Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот: "Модару бародар духтари хонаро барои таваллуди беникоҳ куштаанд"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар Қирғизистон як модару писареро боздошт кардаанд, ки ба гуфтаи мақомоти интизомӣ духтари хонаводаро барои таваллуди беникоҳ куштаанд.

Жениш Аширбаев, сухангӯи Раёсати умури дохилии шаҳри Ӯш гуфт, ҳодиса моҳи июн рух додааст ва модару бародар духтарро баста ва ба дарё андохтаанд. Ба қавли афсари қирғиз, онҳо хостаанд, духтарро барои «беҷогардӣ» ҷазо бидиҳанд.

«Марҳум дар моҳи май беникоҳ таваллуд карда, кӯдакро ба дигар кас додааст. Ҳангоми тафтиш маълум шуд, ки ӯ фарзандро қонунӣ ба каси дигар ба фарзандхонӣ додааст. Баъди таваллуд модару бародар намемондаанд, ки ӯ ба ҷое равад. Мегуфтанд, ки онҳоро беообру кардааст. Духтар мухолифат мекардааст. Онҳо баъдан пойҳои духтарро баста соати 12 шаб ба канал партофтанд.

Жениш Аширбоев
Жениш Аширбоев

Ба қавли Жениш Аширбаев, ҷасади духтарро 12 рӯз баъд дар рӯзи 2-уми аз дохили канал пайдо кардаанд. Ба қавли сухангӯи раёсати умури дохилӣ, модар зимни бозпурсӣ гуфтааст, ки духтараш бемории равонӣ дошт, вале тафтишот маълум кардааст, ки духтар ҳеҷ гуна бемории равонӣ надоштааст ва санаде ҳам бораи бемори равонӣ будани ӯ вуҷуд надорад.

Рафиқонаш гуфтаанд, ки духтари сиҳат буд ва дар мактаб ҳам бо баҳои аъло таҳсил кардааст. Худи хонавода ҳам аз назари молӣ таъмин будааст ва дар гузашта мушкилоте надоштааст. Духтар бе падар бузург шудааст. Ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ муяссар нашуд, бо хешовандони духтар тамос бигирад.

Ҳодисае, ки Қирғизистонро такон дод

Қатли духтар ба дасти модару бародар барои «беҷогардӣ» ва «беобрӯ» кардани хонавода дар ҷомеаи Қирғизистон баҳси зиёдеро барангехт. Гулқаақӣ Мамасалиева, намояндаи созмони ҳуқуқи башари «Интербилим», мегӯяд, қатли духтар ба дасти модару бародар нишондиҳандаи он аст, ки дар ҷомеаи Қирғизистон ҳанӯз афкори иртиҷоӣ боқӣ мондааст ва бо духтар ҳамчун бо «мол» муносибат мешавад.

Гулқаақӣ Масалиева
Гулқаақӣ Масалиева

«Ин ҳодиса нишон медиҳад, ки то кунун сарнавишти инсонро волидону хушовандон таъйин мекунанд. Дар мо то кунун қонунҳои хонавода аз қонун болотар аст. Мисли замони феодализм дар байни мардум ин ақида вуҷуд дорад, ки духтар моли ман аст, ҳар коре хоҳам, бо ӯ мекунам. Ин фарзанди ман аст, ҳарчӣ ки хостам бо ӯ мекунам» - мегӯяд, Гулқаақӣ Масалиева.

Ба қавли ӯ, барои роҳ надодан ба такрори чунин ҳодисаҳои мудҳиш, мақомоти милиса бояд аз наздик бо мардум ҳамкорӣ кунанду волоияти қонунро бифаҳмонанд. Мақомоти милиса мегӯянд, ки дар Қирғизистон ҳодисаи қатли духтар барои таваллуди беникоҳ ва «беобрӯ кардани хонавода» то кунун дида нашуда буд.

Дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон, таваллуди қабл аз никоҳи мусулмонӣ кори бисёр баде ба ҳисоб меравад. Дар чунин ҳол, муносибат ба духтар бисёр бад мешавад ва то ҳадде, ки баъзан волидон аз фарзанди худ рӯ мегардонанд ва ё ба таъбири мардумӣ «оқ» мекунанд. Барои фарзанди ӯ сифати бисёр бад ва манфӣ ба кор мебаранд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG