Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қасди худкушӣ доштам", "шаробхор будам" Нақлҳои ошкору бепарда дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Таҳминаи 28-сола
Таҳминаи 28-сола

“Дар фикри худкушӣ будам. Як дафъа фарзандонро низ бо худ гирифтам ва қарор кардам, ки якҷо бимирем. Он замон шавҳарам дар Русия буд, вале ба таҳқиру таҳдид ва таъқиби ман идома медод...”

Таҳмина, сокини 28-солаи Душанбе, ҳафт сол аз шавҳар ва хушдоманаш азияти ҷисмиву рӯҳӣ дидааст. Ӯ ҳоло дар доираи тарҳе бо номи "Китобхонаи гӯё" дар пойтахт ба ҳозирон бепарда достони зиндагиашро нақл мекунад, ки саҳнаҳое аз он даҳшатзост. Ин модари чаҳор фарзанд мегӯяд, дар ҳафт соли оиладорӣ аз ҷониби ҳамсар ва хешовандони ҳамсар хеле азият кашид: ӯро латту кӯб мекарданд, пайваста таҳқир мешуд ва дар ҳолати ҳақириву залилӣ зиндагӣ дошт.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

“Қасди худкушӣ доштам, шаробхор будам”... Нақлҳои ошкору бе парда дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:31 0:00

Барои шунидани достони Таҳмина, ки аз намоиши чеҳрааш дар навори видео ҳам ҳарос надошт, дар ҳафтаи гузашта шумори зиёди ҷавонон ҷамъ омаданд. Таҳмина китоби зиндагии худро дар беш аз 20 дақиқа қисса кард ва зоҳиран нақлҳои ӯ мавриди таваҷҷӯҳи зиёд қарор гирифт. Шояд аз он сабаб, ки достони Таҳмина ба саргузаштҳои талхи занони зиёди дигаре дар Тоҷикистон монанд буд.

"Китоб"-и зиндагии Парвиз

Таҳмина рӯзи 25-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, баъд аз ҳафт сол ниҳоят худу кӯдаконро аз он гирдоби, ба қавли ӯ, шиканҷа берун кашид. Ба ӯ созмони "Умед" кумак кард ва ҳоло аз номи ин ҷамъият занони ҳамтақдири худро чун "китоби гӯё" ташвиқ мекунад, то зиндагиашонро тағйир диҳанд.

Парвиз "китоб"-и дигар аст, ки дар тарҳи "Китобхонаи гӯё" аз дарди гирифториаш ба вируси норасоии масунияти бадан нақл мекунад. Парвиз мисли инки дар рӯи коғази сафед рангҳои сиёҳу зарди зиндагиашро мекашид, аз қиссаи шаробхор шудан ва дар ҳақиртарин ҳолат қарор доштанашро ошкоро баён кард. Ӯ гуфт, вақте ба муолиҷаи бемориаш шурӯъ кард, умеде ба зиндагии беҳтар пайдо шуд.

"Орзу дорем, ки онҳо хушбахт шаванд"

Бархе “хонандагон”-и китоби Парвиз гуфтанд, баъд аз шунидани эътирофҳои ӯ фикри худро дар бораи ин гурӯҳи одамон дигар карданд. Баъд аз анҷоми маросим ҳар бинандаи “Китобхонаи гӯё” бояд таассуроти худро аз шунидаву дидаҳояш бигӯяд. Насибаву Ирона, ду ширкатдори маросими «Китобхонаи гӯё» гуфтанд, зери таъсири дидаву шунидаҳояшон мондаанд.

Таҳмина ҳангоми нақли зиндагиаш
Таҳмина ҳангоми нақли зиндагиаш

"Мо дар бораи ин маросим аз хешовандонашон шунида будем. Ҳоло мешавад гуфт, ки ин рӯзи мо барҳадар нарафт. Аз қиссаҳои марди нобинову зани қурбонии хушунати хонаводагӣ хеле муассир шудем. Ҳамин қаҳрамонҳо бо саргузаштҳои худ роҳи мубориза бо мушкилот ва пирӯз шудан бар сахтиҳоро намоиш доданд. Орзу дорем, ки ҳар яке аз онҳо хушбахт шаванд", - гуфтанд Насибаву Ирона.

"Мерос"-и Бондаренко

Барномаи "Китобхонаи гӯё", инак, 10 сол аст, ки дар 200 кишвар, аз ҷумла Осиёи Марказӣ татбиқ мешавад. Дар Душанбе бори аввал ин тарҳро раҳбари собиқи "Маркази бозори озоди Тоҷикистон" марҳум Константин Бондаренко роҳандозӣ карда буд. Ҳамкорони собиқи ин иқтисодшинос ҳоло тарҳи "Китобхонаи гӯё"-ро баъди сари ӯ ҳам идома медиҳанд ва ният доранд, ки соли ҷорӣ боз дар ду навбат чунин барномаро барпо намоянд.

Насиба ва Ирона
Насиба ва Ирона

Тарҳи “Китобхонаи гӯё” як барномаи ғайримуқаррарӣ аст. Ҳар қиссаи қаҳрамонҳо ғамноку омӯзанда аст, вале ҳар як қисса поёни хубе дорад: худи қаҳрамони қисса дар пайи саргузаштҳои талхи худ роҳи бурунрафт аз мушкил ва умед ба зиндагиро раҳнамоӣ мекунад.

Алайҳи стеоретипҳо

Азиз Темуров, мудири созмони “Умед”, гуфт, “Китобхонаи гӯё”, ки дар Душанбе ва шаҳрҳои дигари Тоҷикистон ду сол боз баргузор мешавад, лоиҳаи байналмилалист. Мақсади он рушди таҳаммулпазирӣ ва гуногунрангӣ дар ҷомеа ва алайҳи андешаҳои шахшуда ё стереотипҳо будааст.

Азиз Темуров
Азиз Темуров

Азиз Темуров мегӯяд, ҳар як қаҳрамони ин достонҳоро мешавад “бестселлер” ё “китоби пурфурӯш” унвон кард, чун паҳлӯҳои дардноктарини зиндагии худро ошкор мекунанд. Вай гуфт, ҳар як қаҳрамон шахсияти нодир аст, чунки пайдо кардани онҳо дар китобу қиссаҳои маъмулӣ осон нест. "Онҳо қолабшиканӣ мекунанд ва мухотаби худро маҷбур мекунанд, ки дар бораи саргузаштҳои онҳо биандешанд", - хулоса кард Темуров.

XS
SM
MD
LG