Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Автобусҳои “AKIA” дар Душанбе тавлид мешаванд


Шаҳрдории Душанбе дар ҳамкорӣ бо Туркия тавлиди автобусҳои ҷопонӣ дар пойтахти Тоҷикистонро роҳандозӣ карда, мехоҳад дар як сол то 300 мусофирбари “AKIA”-ро ба бозор барорад. То ба ин дам 13 автобус омода шудааст. Дар ин бора мақомоти шаҳрдории Душанбе рӯзи 26-уми январ дар як нишасти матбуотӣ хабар доданд.

  • Мушкили мусофирбарҳо ва танбашавии нақлиёт дар хиёбонҳои пойтахти Тоҷикистон тӯли чанд сол боз аз мавзӯи доғ дониста мешавад.

Нишасти хабарии бидуни шаҳрдор

Нақлиёти шаҳрӣ аз камтарин бахшҳои кори ҳукумати Душанбе аст, ки ҳама вақт зери интиқод буд.

Нишасти матбуотии шаҳрдории Душанберо бештаре аз хабарнигорон интизор буданд. Аз субҳ ин иттилоъ ба чархиш даромада буд, ки бо эҳтимоли зиёд худи раиси шаҳр ба назди хабарнигорон меояд. Ба ин далел, толори маркази матбуотии хабаргузории “Ховар” пур аз намояндаҳои расонаҳо буд, аммо Рустами Эмомалӣ ба нишаст ҳозир нашуд.

Дар нишасти рӯзи 26-уми январ ба суоли хабарнигорон Маҳмадсаид Зувайдзода, Мавсума Муинӣ ва Қурбон Саидзода, муовинони шаҳрдори Душанбе, посух доданд. Гуфта шуд, ки Рустами Эмомалӣ ба далели гирифтории корҳои муҳиме натавонистааст ба нишаст биояд.

Дар робита ба ҳалли мушкилоти нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода хабар дод, ки соли ҷорӣ барои аз байн бурдани камбуди автобусҳо дар хатсайрҳои пойтахт 100 мусофирбари нави муосир харидорӣ мешавад. Вай гуфт, ҳоло дар бинои корхонаи тавлиди троллейбусҳои шаҳри Душанбе корхонаи муштараки автобусбарорӣ таъсис дода шудааст.

Зувайдзода афзуд, "ҳоло нахустин 13 автобуси навъи “AKIA” дар ин коргоҳ тавлид шуда, рӯзҳои наздик дар хатсайрҳои Душанбе машғули мусофиркашонӣ мешаванд. Ин корхона дар як сол метавонад то 300 автобус тавлид кунад."

Қурбон Саидзода, муовини дигари шаҳрдори Душанбе, гуфт, тавлиди ин автобусҳо дар Тоҷикистон дар муқоиса бо харидории мусофирбарҳои сохти Туркия арзонтар мешавад. Ҳарчанд муовини раиси шаҳри Душанбе аз эълони маблағи дақиқи ин автобусҳо худдорӣ кард, гуфт, “вақте корхонаи тавлиди ин автобусҳо дар Душанбе мешавад, мушкили таъмини қисмҳои эҳтиётӣ ва таъмири ин автобусҳо аз байн меравад. Ҳоло мутахассисони туркӣ якҷо бо кормандони тоҷик муштарак ин автобусҳоро омода мекунанд."

Зимнан, то як соли пеш аксарияи кулли автобусҳои мусофирбар дар Тоҷикистон сохти русӣ буданд ва мақомот дар гузашта тибқи одат аз замони Шӯравии пешин ба харидории танҳо автобусҳои Русия авлавият медоданд. Ҳатто дар солҳои гузашта дар вилояти Суғд як корхонаи насби автобусҳои сохти Русия фаъол буд, ки сипас варшикаста шуд.

Аммо, баъд аз таъйини Рустами Эмомалӣ ба мақоми раиси шаҳри Душанбе, ба пойтахти Тоҷикистон беш аз панҷоҳ автобуси ҷопонии “ISUZI” ворид шуданд ва ҳамакнун корхонаи насби автобусҳои навъи дигари автобусҳои ҷопонӣ роҳандозӣ шуд. Нархи ҳар як автобус 85 ҳазор евро эълон шуда буд.

Ба гуфтаи Қурбон Саидзода, дар оянда қарор аст бештаре аз кормандони ин корхонаи муштараки тавлиди автобусҳоро коргарони тоҷик ташкил диҳанд. Ба ин далел, ҳамаи кормандони тоҷик дар Туркия дар давраҳои омӯзишӣ фаро гирифта шудаанд.

Пулчинакҳои "стоянкаҳо" аз байн бурда мешаванд

Дар ҳамин ҳол Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини аввали шаҳрдори Душанбе хабар дод, ки мақомот аз танбашавии нақлиёт дар хиёбонҳои пойтахт нигарон аст ва ба ин хотир фаъолияти 130 таваққуфгоҳҳои ҷамъияти шаҳрро бознигарӣ хоҳанд кард. Аз ҷумла, ба гуфтаи вай, минбаъд дар ҳамаи таваққуфгоҳҳо таҷҳизоти компютерӣ насб шуда, соҳибони мошинҳо бо кортҳои пластикӣ маблағи истифода аз ин таваққуфгоҳҳоро пардохт мекунанд. “

Як истгоҳи нав дар шаҳри Душанбе.
Як истгоҳи нав дар шаҳри Душанбе.

Яъне, минбаъд пулчинакҳои “стоянкаҳо” аз байн бурда мешаванд”. Ҳамчунин дар маҳалли ҳама бозорҳои Душанбе, аз ҷумла дар назди бозори “Корвон” таваққуфгоҳҳои бисёрошёнаи зеризаминӣ бунёд карда мешавад.

Чаро биноҳои қадима вайрон мешаванд?

Муовини дигари шаҳрдорӣ, дар посух ба саволи Радиои Озодӣ, ки чаро танҳо маркази қадимии шаҳри Душанбе мавриди бозсозӣ қарор гирифта, дар маҳаллаҳои дигари шаҳр тахриби биноҳо сурат намегирад, гуфт, бо чунин иддао розӣ нест. “Дар маркази Душанбе мо ҳеч бинои қадимие надорем ва вуҷуди ҳавлиҳое, ки ҳатто низоми ташноб надоранд, дар канори биноҳои беш аз 20-табақа боис ба ифтихор буда наметавонад. Ҳамзамон бо хиёбони Рӯдакӣ, ки онро протоколӣ ҳам меноманд, мо хиёбонҳои канори шаҳрро бозсозӣ карда, биноҳои фарсуда дар онро тахриб мекунем”, - гуфт муовини аввали шаҳрдори Душанбе.

Вай афзуд, баъд аз ҳал шудани сармоягузории сохтмони бинои ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз сӯи давлати Чин, мавзӯи тахриби биноҳои чойхонаи “Роҳат” ва театри ба номи Лоҳутӣ дар маркази шаҳр рӯи даст гирифта хоҳад шуд.

"Вазъи мусофиркашӣ дар Душанбе беҳтар шудааст"

Мавзунаи Маҳмадалӣ, собиқ узви комиссияи нақлиёти шаҳрдории Душанбе 26 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар шарҳи ин мавзӯъ гуфт, ҳарчанд дар як соли ахир вазъи мусофиркашонӣ дар пойтахти Тоҷикистон беҳтар шудааст, аммо мушкилот ҳамчунон боқӣ мондааст.

Хонум Маҳмадалӣ афзуд: “Ҳар субҳ то ҷойи кор расидан хеле душвор аст. Дар хиёбонҳо танбашавии воситаҳои нақлиёт зиёд мушоҳида мешавад. Муносибати ронандаҳо ва мусофирон чандон хуб нест. Вале ҳар субҳ ман талош мекунам аз хадамоти ширкатҳои таксӣ, ки ҳоло миқдорашон зиёд шудааст, истифода кунам. Дар акси ҳол ба ҷойи кор дер мерасам ва аз раҳбарон танбеҳ мешунавам”.

Нақлиёт -- бахши муҳими кори ҳукумати шаҳр

Зимнан, нақлиёти шаҳрӣ аз камтарин бахшҳои кори ҳукумати Душанбе аст, ки ҳама вақт зери интиқод буд. Шаҳрдори собиқи Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев низ доим аз кори нақлиёти шаҳрӣ интиқод мекард ва сари чанд моҳ масъулини ин бахшро огоҳӣ медод ва ё аз кор озод менамуд.

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори нави Душанбе ва писари калонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки моҳи январи соли гузашта ба ин мақом расид, низ корашро аз танзими нақлиёти ҷамъиятӣ оғоз кард.

XS
SM
MD
LG