Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Акси президент дар рӯи пул. Сокинон чӣ назар доранд? ВИДЕО


10 ҳазор танга баробар бо 30 доллари амрикоӣ аст, вале на ҳама сокинони оддии Қазоқистон метавонанд ин миқдор пулро дошта бошанд
10 ҳазор танга баробар бо 30 доллари амрикоӣ аст, вале на ҳама сокинони оддии Қазоқистон метавонанд ин миқдор пулро дошта бошанд

Нашри акси президенти 76-солаи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар рӯйи пуле бо арзиши 10 ҳазор танга, ки рӯзи сешанбе хабарашро Бонки марказии Қазоқистон пахш кард, қадами дигар дар кеши шахспарастӣ дар ин кишвар гуфта мешавад. Пули нав арзишаш ба 30 доллари амрикоӣ баробар аст ва аз 1 декабр ба муомила бароварда шавад. Дар ин рӯз дар Қазоқистон рӯзи президенти нахустини ин кишвар таҷлил мешавад.

Нурсултон Назарбоев, ки 25 соли охир дар сари қудрат аст, ба таври расмӣ Элбасӣ (Падари миллат) номида мешавад.

Раиси бонки марказии Қазоқистон Дониёр Акишев баъди пахши хабари ба муомила ворид шудани пули коғазии нав бо чеҳраи президенти амалкунанда, гуфт, "тамоми дастовардҳои замони истиқлол ба шарофати президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев имконпазир шудааст."

Видер: Назари бархе аз сокинони Алма-Ато

Ба нашри чеҳраи президент дар пули миллӣ чӣ назар доред?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:11 0:00

Вазъи тангаи қазоқӣ

Тангаи қазоқӣ дар пайи бӯҳрони иқтисодии Русия, ки баъди низоъҳои мусаллаҳона дар Украина мавриди таҳрими Ғарб қарор гирифт, осеб дид ва қурбашро аз даст дод. 10 ҳазор танга баландтарин пули коғазӣ дар Қазоқистон нест, аммо ин пул баландтарин қурбест, ки дар рӯяш чеҳраи шахсияти муҳими давлатӣ кашида шудааст. Дар рӯи пуле бо қурби 20 ҳазор танга рамзҳои мухталифи миллӣ инъикос шудааст.

Нурсултон Назарбоев, ки 25 соли охир дар сари қудрат аст, ба таври расмӣ Элбасӣ (Падари миллат) номида мешавад. Дар бораи ӯ филмҳо бардошта шуда, дар васфаш дар шаҳри Остона як музей ё осорхона ҳам бунёд гардидааст. Яккаҳукуматии Назарбоев дар Қазоқистон баъди соли 1991, пас аз қудрат расиданаш дар ин ҷумҳурии ғанӣ аз нафт шурӯъ шуд. Он сол Қазоқистон расман истиқлоли худро аз Маскав эълон кард ва, инак, барои нахустин бор аст, ки чеҳраи президент ба таври расмӣ дар рӯи пули миллӣ пайдо мешавад.

Акси Туркманбоширо баъди маргаш аз рӯи пул гирифтанд

Дар Туркманистони ҳамсоя ҳам чеҳраи президенти собиқ Сафармурод Ниёзов (Туркманбошӣ) дар вақти зиндагиаш дар рӯи пули миллии манат ва ҳам дар сиккаҳо пайдо шуд, вале баъди ду соли даргузашташ дар соли 2006, аз истифода бардошта шуд.

Дар Тоҷикистон ҳам моҳи сентябри имсол барои аввалин бор чунин даъвате дар як нашрияи маҳаллӣ садо дод. Шариф Каримов, як корманди масъули корхонаи “Тоҷиксуғурта” пешниҳод кард, ки барои қадрдонии хидматҳои раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, акси ӯро дар пули нақдинаи 1000 сомонӣ чоп кунанд. Пешниҳоди мазкур дар ҳафтаномаи "Тоҷикистон" нашр шуд, вале баъди ин аз вокуниши дигаре хабаре нашуд. Мунтақидон ин пешниҳодро аз қабили даъватҳои баҳсбарангези ташкилшуда ба хотири тақвияти кеши шахсияти президенти Тоҷикистон номиданд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG