Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобул: "Бунёди пойгоҳи низомии Чин дар Бадахшон ҳақиқат надорад"


Мақомоти Афғонистон гузоришҳо дар мавриди ин, ки Чин мехоҳад дар вилояти Бадахшони он кишвар як пойгоҳи низомӣ бисозад ва ҳузури низомӣ пайдо кунадро, радд карданд.

Шӯрои амнияти миллии Афғонистон рӯзи якшанбеи 18-уми феврал бо нашри як баёния гуфтааст, "ҳамкориҳо миёни Афғонистон ва Чин паҳлӯҳои васеъ дорад, аммо масъалаи омадани нерӯҳои чинӣ ба Афғонистон то ба ҳол аслан матраҳ нашудааст". Бар асоси ин баёнияи ҷониби Афғонистон, ин гуна ҳамкориҳои низомӣ аз сӯи кишварҳои хориҷӣ бидуни таъйиди порлумон ва раиси ҷумҳури он кишвар, анҷом шуда наметавонад.

Мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Бадахшони Афғонистон мегӯянд, ки ҳукумати он кишвар намегузорад, ки ҷангиёни ӯйгур, ки дар минтақаҳои Вардуҷ, Юмгон ва бахшҳои дигаре аз минтақаи Ҷурм ҳузур доранд, ба Чин ворид шаванд.

Аз ин қабл Гулмуҳаммади Бедор, муовини раиси вилояти Бадахшони Афғонистон дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ дар робита ба гузоришҳо дар бораи бунёди пойгоҳи низомии Чин дар Бадахшон гуфта буд, ки "онҳо (чиниҳо) ба гаштҳои низомӣ таъкид доранд ва мо онҳоро манъ кардаем. Чун дар ин росто мо бо Чин қарори амниятӣ надорем ва инро поймол кардани хокамон медонем."

Ӯ афзуд. ки ҳар гуна ҳамкориҳои низомӣ, ба тасмими ҳукумати марказӣ дар Кобул бастагӣ дорад. Ба гуфтаи Гулмуҳаммади Бедор, "онҳо барои мо ваъдаи кӯмак додаанд ва мо ҳам барояшон гуфтем, ки ҳар гуна кӯмак ва қарордоде, ки бо Афғонистон мешавад, аз тариқи ҳукумати марказӣ сурат мегирад. Мо тобеи ҳукумати марказӣ ҳастем ва инҳо агар мехоҳанд пойгоҳ бисозанд, бояд бо ҳукумати марказӣ ва Шӯрои амнияти миллӣ қарордод дошта бошанд."

Гулмуҳаммади Бедор, муовини раиси вилояти Бадахшони Афғонистон.
Гулмуҳаммади Бедор, муовини раиси вилояти Бадахшони Афғонистон.

Гулмуҳаммади Бедор дар идома гуфт, ки беш аз 50 узви Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ, ки умдатан ӯйгурҳои минтақаи Туркистони шарқӣ ҳастанд ва дар бахшҳое аз вилояти Бадахшони Афғонистон ҳузур доранд, мехоҳанд ба Чин роҳ ёбанд. Аммо ӯ гуфт, ки ҳукумати Афғонистон намегузорад, ки ҷангиёни ӯйгур, ки дар минтақаҳои Вардуҷ, Юмгон ва бахшҳои дигаре аз минтақаи Ҷурм ҳузур доранд, ба Чин ворид шаванд.

Минтақаҳои Вардуҷ ва Юмгон аз ду сол ба ин тараф дар контроли гурӯҳи Толибон мебошад. Ин ду минтақаи кӯҳистонӣ дар даҳлези Вахон қарор дорад. Даҳлези Вахон як навори борик дар хоки Афғонистон аст, ки бо Тоҷикистону Чин ва Покистон марзи муштарак дорад.

Рӯзи 8-уми феврал нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон дар як эъломияи матбуотӣ гуфтанд, ки қароргоҳи Толибон ва аъзои Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ дар вилояти Бадахшони Афғонистонро бамборон карданд. Ин эъломия мегуфт, ки ҷангиёни Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ таҳдиде барои Чин ба шумор мераванд ва аз пуштибонии Толибон дар Бадахшон ва саросари минтақа бархӯрдор ҳастанд. Амрико ва Чин Ҳаракати исломии Туркистони шарқиро як созмони террористӣ мехонанд.

Дар идомаи эъломияи нерӯҳои амрикоӣ аз қавли генерал Ҷон Николсон, фармондеҳи умумии нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО дар Афғонистон омадааст, ки ҳеҷ гурӯҳи террористӣ наметавонад дар Афғонистон пойгоҳи амн дошта бошад

Ҳамлаи нерӯҳои ҳавоии Амрико ба пойгоҳҳои Толибон дар Бадахшон дар ҳоле сурат гирифт, ки нимаи дувуми моҳи гузашта мақомоти интизомӣ дар шимоли Афғонистон гуфтанд, ки дар пайи амалиёти ҳавоии нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар дар вилояти Бадахшон 15 ҷангҷӯи тоҷики узви гурӯҳи Толибон кушта шуданд.

Вилояти Бадахшони Афғонистон, ки бо вилояи Бадахшони Тоҷикистон марзи муштарак дорад, тайи солҳои охир шоҳиди нооромиҳо буда ва даргириҳои сахт миёни Толибон ва нерӯҳои давлатии Афғонистон сурат гирифтааст. Дар гузашта низ чанде аз ҷангиёни тоҷик дар ин минтақа аз сӯи нерӯҳои афғон боздошт шуда буданд, вале маълум нашуд, ки онҳо ба ҳукумати Тоҷикистон таслим шуданд ва ё дубора раҳо гаштанд.

XS
SM
MD
LG