Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гулзот - Стив Ҷобси баҳсбарангези Қирғизистон?


Гулзот Мамытбек
Гулзот Мамытбек

Гулзот Мамытбек, модари се фарзанд ва духтари пурэнержии қирғиз бо суханрониҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ шӯру ғавғоеро бармеангезад. Баъзе ӯро илҳомбахш, баъзе "девона" мешуморанд.

Ӯ дар як суханронӣ мегӯяд, дар оянда ба қавле маркази курраи Замин Қирғизистон хоҳад буд. Хабарнигори Радиои Озодӣ Зафар Абдуллоев, бо Гулзот Маматбек сӯҳбат кард.

Радиои Озодӣ: Шумо дарк мекунед, ки муроҷиатҳои оммавӣ ва баёнияҳои шумо ниҳоят ғайриоддӣ” аст. Дар натиҷа дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи шумо назарҳои тундравона ва нохушоянд мегузоранд

Гулзот Мамытбек: Аввал, ман ин гуна шарҳҳоро намехонам, одат дорам ҳеҷ гуна шарҳҳоро нахонам. “мехоҳам гунг бимонам”. Истилоҳи “ғайри маъмулӣ”? ки шумо истифода кардем, ҷанбаи манфӣ дорад,. Вақте, ки ман суҳбат мекунам, аз баёнияе, ки касеро таҳқир мекунад, худдорӣ мекунам. Ман танҳо мусбат суҳбат мекунам.

Радиои Озодӣ: Ман мушоҳида кардам, ки шумо ба мусбатгароӣ даъват мекунед, сухани баде намегӯед. Бо вуҷуди ин, нисбати шумо вокунишҳои манфӣ эҳсос мешавад. Ба назари шумо, чаро миёни шумо ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ чунин иттифоқ меафтад.

Гулзот Мамытбек: “Cуоли хуб, инсонҳо дар амвоҷи мухталиф қарор доранд. Мавҷи аз ҳама поин андӯҳ аст. Як каме болотар тарс, аз он болотар ғазаб, пас аз он ғамгинӣ ва дар болотарин хушнудӣ воқеъ аст. Мавҷи аз ҳама боло, ки ҳоло ман қарор дорам, ин мавҷи ташаббускорӣ аст. Ман худро хуб эҳсос мекунам, хушбахтам, ин эҳсосотро на машруб ва на маводи мухаддир дода метавонад. Одамоне, ки дар мавҷҳои поин қарор доранд, аз ин вазъияти ман хушашон намеояд ва аз ин лиҳоз ҳар гуна чизҳои бад менависанд. Ман ҳамаи инро медонам ва ба худ мегӯям, бигузор чизе ҳаст, ҳамин тавр боқӣ бимонад ва ба пеш ҳаракат мекунам.“

Иттиҳоми истеъмоли маводи мухаддир

Радиои Озодӣ: Воқеан дар бораи маводи мухаддир дар шарҳҳо дар иртибот ба клипҳои шумо, бисёриҳо менависанд, ки Гулзат “муътод аст”. Шумо маводи мухаддир истеъмол мекунед? Эътироф кунед.

Гулзат Мамытбек: “Бале, зиёд менависанд, (механдад) вале Худо нигаҳ дорад, ман ҳеҷ гоҳ маводи мухаддир истеъмол накардам ва ин маводро аз наздик надидам.”

Радиои Озодӣ: Дар як нишасти хабарӣ, шумо изҳор доштед, ки дар Қирғизистон ҳама чиз мешавад. Қирғизистон маркази илм мешвад ва аз қабили инҳо?

Гулзот Мамытбек: Ҳарфи охирро Қирғизистон хоҳад зад!

Ман одами ҳушёр нестам

Гулзот Маматбек
Гулзот Маматбек

Радиои Озодӣ: Бале, ин суханронии Остап Бендер дар бораи “Васюка”- ро мемонад. Дар инҷо маркази байналмилалии шатранҷбозӣ месозанд, бузургтарин фурудгоҳ инҷо мешавад ва дар умум “дили ҷаҳон ба тадриҷ ба Ню Васюка мекучад. Шумо аз ин филм илҳоме гирифтаед. Аз куҷо ба сари шумо ин фикр омад, ки маркази ҷаҳон ба тадриҷ ба Қирғизистон мекӯчад?

Гулзот Мамытбек: Стив Ҷобси бузург, муассиси Аппл гуфтааст, ки “фақат девонаҳо бовар доранд, ки ин дунёро тағйир медиҳанд ва барои ҳамин онро тағйир медиҳанд. Бале ман девонаам. Девонае ба мисли Стив, Маҳатма Гандӣ, Жанна Даарк ва мисли малика Қурмонжони мо. Бале дар ин замина ман як инсони беақлам, чунки мардумони боақл аз берун омадан аз “пӯсти” худ метарсанд, аз ифшои орзуҳояшон метарсанд, шанбеву якшанбе бекор мехобанд. Вале ман девонаам, рӯзҳои истироҳат низ кор мекунам. Баъзан рӯзҳои ҳафта аз ёдам мераванд, ҳамеша ба пеш ҳаракат мекунам. Ман медонам, ки Қирғизистон, кишвари нобиғаҳост, ҷанговарон, пешвоён, муборизони адолат аст. Моро кӯҳҳо иҳота кардаанд, ки рамзи далерии қирғизҳо, родмардӣ ва номус аст.”

Ман медонам, ки дар технология ҳарфи ниҳоиро қирғизҳо хоҳанд гуфт.

Ман медонам, ки фарҳанг, ҳарфи ниҳоиро қирғизҳо хоҳанд гуфт.

Ман медонам, ки дар тиб ҳарфи ниҳоиро қирғизҳо хоҳанд гуфт.

Чунки миллати ман фавқуллода тавоно аст. Ман ҳоло ба кишварам илҳом мебахшам ва кишвари ман тамоми саёраро илҳом мебахшад. Барои ҳамин мо бояд ба мавҷҳои болотар бароем. “

Радиои Озодӣ: Шиорҳои шумо бештар ба шиорҳои сиёсӣ монанд аст. Мабодо, ҳадафи вакил шудану таъсиси ҳизбро надоред?

Гулзот Мамытбек: “Ҳизби ман кишвари ман аст. Ҳизби ман тамоми саёра аст. Ман қирғизҳоро бисёр дӯст медорам, вале ба он маънӣ нест, ки миллатҳои дигарро паст мезанам. Ман тоҷиконро ҳам дӯст медорам. Узбекҳоро мепарастам, чун дар байни онҳо бузург шудаам. Қазоқҳо азизони ман ҳастанд, чун кӯдаконро дар Қазоқистон ба дунё овардаам, як духтарамро дар Остона, дигариро дар Қарағанда. Ман русҳоро беинтиҳо дӯст медорам ва ҳурмат мекунам. Барои ман ҳар миллат ва ҳар инсони рӯи замин муҳим аст. Ман барои ҳамаи онҳо мубориза мебарам барои муваффақияту барои дониш ва барои хушбахтии ҳар инсон дар курраи Замин. Барои ин ба ман бародарони қирғизам кӯмак мекунанд. Ба сиёсат намеравам, чун онро аслан дӯст намедорам.”

Гулзот - Стив Ҷобси баҳсбарангези Қирғизистон?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:00 0:00

Саидмурод Давлатови тоҷик ҳидоятгари ман аст

Радиои Озодӣ: Ба ғайр аз Стив Ҷобс, афроде, ки шумо ном бурдед, ба мисли Гандӣ, Жанна Дарк ва Қурмонжон ҳама дар ниҳоят ба сиёсат ворид шудаанд. Талош кардаанд, аз роҳи сиёсат ва кишвару ҷомеаи худро тағйир бидиҳанд.

Гулзот Мамытбек: “Пас ман фақат бо Стив Ҷобс мемонам”

Радиои Озодӣ: Шумо ба инсон эҳсоси мусбат ва боварӣ мебахшед. Агар махфӣ набошад, дар куҷо инро омӯхтед? Ба шумо дарсе додаанд, ё омӯзиш гирифтед?

Гулзот Мамытбек: “Ман тамоми умр меомӯзам ва ҳидоятгарони зиёде дорем. Инҳо Стив Ҷобс, Саидмурод Давлатов аз Тоҷикистон, як ҳамватани ман ва бародари ман аст. Яке дигар, Брайан Трейси, Шамил Аловуддинов, имоми масҷиди Маскав. Муҳимтаринашон Эл Рон Ҳаббард аст. Ва албатта Путин аст. Ин чоплусӣ нест, ман ӯро воқеан эҳтиром мекунам. Дар сиёсат шояд дар баъзе аз масоил хато кунад, вале намехоҳам инро бидонам ва сари он баҳс кунам. Ман дар инсонҳо фақат хубиро мебинам. “

Муроҷиат ба духтарон: Ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ гоҳ таслим нашавед

Радиои Озодӣ: Суоли охир. Мутаасифона омори расмӣ дар Тоҷикистон ва дар кишварҳои дигари минтақа нишон медиҳад, ки духтарону занони зиёде худкушӣ мекунанд. Бо сабабҳои гуногун, зӯроварӣ, нофаҳмӣ дар ҷомеа, маҳкум шудан дар маҳаллаву аул ва ғайра. Чӣ кор бояд кунанд, ки маънии зиндагиро гум накунанд ва умед барои идомаи зиндагӣ дошта бошанд. Чӣ кор бояд кард, ки пеши роҳи онҳо гирифта шавад?

Гулзот Мамытбек: "Ташаккур барои суол. Ду сол пеш худам чунин ҷол доштам, мехостам, бимирам. Худро гум кардам, ҳарчанд то он вақт тавоно, муваффақ, зебо ... будам. Дар ҷомеа, бахусуси ҷомеаи осиёӣ, тафаккури нодурусте боқӣ мондааст, ки “зан инсон не, балки ороише барои хона аст”.

Мардони меҳрубони мо. Биёед ин тафаккуру боварҳоро тағйир диҳем. Зан бояд соҳибмаърифат, пешрафта бошад ва бояд “ба кӯча барояд”. Зан дар ҳама чиз ва ҳамаҷо муваффақ мешавад. Ба ӯ таҷовуз накунед, маҷбур накунед, дар хона бишинад. Шумо монеи пешрафт шуда наметавонед, замона дигар шудааст. Ҳатто кӯдакон дигар ва закитар шудаанд. Онҳо аз модарони худ муносибати нав ва дониш мехоҳанд. Мехоҳам ба духтарон муроҷиат кунам.

Духтарони азиз, хоҳарони ман, таслим нашавед. Ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ гоҳ таслим нашавед. Мо метавонем, мардҳои худро дигар кунем. Фақат онҳоро паст назанед, ҷанҷол набардоред. Вақте зан бар сари мард, садо баланд мекунад, ӯ намешунавад. Биёед бигӯем, кӣ чӣ қадар онҳоро дӯст медорем. Суханони ранҷовари онҳо дар ҳузури мардум, дасте, ки боло мебардоранд, бисёр барои мо дарднок аст ва пеш аз ҳама дили моро маҷрӯҳ мекунад.

Биёед оромона бигӯем, ки мехоҳем, онҳоро дӯст дорем ва дар симои онҳо ҳомии худро мебинем ва муносибати дағал намегузорад, ки мо онҳоро аз самими қалб дӯст дорем. Ҳоло китобҳои зиёде дар бораи муносибатҳои дуруст дар хонавода аст. Ман ду сол пеш, аз ҳамсарам ҷудо шудам, агар он замон “забони шавҳари худро мефаҳмидам” ба инҷо намерасид. Ман ӯро раиси ҷумҳур мекардам. Ҳарчӣ ки набуд, ёд дошта бошед, мо занон қавӣ ва хирадманд ҳастем. Мо ба ҳама муроди худ мерасем."

XS
SM
MD
LG