳои Бухоро, ва бахусус онҳоеро, ки аз Тоҷикистон ба ин кишвар муҳоҷират кардаанд, нигоҳ медорад.

«Осорхона. 21 ҳазор экспонат дорад, ки аз таърихи Тоҷикистон ва мардуми Осиёи Марказӣ нақл мекунад. Мо 48 намоишгоҳ барпо кардем, аз ҷумла, якеаш дар Кнессет, порлумони Исроил баргузор шуд. Дар миёни ин экспонатҳо либосу пойафзол, кулоҳ, маводи рӯзгор, наққошиҳои рассомони маъруфи тоҷик ва асбоби мусиқӣ дида мешаванд. Ҳамаи инро дар як сӯҳбат гуфта намешавад», - шарҳ дод ӯ.

Мордеҳай Кимёгаров суҳбатро бо забони тоҷикӣ идома дода мегӯяд: «Мо як халқем. Мо меваи як дарахтем. Садои дили мо як хел аст. Забони модарии мо тоҷикӣ аст. Мо солҳои зиёд ҳамроҳ зиндагӣ кардаем. Ҳеҷ вақт кумаки мардуми тоҷикро фаромӯш намекунем. Дӯстии мо ҷовидона аст. Мо бисёр мехоҳем тоҷиконро дар Исроил меҳмондорӣ кунем ва барояшон хидмат кунем».

Мая Дзутсева ҳам дар суҳбат бо яҳудиҳои Тоҷикистон ҳамеша ташвиқ мекунад, ки ба кишвар баргарданд. Чаро? Шояд ба он хотир ки дар ин кишвар ҳам фарҳанги яҳудӣ фаромӯш нашавад.

XS
SM
MD
LG