Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон ба алифбои лотинӣ гузашт


Нурсултон Назарбоев – раиси ҷумҳури Қазоқистон – алифбои нави забони қазоқиро тасдиқ кард. Бар асоси ин қарор, ки рӯзи 19-уми феврал дар вебсайти президент нашр шуд, алифбои забони қазоқӣ аз кириллӣ ба лотинӣ иваз гардид.

Бо инки ҳукумати Тоҷикистон ҳеч гоҳ ба мавзӯи ислоҳи эҳтимолии алифбои тоҷикӣ рӯ наовардааст, баҳсу баррасиҳо дар ин замина ҳамеша вуҷуд дошт ва идома дорад.

Дар ислоҳи нав садоҳое ба мисли "Ч" ва "Ш" (Ch ва Sh) айнан ба мисли ҳуруфи лотинии англисӣ сабт шудааст. Татбиқи қарори нав аз рӯзи нашраш ба амал бароварда мешавад.

Аз соли 2025

Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, гузариш ба алифбои лотинӣ аз соли 2025 ва ба тадриҷ шурӯъ мешавад. То соли 2025 мақомот бояд ҳуҷҷатгузорӣ, исми кӯчаву хиёбонҳо ва матни нашрияву маҷаллаҳоро ба ҳарфи лотинӣ татбиқ кунанд.

Фикри ба лотинӣ гузарондани алифбои кириллии забони қазоқӣ ҳанӯз баъди касби истиқлоли Қазоқистон мечархид, вале он замон мақомот зоҳиран барои анҷоми ислоҳоти куллӣ дар ин замина омода набуданд. Айни замон, дар кишварҳое ба мисли Озарбойҷон, Туркманистон ва Узбакистон ин ислоҳот татбиқ шуд. Ин гузариш бо мушкилоти муайян ҷараён гирифт, вале зоҳиран барои ин кишварҳо роҳи бебозгашт шуд.

"Кириллӣ ба хусусиятҳои садоии забони қазоқӣ мутобиқат намекунад"

Мерҳат Шарифҷон, раиси собиқи бахши қазоқии Радиои Озодӣ, гуфт, сабаби аслии ба лотинӣ гузаштани хатти қазоқӣ дар хусусиятҳои муносиби ҳуруфи лотинӣ ба пойгоҳи садоии ин забон будааст. "Забоншиносон мегуфтанд, алифбои нав, ки соли 1939 ва бар асоси ҳуруфи кириллӣ қабул шуда аз 42 ҳарф аст, ба хусусиятҳои садоӣ ё фонетикии забони қазоқӣ мутобиқат намекунад",- афзуд ӯ.

Айни замон, алифбои озарии замонавӣ, ки лотиниасос аст ва бо намуна аз алифбои туркии замонавӣ сохта шудааст, аз назари ҷавобгӯ будан ба хусусиятҳои забонӣ бештар муносиб будааст.

Мерҳат Шарифҷон
Мерҳат Шарифҷон

Дар Узбакистон, ки гузариш ба хатти лотинӣ тадриҷӣ ва бидуни дасткашӣ аз хатти кириллӣ ҷараён доштааст, мақомот талош карданд ҷомеаро аз назари зеҳнӣ омода кунанд. Масалан, бисёр расонаҳои хабарии маҳаллӣ дар баробари доштани вебсайт ба хатти лотинии узбакӣ, хати кириллиро ҳам ҳифз кардаанд, то доираи истифодаи хабару гузоришҳои онҳо бо ҷавонону наврасон маҳдуд нашавад. Вале дар оғози қабули алифбои лотинӣ нафарони зиёде мухолифи ислоҳи хат буданд.

"Ба хати лотинӣ навишта наметавонам"

Сурайё Обидова, як сокини шаҳри Самарқанд, ки дар замони Шӯравӣ дар вазифаҳои давлатӣ кор кардааст, солҳои 1990-ум ҳолати худро чунин тасвир карда буд: "Ман ҳис мекунам, ки баъди ин қадар солу фаъолияти муваффақ дар як рӯз бесавод шудам. Чунки дигар гӯё ба хати одаткардаи ман навиштан мумкин нест. Ман ба хати лотинӣ навишта ва хонда наметавонам."

Гузариш ба хати нав дар Қазоқистонро як тасмими сиёсӣ ҳам арзёбӣ мекунанд, ки ҳадафаш фосилагирӣ аз нуфузи забони русӣ мебошад. Вале дар муқоиса бо солҳои баъди пошхӯрии Шӯравӣ, ки тасмимҳои Бокуву Тошканд Маскавро асабонӣ карда буд, баъди 25 сол ин мавзӯъ зиёд муҳим нест.

Қишри босаводи ҷомеа, ки бо як хат хондаву маълумот гирифтааст, омода нест, дар они воҳид аз саводи доштааш даст кашида, ба хат ва забони нав мутобиқ шавад.

Мерҳат Шарифҷон дар ин замина гуфт, "бешубҳа, ҳоло ҳам ин масъала матраҳ аст. Дар Қазоқистон беш аз 20 дарсади аҳолӣ рус ва русзабон мебошанд, бисёри онҳо ин тасмимро ҳамчун талоши ҷудо шудан аз “ҷаҳони русӣ” арзёбӣ карданд. Чунин андешаро бархе қазоқҳои маҳаллӣ ҳам дар сар доранд. Вале дар шароите, ки зери парчами Русия нимҷазираи Қрим тасарруф мешавад ваё минтақаи ҷудоиталаби Донбасс зери назорат гирифта мешавад, ин мавзӯъ қобили дарк аст."

Вале бо ин вуҷуд, забоншиносон мегӯянд, гузариш ба хати нав ҳамеша як мавзӯи мушкил ва ҳам мудовом мебошад, ки ба омилҳои объективӣ бастагӣ мегирад. Қишри босаводи ҷомеа, ки бо як хат хондаву маълумот гирифтааст, омода нест, дар они воҳид аз саводи доштааш даст кашида, ба хат ва забони нав мутобиқ шавад. Аз ин ҷост, ки дар Қазоқистон ҳам то охири солҳои 90-ум номдортарин шоиру нависандаҳои маҳаллӣ асарҳои худро ба хати арабии қазоқӣ иншо мекарданд. Масалан, Аббай Кунунбаев беҳтарин асарҳои худро ба хати форсӣ ва Мухтар Авезов ба хати лотинӣ ва забони қазоқӣ иншо карда, соҳиби ҷоизаҳои давлатӣ шудаанд.

Тоҷикистон ва хати ниёкон

Дар Тоҷикистон ҳам мавзӯи бозгашт ба хати ниёкон бахусус дар солҳои 1980-ум зиёд матраҳ ва баррасӣ шудааст. Рӯшанфикрону фаъолони миллӣ хати кириллиро монеи рушди забон ва сабаби аз осори аслии ниёкон бебаҳра мондани насли Шӯравӣ меномиданд.

Айни замон, бархе забоншиносон мегуфтанд, ки гузариш ба хати форсӣ метавонад ба ҷараёни саводомӯзии насли нав латма занад. Бо инки ҳукумати Тоҷикистон ҳеч гоҳ ба мавзӯи ислоҳи эҳтимолии ҳуруфи тоҷикӣ рӯ наовардааст, баҳсу баррасиҳо дар ин замина ҳамеша вуҷуд дошт ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври густарда идома дорад.

XS
SM
MD
LG