Дар чанд ҷумла
Марги мармузи Сабина Хуррамдил дар Ню-Йорк
Полиси Амрико марги мармузи Сабина Хуррамдил (Росас), зодаи 33-солаи Тоҷикистон ва муассиси тарҳи ҳунарии “Руъё”-ро таҳқиқ мекунад. Ӯ соли 2009 ба Иёлоти Муттаҳида рафта буд.
Ҷасади ӯро рӯзи 29-уми октябр дар осоишгоҳи боҳашамати “Shou Sugi Ban House” дар Ню-Йорк ёфтаанд.
Намояндагони полис ба матбуоти маҳаллӣ гуфтаанд, ҷасади зани ҷавон бо осори захми зиёд ошкор шуд. Ҳарчанд таҳқиқ оғоз ёфтааст, ҳанӯз ҳеч кас боздошт ё гумонзад нашудааст.
Оилаи Сабина дар изҳороти мухтасари матуботӣ навиштааст, ки ӯ фарзанди сеюм ва дӯстдоштаи оилаашон буд. Онҳо аз ҷомеаву сохторҳои қудратӣ хостаанд, ки барои таҳқиқи қазияи марги мармузи духтарашон мусоидат кунанд.
Сабина, ки бо насаби Росас ҳам маъруф аст, зодаи Тоҷикистон буд ва солҳои охир дар минтақаи Брукилини Ню-Йорк мезист. Ӯ дар доираи тарҳи иҷтимоии “Руъё” ба муаррифии фарҳангу ҳунари Осиёи Марказӣ маъруф буд.
Аниса Собирӣ, коргардони тоҷики муқими Лондон, рӯзи 30-юми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, марги Сабина “талафоти азиме барои фарҳанги Осиёи Марказӣ аст. Ӯ фарҳангу ҳунарро бисёр дастгирӣ мекард ва тарҳҳои зиёде дар нақша дошт”.
Нашрияи бритониёии "The Independent" бо такя ба пулис хабар додааст, ки гумонбар дар куштори мармузи Сабина, баъди ҳодиса ба эҳтимоли зиёд худкушӣ кардааст. Аз ӯ Томас Гэннон ном бурда шудааст, ки 56 сол дошта, ба иттилои пулис дар хонаи худ, дар аёлати Пенсилвания, худкушӣ кардааст.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Кушта шудани як нафар дар ҳамлаи Эрон ба Кувайт
Вазорати корҳои хориҷии Кувайт гуфт, дар ҳамлаи Эрон ба ин кишвар дастикам як нафар кушта шуд.
Дар ин ҳодиса, ки рӯзи 3-юми июн иттифоқ уфтод, Фурудгоҳи байнулмилалии Кувайт баста шуда, ба чанд иншооти муҳим, аз ҷумла намояндагиҳои дипломатӣ осеб расидааст.
Вазорати умури хориҷии Кувайт дар изҳороте “ҳамлаҳои бераҳмона ва пайваста”-и Эронро маҳкум кард. Ин ниҳод афзудааст, рафтори Ҷумҳурии Исломӣ танишҳоро сахттар ва амнияту суботро дар минтақа халалдор мекунад.
Ҳамлаи Эрон ба Кувайт баъд аз он сурат гирифт, ки Ҷумҳурии Исломӣ Амрикоро ба ҳамла ба як киштии нафткаши он кишвар муттаҳам кард
Пештар мақомоти Амрико гуфтанд, нерӯҳои ин кишвар як киштии боркашро, ки тавассути обҳои Халиҷи Форс озими Эрон буд, ҳадаф қарор доданд. Иёлоти Муттаҳида дар ин минтақа таҳрим ҷорӣ намуда, равуои киштиҳоро ба Эрон манъ кардааст.
Ситоди марказии нерӯҳои ИМА рӯзи 2-юми июн изҳор намуд, ки киштии Лекси давоми 24 соати гузашта дастури низомиёни Амрикоро нодида гирифтааст.
Хабаргузории "Рейтерс" тасдиқ мекунад, ки киштии Лекси 26-уми май дар обҳои соҳилии Умон ҷойгир буд. Низомиёни амрикоӣ исрор меварзанд, ки баъд аз исобати мушак киштӣ ҳаракатро ба тарафи Эрон қатъ кард.
Лекси шашумин киштӣ аст, ки низомиёни амрикоӣ аз оғози муҳосираи Халиҷи Форс дар таърихи 13-уми апрел беҳаракат кардаанд. Дар ин муддат 122 киштии дигар, ки озими бандарҳои эронӣ будаанд, самти ҳаракаташонро тибқи дастурҳои низомиёни амрикоӣ тағйир додаанд.
Ҳамчунон Ситоди марказии нерӯҳои ИМА иттилоъ медиҳад, ки дар ду рӯзи гузашта нерӯҳои амрикоӣ ва ҳампаймонҳояшон дар Ховари Миёна як идда мушакҳои баллистикӣ ва паҳпод ё ҳавопаймоҳои бесарнишини Эронро роҳгирӣ кардаанд.
Дар ҷавоб нерӯҳои амрикоӣ барои ба истилоҳ "ҳимоят аз худ" пойгоҳҳои низомии Эрон дар ҷазираи Қешм, воқеъ дар гулӯгоҳи Ҳурмузро мавриди оташ қарор додаанд. Аз натиҷаи ва талафот хабар дода намешавад.
Хирси осиёӣ дар Ҷопон мактабҳоро баст ва кори як корхонаро боздошт
Рӯзи сешанбе, 2-юми июн, хирсе дар як маҳаллаи тиҷоратӣ ва аҳолинишини Ҷопон ба мардум дарафтода, чаҳор нафарро маҷрӯҳ кардааст.
Дар видеоҳои назоратии корхонаи филизоти "Fukushima Steel Works" дида мешавад, ки хирси сиёҳи осиёӣ коргареро дар назди корхона таъқиб карда, ба замин меафканад.
Хирс ҳамчунин ба як зани 60-сола ва пиразани 80-сола осеб расондааст.
Бино ба гузориши матбуоти Ҷопон, хирс то рӯзи 3-юми июн дар даруни корхона буд ва мумкин аст маъмурони пулис пас аз гирифтани иҷоза ҷонвари ваҳширо бикушанд.
Ҳамлаи хирс сабаби бастани мактабҳои ибтидоӣ дар маҳалли ҳодиса шуд ва фаъолияти корхонаро ҳам барои муддате боздошт.
Оғози мурофиаи 6 милисаи гумонзад дар марги Мақсудҷон Саидов
Додгоҳи олии Тоҷикистон муҳокимаи шаш корманди милиса Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Синои пойтахтро оғоз кардааст, ки ба гуфтаи муфаттишон, сабабгори марги Мақсудҷон Саидов, як гумонбар ба ҷиноят шудаанд.
Як манбаъи огоҳ аз қазия бо шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, мурофиа 1-уми июн оғоз шуда, то кунун ду муҳокимаи додгоҳӣ баргузор шудааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ, аз гумонбарони ин парванда панҷ нафарашон дар додгоҳ ҳузур доранд, вале як нафарашон нопадид шудааст.
Ҳамсӯҳбати мо гуфт, мурофиа боз ва бо ҳузури хешовандони кормандони милиса мегузарад. Чор вакили мудофеъ аз ҳаққи милисаҳои боздоштшуда ҳимоят мекунанд.
Назари ин гумонбарон ва вакилони дифои онҳо феълан барои мо маълум нест.
Ҳамаи ин шаш корманди пешини пулис ба "қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ" ва "баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ", муттаҳам мешаванд.
Аз ҷумла, яке аз иттиҳомот ин будааст, ки маъмурони милисаи Душанбе, бар хилофи муқаррарот, бе огоҳии ҳамкорони худ дар Кӯлоб дар ин шаҳр амалиёт анҷом додаанд, ки "як навъ худсарӣ" ба ҳисоб меравад.
Таҳқиқи парванда тақрибан чаҳор моҳ идома кард. Ин парванда бар пояи ҳодисае боз шуда буд, ки моҳи январи имсол сурат гирифтааст.
Мақсудҷон Саидов, сокини 36-солаи шаҳри Кӯлобро рӯзи 8-уми январ кормандони Шӯъбаи дуввуми корҳои дохилии ноҳияи Синои Душанбе дар Кӯлоб боздошт карда, ба пойтахт овардаанд. Ӯ ба фӯруш ва паҳн кардани "кристал" -- як навъи маводи мухаддир, муттаҳам мешуд.
Вале баъди муддати кӯтоҳе ҷасади Мақсудҷонро ба аҳли хонаводааш дода ва хостаанд, ки зуд ӯро ба хок супоранд. Маросими дафн ҳам рӯзи 12-уми январ сурат гирифтааст.
Истифода аз шиканҷа барои ҳосил кардани эътирофи "гуноҳ" дар Тоҷикистон яке аз мушкилоти ҷиддӣ дар мақомоти интизомӣ дониста мешавад.
Аввали моҳи майи имсол Кумитаи маҳви шиканҷаи Созмони Милал аз "гузоришҳои пайваста дар бораи бадрафторӣ ва шиканҷа, бахусус аз тарафи афсарони милиса ва афсарони идораҳои амниятӣ дар боздоштгоҳ ва зимни бозпурсиҳо" изҳори нигаронӣ кард.
Кумитаи Созмони Милал барои маҳви шиканҷа гуфт, ҳарчанд дар қонунҳои Тоҷикистон барои бадрафториву шиканҷа ҷазои сахт таъйин шудааст, иҷрои он камтар ба назар мерасад ва теъдоди онҳое, ки барои шиканҷаи зиндонӣ ё боздоштшудае ҷазо гирифтаанд, бисёр кам аст.
Ба гуфтаи вазорати адлияи Тоҷикистон, аз соли 2018 то соли 2025 танҳо 13 нафар барои шиканҷа ҷазо гирифтаанд, агарчӣ шикоятҳои расмӣ аз рафтори тарафи маъмурони амниятиву интизомӣ аз 100 адад ҳам зиёдтар будааст.
Борону сел ба чанд деҳаи ноҳияи Айнӣ зарар расонд
Боронҳои сахт ва омадани сел ба чанд деҳаи ноҳияи Айнӣ зарар расондааст.
Дафтари матбуоти ҳукумати ноҳияи Айнӣ навишт, сел "ба роҳҳо, ҷӯйборҳо, заминҳои кишоварзӣ ва як қатор манзилҳои истиқоматӣ зарар расондааст".
Мақомот омори зарардидагонро ҳанӯз нашр накардаанд.
Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, офати табиӣ ба деҳаҳои Куҳруд, Дашти Сангистон, Зосун, Каздон ва Куруд осеб расондааст.
Сел ҳамчунин рӯзҳои 1-2 июн сабаби як муддат баста шудани роҳи Душанбе-Чаноқ дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ шуд.
Дар наворҳое, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, дида мешавад, ки сел заминҳои кишоварзиро пахш карда, ҳамчунин нақлиёти сокинон зери обу лой мондааст.
Тоҷикистон дар як моҳи ахир шоҳиди ҳодисаҳои табииӣ зиёд буд. Дар ин ҳодисаҳо дастикам чор нафар ба ҳалокат расида, манзили садҳо каси дигар зарар дид.
Боздошти як афғонистонӣ дар Ваҳдат ба гумони қатли падараш
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як шаҳрванди Афғонистонро бо иттиҳоми куштани падараш дар шаҳри Ваҳдат дастгир кардааст.
Ба гузориши ВКД, Давлат Зода Парвизи 25-сола рӯзи 1-уми июн бо падари 52-солааш муноқиша карда, бо ду зарби корд падарашро куштааст.
Ҳодиса ба гуфтаи мақомот, дар назди як дӯкони фурӯши мева дар кӯчаи Сомониёни шаҳри Ваҳдат рух додааст.
Сабаби муноқиша миёни падару писар маълум нест ва дар хабарномаи Вазорати корҳои дохилӣ ба ин масъала ишора нашудааст.
Мақомот мегӯянд, тафтиши парванда идома дорад.
Тоҷикистон мизбони қариб даҳ ҳазор паноҳҷӯи афғонистонӣ аст, ҳарчанд дар як соли ахир даҳҳо нафари онҳоро мақомот ихроҷ карданд.
Тибқи иттилои Комиссариати Олии Созмони Милал дар умури гурезагон (UNHCR) аз аввали имсол то нимаи аввали моҳи май 882 афғонистонӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ихроҷ шудаанд.
540 нафари онҳо гуреза ва паноҳҷӯёне будаанд, ки аз тарафи ҳукумат ба қайд гирифта шудаанд.
"Ду кас бистариянд." Ба кураи ҳавоӣ дар маркази Хуҷанд чӣ шуд?
Парвози иштибоҳии як кураи ҳавоӣ (пуфаки ҳавоӣ, баллон), ки аз Узбекистон овардаанд, дар маркази шаҳри Хуҷанд камаш се касро захмӣ ва боми ду хонаро вайрон кардааст.
Масъулони Идораи ҳолатҳои фавқулода дар маркази вилояти Суғд ҷузъиёт надоданд.
Ба иттилои ёфтаи Радиои Озодӣ, соҳиби кураи ҳавоӣ Рустам Саидалиев (аз Узбекистон) пас аз муоинаи пизишкон аз беморхона ҷавоб шуда, Фирӯза Турсунова, сокини Хуҷанд ва кӯдакаш дар шифохона бистарӣ ҳастанд.
Ин ҳодиса якуми июн ва чанд лаҳза пеш аз барномаи ҳунарӣ дар пайванд ба Рӯзи ҷаҳонии ҳимоят аз кӯдакон рух дод.
Қарор буд, дар ин барнома ҳунармандони маъруф ба мардум ва бавижа кӯдакон хурсандӣ бахшанд, аммо парвози иштибоҳии кураи ҳавоӣ монеи баргузории консерт шуд.
Сабаби ҳодисаро боди шадид меноманд.
Нашри ба ҳаво бархостани кураи бодӣ ё ҳавоӣ ва ба бинову атрофиён бархӯрдани он рӯзи якуми июн дар шабакаҳои иҷтимоӣ зуд паҳн ва боис ба сарусадо гашт. Дар ҳамин наворҳо дидан мумкин аст, ки як нафар аз дохили он худро ба берун партофтааст.
Ширкати "Фаровон" аз созмондиҳандагони барномаи ҳунарӣ дар Хуҷанд ва масъули киро кардани кураи ҳавоӣ аз Узбекистон номбар мешавад.
Масъулони ин ширкат, ки ба истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ ва сохтмонӣ машғул аст, дар саҳифаи расмии худ аз рухдоди ҳодисаи ба гуфтаашон ногаҳонӣ маъзарат хоста, ваъда додаанд, ки барномаи консертиро ба зудӣ баргузор хоҳанд кард.
Солҳои охир дар чанд маъракаи идона дар Тоҷикистон аз кураи ҳавоӣ истифода шудааст.
Эъдоми ду нафар барои ширкат дар эътирозҳои Эрон
Мақомоти Эрон рӯзи якуми июн ду мардро дар пайванд бо эътирозҳои моҳи январи имсол дар ин кишвар эъдом карданд.
Меҳрдод Муҳаммадниё ва Ашкон Маликӣ дар ҳамла ба масҷид ва ташкили ошӯб гунаҳкор дониста шудаанд. Аз оғози амалиёти низомии Амрикову Исроил зидди Эрон дар Ҷумҳурии Исломӣ камаш 40 нафар эъдом шудаанд. Ин амал боис ба интиқоди гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқ аз таъқиби рӯзафзун дар Эрон гардид.
Чанде пеш Масъуд Пияҳу, нафаре, ки дар моҳи декабри соли 2025 аз эътирозҳо дар Эрон навор бардошта буд, ба даҳ сол зиндон маҳкум шуд. Ӯ дар як наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намуд, эътироф мекунад, ки наворро худаш бардоштааст, вале масъулияти пахши он бар дӯши ӯ нест.
Ҷумҳурии исломии Эрон эътирозҳои мардумиро, ки охири соли гузашта дар ҷавоб ба бадшавии босуръати вазъи иқтисодӣ ва таъқиби ҳукумат оғоз ёфта буданд, бераҳмона пахш кард. Ҳазорҳо нафар кушта ва ба ҳабс гирифта шуданд.
Гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқ таъкид мекунанд, ки Эрон дар давраи оташбас бо Амрикову Исроил ба таъқиби бесобиқаи сиёсиву амниятӣ рӯй овардааст.
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, Эрон дар давраи оташбас бо Амрикову Исроил ба таъқиби бесобиқа рӯй овардааст.
Ҳамлаҳои вайронгари Русия ба пойтахти Украина
Дар шаҳри Киев, пойтахти Украина, рафъи пайомадҳои ҳамлаи вайронгари Русия идома дорад, ки шаби якум ба дуюми июн сурат гирифт ва камаш 13 нафарро кушт.
Нерӯҳои ҳавоии Украина рӯзи 2-юми июн гуфтанд, ки дар умум Русия ба ин кишвар бо 73 мушак ва бештар аз 650 паҳпод ё дрон ба 38 мавзеъ ва бахусус ба шаҳри Киев зарба задааст.
Навор дар Инстаграм:
Виталий Кличко, раиси шаҳри Киев гуфт, дар ҳамлаҳо 58 кас, бо шумули кӯдакон, захмӣ шуданд.
Ба қавли Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, даҳҳо бинои истиқоматӣ ва иншооти сирф ғайринизомӣ дар ҳамлаҳо осеб диданд.
Пеш аз ин ҳамлаҳо, Русия ҳушдор дод, ки ба Киев, аз ҷумла “марказҳои тасмимгирӣ” зарба хоҳад зад ва аз шаҳрвандони хориҷӣ ва дипломатҳо хост, ин шаҳрро тарк кунанд.
"Як наврас ҷон бохт, панҷ кӯдак захмӣ". Ҳодиса дар канори "Баҳри тоҷик"
Дар пайи канда шудани батут (лимпопо) дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд як навраси даҳсола ҷон бохта, панҷ каси дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ҳодиса шоми 1-уми июн дар канори обанбори "Баҳри тоҷик" рух дод.
Дар дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода рӯзи 2-юми июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "бар асари вазидани шамоли сахт, батут (лимпопо), ки барои бозии кӯдакон насб гардида буд, канда шуда, ба тарафи баҳр афтодааст".
Мусоҳиби мо афзуд, "шаш ноболиғро бо ҷароҳатҳои гуногун ба беморхона бурданд, вале як нафари онҳо Манучеҳр Музаффарзодаи даҳсола ҷон бохт." Ин наврас аз шаҳри Конибодом будааст.
Ҷузъиёти бештари ҳодиса маълум нест.
Рӯзи 1-уми июн дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд низ бар шамоли сахт як балон ё кураи бодӣ аз назорат баромад. Дар ин ҳодиса як зан бо кӯдакаш ҷароҳат бардошта, дар шифохона бистарӣ ҳастанд.
Тоҷикистон дар як моҳи охир шоҳиди офатҳои табиӣ, аз ҷумла бодҳои сахт буд. Рӯзи 27-уми июн шамоли сахт ба чанд бино ва нақлиёт дар шаҳри Душанбе зарар расонд.
Бо Аврупо ё АвруОсиё? Ҳушдори Русия ва шариконаш ба Ереван
Рӯзи 7-уми июн дар Арманистон интихоботи порлумонӣ баргузор мешавад, ки ба қавли бисёриҳо сарнавиштсоз хоҳад буд. Сарвазири Арманистон Никол Пашинян саъй дорад, бо ҳадафи узвияти кишвараш дар Иттиҳоди Аврупо ҳамкориҳоро бо ин созмон густариш диҳад.
Маскав бо ишора ба увзияти Арманистон дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ин кӯшишҳоро ғайри қобили қабул шумурда, ба Ереван машварат додааст, ки узвияти ҳамзамон дар ду созмони ёдшуда имкон надорад.
Русия, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон ба Арманистон ҳушдор додаанд, ки агар Ереван кӯшиши пайвастан ба Иттиҳоди Аврупоро бас накунад, узвияташ дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро бозмедоранд.
Дар изҳороти раҳбарони ин кишварҳо, ки охири ҳафтаи гузашта дар Қазоқистон нашр шуд, таъкид гардидааст, ки омодагиҳои Арманистон ба узвият дар Иттиҳоди Аврупо "амнияти иқтисодӣ"-и аъзои дигари Иттиҳоди АвруОсиёро таҳдид мекунад. Дар ин санад аз Арманистон тақозо шудааст, ки ҳарчӣ зудтар "назархоҳии умумӣ" доир намуда, интихоб кунад, ки бо Иттиҳоди АвруОсиё аст ё Иттиҳоди Аврупо?
Мария Захарова, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Русия, дар остонаи нишасти Қазоқистон гуфт: “Кишварҳои ғарбӣ зидди Русия ҷанги ниёбатӣ ё худ гибридӣ эълон намуда, расман иброз доштаанд, ки ҳадафи онҳо шикасти стратегии Русия аст. Пас, Арманистон бо кӣ санадҳои стратегии худро имзо мекунад? Бо онҳое, ки мехоҳанд ба Иттиҳоди АвруОсиёи мо зиён расонанд?"
Сарвазири Арманиcтон Никол Пашинян ба нишасти Қазоқистон ба ҷойи худ муовинаш Мҳер Григорянро фиристод. Дипломатҳо ин иқдомро ҳамчун бойкот арзёбӣ намуданд. Пашинян таъкид кард, ки бо вазифаҳои дохилӣ ва маъракаи интихоботи порлумонии 7-уми июн банд аст.
Дар ҳамин ҳол, ниҳодҳои давлатии Русия воридоти маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла помидор, мева ва машруботи Арманистонро манъ карданд. Собиқ дипломати қазоқ Жарас Ормантай бар ин назар аст, ки монеагузориву фишорҳои Маскав метавонад натиҷаи баръакс диҳад.
Ӯ афзуд, феълан Кремл болои Арманистон нуфузи бузурги сиёсиву иқтисодӣ дошта, имкон дорад, ки Ереванро дар мақоми ҳозирааш нигаҳ дорад. Аммо агар кӯшишҳои Маскав ноком гарданд, мақому манзалати Русияро дар чорчӯби Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё барҳам мезанад.
Талошҳои фирори Ереван аз зери назари Маскав замоне сурат мегирад, ки сарвазир Пашинян аз пуштибонии президенти Амрико Доналд Трамп низ бархӯрдор аст.
Ҳафтаи гузашта баъд аз сафари котиби давлатии Амрико Марко Рубио ба Арманистон, Трамп дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки дар интихоботи порлумонии Арманистон аз номзадии Пашинян дастгирӣ мекунад.
Парванда ба зидди омӯзгоре, ки аз латукӯб шуданаш шикоят дошт
Мақомоти ноҳияи Нуробод ба зидди омӯзгоре, ки аз латукӯб шуданаш шикоят дошт, парвандаи маъмурӣ боз кардаанд. Муҳимҷон Раҳмонов пештар ба Радиои Озодӣ шикоят карда буд, ки рӯзи 8-уми май бародари як хонанда ӯро задааст.
Ду манбаи огоҳ аз қазия 2-юми июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, нисбат ба омӯзгор Муҳимҷон Раҳмонов бо иттиҳоми иҷро накардани ӯҳдадорӣ дар мавриди таълиму тарбияи кӯдак (моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ) парванда боз шудааст.
Мақомот расман шарҳ надодаанд, ки чаро нисбат ба омӯзгоре, ки аз латукӯб шуданаш шикоят дошт, боз парванда шуд.
Манобеи огоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, омӯзгор ба он муттаҳам мешавад, ки нисбати хонандае, ки бародараш омӯзгорро зад, гуё алфози қабеҳ истифода бурда бошад. То ҳол маълум нест, ки нисбат ба соҳибкор Миралӣ Орзуев, ки ба латукӯб шудани омӯзгор гумонбар аст, чӣ чора андешида шудааст.
Радиои Озодӣ барои гирифтани ин суол ба ҳукумати ноҳия ва Шуъбаи маорифи Нуробод муроҷиат кард, аммо дар ҳарду ниҳод гуфтанд, санҷиш идома дорад.
Навор дар Инстаграм:
Қарор буд, Додгоҳи ноҳияи Нуробод 1-уми июн парвандаи маъмурӣ нисбат ба омӯзгорро баррасӣ кунад, аммо бо сабаби дар сафари корӣ будани муовини раиси ноҳия ва мудири шуъбаи маориф мурофиа ба рӯзҳои баъдӣ гузошта шуд.
Омӯзгор Муҳимҷон Раҳмонов даъво дорад, ки бародари яке аз шогирдонаш ӯро латукӯб ва ҳам таҳдиди куштан кардааст. Ба гуфтаи ӯ, сабаби бадрафторӣ бо ӯ танҳо сарзаниши хонанда барои гапгардонӣ будааст. Ташхиси пизишкӣ осеб дидани омӯзгорро тасдиқ кардааст.
Миралӣ Орзуев дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, омӯзгорро назада, балки танҳо суҳбат карданд.
Дар видеои суҳбати муаллим, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла "Фейсбук" васеъ паҳн шуд, Муҳимҷон Раҳмонов мегӯяд, фарде, ки ба ӯ дарафтод, ҳамчунин гуфтааст, "падару модаратро фалон мекунам" ва сипас "ба рӯям туф кард".
Идомаи даргирӣ миёни Исроил ва "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон
Бо вуҷуди эълони оташбас миёни Исроил ва "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон, ҳамлаҳои ду тараф ҳамчунон идома дорад.
Баъд аз эълони "Ҳизбуллоҳ" дар бораи ҳамла ба нерӯҳо ва тонкҳои Исроил, хабаргузории расмии Лубнон ҳам аз зарбаҳои нави Исроил ба ҷануби Лубнон хабар дод.
Ин гузориш ҳамчунин аз вуқӯи инфиҷор ё таркиши сахт дар шаҳраки "Даббин" хабар дод.
Аз сӯи дигар, артиши Исроил дар соатҳои аввали сешанбеи 2-юми май аз нобуд кардани ду паҳпод аз сӯи Лубнон хабар дод.
"Ҳизбуллоҳ" як гурӯҳи ниманизомӣ ва ҳизби сиёсӣ аст, ки бахши калоне аз ҷануби Лубнонро зери назар дорад. Амрико ин гурӯҳро созмони террористӣ медонад ва Иттиҳоди Аврупо танҳо шохаи низомии онро дар феҳристи сиёҳ қарор додааст.
Ин ҳамлаҳо дар ҳоле анҷом мешаванд, ки Доналд Трамп ва сафорати Лубнон дар Вашингтон шоми 1-уми июн аз мувофиқати "Ҳизбуллоҳ" аз оташбас бо Исроил хабар доданд.
Тиҷорат миёни Тоҷикистону Узбекистон 50% зиёд шудааст
Тиҷорат миёни Тоҷикистон ва Узбекистон дар чор моҳи аввали имсол ба таври назаррас боло рафтааст. Ба иттилои Кумитаи миллии омори Узбекистон, Душанбе ва Тошканд дар моҳҳои январ-апрели имсол дар ҳаҷми 284,3 миллион доллар додугирифт доштаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 50,7 дарсад бештар аст.
Ба иттилои расмӣ, аз Тоҷикистон ба Узбекистон бештар маъдан, нерӯи барқ, ангишт, алюминий, нахи пахта ва маҳсулоти кишоварзӣ содир шудааст. Аз Узбекистон ба Тоҷикистон бошад, гази табиӣ, маҳсулоти нафтӣ, нерӯи барқ, масолеҳи сохтмон, техникаи маишӣ ва маҳсулоти фулузотӣ оварда шудааст.
Додугирифти солонаи Душанбеву Тошканд ҳудуди як миллиард долларро ташкил медиҳад. Моҳи март дар ҷараёни сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Тошканд, мақомоти Тоҷикистону Узбекистон гуфта буданд, ки мехоҳанд, дар чор соли оянда, яъне то соли 2030 додугирифтро ба ду миллиард доллар расонанд.
Равобити Тоҷикистону Узбекистон, ки дар гузашта ба далели баҳси роҳу обу нерӯгоҳ ба сардӣ печида буд, баъд аз марги Ислом Каримов ва ба қудрат омадани Шавкат Мирзиёев беҳтар шуд.
Ба писари 18-солаи Рамазон Қодиров боз ҷоиза додаанд
Мақомоти Чеченистон гуфтанд, ба Одам Қодиров, писари 18-солаи Рамазон Қодиров, раҳбари ин ҷумҳурии Русия, барои саҳм гузоштан дар "амалиёти махсуси низомӣ" дар Украина медал ё нишони фахрӣ доданд. Русия таҷовузи низомияшро ба Украина, ки моҳи феврали соли 2022 оғоз кард, расман "амалиёти махсус" меномад.
Аҳмад Дудаев, муовини раиси ҳукумати Чеченистон, рӯзи 1-уми июн навишт: "Ҷоизаи олӣ эътирофи саҳми сазовори Одам Рамазанович дар таъмини амният ва пуштибонӣ аз амалиёти махсуси низомӣ аст."
Ба гуфтаи Аҳмад Дудаев, писари Рамазон Қодиров ба ҳайси ҳамоҳангсози Донишгоҳи нерӯҳои махсуси ба номи Путин дар шаҳри Гудермес "дар рушди яке аз муҳимтарин марказҳои омодасозии ҳомиёни Ватан фаъолона саҳм мегузорад".
Нашрияи таҳқиқотии "Вёрстка" соли 2025 навишт, ки аз моҳи феврали соли 2022 инҷониб ба Одам Қодиров камаш 16 ҷоиза ва нишони фахрӣ додаанд.
Одам Қодиров дар Чеченистон чанд мансабро бар уҳда дорад ва мақомоти ин ҷумҳурӣ ӯро "лейтенанти хурд" эълон кардаанд.
Чанде аз ҷоизаҳоро ба писари раҳбари Чеченистон дар замони ноболиғ буданаш супурдаанд ва пас аз он ки ӯ дар як боздоштгоҳи шаҳри Грозний Никита Журавел, як муттаҳам ба оташ задани китоби Қуръонро латукӯб кард.
Озодии Набиев ва Ғайратов, ду мақоми пешини ҲНИТ аз зиндон
Муҳаммадшариф Набиев ва Абдусамад Ғайратов, ду мақоми баландпояи Ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, аз зиндон озод шудаанд.
Яке аз пайвандони онҳо бо шарти фош нашудани номаш рӯзи 1-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳамин субҳ аз маҳбас баромаданд. Ёздаҳ сол дар боздоштгоҳ ва зиндон буданд."
Дар аксҳое, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, Муҳаммадшариф Набиев дар ҳалқаи наздикон ва берун аз дарвозаи зиндон тасвир ёфтааст.
Муҳаммадашариф Набиев, раиси пешини дафтари ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб ва Абдусамад Ғайратов, узви пешини раёсати олии Ҳизби наҳзати исломӣ соли 2015 дастгир ва дертар ба 14-солии зиндон маҳкум карда шуданд.
Як иттиҳоми асосӣ алайҳи ин аъзои баландпояи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва ҳамроҳонашон кӯшиши ғасби қудрат ва ҳамдастӣ дар ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2015 гуфта мешуд.
Гурӯҳи кории таҳқиқи боздоштҳои худсарона дар Созмони Милал соли 2020 дар як арзёбияш гуфт, ҳукумати Тоҷикистон аъзои баландпояи ҲНИТ-ро бар хилофи қонун ва уҳдадориҳои байнулмилалиаш дар бораи ҳуқуқи инсон зиндонӣ кардааст.
Ҳизби наҳзати исломӣ то қатъи фаъолият дар Тоҷикистон, ба гуфтаи саронаш, бештар аз 40 ҳазор узв дошт ва баъди Ҳизби ҳокими халқии демократӣ дувумин созмони умдаи сиёсӣ ба ҳисоб мерафт.
Мақомоти Тоҷикистон аз соли 2015 ба ин тараф ин ҳизбро ҳамвора ба кӯшиши сарнагунии ҳукумат, тарҳрезии ошӯб ва куштор муттаҳам мекунанд, вале раёсати ҳизб дар хориҷа ин айбномаҳоро намепазирад.
То кунун барои пайравӣ аз ҲНИТ даҳҳо нафар дар зиндон ҳастанд ё таҳти пайгарди байнулмилилӣ қарор доранд.