Дар чанд ҷумла
Ҷустуҷӯи байнулмилалии як зодаи Тоҷикистон бо талаби Русия
"Интерпол" ё пулиси байнулмилалӣ Фарҳод Шарипов, як зодаи Тоҷикистонро меҷӯяд.
Боздошти ӯро мақомоти Русия дархост кардаанд.
Дар торнамои расмии "Интерпол" навиштанд, ки Фарҳод Шарипов 28-сола (17-уми июли соли 1995) аст ва ба "маҷбур кардан ба амалҳои шаҳвонӣ" (бо "шантаж" тавассути Интернет) муттаҳам аст.
Ин иттилоъ дар аввали моҳи июни имсол нашр шуд. Тафсилоти қазия ва мавқеи ҷавони гумонзад ё наздиконаш дастрас нест.
Пулиси байнулмилалӣ чандин шаҳрванди Тоҷикистонро бо дархости Маскаву Душанбе дар саросари ҷаҳон меҷӯяд.
Ду сол пеш мақомот дар Душанбе теъдоди онҳоро беш аз се ҳазор нафар гуфта буданд. Дар саҳифаи расмии “Интерпол” аксу маълумоти чиҳил нафари онҳо ҷой дода шудааст. Аксаран ба терроризму қочоқи маводи мухаддир ва куштор гумонзад ҳастанд.
Баъзе аз созмонҳои байнулмилалӣ дар гузашта Интерполро танқид карда буданд, ки бо дархости кишварҳое ба мисли Тоҷикистон, намояндагони мухолифон ва мунтақидонро ҷустуҷӯ ва боздошт мекунад.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Амрико тарҳи таҳрим алайҳи шарикони тиҷоратии Русияро баррасӣ дорад
Намояндагони Ҳизби ҷумҳурихоҳи Амрико тарҳи қонунеро баррасӣ доранд, ки таҳрим алайҳи шарикони тиҷоратии Русияро пешбинӣ мекунад.
Дар ин бора президент Доналд Трамп хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, кадом кишваре, ки бо Русия додугирифти молӣ мекунад, ба таҳримҳои сахт рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
Раисҷумҳури Амрико илова кард, ки Эрон низ метавонад ба ин рӯйхат ворид шавад.
Бар асоси ин санад, кишварҳое, ки аз Русия нафту газ мехаранд ва ҳамчунин ширкатҳое, ки бо бахши энергетикии Русия кор мекунанд, таҳрим хоҳанд шуд.
Дар охири моҳи октябр ИМА ду ширкати калони нафти Русия “Роснефт” ва “Лукойл”-ро ба рӯйхати сиёҳ ворид кард.
Ин аввалин маҳдудияти Амрико алайҳи Русия баъди бозгашти Доналд Трамп ба қудрат буд.
Абдуҷаббор Раҳмонзода аз мақомаш барканор шуд
Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири Тоҷикистон дар Узбекистон аз мақомаш барканор шудааст.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 18-уми ноябр хабар дод, ки бо фармони президент Эмомалӣ Раҳмон, сафири Тоҷикистон дар Узбекистон аз вазифа барканор шудааст. Сабаби ин барканорӣ "гузашта ба кори дигар" гуфта шудааст. Маълум нест, ки Раҳмонзода дар кадом вазифа ба фаъолияташ идома медиҳад.
Ҳамзамон тайи фармони дигар, Исматулло Насреддин ба ҷойи Абдуҷаббор Раҳмонзода сафири Тоҷикистон дар Узбекистон таъйин шудааст. Ба ҷой Исматулло Насреддин сафири пешини Тоҷикистон дар Амрико Фаррух Ҳамрализода муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъйин шудааст.
Абдуҷаббор Раҳмонзодаи 66-сола, ки бо тасмиму изҳороти баҳсбарангезаш машҳур аст, дар моҳи майи соли 2021 сафири Тоҷикистон дар Узбекистон таъин шуда буд.
Пеш аз ин, аз соли 2014 то таъйин шудан дар мақоми сафири Тоҷикистон дар Узбекистон, Абдуҷаббор Раҳмонзода ёвари раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа буд.
Вай аз он пеш дар мансабҳои раиси Кумитаи телевизиону радио, вазири маориф ва мудири Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон кор карда, ҳамеша бо тасмимҳои худ дар сархати расонаҳо қарор доштааст.
Аз ҷумла, ҳангоми раиси Кумитаи телевизион ва радио будан саводи кормандони эҷодиро зери суол бурда, ҳамаро аз як диктанти умумии забони тоҷикӣ гузаронд. Дар вазифаи вазири маориф ҳузури донишҷӯёну мактабиёнро ба дарс бо либоси исломӣ ва нимаурёни аврупоӣ ва истифода аз мошини шахсӣ ва телефонҳои мобилро манъ кард.
Дар ҳоле, ки худи Раҳмонзода пайваста аз паст рафтани саводи муҳассилон ва коста шудани интизоми талабагӣ интиқод кардааст, худи ӯро дар тундлаҳнӣ ва ҳам зиёдаравӣ интиқод мекарданд.
Яке аз пурбаҳстарин амалҳое, ки дар вазифаи ректори Донишгоҳи омӯзгории пойтахт кардааст, ин талаби ҳозир шудани духтарони донишҷӯ бо пошнаи баланд ба дарс ва пешниҳоди ҷорӣ кардани ҷарима барои донишҷӯёни дарсгурез буд.
Муҷозоти даҳҳо нафар барои сӯзондани барги дарахтон
Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, соли равон даҳҳо нафарро барои сӯзондани хазону барги дарахтон ҷазо додаанд.
Ин ниҳод дар иттилоияи расмӣ гуфтааст, давоми даҳ моҳи аввали соли равон барои сӯзондани хазон ва ба ин роҳ ифлос намудани муҳити зист, 2137 санадҳои маъмурӣ тартиб додаанд. Мақомот нагуфтаанд, ки сокинон барои оташ задани хазон чӣ қадар ҷарима шудаанд.
Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон барои дар ҷойҳои манъшуда сӯзондани партов ё хазон аз 375 то 750 сомонӣ ҷарима таъйин кардааст.
Мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯянд, дар вақти сӯзонидани хазонҳо "моддаҳои заҳрнок ҳосил гардида, ба муҳити атроф паҳн гардида, ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонад. Аз ҷумла, беморони роҳҳои нафас ва дилу рагҳо аз ин ҳолат ранҷ кашида, ҳолаташон метавонад бад гардад".
Қонун "Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера" сӯзонидани ҳама гуна партовҳо, аз ҷумла хазонро манъ кардааст, аммо бо фаро расидани тирамоҳ оташ задани барги дарахтон дида мешавад.
Оҷонсӣ аз таъмини гармӣ дар Душанбе норозигӣ кард
Оҷонси назорат дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон мегӯяд, таъмини хонаҳои сокинон бо гармӣ дар шаҳри Душанбе ба қадри зарурӣ нест.
Ин ниҳод дар хабарномае навишт, дар аксар маҳаллаҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури Душанбе "меъёрҳои муқарраршудаи гармӣ риоя намегардад".
Ба гуфтаи мутахассисони Оҷонсӣ, гармӣ дар шабака ва дохили биноҳои баландошёна то 55 дараҷа баробар буд. Дар ҳоле, ки мувофиқи талабот, ҳарорат бояд 75 дараҷа бошад.
Дар хабарнома омадааст, паст будани таъминоти гармӣ боис шудааст, ки сокинон барои гарм кардани манзилашон аз барқ истифода баранд ва ин ҳолат боиси сарборӣ дар хатҳои барқ шудааст.
Оҷонси назорат дар соҳаи энергетика гуфтааст, барои рафъи мушкил ба масъулон супориш ва тавсияҳо додааст. Маълум нест, ки мақомот барои ҳалли мушкил чӣ чора меандешанд.
Мавсими гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе дар охири моҳи октябр шуруъ шуд, вале шикоятҳо аз набудани гармӣ дар манзилҳо зиёд аст. На танҳо ноҳияҳои Шоҳмансур ва Исмоили Сомонӣ, балки дар баъзе аз минтақаҳои ноҳияи Фирдавсӣ ҳам сокинон бо вуҷуди шартнома бо гармӣ таъмин нестанд.
“Ҳар вақте хостанд, барқ медиҳанд ё қатъ мекунанд”
“Кадом вақте хостанд, барқ медиҳанд ё хомӯш мекунанд. Ҳар шаб аҳвол ҳамин аст. Ё баҳона пеш меоранд, ки дастгоҳи тақсими барқ сӯхтааст.”
Ин нақли як сокини шаҳри Кӯлоб дар бораи маҳдудияти шадиди нерӯи барқ дар зодгоҳаш аст. Ҳоло, ба гуфтаи ӯ (нахост номаш фош шавад), вақти дақиқи омадани барқ маълум нест.
Чанд шаб боз дар Кӯлоб ва ноҳияҳои атрофи он барқ дар соати 21 хомӯш мешавад. Субҳи 11-уми ноябр аз тамоми маҳаллаҳои Кӯлоб шикоят расид, ки нерӯи барқ надоштанд.
Дар Шабакаҳои тақсими шаҳри Кӯлоб ин вазъро шарҳ надоданд. Баъзе аз сокинон талаб доранд, ки соатҳои таъмини нерӯи барқ муайян шаванд.
Дар Тоҷикистон расман мавсими “лимит” ё маҳдудияти барқ эълон нашудааст, вале дар тамоми гшаҳои кишвар мардум аз моҳи сентябр ба ин сӯ барқи кам мегиранд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Падаре, ки писарашро ба мошин баста буд, 25 сол гирифт
Хабаргузории "Азия-Плюс" бо такя ба манобеаш, аз ҷумла дар Додгоҳи олии Тоҷикистон, гузориш дод, ки сокини шаҳри Турсунзода Парвиз Одинаев дар пайванд ба шиканҷа ва марги писараш, Хусрав Одинаев, ба 25 сол зиндон маҳкум шуд.
Мақомот дар ин бора расман иттилоъ надодаанд.
Як манбаи "Азия-Плюс" 17-уми ноябр гуфтааст, ҳукм шаш рӯз қабл содир шуд. Ба қавли ӯ, "додситон барои Одинаев 27 сол зиндон талаб кард, аммо додрас фарзандони ноболиғ доштани Одинаевро ба назар гирифта, ҳукмро ду сол поин овард".
Хусрав Одинаеви 15-сола дар моҳи июли имсол дар пайи шиканҷаи падараш ҷон бохт. Мақомот гуфтанд, Парвиз Одинаев ӯро ба дуздии пул гумонзад дониста, вале ба ҷойи муроҷиат ба мақомот худаш ба мошин баста, ҷазо додааст.
Ин ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки порлумони Тоҷикистон соле пеш падару модаронро вазифадор карда буд, дар тарбияи кӯдак аз зӯроварӣ, аз ҷумла ҷазои ҷисмонӣ истифода накунанд.
Соли 2024 дар Тоҷикистон нисбат ба ноболиғон 994 ҷиноят содир шудааст. Тибқи иттилои расмӣ, имсол хушунати зидди наврасон 30 дарсад афзуд.
Ба ҷуз марги Хусрав Одинаев, ҳадди ақал дар се ҳодисаи дигар, ки имсол расонаӣ гашт, падару модарон фарзандони худро ба об партофта ё бо корд захмӣ кардаанд. Яке аз ин волидон дар вилояти Хатлон ба 28 сол зиндон маҳкум шуд.
Дар ҳамлаи Русия ба Харков се кас кушта шудааст
Дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии артиши Русия ба Украина дастикам се кас дар вилояти Харков кушта шудаанд.
Дар ин бора мақомоти маҳаллии вилоят хабар доданд.
Ин ҳамлаҳо дар остонаи сафари навбатии Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина ба кишварҳои аврупоӣ сурат гирифт.
Хадамоти ҳолатҳои фавқулодаи Украина рӯзи 17-уми ноябр хабар дод, ки дар Харков 3 кас кушта ва 13 нафари дигар маҷруҳ шуданд. Се нафар аз захмиён кӯдакон ҳастанд. Ҳамаи ин афрод сокинони шаҳри Балаклея буданд.
Артиши Русия дар оғози таҷовуз ба Украина дар моҳи феврали соли 2022 шаҳри Балаклеяро ишғол кард, аммо баъди чанд моҳ нерӯҳои Украина онро озод карданд.
Дар Амрико баъди ду аср истеҳсоли хурдтарин пули филизӣ ба поён расид
Дар ИМА таърихи беш аз дуасраи истеҳсоли тангаи яксентӣ ё пеннӣ расман ба поён расид. Дар маросиме, ки 12-уми ноябр дар корхонаи зарробии Филаделфия бо иштироки Брендон Бич, хазинадори ҳукумати Амрико барпо шуд, хабарнигорон тавлиди охирин тангаҳои амрикоиро дар таърихи 232-солаи ин кишвар шоҳид шуданд.
Моҳи феврали имсол президент Доналд Трамп ба Идораи хазинадорӣ амр дод, ки истеҳсоли ба гуфтаи ӯ “пурхарҷи” пенниҳоро хотима диҳанд. Дар пайи ин истифодабарандагони фаъоли пулҳои оҳанӣ – истгоҳҳои фурӯши сӯзишворӣ, автоматҳои ширинию хӯрокҳои зудпаз маҷбур дар пайи иваз кардани шеваи хадамот шуданд.
Мақомоти амрикоӣ ҳисоб кардаанд, ки харҷи истеҳсоли як пеннӣ дар даҳ соли охир аз 1,42 то 3,69 сент афзоиш ёфта, зиёновар шудааст.
Брендон Бич, хазинадори ҳукумати ИМА гуфт,“танҳо аз ҳисоби қатъи истеҳсоли пеннӣ соле андоздиҳандаҳои амрикоӣ 56 миллион долларро сарфа хоҳанд кард”.
Ӯ гуфт, ки ҳоло пеннӣ бо арзиши 300 миллиард доллар дар гардиш мебошад ва баъди қатъи истеҳсоли он ҳам, истифодааш дар дасти мардум идома хоҳад кард.
“Бо назардошти навшавии босуръати ҳамёни амрикоиҳо ва хазинадорӣ президент Трамп ба ин андешаанд, ки идомаи истеҳсоли пеннӣ барои ҷомеаи Амрико дигар як амри зарурии молӣ намебошад”, - афзуд Хазинадори ҳукумати ИМА.
Ҳукумати Амрико пенниро соли 1793 ҷорӣ намуда, аз соли 1909 дар рӯи он акси президент Абраҳам Линколнро сикка заданд. Барои сохтани ин тангаҳои хурд руҳ ва мис ба кор меравад.
Дар Тоҷикистон дирамҳо дар нақлиёт ба кор мераванд
Таҷрибаи дасткашӣ аз истеҳсоли тангаҳои хурдро дар давлатҳои дигари мисли Канада, Австралия, Ирландия, Зеландияи Нав ҳам роҳандозӣ кардаанд. Дар кишвари аврупоии Чехия соли 2008, баъди истифодаи 15-солаи хурдтарин сикаҳои металлии 10, 20 ва 50-ҳеллерӣ аз истифодаи он даст кашиданд. Вале дар муомилаҳои бонкӣ ин арзиш ҳифз шуда, масалан, агар маҳсулот 30 крону 50 ҳеллер нарх дорад, бо корти бонкӣ ҳамин пул ва бо пули нақд аз муштарӣ 31 крон гирифта мешавад. Агар нархи маҳсулот 30 крону 40 ҳеллер буд, пас бо пули нақд нархи он то 30 крон яклухт карда мешавад.
Дар Тоҷикистон 25 сол пеш пули миллии сомонӣ ва ҳамроҳ бо он сиккаҳои 1, 2, 5, 20 ва 50-дирамӣ чун нишондоди хурдтарини пули нақд ба гардиш дароварда шуданд. Барои истеҳсоли дирамҳои тоҷикӣ аз пӯлоду мису латун истифода мекунанд, мегӯяд Бонки миллӣ. Соли 2011 намунаҳои тангаҳои филизии Тоҷикистон нав шуданд.
Ҳамарӯза барои истифодаи нақлиёти мусофирбари мисли автобусу троллейбус ва микроавтобусҳо сокинони Тоҷикистон аз ҳамин тангаҳои хурд истифода мекунанд.
Сарвазири пешини Бангладеш дар ғайбаш ба эъдом маҳкум шуд
Шайх Ҳасина, нахуствазири пешини Бангладеш, ки моҳи декабри соли 2024 дар пайи эътирозҳои оммавӣ аз қудрат рафта буд, дар ғайбаш ба эъдом маҳкум гардид.
Як додгоҳи Бангладеш 17-уми октябр Шайх Ҳасинаро ба "ҷиноят алайҳи башарият" ва саркӯби маргбори норозиён гунаҳкор кард.
Ба гузориши хабаргузории "Франс Пресс", баъд аз эълони ҳукм ҳозирон дар толори додгоҳ хурсандӣ карданд.
Худи Шайх Ҳасина, ки ба Ҳинд фирор кардааст, аз ширкат дар мурофиаҳои додгоҳӣ худдорӣ кард ва ин додгоҳро супоришӣ хонд.
Шайх Ҳасинаи 77-сола дар пайи эътирозҳои густурда 5-уми августи соли гузашта истеъфо дода, аз Бангладеш фирор кард. Ҳасина 15 соли ахир нахуствазири Бангладеш буд.
Трамп аз эҳтимоли гуфтугӯ бо Мадуро хабар дод
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико аз эҳтимоли гуфтугӯ бо Николас Мадуро, президенти Венесуэла хабар дод.
Раисҷумҳури Амрико рӯзи 16-уми ноябр ба хабарнигорон гуфт, “мумкин аст, гуфтугӯҳое бо Модуро дошта бошем, бояд бинем чӣ мешавад. Онҳо мехоҳанд суҳбат кунанд”.
Трамп бидуни шарҳи ҷузъиёти бештар танҳо илова кард, ки “Венесуэла мехоҳад гуфтугӯ кунад. Маънояш чист? Шумо бигӯед... ман бо ҳар касе суҳбат мекунам”.
Таниш миёни Амрико ва Венесуэла дар моҳҳои охир бештар шудааст.
Артиши Украина гуфт, ба корхонаи коркарди нафт дар Самара зарба зад
Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Украина гуфт, ки низомиёни ин кишвар ба як корхонаи коркарди нафт дар вилояти Самараи Русия зарба задаанд.
Ба иттилои манбаъ, ин корхона артиши Русияро бо сӯзишворӣ таъмин мекунад.
Вячеслав Федоришичев, волии Самара, ҳамларо тасдиқ кард, аммо хабар дод, ки онро "хунсо кардаанд" ва "талафоте нест".
Нерӯҳои мусаллаҳи Украина ҳамчунин гузориш доданд, ки як анбори ҳавопаймоҳои бесарнишин ва ҷойи нигоҳдории сӯзишвориро дар қаламрави зери назорати Русия дар вилояти Донетск хароб карданд.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Волгоград дар Русия дар хабарномае гуфтанд, ки шаби 15 ба 16-уми ноябр ҳавопаймоҳои бесарнишини украинӣ дар ноҳияҳои Дзержинский ва Тракторозаводский ба биноҳои истиқоматӣ зарар расонидаанд. Се кас маҷруҳ шудааст.
Вазорати дифои Русия гуфт, нерӯҳои дифои ҳавоии ин кишвар шаби гузашта дар фазои Волгоград 17 ва дар вилояти Самара 23 ҳавопаймои бесарнишини Украинаро раҳгирӣ карданд. Ба иттилои вазорат, дар умум 57 ҳавопаймои бесарнишин нобуд карда шудаанд.
Тасдиқи иддаои ҷонибҳои даргир феълан ғайриимкон аст.
Муҳлати нав барои паноҳандагоне, ки дар Бритониё иқомати доимӣ мехоҳанд
Бритониё эълон кард, ки давраи интизории паноҳандагонро барои гирифтани иқомати доимӣ дар ин кишвар ба таври чашмгир афзоиш медиҳад.
Тарҳ шоми 15-уми ноябр муаррифӣ шуд.
Бар асоси он, касоне, ки ба таври ғайриқонунӣ вориди Бритониё шуда, сипас паноҳандагӣ мегиранд, бояд 20 сол сабр кунанд, то битавонанд барои иқомати доимӣ дархост диҳанд. Ин муҳлат дар ҳоли ҳозир ба панҷ сол баробар аст.
Барои онҳое, ки аз роҳҳои қонунӣ вориди Бритониё мешаванд, низ муҳлати интизорӣ барои гирифтани иқомати доимӣ то даҳ сол боло бурда мешавад.
Вазорати умури дохилии Бритониё ин барномаро "ислоҳоти бузургтарин дар сиёсати паноҳандагӣ" номид ва гуфт, ҳадафи он коҳиши вуруди ғайриқонунии муҳоҷирон ва осон кардани ихроҷи ин гуна афрод аст.
Тибқи қоидаҳои ҳозира, шахсоне, ки дар Бритониё мақоми гуреза доранд, то 5 сол ҳимоят мешаванд. Вазорати корҳои дохилии Бритониё гуфт, ин давра низ ба дуним сол поин оварда мешавад ва бозгашти шахсоне, ки кишварашон "амн" ҳисобида мешавад, иҷборӣ хоҳад гашт.
Бар асоси тарҳи нав, масъулияти давлат барои таъмини паноҳандагон бо хона ва ироаи кумакҳои молӣ дар Бритониё, ки аз соли 2005 ба ин сӯ ҷорист, лағв карда мешавад.
Муҷозоти як сокини Исфара барои фурӯхтани адабиёти динӣ
Додгоҳи Исфара (вилояти Суғд) як сокини ин шаҳрро бо гуноҳи фурӯхтани адабиёти динии бидуни иҷоза зиёда аз 4 ҳазор сомонӣ, муодили беш аз чорсад доллар, ҷарима бастааст. Хулосаи қарори додгоҳ рӯзи 10-уми ноябр нашр шуд.
Мақомот аз ӯ ном нагирифта, гуфтаанд, дар бозори марказии Исфара ба савдои адабиёте машғул буд, ки “фурӯш ва паҳн карданаш бе ҳуҷҷати расмии диншиносӣ манъ аст.”
Мавқеи ин сокини Исфара маълум нест ва ҳам номгӯйи адабиёт нашр нашудааст.
Шерзод Аслиддинзода, муовини раиси Додгоҳи Исфара, дар хулосаи қарор гуфтааст, ҳафт китоб мусодира ва барои нигоҳдорӣ ба Кумитаи дин фиристода шуд: "Вақте адабиёти динӣ бе санҷиш... паҳн мешавад, ин эҳтимол дорад, ки ҳамвора хатарҳои идеологӣ ва экстремистӣ дар байни ҷомеа ҷой мегиранд."
Мақомоти Тоҷикистон соли 2009 ва пас аз қабули қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ, воридот ва нашру паҳни адабиёти диниро зери назорат гирифтаанд. Аз он сол ба баъд бе иҷозаи мақомот ворид кардан, чоп ё фурӯхтани адабиёти динӣ бидуни санҷиш ва иҷозаи расмӣ манъ аст.
Мақомот ин корро барои пешгирӣ аз паҳн шудани адабиёти ифротӣ дуруст медонанд, аммо баъзе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар онро ҳамчун бахше аз маҳдудиятҳои озодии бунёдӣ танқид мекунанд.
Путин ва Нетаняҳу дар бораи вазъ дар Ховари Миёна суҳбат кардаанд
Хабаргузории "Рейтерс" ба нақл аз Кремлин навишт, ки президенти Русия Владимир Путин бо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу гап задааст. Ин суҳбат рӯзи 15-уми ноябр телефонӣ анҷом шуд.
Дар баёнияи Кремлин омадааст, ки ду ҷониб дар бораи вазъияти Ховари Миёна, аз ҷумла таҳаввулот дар Ғазза, Сурия ва барномаи ҳастаии Эрон гуфтугӯ карданд. Тафсилот дода нашудааст.
Ба гузориши "Таймз Исроил", дафтари Нетаняҳу низ танҳо бо ишора ба суҳбати ду тараф дар бораи "масоили минтақаӣ" иктифо кард.
Гуфтугӯи раҳбарони Русия ва Исроил се рӯз баъди он сурат гирифт, ки Эрон ба бозрасони Созмони байнулмилалии энержии атомӣ иҷоза надод, то ба таъсисоти ҳастаияш, ки Исроил ва Амрико бомбборон кардаанд, дастрасӣ пайдо кунанд.
Трамп аз Би-би-сӣ то $5 млрд товон мехоҳад
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико эълон кардааст, ки барои ҳифзи обрӯи худ ва талаби товон то панҷ миллиард доллар аз Би-би-сӣ, иқдоми қонунӣ мекунад.
Раисҷумҳури Амрико шаби гузашта ба хабарнигорон гуфт, "мо аз онҳо байни як то панҷ миллиард доллар товон талаб хоҳем кард. Эҳтимолан ҳафтаи оянда. Мо маҷбурем ин корро анҷом диҳем".
Ин изҳорот пас аз он матраҳ шуд, ки Би-би-сӣ аз раисҷумҳури Амрико Трамп бахшиш пурсид, аммо дархости ӯ барои пардохти товони як миллиард долларро напазируфт.
Би-би-сӣ муттаҳам аст, ки суханронии 6-уми январи соли 2021-и Трампро ба тавре нашр кардааст, ки нишон диҳад ӯ мардумро мустақиман ба хушунат фаро хондааст.
Би-би-сӣ дар ин маврид иштибоҳи худро пазируфта ва ба ҳамин далел, мудири умумии ин расонаи давлатии Бритониё ва мудири бахши хабари он истеъфо доданд.
Пеш аз ин вакилони дифои Трамп то рӯзи ҷумъа ба Би-би-сӣ фурсат дода буданд, ки расман узрхоҳӣ кунад ва товони муносиб бипардозад.
Бо ин ҳол, Би-би-сӣ танҳо узрхоҳии расмӣ карда, дархости Трамп барои пардохти товони якмиллиарддоллариро қабул накардааст.