Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

8 тӯби “Хуҷанд” ба дарвозаи “Жетису”


Хурсандии "Хуҷанд" аз голи навбатӣ
Хурсандии "Хуҷанд" аз голи навбатӣ

“Хуҷанд”-и Хуҷанд дар Ҷоми “Баҳористон” дар Қайроққум ҳайати ҷавонони “Жетису”-и Қазоқистонро бо ҳисоби бузурги 8-1 шикаст дод.

Мусобиқаи футбол барои Ҷоми Ҷамъияти саҳҳоми пӯшидаи “Осоишгоҳи Баҳористон» бо ширкати шаш даста - «Истиқлол» (Душанбе), «Хайр» (Ваҳдат), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Эсхата» (Хуҷанд), мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) ва ҳайати ҷавонони «Жетису» (Талдиқӯрғон, Қазоқистон), ки ба мавсими нави футбол омодагӣ мебинанд, дар шаҳри Қайроққум идома дорад.

Бозиҳои даври панҷуми мусобиқа, ки пешакӣ - рӯзи 18-уми январ - баргузор шуданд, бо чунин натиҷаҳо хотима ёфтанд:

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) – «Истиқлол» - 1-1

«Жетису» – «Хуҷанд» - 1-8

«Эсхата» – «Хайр» -1-2

Баъди натиҷагирии бозиҳои се даври мусобиқа “Хайр” бо 6 имтиёз пешсаф аст. “Хуҷанд”, “Истиқлол” ва мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) 5-имтиёзӣ доранд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо “Хуҷанд” (10-3) дар ҷойи дувум, “Истиқлол” (6-3) дар ҷойи севум ва мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (5-3) дар ҷойи чорум мебошанд. “Эсхата” бо 3 имтиёз (7-8) дар ҷойи панҷум қарор дорад. “Жетису” (3-18) бидуни имтиёз дар ҷойи охирин – шашум - мебошад.

Ҷоми «Баҳористон». Натоиҷи бозиҳои даври 5-ум:

«ЖЕТИСУ-2» – «ХУҶАНД» – 1:8

Голҳо: Аҳтам Ҳамроқулов, 17 (0:1). Еркебулан Мӯсобеков, 26 (1:1). Аҳтам Ҳамроқулов, 27 (1:2). Фирӯз Бобиев, 29 – аз пеналтӣ (1:3). Иброҳим Рабимов, 80 (1:4). Дилшод Бозоров, 73 (1:5). Аҳтам Ҳамроқулов, 75 (1:6). Комрони Мирзохон, 86 (1:7). Фирӯз Бобиев, 90+2 – аз пеналтӣ (1:8).

«ЭСХАТА» – «ХАЙР» – 1:2

Голҳо: Абдумалик Шодиев, 4 (1:0). Мирзобек Мирзоев, 22 (1:1). Шодибек Ғаффоров, 82 (1:2).

МУНТАХАБИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН (U-19) – «ИСТИҚЛОЛ» – 1:1

Голҳо: Мануэл Бледа Родригес, 42 (0:1). Отабек Каримов, 88 (1:1).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

  1. «Хайр» (Ваҳдат) - 6 имтиёз, таносуби тӯбҳо - 8-4
  2. «Хуҷанд» (Хуҷанд) - 5 имтиёз, таносуби тӯбҳо - 10-3
  3. «Истиқлол» (Душанбе) – 5 имтиёз, таносуби тӯбҳо - 6-3
  4. Мунтахаби ҷавонон (U-19) – 5 имтиёз, таносуби тӯбҳо - 5-3
  5. «Эсхата» (Хуҷанд) - 3 имтиёз, таносуби тӯбҳо - 7-8
  6. «Жетису-2» (Қазоқистон) - 0 имтиёз, таносуби тӯбҳо - 3-18

Бозиҳои боқимонда:

Даври 3-юм

20-уми январ (сешанбе)

10.00 – «Жетису» – Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19)

12.00 – «Хуҷанд» – «Хайр»

15.00 – «Эсхата» – «Истиқлол»

Даври 4-ум

23-юми январ (ҷумъа)

10.00 – «Хайр» – Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19)

12.00 – «Истиқлол» – «Жетису»

15.00 – «Хуҷанд» – «Эсхата»

XS
SM
MD
LG