Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ, ки рӯзи 23-юми апрел дар шаҳри Душанбе, дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон, доир гардид, дар даври муқаддамотии Ҷоми миллӣ ҳафт ҷуфт ташкил карда шуд.
Бозиҳои аввали даври муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2025 рӯзҳои 2-4-уми май доир шуда, «Душанбе» (Душанбе) бо «Саройкамар» (Панҷ), «Саразм» (Панҷакент) бо «Шодмон» (Ҳисор), «Исфара» (Исфара) бо «Парвоз» (Фурудгоҳи Хуҷанд), «Норак» (Норак) бо «Сомон» (Данғара), «Ваҳдат» (Ваҳдат) бо «Моҳир» (Ёвон), «Рангон» (Рӯдакӣ) бо «Мастчоҳ» (Мастчоҳ) ва «Сардор» (Турсунзода) бо «Сарҳадчӣ» (Ҳамадонӣ) рақобат мекунанд.
Ғолиби ҷуфти «Сардор» – «Сарҳадчӣ» роҳхати даври 1/8-ниҳоиро ба даст меорад. Се роҳхати боқимондаи қуръакашии қисми асосии Ҷоми Тоҷикистонро ғолибони се ҷуфти даври муқаддамотии дуюм соҳиб мешаванд. Се бозии даври дуюми муқаддамотӣ рӯзи 5-уми июл сурат мегирад.
Бошгоҳҳои футболи лигаи олии Тоҷикистон ба мубориза барои Ҷоми Тоҷикистон-2025 аз марҳилаи 1/8-ниҳоӣ ҳамроҳ мешаванд.
Бояд гуфт, ки имсол тамоми марҳилаҳои Ҷоми Тоҷикистон аз як бозӣ иборат хоҳад буд.
Ҷоми Тоҷикистон-2025
Даври аввали пешакӣ
2-4-уми май
«Саразм» - «Шодмон»
«Исфара» - «Парвоз»
«Норак» - «Сомон»
«Ваҳдат» - «Моҳир»
«Рангон» - «Мастчоҳ»
«Сардор» - «Сарҳадчӣ»
Ёдовар мешавем, соли гузашта дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, ки дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2024 тими “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, бори ҳафтум Ҷоми миллиро соҳиб шуд ва ба Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2025/26 роҳхат гирифт.
Маблағи ҷоизавии мусобиқа 100 ҳазор сомониро ташкил медод. Ба дастаи ғолиб – “Регар-ТадАЗ” - 60 ҳазор сомонӣ ва ба дастаи дар финал мағлубшуда – “Хуҷанд” - 40 ҳазор сомонӣ тақдим гардид.
Мусобиқот барои Ҷоми Тоҷикистон бори 34-ум сурат хоҳад гирифт. Ҷоми миллиро аз ҳама бештар (10 бор) дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ба даст овардааст.
НАТОИҶИ ҲАМАИ БОЗИҲОИ НИҲОИИ ҶОМИ ТОҶИКИСТОН (1992-2024):
1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0
1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Аз рӯи пеналти – 5:3
1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1
1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналти – 3:2
1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0
1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1
1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1
1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналти – 4:2
2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2
2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1
2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0
2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1
2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ӯротеппа» (Истаравшан) – 5:0
2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналти – 3:1
2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «ҲИМА» (Душанбе) – 2:1
2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «ҲИМА (Душанбе) – 1:0
2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1
2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 3:1
2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0
2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1
2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналти – 5:6
2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0
2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2
2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:2. Аз рӯи пеналти – 6:5
2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) – 2:2. Аз рӯи пеналти – 3:2
2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2
2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0
2019 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:2. Аз рӯи пеналти – 4:2
2020 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Хатлон» (Бохтар) – 1:0
2021 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2
2022 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – 2:2. Аз рӯи пеналти – 5:4
2023 – «Равшан» (Кӯлоб) - «Истиқлол» (Душанбе) –– 1:1. Аз рӯи пеналти – 2:4
2024 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - «Хуҷанд» (Хуҷанд) –– 2:1
Гуфтугӯ