Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори орзумандони сафари ҳаҷ коҳиш ёфтааст


Ду соли ахир бо сабабҳои гуногун на ҳамаи зоирон тавонистаанд, ба Макка сафар кунанд. Мақомоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон мегӯянд, ки дар лаҳзаҳои ахир шаҳрвандон аз сафар ба Арабистони Саудӣ худдорӣ мекунанд ва фурсат барои таҳияи асноди шахси дигар намерасад.

Абдураҳим Насимови 59-сола, сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе қасд дошт ҳамроҳи хонумаш сафари ҳаҷ кунад ва ба ин хотир аз муддатҳо қабл дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон худро сабти ном кард, аммо аз сафар даст кашид: «Моҳе қабл писарам дар шаҳри Москав бо мошинаш дучори садама шуд. Дар чунин ҳолат тасмим гирифтем, ки пули барои ҳаҷ хазина кардаамонро барои таъмири мошинаш фиристем, зеро писарам рӯзгори хонаводаи моро мечархонад. Ҳамроҳи ҳамсарам хеле мехостем, муқаддасоти Исломро зиёрат кунем, аммо ин орзуро то ба солҳои дигар мегузорем».

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон рӯзи 24-июл дар нишасти хабарӣ гуфт, ки ба далели бӯҳрони иқтисодӣ ва молиявӣ шумори орзумандони ҳаҷ ҳамасола коҳиш меёбад.

Ба гуфтаи Сулаймон Давлатзода, раиси ин ниҳод соли 2018 Арабистони Саудӣ барои зоирини тоҷик ҳудуди 7,5 ҳазор саҳмия ҷудо карда буд. Аммо, дар ниҳоят танҳо ҳудуди 6,5 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон тавонистаанд дар маросими ҳаҷ иштирок кунанд. Вай афзуд: "Соли ҷорӣ низ Арабистони Саудӣ барои Тоҷикистон 7,5 ҳазор саҳмия дод, аммо имсол низ ҳамаи алоқамандон имкони сафар ба Арабистонро нахоҳанд пайдо кард. Зеро, яке маблағи фурӯши ҳосили кишоварзиро интизор аст ва дигаре ба умеди маблағи дигар. Баъд аз анҷоми ҳаҷ теъдоди дақиқи зоирон маълум хоҳад шуд".

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Сулаймон Давлатзода, дар гузашта навбат бузург буд ва хоҳишмандон то соли 2030 номнавис шуда буданд.

Соҳибназарон мегӯянд, коҳиши шумори орзумандони ҳаҷ ба навъе аз он низ сарчамша мегирад, ки солҳои охир мақомоти тоҷик маъракаи таблиғотиеро пеш мебаранд, ки бар пояи он ба ҷойи ҳаҷ зоирон бояд ба умури “ободонии маҳал, назири сохтмони роҳҳову пулҳо ва бемористону мактабҳо” маблағи пасандозии худро сарф кунанд. Аммо Меҳр Собириён, таҳлилгари иқтисодии тоҷик бар ин назар аст, ки сабаби коҳиши теъдоди зоирин асосан ба мушкилоти иқтисодӣ ва молиявии шаҳрвандон рабт дорад: “Анҷоми сафари ҳаҷ яке аз рукнҳои Ислом аст ва ҳар шаҳрванд орзуи чунин сафарро дорад. Ҳатто барои то 10 сол пеш номнавис мешаванд. Аммо дар ду соли ахир дар пайи бӯҳрони иқтисодӣ ва молӣ, аз ҷумла дар Русия, ки фарзандони бештаре аз зоирон дар он ҷо дар муҳоҷирати корӣ ҳастанд, имкони молӣ барои анҷоми чунин сафарро коҳиш дод. Фикр мекунам дар ин амр нақши мушкилоти молӣ бештар аст, на авомили сиёсиву динситезӣ”.

Сафари имсолаи зоирон аз Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ рӯзи 22-юми июл оғоз шуд ва нахустин гурӯҳи 160-нафарӣ дар ин рӯз аз пойтахти Тоҷикистон ба шаҳри Ҷидда парвоз карданд. 24 июл чунин як гурӯҳ аз шаҳри Хуҷанд низ озими Арабистони Саудӣ шуд.

Ҳаҷ яке аз фарзҳои шариати исломист. Аксари зоирон барои ин сафари муҳим тамоми умр пул ҷамъ карда, бархе дигар бо ёрии фарзандонашон ба ин орзуи худ мерасанд.

Харҷи ҳаҷи имсола 35 ҳазору 128 сомонӣ, муодили 3700 доллари амрикоӣ муайян шудааст. Ин нарх дар муқоиса ба соли гузашта тақрибан 1800 сомонӣ бештар аст. Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон дар нишасти хабарии имрӯз гуфт, ки сабаби болорафии нархи сафари ҳаҷ ба боло рафтани қурби асъор марбут аст ва гузашта аз ин ҷониби Тоҷикистон дар муқоиса бо кишварҳои дигари пасошӯравӣ барои зоирон шароити беҳтари сафар ба Арабистони Саъудиро пешниҳод мекунад.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG