Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маркази тиҷоратӣ дар макони қатли эътирозгарони Андиҷон. Аз ҳодисаҳои хунин 20 сол гузашт


Майдони марказии Андиҷон. Ҷасади эътирозгарони кушташуда дар таърихи 13 маи соли 2005
Майдони марказии Андиҷон. Ҷасади эътирозгарони кушташуда дар таърихи 13 маи соли 2005

20 сол пеш, рӯзи 13-уми майи соли 2005, дар шаҳри Андиҷони водии Фарғона фоҷеае рух дод, ки дар таърихи узбекистони навин чун “қатли оми Андиҷон” сабт шудааст. Тазоҳуроти густарда дар ин шаҳр пас аз боздошту муҳокимаи тоҷирони маҳаллӣ оғоз шуда, бо хунрезӣ поён ёфт.

Шоҳидон намехоҳанд даҳшати он рӯзҳоро ба ёд оранд. Акнун қарор аст, дар ҷойи вуқуи он ҳодиса, марказҳои фароғатӣ ва тиҷоратӣ бисозанд. Ҳомиёни ҳуқуқ бар ин боваранд, ки бо ин роҳ мақомот мехоҳад, хотираи он рӯзҳои даҳшатнокро аз байн барад.


Ҳодиса аз куҷо сар зад? Парвандаи 23 соҳибкор

Июни соли 2004 дар Андиҷон 23 соҳибкори маҳаллӣ бо иттиҳоми узвият дар созмони мазҳабии “Акрамия” боздошт шуданд. Ин созмон гӯиё аз тарафи Акрам Юлдошев, як соҳибкор ва муаллими 29-солаи андиҷонӣ раҳбарӣ мешуд, ки бо иттиҳоми ифротгароӣ аз соли 1999 дар зиндон буд. Ба иттилои як мансабдори узбек, Юлдошев соли 2011 дар зиндон ҷон бохт.

Вале ба вуҷуди гурӯҳи “Акрамия” бисёриҳо дар Узбекистон шубҳа доштанд. Ба бовари сокинони маҳаллӣ сабаби сар задани ҳодисаҳо тақсими тиҷорат дар вилояти Андиҷон аст. Баъди боздошти соҳибкорон тиҷорати онҳоро афроди наздик ба раҳбари вилоят соҳиб шуданд.

Муҳокимаи соҳибкорон феврали соли 2005 дар Андиҷон шурӯъ шуд. Дар ҷарраёни мурофиаҳои додгоҳӣ мардум бо пуштибонӣ аз боздоштшудаҳо ҷамъ меомаданд. Рӯзи 12-уми май шумори эътирозгарон ба чанд ҳазор нафар расид, аммо тазоҳурот осоишта буд.

Шаби 13-уми май наздик ба 35 марди мусаллаҳ, ки баъдан мақомот онҳоро ифротгароёни исломӣ хонданд, аз Қирғизистон марзро гузашта, ба идораи пулис ҳамла карданд. Чанд маъмури пулисро кушта, силоҳҳоро аз худ карданд. Онҳо ба боздоштгоҳи рақами 3 ворид шуда, беш аз ду ҳазор маҳбус, аз ҷумла соҳибкоронро аз озод карданд.

Субҳи 13 май афроди мусаллаҳ вориди бинои маъмурии ҳукумати шаҳр шуданд. Ҳазорҳо нафар дар маркази Андиҷон талаб карданд, ки президент Ислом Каримов ба наздашон барояд. Шоҳидон мегӯянд, издиҳоми ҷамъомада бетартибӣ намекарданд.

Аммо нерӯҳои ҳукуматӣ ба сӯи тазоҳургарон, бо шумули занону кӯдакон оташ кушонад.

Дар як қабр то чор ҷасад

Хабарнигори пешини бахши узбекии Радиои Озодӣ, Ғафурҷон Юлдошев, ки он замон бо сафари корӣ дар Прага қарор дошт, баробари огоҳ шудан аз қатли сокинон дар зодгоҳаш, ҳамроҳ бо рӯзноманигори бахши русӣ Андреей Бабитский ба Узбекистон парвоз кард. Ба нақли ӯ вақте ба Андиҷон расиданд, аз тирпаронӣ ду рӯз гузашта буд, аммо баъзе аз кӯчаҳо хунолуд буданд.

“Дар Андиҷон маконе ҳаст, ки Қошариқ ном дорад. Онҷо одамони зиёде парронда шуданд. 15-уми май мо дидем, ки чӣ тавр хуни рӯйи асфалтро мешӯянд. Пояфзоли шахсони кушта шуда дар ҳама ҷо паҳну парешон буд. Дар роҳ ба хона дидем, ки бинои ҳафтошёнаи ҳукумати шаҳр месӯзад.

Ба он тараф рафта натавонистем. Дар кӯдакӣ, дар филмҳо фашистони силоҳбадасту ниқобпӯшро медидем. Назди ин бинои оташгирифта ҳам чунин шахсони ниқобпӯш буданд. Ин саҳна филмҳо ҷангиро ба ёди мо овард,” – гуфт Ғафурҷон Юлдошев.

Акрам Юлдошев
Акрам Юлдошев

Бино ба омори расмӣ, дар Андиҷон 187 нафар кушта шуданд. Аммо тибқи иттилои ғайрирасмӣ шумори кушташудаҳо ба чандин ҳазор нафар мерасад. Юлдошев, ки дар ин бора як таҳқиқоти журналистӣ анҷом додааст, гуфт:

“Яке аз шиносҳоям гуфт, дӯсташ дар қабристони ноҳияи Боғишамоли Андиҷон кор мекунад. Мо ба он ҷо рафтем ва бо қабрканҳо сӯҳбат кардем. Яке аз онҳо гуфт, ки дар як қабр то чор нафарро дафн кардаанд. Ман пурсидам, ки “Шумо худатон онҳоро зери хок кардед?”, гуфт, не:

“Ба мо иҷоза надоданд, қабрканҳоро аз оромгоҳи русҳо оварданд. Мо як тараф истода, нигоҳ мекардем. Як сокини дигари Андиҷон гуфта буд, ки вақте шиноси ӯ барои гирифтани ҷасади шахси наздикаш ба сардхона рафт, дид, ки дар пойи яке аз кушташудаҳо рақами 1017 навишта шудааст.”

Паз аз ин таҳқиқот ва ҳодисаҳои хунин, хабарнигор ба хотири амнияти худу наздиконаш Узбекистонро тарк кард. Ҳоло ӯ бо хонаводааш дар Канада зиндагӣ дорад.


Гунаҳкорони асосӣ беҷазо монданд

Мақомоти Тошканд солҳо пофишорӣ карданд, ки тазоҳургарон на бо фармони ҳукумат, балки аз дасти афроди муссалаҳ кушта шуданд. Вале пас аз марги президент Ислом Каримов дар соли 2020, муовини додситони кулли Узбекистон Светлана Ортиқова бори аввал эътироф кард, ки нерӯҳои ҳукуматӣ ба сӯйи тазоҳургарони осоишта оташ кушоданд.

Светлана Ортиқова
Светлана Ортиқова

Дар сӯҳбат бо нашрияи Qalampir.uz вай гуфт, “баъзе аз мақомдорон" барои тирандозӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд, вале аз касе ном набурд. “Бархеи дигар баъди адои ҷазо ба зиндагии маъмулӣ баргаштанд,” - афзуд вай ва ба суоли хабарнигор, ки чаро пештар дар бораи ҳодисаҳои Андиҷон ошкор гап намезаданд, мансабдор узбек гуфт: “Кишвар тағйир ёфт.”

Андиҷон, 13 маи соли 2005
Андиҷон, 13 маи соли 2005

“Он замон Узбекистон пӯшида буд. Он вақт кор бо расонаҳои хориҷӣ ва дигарон барои мо мушкил буд. Ҳоло Узбекистон нав аст, сиёсат нав шуд. Ҳатто ману шумо ҳам нав шудем,” – гуфт муовини додситони кул.

Аммо Надежда Атаева, раиси “Анҷумани ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ” мегӯяд, аксари мақомдорони сатҳи болоии Узбекистон то ҳанӯз ҷазо нагирифтаанд. “Собиқ вазири корҳои дохилии Узбекистон, Зокир Алматов, ки барои тирандозӣ ба сӯйи эътирозгарон дар майдони Бобури Андиҷон дастур дода буд, барои ин куштор ҷоиза гирифт ва бо ифтихор ба нафақа рафт. Президенти нав, Мирзиёев дубора ӯро баргардонд,” – гуфт Атаева.

14 майи соли 2005, низомиён дар кӯчаҳои Андиҷон
14 майи соли 2005, низомиён дар кӯчаҳои Андиҷон

Маркази савдо дар ҷойи қатли одамон

Мақомоти Узбекистон қасд доранд, дар он майдоне, ки хуни эътирозгарон рехтааст, маркази тиҷоратӣ бунёд кунанд. Президент Шавкат Мирзиёев соли равон дар ҷаласае пешниҳод кард, ки дар ҷойи боздоштгоҳи муваққатии рақами 3-и вилояти Андиҷон маҷмааи тиҷоратию фароғатӣ сохта шавад. Соли 2005 ба ин бино ҳамла шуда буд.

Ҳомии ҳуқуқи башар, Атаева бо интиқод аз ин нақши мақомоти Узбакистон гуфт: “Тамоми хотираҳо дар бораи ин иншоот, ки ҷузъе аз он фоҷеаҳои хунину ғамангези кишвари мо аст, ҳама ҷо хомӯш мешавад. Ин сиёсати Шавкат Мирзиёев, тавре мақомот онро намоиш медиҳанд, инсондӯстона нест.

Дар Фаронса ҳам зиндонҳоро аз шаҳр берун мебаранд ва дар ҷойи онҳо меҳмонхона, клубҳои шабона ва мағозаҳо месозанд, вале дар ҳамон марказҳо осорхонаҳое таъсис медиҳанд, ки дар он маълумоти дақиқ оид ба таърихи маҳбасҳо ва қурбониёни он пешниҳод мешавад,” – афзуд ҳомии ҳуқуқ.


Сукути шоҳидон

Дар талоши ҳифзи ҷони худ баъди ҳодисаҳои 13-уми майи 2005 садҳо сокини Андиҷон фирор карда, дар гӯшаҳои гуногуни дунё паноҳанда шуданд. Аз фоҷеаи 20 соли пеш онҳо ёд овардан намехоҳанд ва аз сӯҳбат бо хабарнигорон ҳам худдорӣ мекунанд. “Биёед, акнун дар бораи сулҳ фикр кунем. Ҳоло ба мо сулҳ ва оромӣ даркор аст,”-гуфта буд яке аз паноҳандаҳо аз Андиҷон дар Аврупо.

Паноҳандаи дигар, Шамсиддин Атаматов, чанд сол пеш ба хабарнигорон иқрор шуда буд, ки бар асоси як созиши ҳосилшуда байни гурезаҳои Андиҷон, ки дар ҳамкорӣ ба созмони тундрави мазҳабии “Акрамия” муттаҳам шуда буданд ва президенти пешин Ислом Каримов онҳо бояд дар бораи ҳодисаҳои 13-уми май сукут кунанд.

Соли 2006 тақрибан 60 паноҳҷӯйи андиҷонро ба ватан баргардонданд. Гуфта мешуд, онҳо зери назорати шадиди мақомот қарор доранд ва таъқиб мешаванд. Надежда Атаева мегӯяд, бо гузашти 20 сол аз он воқеа, қурбониёни Андиҷон наметавонанд ба тавонбахшӣ даст ёбанд. Ба гуфтаи вай ҳама, ҳатто онҳое, ки дар хориҷанд, зери назорати хадамоти махсус қарор доранд.

“Ин фоҷеа кӯдакону волидони зиёдеро барои солҳои тӯлонӣ аз ҳам ҷудо кард. Маҳз ҳамин шаҳрвандон пештар аз ҳама ба сиёсати “Узбекистон нав” бовар карда, ба ватан баргаштанд. Вале ба маълумоти созмони мо, ҳукмҳо нисбат ба шоҳидони фоҷеаи Андиҷон аз солҳои 2016 то ҳанӯз содир мешаванд,” – афзуд ҳомии ҳуқуқ.

Тошканд таҳқиқи мустақилонаи байналмилалӣ оид ба хунрезиҳои Андиҷонро рад кардааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG