Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маоши кам ё тарс аз боздошт. Чаро ҷавонон намехоҳанд заминсоз шаванд?


Назди идораи замини минтақаи Кӯлоб
Назди идораи замини минтақаи Кӯлоб

Идораи замин дар минтақаи Кӯлоб ба камбуди ҷиддии мутахассис рубарӯ шудааст. Намояндагони ин идора мегӯянд, донишҷӯёне, ки ихтисоси заминсозиро азхуд мекунанд барои кор ҳозир намешаванд.

Замин ва тақсими он дар минтақаи Кӯлоб доғ аст, аммо Идораи замин дар инҷо бо норасоии мутахассисон рӯ ба рӯст. Аз муовини раис гирифта, то коргарони одӣ. Мақомот мегӯянд, барои ҷалби мутахассисон ҳар се моҳ озмун мегузаронанд, вале мушкил ҳал намешавад.

Дилшод Саидзода, раиси идораи замин дар минтақаи Кӯлоб ба хабарнигорон гуфт, “ҷойи муовини раиси Идораи замини минтақа холӣ аст. Мутахассисҳоро даъват мекунем, намеоянд. Мутахассиси боқувват надорем. Раиси Идораро барои чен кардани замин мебаранд.”

Ҳар сол даҳҳо нафар Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон ва дар Кӯлоб Донишгоҳи инноватсияро бо ихтисоси заминсоз хатм мекунанд. Аммо ба гуфтаи Раиси Идораи замин дар минтақа, ҷавонон «мехонанд, ба итмом мерасонанд, вале кор намекунанд. Дар ҷамоатҳо умуман заминсоз нест.”

Дилшод Саидзода мегӯяд, агар мутахассисе ҳам пайдо шавад, то се моҳ кор мекунаду бас. Сипас аз Идораи замин ба ниҳоди дигар мегузарад.

Видеоро инҷо бинед:

Дар минтақаи Кӯлоб заминсоз намерасад. Чаро ҷавонон барои кор намеоянд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:06 0:00

Хабарнигори Радиои Озодӣ талош кард, бо чанд мутахассиси соҳаи замин, бавижа ҷавонон дар ин бора гап занем. Баъзе аз онҳо ба таври ошкор суҳбат накарданд. Чанде ҳам маоши кам ва аз тарафи дигар боздоштҳои пайиҳами масъулони Идораи заминро дар гӯшаҳои Тоҷикистон намуна оварданд.

Фурӯш ва истифодаи ғайриқонунии заминро дар Тоҷикистон як “дарди бедаво” меноманд. Дар Тоҷикистон ҳамасола чанд мансабдор барои тақсими ноодилона ё фурӯши ғайриқонунии замин боздошту зиндонӣ мешаванд. Намояндагони Идораи замин дар Кӯлоб мегӯянд, чунин мавридҳо барои ҷалби мутахассисон бетаъсир намемонанд.

Фурӯш ва истифодаи ғайриқонунии заминро дар Тоҷикистон як “дарди бедаво” меноманд.

XS
SM
MD
LG