Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарроф беқурб шуду доллар не


Касбе, ки 20 сол манбаи аслии даромади хонаводаи Бобохон Раҳимов буд, акнун бо тағйир дар қонунгузории Тоҷикистон ҷиноят дониста мешавад.

Бобохон Раҳимов, марди 43-солаи сокини Душанбе мисли ҳудудан 2000 саррофи дигар пас аз қарори Бонки миллӣ дари саррофхонаи худро баст. Бонки миллии Тоҷикистон пас аз боло рафтани қурби доллар дар баробари сомонӣ қарор кард то саррофиҳо баст шаванд ва сокинон танҳо дар бонкҳо асъори хориҷии худро иваз кунанд. Баста шудани саррофиҳоро дар оғози моҳи декбри соли 2015 Бобохон иқдоми дурандешона намедонад:

Бобохон Раҳимов мегӯяд, ки “дар шароити хеле нохуб мардумро бекор карданд. Агар гармӣ мешуд, мо ин қадар азоб намекашидем. Ба муҳоҷират мерафтем, ё ягон ҷо деҳқонӣ мекардем. Ҳоло бошад, дар ин зимистон коре пайдо карда намешавад. Розиам, ки кори ҷисмонӣ ҳам бошад, бикунам, вале кор нест. Дар мо ягон кор нест, ҳар ҷое меравӣ, натиҷа нест.”

То замоне, ки саррофхонаи Бобохон Раҳимов қонунан фаъолият мекард, ӯ дар таъмини 8 фарзандаш мушкил надошт. Барои хонаи иҷорааш ҳар моҳ 800 сомонӣ пардохт ва ҳатто барои соҳиби хонаи шахсӣ шудан маблағ захира мекард. Ҳоло давоми беш аз ду моҳи бекорӣ маблағҳои захираашро сарф мекунад ва намедонад, ки фардо ӯро чӣ интизор аст. Дар ҳоле, ки ашк гулӯгираш мекунад, мегӯяд, “мушкилотамро худам медонаму Худованд. Умед дорам, ки вазъ хубтар хоҳад шуд".

Пас аз баста шудани саррофиҳо, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар боло рафтани қурби асъор онҳоро муттаҳам медонист, дигаргунии мусбате рух надод. Баръакс, қурби асъор босуръат боло рафта, дар Тоҷикистон бозори сиёҳи табодули асъори хориҷӣ пайдо шуд.

Сарроф беқурб шуду доллар не
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:36 0:00

Парвина Одинаева, сокини шаҳри Душанбе аллакай ҳам бозори сиёҳ ва ҳам хариди ноогоҳонаи доллари қалбакиро таҷруба кардааст. Вай гуфт, ҳафтаи гузашта аз сари роҳ аз маҳаллаи 82, доллар харидааст, аммо баъд санҷидааст, ки он пули қалбакӣ буд: "Бо 810 сомонӣ сад доллар харидам. Зимнан, ҳоло дар сари роҳ долларро озодона хариду фурӯш мекунанд. Вале ман ҳоло он одамро дигар пайдо карда наметавонам, ки долларашро баргардонам. Ҳаминро фаҳмидам, ки барои мо нуқтаҳои мубодилаи асъор хуб буд, чунки фиребат намекарданд”.

Ҳарчанд, бархе сокинон аз баста шудани саррофиҳо чандон хушнуд нестанд, тарафдорони дар бонк хариду фурӯш шудани арзи хориҷӣ ҳам кам нестанд. Ҳайдар Нуров, як сокини дигари шаҳри Душанбе мегӯяд, бонк макони боэътимоди табдили пул аст ва фиребе надорад.

Ҳарчанд, беш аз ду моҳ аст, ки дар Тоҷикистон асъори хориҷӣ танҳо дар бонкҳо табдил мешавад, вале то ҳанӯз ҳам доллари амрикоӣ як қурби муайн надорад. Ин масъала, ба гуфтаи Шодӣ Усмонов, як сокини дигари Душанбе, мавриди нигаронии ӯ шудааст. Вай мегӯяд, агар соле пеш қурби пули амрикоӣ дар ҳама ҷо, аз ҷумла дар бонкҳо тахминан як буд, ҳоло қурби пешниҳодии "Тоҷиксодиртбонк" аз "Агвроивестбонк" фарқ мекунад. "Агроинвестбонк" рӯзи 4 феврал 100 долларро бо арзиши то 810 сомон ва "Тоҷиксодиртбонк" - то 830 сомонӣ пешниҳод мекард.

Вале басҳҳои хуб будани бонк ё саррофиҳо ба дарди Бобохон Раҳимов, қаҳрамони матлаби мо давое намебахшад. Барои ӯ муҳим пайдо кардани ҷои кор аст, то рӯзгори хонаводаи иборат аз 8 фарзандашро бичархонад. Ӯро тасмимҳои парлумон барои тағйири қонун дар мавриди шадидтар кардани ҷазо барои мубодилаи асъор нигарон кардааст:

“Парлумони мо пеш аз оне ки як қонунро қабул кунад, бояд паёмади онро омӯзад. Як бор бояд фикр мекард, ки бо ин тағйироташ чанд нафарро аз як бурда нон мемонад. Чаро он вакилоне, ки мо интихоб кардем, дар тағйири қонун назари моро ба назар намегиранд? Хоҳиш дорам, ки парлумон як бор фикри халқро карда, баъд қонун қабул кунад. Агар илоҷаш бошад, ҳамин қонунро қабул накунад”, - мегӯяд Бобохон Раҳимов.

Дар як соли ахир қурби доллари амрикоӣ аз 5 сомонӣ дар баробари як доллар то 9 сомонӣ баланд шуд. Коршиносони соҳаи иқтисод мегӯянд, ин истгоҳи охири доллару сомонӣ нест.

XS
SM
MD
LG