Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон: 52 нафар мехоҳад президент шавад. САДО


Дар Қирғизистон ҷараёни қабули аризаи номзадҳои интихоботи президентӣ ба анҷом расид. Комиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсиҳо исми 52 нафарро ба ҳайси афроди қобили рақобат тасдиқ кард.

Дар ҷаласаи рӯзи 7 августи ин комиссиюн, панҷ довталаби курсии президентӣ аз ҳақи рақобати сиёсӣ маҳрум шуданд. Ин нафарон натавонистанд дар мӯҳлати муқарраршуда хазинаи интихоботии худро таъсис диҳанд. Дар миёни онҳое, ки аз ин феҳраст берун шуданд, инчунин як фаъоли ҳуқуқи башар Роман Ремнев аст, ки ҳамагӣ 34 сол

Шореҳон мегӯянд, бо ин ки даҳҳо нафар барои санҷидани нирӯи худ дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ изҳори омодагӣ кардаанд, панҷ монеае вуҷуд дорад, ки метавонад барои ҳар як номзад чолишбарангез шавад.

дорад. Қонунҳои Қирғизистон ба афроди 35 то 70-сола ҳақи номзад шудан дар интихоботи президентиро фароҳам меорад. Бо айни чунин сабаб раҳбари кулли ширкати тиҷоратии "Империал Девелопмент" Қуттубек Бешбакови 32-сола ҳам аз феҳрасти довталабон берун карда шуд. Ду номзади дигар, аз ҷумла як нафақахӯр ва як раҳбари бунёди ҷамъиятии дастгирии сиёсати давлатҳои туркзабон аризаҳои худро бозпас гирифтанд.

То имрӯз танҳо як нафар – раҳбари ҳизби сиёсии “Оқ Шумқор” Темир Сариев расман ба ҳайси номзади президентӣ ба қайд гирифта шудааст. Сариев аллакай аз ҷониби Комиссиюни марказии интихоботҳои Қирғизистон соҳиби шаҳодатномаи номзадӣ шудааст.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:12 0:00
Линки мустақим

Сарнавишти Текебоев номаълум аст

Ҳанӯз маълум нест, ки сарнавишти раҳбари боздоштшудаи ҳизби “Ота Макон” Омурбек Текебоев чӣ хоҳад шуд. Ин сиёсатмадори муттаҳам дар порагирӣ мавриди муҳокимаи судӣ қарор дорад ва аз рӯи қонунҳои Қирғизистон танҳо афроди орӣ аз доғи судӣ метавонанд дар интихобот иштирок кунанд.

Нахуствазири собиқ Темир Сариев феълан танҳо номзади расмии интихоботӣ мебошад
Нахуствазири собиқ Темир Сариев феълан танҳо номзади расмии интихоботӣ мебошад

Шонси ӯ барои ширкат дар интихобот порбарҷост ва рӯзи 7 июл тарафдоронаш гуфтанд, ки ба фоидаи ӯ 58 ҳазор имзо ҷамъоварӣ кардаанд. Гуляим Ашакеева, шореҳи масоили Қирғизистон дар Радиои Озодӣ мегӯяд, тасмими аслӣ ва ниҳоӣ ба дӯши Комиссиюни интихоботҳост, ки ҳақ дорад номзади боздоштшударо ба рақобати интихоботӣ роҳ диҳад ё на. Маҳз ҳамин ниҳод метавонад тасмим гирад, ки дар шароити ҳабс ҳам Текебоевро ба ҷараёнҳои зарурии интихоботӣ, назири супурдани имтиҳони забони қирғизӣ роҳ дода шавад ё на.

Худи Текебоев ва тарафдоронаш боздошту иттиҳоми ӯро сиёсӣ ва бо ҳадафи ҷилавгирии ӯ аз ширкат дар интихобот унвон мекунанд.

Панҷ монеаи калидии номзадҳо

Шореҳон мегӯянд, бо ин ки даҳҳо нафар барои санҷидани нирӯи худ дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ изҳори омодагӣ кардаанд, панҷ монеае вуҷуд дорад, ки метавонад барои ҳар як номзад чолишбарангез шавад.

Дар навбати аввал – ҷамъоварии 30 ҳазор имзои тарафдорон, ки дурустии ҳар яки он ба таври ҷиддӣ санҷида мешавад. Ҳар номзад бояд барои ширкат дар интихобот 1 миллион соми қирғизӣ, муодили 22 ҳазор доллари амрикоӣ супорад. Ин талабот шояд барои номзадҳо аз ҳисоби афроди ғайриҳизбии назири нафақахӯрон монеаи ҷиддӣ шавад.

Донистани забони адабии қирғизӣ барои сиёсатмадорони ин кишвар ҳанӯз ҳам як чолиш боқӣ мемонад
Донистани забони адабии қирғизӣ барои сиёсатмадорони ин кишвар ҳанӯз ҳам як чолиш боқӣ мемонад

Вале яке аз сахттарин чолишҳо – супурдани тест ё имтиҳони забони қирғизӣ мешавад, ки аз рӯи як барномаи вижаи компютерии “қирғиз-тест” қабул карда мешавад. Ба қавли коршиносон, забони адабии қирғизӣ на танҳо барои русзабонҳо, балки барои номзадҳои қирғизтабор ҳам чандон соддаву осон нест, чунки доираи истифодаи ин забон дар 25 соли истиқлолияти Қирғизистон ҳам ҳанӯз васеъ ва ҳамаҷониба набудааст.

Набуди доғи судӣ ва надоштани шаҳрвандии кишвари дигар – талабони сахти дигари номзадҳои интихоботист. Ширкатдорони ҷараёнҳои сиёсии Қирғизистон доштани шаҳрвандии кишварҳои дуюмро, ки қонунҳои ин кишвар манъ мекунанд, ҳамчун василаи мубориза бо рақибони сиёсиашон истифода мекунанд.

Нафақахӯр, фаъоли ҷамъиятӣ ва омӯзгор ҳам мехоҳад президент шавад

Шореҳон мегӯянд, дар асл интихоботи кунунии президентии Қирғизистон аз назари таваҷҷӯҳи доираи васеи аъзои ҷомеа ҷолиб аст аст. Дар миёни номзадҳо дар қатори ширкатдорони суннатии ин ҷараёнҳо – сиёсатмадорону аъзои амалкунандаи ҳукумат, инчунин нафақахӯрон, занони фаъол, соҳибкорону омӯзгорон ҳам номнавис шудаанд.

Ҷеенбековро дар интихобот номзади президент Отамбоев меноманд
Ҷеенбековро дар интихобот номзади президент Отамбоев меноманд

Гуляим Ашакеева мегӯяд, ҳарчанд президент Алмосбек Отамбоев дигар ҳақи пешбарии номзадиашро надорад, аз ҳизби сотиал-демократии ӯ Сооронбай Ҷеенбеков – нахуствазири амалкунанда номзадиашро пешбарӣ кардааст. Рӯзи 8 июл номзади расмии интихоботӣ Темир Сариев дар сӯиистифода аз захираҳои маъмурӣ муттаҳам кард. Манзури ӯ ин аст, ки довталаби курсии президентӣ баъди додани ариза ва сабти ном шуданаш бояд аз мақоми давлатӣ биравад, вале Ҷеенбеков ҳанӯз ба ин иқдом розӣ нест.

Дар миёни номзадҳои дигари қобили таваҷҷӯҳ – бунёдгузори донишгоҳи амрикоиву қирғизии АУЦА Камила Шаршекеева мебошад. Ин зан гуфтааст, бисёр мехоҳад дар ҷомеа тағйирот ҷорӣ кунад ва барои пешрафти Қирғизистон саҳмгузор шавад.

Омурбек Бабанов, раиси ҳизби “Республика” ва яке аз сиёсатмадорони фаъоли кишвар иддао кардааст, ки беш аз 100 ҳазор имзои тарафдоронашро ҷамъ карда ба интихобот пурра омода шудааст.

Бо назардошти ин ҳама, шореҳон бовар доранд, ки интихоботи президентии Қирғизистон хеле гарму фаъол мегузарад ва эҳтимолан аз 2 давра иборат хоҳад шуд. Ҳатто дар сурати он ки аз имтиҳонҳои комиссиюни интихоботӣ на ҳамаи 52 нафар гузашта барои ширкат дар рақобатҳо роҳ дода мешаванд.

Шореҳи масоили қирғизӣ дар Радиои Озодӣ Гуляим Ашакеева
Шореҳи масоили қирғизӣ дар Радиои Озодӣ Гуляим Ашакеева

Гуляим Ашакеева мегӯяд, ин аввалин бор дар таърихи интихоботҳои Қирғизистон аст, ки ба унвонии Комиссиюни интихоботҳо аризаи 59 нафар хостори мақоми номзади интихоботӣ ворид мешавад. Ин ба он маъност, ки таваҷҷӯҳ ба интихобот хеле зиёд аст ва рақобат воқеан ҳам шадид мешавад.

Интихоботи президентии рӯзи 15 октябр нахустин интихобот дар шаш соли охир аст. Дар ин муддат Алмосбек Отамбоев Қирғизистонро раҳбарӣ карда, дигар ҳақи пешбарии номзадиашро надорад, вале аз пеш гуфтааст, ки аз фаъолиятҳои баъдии сиёсӣ даст кашиданӣ нест.

Бар асоси раъйпурсии ахир Қирғизистон як кишвари парлумонӣ эълон шудааст ва салоҳиятҳои президент камрангтар шудааст. Аммо тавре коршиносон мегӯянд, дар як кишвари шарқӣ ва бо таҷрибаи хеле ками сиёсӣ, ҳарфи раҳбари аввали кишвар ҳамоно муҳим боқӣ хоҳад монд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG