Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нурмагомедов: Баъди ДИИШ дар Русия зинда намемондам. ВИДЕО


Марат Нурмагомедов 33 сол дошта, мегӯяд, бо ихтиёри худ аз қаламравҳои ДИИШ фирор, вале аз бозгашт ба ватан худдорӣ кард
Марат Нурмагомедов 33 сол дошта, мегӯяд, бо ихтиёри худ аз қаламравҳои ДИИШ фирор, вале аз бозгашт ба ватан худдорӣ кард

Вақте силоҳбадасти гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" Марат Нурмагомедов аз ин танзими ифротӣ дилсард шуда, аз Сурия ба Туркия фирор намуд, ӯ дарк кард, ки дар ҳоли бозгашт ба Русия зиндонӣ хоҳад шуд.

Ӯ бо номи нав шиноснома дарёфт намуда, аз Истанбул ба Киев сафар кард. Зоҳиран, табодули заъифи маълумот дар бораи афроди муттаҳам бо терроризм миёни Маскаву Киев имкон дод, ки ин мусулмони 33-сола бомуваффақият аз Туркия ба Украина кӯч бандад.

"Ҳамаи ин гурӯҳҳои мусаллаҳи исломӣ барои ман фарқе надоранд, эътиқод ба ин гурӯҳҳоро гум кардам. Онҳо барои ислом намеҷанганд. Ман на дар танҳоӣ ва на ҳамроҳ бо касе барои онҳо кореро анҷом намедиҳам. Ман на метро тарконданиам, на дасисае дар сар ҷой додаам. Ман чунин нақша надорам. Ягона ҳадафи ман - омӯзиши дин ва бозгашт ба ҳаёти осоишта аст."

Ҷиҳодиҳо ба куҷо мегурезанд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:02 0:00

Табодули иттилои иктишофӣ миёни Маскаву Киев қавӣ набудааст. Баъди ишғоли нимҷазираи Қрим аз сӯи Русия ин ҳамкорӣ комилан қатъ шудааст ва ҷонибҳо ба рӯйхатҳои якдигар дар бораи афроди муттаҳам бо терроризм дастрасӣ надоранд.

"Ман, воқеан, дар ҳеҷ сурат наметавонам ба Русия баргардам. Дар он ҷо маро ба Доғистон бурда, дар беҳтарин ҳолат ба муддати тӯлонӣ зиндонӣ хоҳанд кард. Чунин ҳодиса бо афроди монанди ман зиёд иттифоқ афтодааст. Гоҳо ҷасади онҳоро дар ҷангале пайдо мекунанд. Нерӯҳои амниятӣ дар дасти онҳо силоҳ ва ё норинҷак гузошта, исрор меварзанд, ки дсоби ДИИШӣ:ар амалиёти зиддитеррористӣ даҳшатафканеро ба қатл расондаанд."

Хабарнигори Рейтерс натавонистааст суханони Нурмагомедовро аз манбаъҳои мустақил рад ва ё тасдиқ кунад, вале одамоне, ки Нурмагомедов ва падари ӯро мешиносанд ва ҳамчунон як дӯсти ӯ дар Украина ҳарфҳои ин шахс ва аз Доғистон будани ӯро тасдиқ кардаанд. Нурмагомедов ду солро дар Сурия сипарӣ кардааст. Ӯ ба ин бовар аст, ки мақомот дар бораи ҳувияташ маълумот надоранд.

Екатерина Сокирянская аз «Гурӯҳи пажӯҳиши бӯҳронҳо» мегӯяд:

"Воқеан, Русия қонунҳои марбут бо муҷозоти аъзои гурӯҳҳои террористии хориҷиро шиддат бахшидааст. Ҳоло Русия афродеро, ки дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ширкат варзидаанд, дар рӯйхати хосе ҷой додаааст. Феълан дар он наздики 3400 ном сабт шудааст. Хадамоти федеролии амнияти Русия дар марз мунтазири онҳост. Лаҳзае, ки онҳо ба Русия дохил мешаванд, онҳоро бо айбномаи ҷиддӣ ва аз ҷумла терроризм, ҳабс хоҳанд кард. Онҳо солҳои тӯлониро дар зиндон сипарӣ мекунанд".

Ба гуфтаи хабарнигори Рейтерс, дар сурати бозгашт ба Русия ба Нурмагомедов 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG