Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳмуд Абдуллоев – сардовари қаҳрамонии самбои Осиё


Имрӯз, 27 май дар Ишқободи Туркманистон мусобиқоти қаҳрамонии самбои Осиё шуруъ шуд, ки сардовари он мутахассиси тоҷик Маҳмуд Абдуллоев мебошад.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои Осиё, ки имрӯз, 27 май, дар пойтахти Туркманистон – шаҳри Ишқобод – оғоз ёфт, мутахассиси варзидаи тоҷик Маҳмуд Абдуллоев сардовари ин мусобиқоти пурнуфузи қитъавӣ таъин шудааст. Ӯ раиси комиссиюни доварони Иттиҳоди самбои Осиё мебошад.

Довари дараҷаи байналмилалӣ Маҳмуд Абдуллоев, сардори шуъбаи варзиш ва маълумоти олимпии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, рӯзи 27 май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар маҷмааи варзишии якҳарбаҳои шаҳрчаи олимпии Ишқобод баргузор шудааст.

Вай афзуд, “мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки барои аввалин бор дар пойтахти Туркманистон доир шудааст, як санҷишест пеш аз Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ки моҳи сентябри соли 2017 дар Ишқобод баргузор мешаванд. Ба барномаи ин Бозиҳо самбо низ шомил шудааст.”

Ба иттилои оқои Абдуллоев дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Ишқобод, ки оид ба самбои варзишӣ ва самбои размӣ миёни наврасону ҷавонон, бузургсолон ва занон то рӯзи 29 май идома меёбад, зиёда аз 400 варзишгари беш аз 20 кишвари қора ширкат дорад, ки дар байни онҳо самбочиёни тоҷик низ ҳастанд. Маросими ифтитоҳи ботантанаи мусобиқот бегоҳи ҷумъаи 27 май барпо мегардад.

Маҳмуд Абдуллоев, инчунин, хабар дод, 26 май дар Ишқобод кунгураи Иттиҳоди самбои Осиё баргузор шуд, ки дар он масъалаҳои рушди минбаъадаи ин намуди вазиш дар кишварҳои минтақа баррасӣ шуд. Ҳамзамон семинар оид ба масоли зиддидопинг доир гашт.

XS
SM
MD
LG